Тавҳиди афъолӣ -6

0
90

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Тавҳиди афъолӣ

Бахши шашум

Далелҳои мотуридиён барои исботи таъсири инсон дар анҷоми афъол ва корҳои ихтиёрии худ

Чунон ки баён кардем, мотуридиён ва худи имом Мотуридӣ, ба озодию ихтиёр ва фоъил будани инсон ва таъсиру нақши ӯ дар анҷоми афъол ва корҳои худ, бовар ва эътиқод доранд. Аз дидгоҳи онҳо як феъл ва кор ба ду фоъил ва анҷомдиҳанда нисбат дода мешавад. Онҳо барои нисбат додани як феъл ва кор ба ду фоъил ва анҷомдиҳанда, назарияи “касб”-ро (касби Мотуридӣ) матраҳ кардаанд. Бинобар ин дидгоҳ, Худованди Мутаол халқкунанда ва эҷодкунандаи аъмолу корҳои ихтёрии инсон буда ва худи инсон низ касбкунандаи онҳост.

Мотуридиён барои исботи таъсири инсон дар анҷоми афъол ва корҳои ихтиёрии худ ва исботи назарияи “касб” далелҳои зиёдеро матраҳ кардаанд. Аз ҷумла худи имом Абумансури Мотуридӣ дар ин замина мегӯяд:

“Аз дидгоҳи мо исботи таъсири инсон дар феъл аз тариқи нақл ва ақл ва зарурате, ки мункири он мукобир (инкоркунани ошкор) ба шумор меояд, лозим аст. Нақл аз ду ҷиҳат бар ин матлаб далолат дорад, яке  амр кардан ба анҷоми феълу кор ва наҳй кардан (манъ кардан) аз он аст ва дигарӣ ваъдаи подош ва азоб нисбат ба анҷоми феълу корҳо аст…. Монанди сухани Худованд, ки мефармояд: “اعْمَلُوا مَا شِئْتُمْ“Ҳар коре мехоҳед анҷод диҳед” (Сураи Фуссилат, ояти 40) ва ҳамчунан мефармояд: ”وَافْعَلُوا الْخَيْرَ ” “Ва кори нек анҷом диҳед” (Сураи Ҳаҷ, ояти 77). Дар мавриди ҷазо мефармояд: “يُرِيهِمُ اللّهُ أَعْمَالَهُمْ حَسَرَاتٍ عَلَيْهِمْ“Худованд инчунин аъмоли онҳоро барои ҳасрат хӯрдан ба онҳо нишон медиҳад” (Сураи Бақара, ояти 167) ва сухани Худованд, ки мефармояд: “جَزَاءً بِمَا كَانُوا يَعْمَلُونَ“Ин подоши корҳое аст, ки анҷом медоданд”. (Сураи Саҷда, ояти 17)

Ҳамчунин аз назари ақл қабеҳ ва бад аст, ки итоат кардан ва маъсият кардан ба Худованди Мутаол нисбат дода шавад ва анҷоми корҳои носаҳеҳу нодуруст ва бад ба Худованд мансуб гардад.

Ҳамчунин Худованд касонеро, ки дар дунё Ӯро итоат кунанд ваъдаи савоб ва касоне, ки Ӯро маъсият кунанд, ваъдаи азоб додааст. Дар ин сурат, агар итоат кардан ва маъсият кардан кори худи Худованд бошад, пас подошу азобро низ худ дарёфт хоҳад кард… .

Ҳамчунин ҳар касе аз таҳти дили худ ва дар нафси худ илм дорад, ки нисбат ба афъолу корҳои худ ихтиёр дорад ва фоъилу касбкунандаи онҳо аст”. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 305 то 307)

Ҳамчунин Абумуъини Насафӣ, аз бузургони мактаби каломии Мотуридия дар радди назарияи ҷабргароён, ки барои инсон ва қудрати ӯ ҳеҷ нақше дар  анҷоми афъолу корҳои ихтиёрии худ қоил нестанд, чаҳор далел овардааст, ки ҳамаи онҳо бар нақшу таъсири инсон дар анҷоми афъолу корҳои ихтиёрии худ далолат доранд. Вай дар ин маврид менависад:

“Ва мазҳаби ҷабргароён ботил аст, (аввал) ба далели қуръонӣ, ки мефармояд: “اعْمَلُوا مَا شِئْتُمْ“Ҳар коре мехоҳед анҷод диҳед” (Сураи Фуссилат, ояти 40), ҳамчунан мефармояд: ”وَافْعَلُوا الْخَيْرَ ” “Ва кори нек анҷом диҳед” (Сураи Ҳаҷ, ояти 77) ва боз мефармояд: “جَزَاءً بِمَا كَانُوا يَعْمَلُونَ “Инҳо подоше аст, дар баробар аъмоле, ки анҷом медоданд” (Сураи Воқеа, ояти 24). Худованд дар ин оятҳо барои инсонҳо исми амалро оварда ва исми феълро бар кори онҳо ниҳодааст ва онҳоро амру наҳй фармудааст ва дар баробари он подошу азоб ваъда додааст. Дар ҳоле, ки амр ба чизе, ки маъмур (шахси амр шуда) дар он нақш надорад ва наҳй (манъ) аз чизе, ки шахси наҳйшуда дар он нақш надорад, маҳол аст.

(Дуввум), бархе аз афъолу корҳо, тоату ибодат ва бархеи дигар маъсияту исёнанд, шахси итоаткунанда савоб мебарад ва исёнкунанда низ иқобу азоб мешавад. Ҳоло агар тамоми афъолу корҳо аз ҷониби Худованд бошад ва инсон ҳеҷ нақше дар он надошта бошад , ин худи Худованд хоҳад буд, ки итоаткунанда ва исёнкунанда аст ва савобу иқоб бояд дарёфт кунад, дар ҳоле, ки ин сухан тамоман куфру гумроҳӣ аст.

(Севвум) аз ақл дур ва маҳол аст, ки касе худро амру наҳй кунад (фармон диҳад ва манъ кунад) ва худро подошу иқоб (азоб) диҳад, чунон ки маҳол аст, Худованд сафиҳ ва ҷоиру золим бошад….

(Чаҳорум) ҳар касе ба сурати зарурӣ ва ошкор, миёни ончӣ ки дар он дорои ихтиёр ва таъсир аст ва миёни ончӣ ки дар он маҷбуру ночор аст, тафовут ва фарқ эҳсос мекунад ва ҳар касе, ки миёни ин ду гуна корҳо чунин фарқеро дарк кунад, ботил будани сухани ҷабргароёнро ба равшанӣ мефаҳмад”. (Абумуъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 278 то 279)

Аз суханони боло чанд нуктаро метавон ба даст овард:

Мотуридиён ва худи имом Мотуридӣ барои исботи таъсири инсон дар анҷоми корҳои ихтиёрии худ ҳам аз далели нақлӣ истифода мекунанд ва ҳам аз далели ақлӣ.

Имом Мотуридӣ, таъсири инсон дар анҷоми афъоли худро як амри бадеҳӣ ва зарурӣ ва бениёз ба далел медонад.

Далелҳои нақлии мотуридиён яке амру наҳйҳои Худованд дар Қуръони Карим аст ва дигари ваъдаҳои савоб ва азоб дар баробари корҳои инсонҳо мебошад, ки далолат бар таъсири инсон дар корҳои худ дорад.

Далелҳои ақлии мотуридиён низ се далел аст: яке қабеҳ ва бад будани нисбат додани корҳои инсонҳо ба Худованд аст. Дигари ваъдаи савоб ва азоб аст, ки ба касоне ки дар дунё корҳои хуб ва бад анҷом медиҳанд, дода шудааст, ки агар инсон дар корҳои худ таъсир надошта бошад ин савоб ва азоб бояд ба худи Худованд дода шавад, ки ин куфру гумроҳӣ аст. Охирин далели ақлиашон ин аст, ки ҳар касе ба умқи нафси худ муроҷиат кунад, ба равшанӣ мефаҳмад, ки дар корҳои худ ихтиёр дорад.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед