Авомили пирӯзӣ дар набарди миёни ҳақ ва ботил

0
63

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Авомили пирӯзӣ дар набарди миёни ҳақ ва ботил
Суннати илоҳӣ пуштибонӣ аз мӯъминонро дар муқобили аҳли ботил замоне дар  зиндагии мардум муҳаққақ хоҳад кард, ки мӯъминон бар асоси нусхаи дини Ислом ва тавсияҳои Худованд заминаҳои фардӣ ва иҷтимоӣ, рушд ва комёбиро фароҳам намуда, худ ва ҷомеъаи худро аз монеъаҳое, ки сабаби гумроҳии мардум хоҳад шуд,  пок ва пироста нигаҳ дорад ва авомили пирӯзиро муҳаё кунад. Ҳол ин авомили пирӯзӣ, ки омодакардани онҳо барои мӯъминон зарурат дорад, кадоманд?

  • Имон

Яке аз шартҳои пирӯзӣ, ки суннати илоҳӣ нусрати диндорон аз раҳгузари он сурат пазируфта ва Худованд ҳам онро дар Қуръон ба мо муаррифӣ кардааст, «Имон» аст. Дар ишора ба ҳамин ҳақиқат Худованд, ки содиқтарин гӯяндагон аст, мефармояд:

وَكَانَ حَقًّا عَلَيۡنَا نَصۡرُ ٱلۡمُؤۡمِنِين

“Ёрирасондан ба диндорон вазифаи ҳамешагии мо будааст”.(Сураи Рум, ояти 47)

Соҳиби тафсири Алманор пиромуни ин оят мегӯяд: «Ин оят далели муҳкаме аст бар ин ки ҳимояти илоҳӣ ва пирӯзӣ маҳсули диндорӣ ва имон аст». (Тафсири Алманор, Саид Рашидризо, ҷ7, саҳ 317, зайли оят). Ва Олусӣ ҳам изҳор медорад: «Зоҳири оят – гӯёи дунявӣ будани ин ҳимоят ва ҳамагонӣ будани он аст ва лизо мӯъминони ғайри муосири бо Анбиё(а)-ро ҳам дарбар мегирад». (Тафсири Руҳулмаъонӣ, маъруф ба Олусӣ, ҷ21, саҳ 52, зайли оят)

Дар ҳамин замина боз Худованд мефармояд:

إِن تَسۡتَفۡتِحُواْ فَقَدۡ جَآءَكُمُ ٱلۡفَتۡحُۖ وَإِن تَنتَهُواْ فَهُوَ خَيۡر لَّكُمۡۖ وَإِن تَعُودُواْ نَعُدۡ وَلَن تُغۡنِيَ عَنكُمۡ فِئَتُكُمۡ شَيۡ‍ٔا وَلَوۡ كَثُرَتۡ وَأَنَّ ٱللَّهَ مَعَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ 

“[Шумо эй мушрикон!] агар пирӯзиро мехостед, инак пирӯзӣ барои ойини ҳақ омад [пас, ба он имон оваред] ва агар [аз душманӣ ва мухолифати бо Худо ва Расул] боз истед, барои шумо беҳтар аст; ва агар [ба душманӣ ва мухолифат] боз гардед мо низ бар зидди шумо боз мегардем; ва ҳаргиз ҷамъияти шумо ҳар чанд зиёд бошад, чизе [аз азоби Худо]-ро аз шумо дафъ намекунад; ва яқинан Худо бо мӯъминон аст. ” (Сураи Анфол, ояти 19)

Қуртубӣ дар тавзеҳи ин оят гуфтааст: «Паёми оят ин аст, ки фард ё гурӯҳи мавриди ҳимояти Худоро ҳеҷ гурӯҳе – ҳарчанд, ки шумори аъзояш зиёд ҳам бошанд – наметавонад ба зону дароварад» (Тафсири Қуртубӣ, Ал-ҷомеъ лиаҳкомил-Қуръон, ҷ7, саҳ 387, зайли оят)

Пайдост, ки ин «маъияти» илоҳӣ ва ҳамроҳии Худо бо мӯъминоне аст, ки вежагии онҳо миқдори имони онҳост, ки дар умқи ҷони онҳо ва дар авотиф, андешаҳо ва кирдорҳои онон қарор гирифтааст. Бегумон саҳобаи бузургавор, ки бо авсофи «мӯъминин» ва «мавриди ҳимояти Худо буданд», дар ин оят маврид хитоб воқеъ гаштаанд, ба воситаи жарфо ва вусъати имон ва болобудани мизони динпазирӣ, аз ин имтиёз яъне: «ҳамроҳӣ вежаи Худо бо мӯъминон» баҳраи зиёде доштанд, ва ба ҳамин хотир буд, ки чӣ дар замони ҳаёт Паёмбар(с) ва чӣ пас аз вафоти эшон бо вуҷуди камии нерӯҳои онҳо ва фаровонии шумори нафароти душманонашон ҳамвора аз нусрати илоҳӣ бархурдор мешуданд. Хулоса ин, ки «маияти Худо» бо мӯъминон аз тариқи кӯмак ва пуштибонӣ ва сипас бо ғалаба бахшидан ба онон дақиқан ба таносуби миқдори имон ва дарҷаи русухи он дар шахсияти диндорон ҳосил мегардад.

  • Худотарсӣ ва тақво

Худованди Мутаол мефармояд:

إِذۡ تَقُولُ لِلۡمُؤۡمِنِينَ أَلَن يَكۡفِيَكُمۡ أَن يُمِدَّكُمۡ رَبُّكُم بِثَلَٰثَةِ ءَالَٰف مِّنَ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةِ مُنزَلِينَ  بَلَىٰٓۚ إِن تَصۡبِرُواْ وَتَتَّقُواْ وَيَأۡتُوكُم مِّن فَوۡرِهِمۡ هَٰذَا يُمۡدِدۡكُمۡ رَبُّكُم بِخَمۡسَةِ ءَالَٰف مِّنَ ٱلۡمَلَٰٓئِكَةِ مُسَوِّمِينَ

“Он гоҳ ки ба мӯъминон мегуфтӣ: «Оё шуморо кифоят намекунад, ки Парвардигоратон бо се ҳазор аз фариштагони фуруд овардашуда, шуморо ёрӣ кунад?»  Оре, агар сабр кунед ва тақво пеша намоед ва онон чунин шитобон ба сӯи шумо оянд, Парвардигоратон шуморо бо панҷ ҳазор аз фариштагони нишондор, ёрӣ хоҳад кард.” (Сураи Оли Имрон, оёти 124 ва 125)

Дар тафсири ду оят чунин омадааст: «Зоҳири оят баёнгари ин аст, ки дар сурате, ки ҳузурашон мавриди ниёз бошад, дар канори размандагон ба набард хоҳанд пардохт, ин имкон ҳам ҳаст, ки дар худи ҷанг ниёзе ба ҳамкории онон набошад, ва фақат барои тақвияти рӯҳияи муҷоҳидон дар размгоҳ ҳузур ёбанд. Ҳозиркардани панҷ ҳазор фариштаро ҳам Худованд ба се шарт манут кардааст: 1- шакебоӣ. 2- Худотарсӣ. 3- ҳамлаи фаврии куффор». (Тафсири Имом Фахри Розӣ, ҷ8, саҳ 228, зайли оят)

Ҳимояти фариштагон аз диндорон маҳсули худотарсӣ ва тақвои онон аст, зеро шикебоӣ ҳам худ шохае аз тақвост, сабр ҳам, ки аз ҷумлаи авомири илоҳӣ ва лизо бахше аз тақвост. Ҳимояти фариштагон аз мӯъминон ҳам дар ҷиҳати пирӯз намудани онон бар мушрикон буда, ва аз ин рӯ метавон тақво ё Худотарсиро яке аз авомили муҳимми заминасози таҳаққуқи суннати илоҳии нусрати мӯъминон донист.

  • Ҳимоят аз дини Ислом

Аз дигар авомиле, ки заминасози таҷаллии суннати илоҳӣ ҳимоят аз мӯъминон дар мубориза алайҳи ботил ва ботилгароён мебошад, инояти мӯъминон ба ҳимояти Ислом бо тамоми қуво аст, чунонки Худованди Мутаол дар Қуръони Карим мефармояд:

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِن تَنصُرُواْ ٱللَّهَ يَنصُرۡكُمۡ وَيُثَبِّتۡ أَقۡدَامَكُمۡ

“Эй мӯъминон! агар Худоро ёрӣ кунед, Худо ҳам шуморо ёрӣ ва пирӯз мегардонад ва гомҳоятонро устувор месозад” (Сураи Муҳаммад, ояти 7)

Нусрати дини Худо ҳам ба ин гуна аст, ки фарди мусалмон шахсияти худ [яъне авотиф, андешаҳо ва рафторҳои худ]-ро комилан ба Худо биспорад, ба наҳве, ки ҳеҷ бахше аз вуҷудаш дар баробари ҳокимияти бечунучаро ва фармонравоии комили Худованд муқовимат нишон надиҳанд. Нишонаи боризи ин хислат ҳам пазириши комили тавсияҳои отифӣ, фикрӣ ва рафтории шариати Худованд аст. Сипас  марҳилаи нусрати дини Худо ҳам иборат аст аз: талоши  ҳамешагии фарди мусулмон ба манзури барпоии дини Худо дар замин ва талоши ҷиддии ӯ барои динпасанд намудани тамоми равобит миёни мардум ба гунае, ки [дар ин замина яъне дар танзми равобити гуногуни худ бо дигарон ва бо муҳит] довариро фақат назди дин бибаранд ва фақат ҳукми ӯро бипазиранд.

Ояти дигар, ки нусрати динро омили заминасоз барои ҷалби ҳимояти илоҳӣ мавриди ишора қарор медиҳад, ин оят аст:

وَلَيَنصُرَنَّ ٱللَّهُ مَن يَنصُرُهُۥٓۚ إِنَّ ٱللَّهَ لَقَوِيٌّ عَزِيزٌ

“Қатъан Худо ёрони худро ёрӣ мекунад, бегумон Худованд қудратманди чира аст”. (Сураи Ҳаҷ, ояти 40)

 Дар тафсири ин оят Имом Фахри Розӣ мегӯяд: «Худованд ба касе, ки дорои чунон васфе бошад (=ёвари Худо), ваъдаи кӯмак ва комёбӣ додааст». (Тафсири Имом Фахри Розӣ, ҷ3, саҳ 41, зайли оят)

Ва Замахшрӣ ҳам дар ҳамин замина мегӯяд: «Худованд қатъан ёварони дини худ ва мудофеъони дӯстонашро ёрӣ хоҳад кард». Наҳваи ёри расонӣ ба Худовандро ҳам, ки бештар баён кардем: талошварзӣ барои барпоӣ дини Худованд дар замин, ба гунае, ки бар тамоми фаъолитяҳо ва равобити башар ҳоким гардад.  (Тафсири Кашшоф, Имом  Замахшарӣ, ҷ3, саҳ 160, зайли оят)

  • Ҷиҳод ва фароҳам кардани нерӯ

Чаҳорумин омили пирӯзӣ, Ҷиҳод ва фароҳамкардани нерӯ аст. Ҷиҳод бо молу ҷон аз такомули дин маҳсуб мешавад, аммо ин фариза агар нагӯем аз сӯи ҳамаи мусалмонон, вале аз сӯи бештари онон ба фаромӯшӣ супурда шудааст ва ин дар ҳоле аст, ки ҷиҳод ягона роҳи комёбӣ ва танҳо абзори касби иззати дингустарӣ, ботилзудоӣ ва дастёби ба хушнудии Худост… Ва тарки он ба бартарии ботил ва аҳли ботил, хории мӯъминон ва заволи ҳайбат ва давлати онон мунҷар хоҳад шуд.

Худованди Мутаол мефармояд:

كُتِبَ عَلَيۡكُمُ ٱلۡقِتَالُ وَهُوَ كُرۡه لَّكُمۡۖ وَعَسَىٰٓ أَن تَكۡرَهُواْ شَيۡ‍ٔا وَهُوَ خَيۡر لَّكُمۡۖ وَعَسَىٰٓ أَن تُحِبُّواْ شَيۡ‍ٔا وَهُوَ شَرّ لَّكُمۡۚ وَٱللَّهُ يَعۡلَمُ وَأَنتُمۡ لَا تَعۡلَمُونَ

“Ҷанг бар шумо воҷиб гашт дар ҳоле  ки бароятон сангин аст, аммо эй басо, ки шумо аз чизе бадатон биёяд, ки дар асл бароятон муфид аст, ва эй басо муштоқи чизе бошед, ки дар асл ба зиёни шумост ва (хуб ва бади корҳоро) Худо медонад на шумо!” (Сураи Бақараи, ояти 216)

Ин оят мегӯяд, ки ҷиҳод бар табъи шумо сахт ва гарон меояд ва лафзи “عَسَىٰٓ” эҷобро мерасоанд, лизо маънои оят чунин хоҳад шуд: чӣ басо сахтиҳо ва машаққатҳои ҷиҳод дар назаратон нописанд ва сангин бошад,ва ҳол онки ғалаба бар душман, ба дастовардани ғаноим ва касби подоши илоҳӣ, ки аз тариқи ҷиҳод ҳосил мешавад, ҳама барои шумо хайр ва хубӣ ба ҳисоб меоянд. وَعَسَىٰٓ أَن تُحِبُّواْ شَيۡ‍ٔٗا وَهُوَ شَرّٞ لَّكُمۡۚ Яъне: чӣ басо таносоӣ ва офиятталабӣ ва тарки ҷиҳод дар назартон матлуб ҷилва кунад, дар ҳоле, ки ин кор аз онҷо, ки боиси хорӣ ва заволи душман ва иқтидори шумо мешавад, бароятон шар ва зиёнбор аст?. Имом Қуртубӣ дар ин бора мегӯяд: «Сиҳҳати зиёнборбудани тарки ҷиҳод комилан равшан аст, чунонки дар минтақаи Андалус рух дод: мусалмонони онҷо бо тарки ҷиҳод буздилӣ ва сустӣ ба ҳангоми ҷанг ва одат ба фирор аз размгоҳ боис шуданд, душман бар он манотиқ даст ёбад ва ба қатл ва асиргирифтан ва дуздӣ бипардозад! Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷиъун! Чунин фарҷоми ногуворе албатта маҳсули кирдорҳои нописанди худашон буд». (Тафсири Қуртубӣ, Ал-ҷомеъ лиаҳкомил-Қуръон, ҷ3, саҳ 38 ва 39 зайли оят)

  • Зикр ва ёди Худованди Мутаол

Аз дигар авомили пирӯзии динхоҳон, фаровон ба ёди Худо будан аст, чунонки Худованд дар Қуръони Карим мефармояд:

 يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْ إِذَا لَقِيتُمۡ فِئَة فَٱثۡبُتُواْ وَٱذۡكُرُواْ ٱللَّهَ كَثِيرا لَّعَلَّكُمۡ تُفۡلِحُونَ

“Эй мӯъминон! ҳаргоҳ бо гурӯҳе аз душманон мувоҷеҳ шудед, пойдорӣ биварзед ва Худоро фаровон ёд кунед то сарафароз ва растагор шавед”. (Сураи Анфол, ояти 45)

Маънои оят ин аст, ки эй мӯъминон! ҳангоме, ки дар майдони набард бо гурӯҳе аз душманони кофир ва ё аҳли бағй, рӯбарӯ шудед, дар баробарашон устувор бимонед ва фирор накунед, зеро пойдорӣ нерӯе аст маънавӣ, ки бисёр вақтҳо иллати асосии дастёбӣ ба муваффақият ва пирӯзӣ аст. Иборати وَٱذۡكُرُواْ ٱللَّهَ كَثِيرٗا Яъне пеш аз оғози набард ва дар ҳини набард Худоро бисёр ёд кунед. Қудрати Ӯ, ваъдаи Ӯ мабни бар дифоъ аз Паёмбарон ва мӯъминон, ҳамроҳии вижаи Ӯ бо мӯъминон ва муҷоҳидон шакебоӣ ва наҳии Ӯ аз ноумедӣ, гарчи дар сахттарин шароит ва низ ин ҳақиқатро, ки манбаи қудрат Худост ва Ӯ ҳаркасро бихоҳад бо нерӯи шикаст нопазираш ёрӣ мекунад, ба ёди худ биоваред. Пайдост касе, ки ин ҳақоиқро дар зеҳни худ ҳозир кунад ва дар онҳо ба тааммул бипардозад, ба далели имоне, ки ба бартарии Худованд аз душман пайдо мекунад, тӯша ва тавони душман ҳеҷгоҳ вайро маръуб ва ҳаросон нахоҳад кард, ин дастури илоҳӣ мабни бар фаровон ба ёди Худо будан баёнгари ин аст, ки фармуд: мӯъмин бояд ҳатто дар пурмашғалатарин ҳолати қалбӣ ва дар болотарин ҳадди нигаронӣ ва дилвопасӣ низ дар зикри Худованд сустӣ наварзад. لَّعَلَّكُمۡ تُفۡلِحُونَ, ки ин умеди ба растагорӣ манути ба фароҳамкардани ҳарду шарт аст, яъне 1- пойдорӣ ва 2- зикри Худо, ки ин ду амр заминасози пирӯзии дунявӣ ва бархурдоршудан аз подоши ухравӣ мебошанд. (Тафсири Кашшоф, Имом  Замахшарӣ, ҷ2, саҳ 226, зайли оят)

Ва билохира, амр ба зикри Худо дар размгоҳ бад-ин маъност, ки бар фарди мусулмон ва ҷамоати мусулмон воҷиб аст, ки ба ҳангоми рақобат ва пайкор бо аҳли ботил Худоро бисёр ёд кунад, ҳамонгуна, ки размандагони мусалмон ӯро ба ҳангоми набарди бо аҳли ботил ёд мекунанд.

Натиҷа
Бинобар ин, метавон натиҷа гирифт, ки авомили пирӯзӣ дар набарди миёни ҳақ ва ботил, иборатанд:

1) Имони комил ва росих ба Худованди Мутаол.
2)  Худотарсӣ ва тақво.
3) Ҳимоят аз дини Ислом.
4) Ҷиҳод ва фароҳамкардани нерӯ ва шароит.
5) Зикр ва ёди Худованди Мутаол дар ҳар шароите лозим ва зарурӣ аст.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед