Аммор-ибни-Ёсир(рз)-2

0
180

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Аммор ибни Ёсир(рз)
Қисмати дуввум

Дӯстон ва ёрони Аммор(рз) шиканҷаҳоеро, ки ӯ таҳаммул карда буд чунин тавсиф мекунанд.

 Амр ибни Ҳакам мегӯяд:
«Он қадар Аммор(рз) ро шиканҷа медоданд, ки аз худ бехуд мешуд ва дигар намедонист чӣ мегӯяд»

 Амр ибни Маймун ҳам мегӯяд:
 «Мушрикон Аммор(рз) ро бо оташ шиканҷа медоданд, Паёмбар(с) дар ин ҳолат аз канораш рад мешуд, дасти навозиш бар сараш кашид ва гуфт: «Эй оташ барои Аммор(рз) сард ва гуворо шав, ҳам чунонки барои Иброҳими Халил(а) сард шудӣ».

Ин шиканҷаҳо ва озорҳо гарчи бадани Аммор(рз) ро озурда сохта ва қувваи ӯро кам карда буд, аммо натавониста буд рӯҳияи ӯро заиф созад, то рӯзе, ки ҷаллодҳои бутпараст, бо тамоми маҳорат ва қудрате, ки дар ҷиноят ва зулм доштанд, ӯро таҳти анвоъ шиканҷа қарор доданд: аз доғ кардан ва хобонидан рӯи регҳои гарм ва сӯзон ва зери сангҳои тафтида гирифта, то фурӯ бурдан дар миёни об, ба тавре, ки пӯсти ҷароҳатҳо ва захмҳои баданаш канда шуд ва наздик буд хафа шавад, дар он рӯз ҳангоме, ки Аммор(рз) зери фишори ин шиканҷаҳо аз ҳол рафт, ба ӯ гуфтанд:

«Худоёни моро ба некӣ ёд кун, онгоҳ каме таъриф ва тамҷид аз бутҳояшон ба ӯ гуфтанд, ӯ низ бидуни таваҷҷӯҳ, суханони онҳоро такрор кард.

Андаке пас аз поёни шиканҷа, Аммор(рз) ба худ омад ва ончиро гуфта буд ба ёд овард ва чунон аз кардаи худ пушаймон шуд, ки наздик буд ҳуш аз сараш бипарад.

Ин суханон ба гуноҳи нобахшудани дар баробари чашмони Аммор(рз) муҷассам шуд ва эҳсоси гуноҳ дар муддати чанд лаҳза чунон ӯро дучори азоби рӯҳӣ кард, ки озор ва шиканҷаи мушрикон дар баробари он, доруи шифобахш ба шумор мерафт.

Бидуни шак агар Аммор(рз) чанд соат бо он афкор боқи мемонд, ҷон медод ва аз дунё мерафт, агар ӯ он ҳама заработеро, ки бар пайкараш фурӯд меомад, таҳаммул мекард, ба хотири ин буд, ки рӯҳи қавӣ ва нерӯманд дошт, вале акнун, ки эҳсос мекард дучори шикасти рӯҳӣ шудааст, наздик буд аз шиддати ғусса ва андӯҳ, рӯҳ аз баданаш хориҷ шавад.

Вале Худованди Мутаол мехост поёни ин саҳнаи ҷаззоб, бошукӯҳтар ва азамати он бештар бошад, пайки илоҳӣ ба кумаки Аммор(рз) шитофт ва дар ин боб дастури тозае аз ҷониби Худованд бар Паёмбар(с) хонд, Паёмбар(с) Аммор(рз) ро дид, ки ба шиддат гиря мекунад, ашкҳои ӯро пок намуд ва фармуд:

«Куффор туро шиканҷа доданд ва дар миёни об фурӯ бурданд ва ту чунин ва чунон гуфтӣ?»

Аммор(рз) дар ҳоле, ки гиря амонаш намедод гуфт:
«Бале ё Расули Худо»

Паёмбар(с) ба табасум фармуд:
Агар дубора чунин таклифе карданд, ҳамон суханонро, ки имрӯз гуфтӣ, бигӯ ва онгоҳ ин оятро тиловат фармуд:

إلَّا مَنۡ أُكۡرِهَ وَقَلۡبُهُۥ مُطۡمَئِنُّۢ بِٱلۡإِيمَٰنِ

“Ба ҷуз онон, ки таҳти фишор ва иҷбор) водор ба изҳори куфр мегарданд ва дар ҳамон ҳол дилҳояшон собит бар имон аст.” (Сураи Наҳл, ояти 106)

Аммор(рз) оромиши худро бозёфт ва дигар азият ва озори шиканҷа бар ҷонаш таъсире надошт ва ба он эътиное намекард.

Ӯ рӯҳ ва имони худро раҳонида буд. Қуръони Карим низ ин муждаи фархундаро ба ӯ дод, дигар ҳодисаҳои оянда муҳим набуданд. Аммор онқадр истодагӣ кард, ки душманони сангдил аз азият ва озораш хаста шуданд ва дар баробари субот ва истиқомати ӯ бо зиллату хиффат, зонуи нотавонӣ бар замин ниҳоданд.

Пас аз ҳиҷрати Паёмбар(с), мусулмонон дар шаҳри Мадина мустақар шуданд, ҷомеаи навбунёди исломӣ ба суръат, шурӯъ ба ташаккул ва такомул намуд. Дар ин ҷомеаи навбунёд, Аммор(рз) ҷойгоҳи боазамат ва мавқеияти болое дошт. Паёмбар(с) ба ӯ алоқа дошт ва борҳо ба имон ва истиқомати ӯ ифтихор менамуд ва дар бораи ӯ мефармуд: “Аммор(рз) то мағзи устухонаш пур аз имон аст”

 Ҳангоме, ки нофаҳмии зудгузари миён Холид ибни Валид ва Аммор(рз) рух дод, Паёмбар(с) фармуд:

“Ҳаркас бо Аммор(рз) душманӣ кунад, душмани Худо хоҳад буд ва ҳар кас нисбат ба Аммор(рз) кина биварзад, мавриди хашми Худо воқеъ хоҳад шуд.”

 Дар баробари ин сухани Паёмбар(с), Холид чорае ҷуз ин надошт, ки назди Аммор(рз) омада аз вай узрхоҳӣ ва талаби авф кунад.

Ҳангоме, ки Паёмбар(с) ва мусулмонон нахустин масҷиди Мадинаро бино мекарданд, Алӣ ибни Абитолиб(к) ашъореро суруда ва онро замзама мекард, мусулмонон низ ҳамсадо бо ӯ, он шеърро такрор мекарданд:

“Касе, ки масҷидеро обод мекунад, дар ҳоли нишаста ва истода дар он кӯшиш мекунад, ҳаргиз бо касе, ки худро аз гарду ғубор канор мекашад, баробар ва яксон нахоҳад буд.”

 Аммор(рз), ки дар гӯшае аз масҷид машғули кор буд, ин ашъорро бо садои баланд мехонд, яке аз ёрони Паёмбар(с) гумон кард мақсуди Аммор(рз), ӯст ва ба Ӯ киноя мезанад,аз ин ру ба Аммор(рз) суханони тунде гуфт. Паёмбар(с) хашмгин шуд ва фармуд:

 “Бо Аммор(рз) чикор доранд? Аммор(рз) онҳоро ба биҳишт даъват мекунад, онҳо низ Аммор(рз)-ро ба дӯзах даъват мекунанд! Аммор(рз) нури дидгони ман аст.”

Бадеҳӣ аст, ки агар Паёмбар(с) касеро то ин андоза дӯст бидорад, нишонаи он аст, ки имон, азамати нафс, дурустии роҳу равиш ва алоқаи ӯ ба Худо ва Паёмбар(с) ба болотарин ҳадди камол расида ва аз озмоиш сарбаланд ва сарафроз баромадааст. Аммор(рз) низ чунин буд.

Худованд ба хубӣ ӯро ҳидоят фармуда буд ва ӯ дар имон ва эътиқод ба дараҷае расида буд, ки Паёмбар(с) имони ӯро месутуд ва ӯро дар миёни ёрони худ, сармашқ ва намуна муаррифи намуда мефармуд: “Пас аз ман ба Абубакр ва Умар(рз) иқтидо кунед. Ва аз равиши Аммор(рз) пайравӣ кунед.”

Таърихнависон дар васифи Аммор(рз) гуфтаанд:

“Ӯ марди қадбаланд, чашм кабуд ва чаҳоршона буд ва аз камҳарфтарин афрод ба шумор мерафт.”

Акнун бубинем зиндагии ин қаҳрамони қадбаланд ва камҳарф ва чашм кабуд чигуна сипарӣ шуд қаҳрамоне, ки осори шиканҷаҳои такондиҳанда ҳанӯз бар пайкараш боқӣ аст ва далели пойдории беҳадду андозаи ӯ ба шумор мерафт.

Бубинем даврони зиндагии ин ёри самимии Паёмбар(с) ва мусулмони ростин ва марди фидокор пас аз шукуфои Ислом чигуна сипарӣ шуд.

Ӯ дар тамоми ҷангҳо дар рикоби Паёмбари Ислом(с) шамшер мезад ва дар ҳар як аз ҷангҳои Бадр, Уҳуд, Хандақ, Табук ва соири ҷангҳо ширкат дошт. Пас аз реҳлати Паёмбар(с) низ дар ҷанги бо куффор ширкат менамуд, чунонки дар ҷанги мусулмонон бо Эрон ва Рум ҳамвора дар саффи аввал буд, ӯ дар айни ҳол, ки сарбози далер ва амине буд, ба тавре, ки зарбаи шамшераш ҳеҷ вақт ба хато намерафт, мусулмони парҳезгор ва гаронқадре ба шумор мерафт, ки ҳеҷ ҷозиба ва васваса наметавонист ӯро аз Худо боз дорад.

Вақте амирулмӯъминин Умар ибн Хаттоб(рз) бо ниҳояти диққат ва парҳезгорӣ Волии мусулмононро интихоб мекард ҳамеша ва дар ниҳояти итминон чашмаш ба Аммор(рз) меафтод. Бадинсон ӯро ба унвони волии Куфа баргузид ва Абдуллоҳ ибни Масъудро ҳам ба мансаби сандуқдори байтулмоли он шаҳр мансуб намуд.

Умар ибни Хаттоб(рз) дар номае, ки ба аҳли Куфа навишт, интисоби волии навро ба онҳо мужда дод ва гуфт: Аммор ибни Ёсир(рз)-ро ба унвони амири шумо ва Абдуллоҳ ибни Масъудро муаллим ва вазир қарор додам, ин ду нафар аз ёрони гиромии Паёмбар(с) ва аз ширкат кунандагони дар ҷанги Бадр ба шумор мераванд.

Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед