Тавҳиди афъолӣ-5

0
78

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Тавҳиди афъолӣ

Бахши панҷум

Дидгоҳи мотуридиён дар мавриди таъсири инсон дар анҷоми афъол ва корҳои ихтиёрии худ

Чуноне ки баён кардем дар баҳси тавҳиди афъолии Худованд ва аъмолу корҳои ихтиёрии инсон ду масъалаи асосӣ вуҷуд дорад, ки бояд дидгоҳ ва назари мотуридиён ва донишмандони мактаби каломии Мотуридияро дар бораи онҳо баррасӣ ва баён намоем.

Масъалаи аввал шомил шудани хилқат ва офариниши Худованд бар афъол ва корҳои ихтиёрии инсон аст. Яъне оё хилқати Худованд шомили афъол ва корҳои ихтиёрии инсон мешавад ё на?

Масъалаи дуввум, асар ва нақши худи инсон ва қудрати ӯ, дар афъол ва корҳои ихтиёрии худ аст. Яъне оё инсон дар анҷоми афъол ва корҳои худ маҷбур аст ё ихтиёр дорад?

Масъалаи аввалро ба сурати комил ва густарда дар бахшҳои қаблӣ баён намудем. Дар инҷо мехоҳем масъалаи дуввум, яъне асар ва нақши худи инсон ва қудрати ӯ, дар анҷоми афъол ва корҳои ихтиёрии худро мавриди баррасӣ қарор диҳем.

Тамоми мотуридиён аз ҷумла худи имом Мотуридӣ, бар тавҳиди афъолии Худованд таъкиди фаровон доранд, аммо асар ва нақши инсон ва қудрати вайро низ дар содир кардани афъол ва корҳои ихтиёрии худ бетаъсир намедонанд.

Мотуридиён бо вуҷуди қабул ва пазириши шомил шудани хилқат ва офариниши Худованд бар афъол ва корҳои ихтиёрии инсон ва пазириши инки хилқат ва офариниш махсуси Худованди Мутаол аст, ба озодию ихтиёр ва фоил будани инсон ва таъсиру нақши ӯ дар анҷоми афъол ва корҳои худ низ бовар ва эътиқод доранд. Аз дидгоҳи онҳо як феъл ва кор ба ду фоил ва анҷомдиҳанда нисбат дода мешавад. Онҳо барои нисбат додани як феъл ва кор ба ду фоил ва анҷомдиҳанда, назарияи “касб”-ро (касби Мотуридӣ) матраҳ кардаанд. Аз назари мотуридиён ва худи имом Мотуридӣ, эҷод ва халқи феъл бо касби он тафовут дорад ва як феъл метавонд аз ду қудрати эҷодкунанда ва касбкунанда падид ояд. Бинобар ин дидгоҳ, Худовади Мутаол халқкунанда ва эҷодкунандаи аъмол ва корҳои ихтёрии инсон буда ва худи инсон низ касбкунандаи онҳост.

Мотуридиён мафоҳим ва калимаҳои монанди халқ кардан (офариниш), эҷод кардан, ибдоъ кардан, ихтироъ карданро махсуси зоти Худованди Мутаол медонанд ва бар ин назаранд, ки ҳеҷ кас дар онҳо бо Худованд шарик нест. Мотуридиён ин халқ кардан ва эҷод кардани Худовандро шомили афъол ва корҳои ихтиёрии инсон низ медонанд. Аммо инсон ва қудрати вайро низ дар содир кардани афъол ва корҳои ихтиёрии худ бетаъсир намедонанд, вале муътақиданд, ки феъл ва нақши  инсон дар ин замина “касб кардан” ва анҷом додан аст, на халқ кардан (офариниш), эҷод кардан ва монанди онҳо. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 309. Абумуъини Насафӣ, Табсиратул Адиллаҳ, ҷ 2, саҳ 891)

Имом Мотуридӣ дар бораи “халқ кардан” ва “касб кардан” мегӯяд: “Собит шуд, ки ҳақиқати феъл ва кор мансуб ба инсон аст аз тариқи касб кардан ва мансуб ба Худованд аст аз тариқи халқ кардан ва офариниш”. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 309)

“Касб” як мафҳуми қуръонӣ аст, ки дар Қуръони Карим дар бораи аъмол ва корҳои инсон матраҳ шудааст. Ба ин сабаб бархе аз фирқаҳои каломӣ барои тавзеҳ ва табйини тавҳиди афъолии Худованд ва таъсири инсон ва қудрати ӯ дар анҷоми аъмол ва корҳои ихтиёрии худ аз он истифода кардаанд.

Аммо дар тафсири ҳақиқати “касб” миёни мутакалимони матраҳкунандаи ин назария ихтилофи назар вуҷуд дорад. Маъруфтарин таърифи касб назди мутакаллимони Ашоира он аст, ки “касб иборат аст аз наздикӣ ва ҳамзамонии вуҷуди феъл бо қудрат ва иродаи инсон, бидуни онки қудрат ва иродаи инсон дар муҳаққақ шудани феъл таъсире дошта бошад”. (Муҳаммад Абузуҳра, Таърихи мазоҳиби исломӣ, саҳ 278)

Мутакаллимони мотуридия, ҳарчанд дар таърифи ҳақиқати касб ва фарқи он бо халқ кардан дидгоҳи яксон надоранд, аммо дар як масъалаи асосӣ аксарияти мотуридиён назари яксон доранд ва он ин аст, ки қудрат ва иродаи инсон дар муҳаққақ шудани аъмол ва корҳои ӯ таъсир дорад ва ин фарқи асосӣ миёни “касби Мотуридӣ” бо “касби Аашъарӣ” аст. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 305 то 307)

Бинобар ин, дар инки мотуридиён инсон ва қудрати ӯро дар аъмол ва корҳои худ таъсиргузор медонанд, ҳеҷ шаке нест. Аз тарафи дигар онҳо, холиқият ва офаринишро махсуси Худованди Мутаол медонанд ва бар ин боваранд, ки холиқият ва офариниши Худованд шомили ҳамаи чиз аз ҷумла аъмол ва корҳои ихтиёрии инсон мешавад. Лизо онҳо барои нисбат додани як феъл ва кор ба ду фоил ва анҷомдиҳанда ва дар ҳақиқат барои ҳал кардани масъалаи тавҳиди афъолӣ ва ихтиёри инсон, назарияи “касб”-ро матраҳ кардаанд.

Аммо ҳамонгуна, ки баён кардем мотуридиён дар таърифи ҳақиқати касб ва фарқи он бо халқ кардан дидгоҳи яксон надоранд ва ин дар навиштаҳои худи онҳо низ ба равшанӣ гуфта шудааст. Бархе аз онҳо аз ҷумла худи имом Мотуридӣ дар бораи ҳақиқат ва таърифи қасб сухане баён накардаанд, бархе дигар касбро равшан ва ошкор ва бениёз аз таъриф медонанд. Аммо бархе аз онҳо дар таърифи ҳақиқати касб ва фарқи он бо халқ кардан гуфтаанд, ки халқ дар ҷое аст, ки фоил ва анҷомдиҳанда ба сурати мустақил ва бидуни кӯмак гирифтан аз ғайр, феъл ва корро анҷом диҳад, вале касб дар ҷое аст, ки фоил ва анҷомдиҳанда аз худ истиқлоле надорад, балки вобаста ба нирӯи ғайр аст. (Мулло Алӣ Қорӣ, Шарҳи фиқҳул акбар, саҳ 114)

Бинобар ин бо мутолиа ва баррасии суханон ва навиштаҳои мотуридиён дар бораи “касб” ва фарқи он бо халқ метавон чунин натиҷа гирифт, ки онҳо нисбати байни қудрату таъсири Худовандро бо қудрату таъсири инсон, нисбати мустақил бо ғайримустақил медонанд.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед