Маъно ва мафҳуми “қазо ва қадар” аз назари мотуридиён

0
105

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Тавҳиди афъолӣ

Бахши ҳаштум

Маъно ва мафҳуми “қазо ва қадар” аз назари мотуридиён

Дар бораи маъно ва мафҳуми “қазо ва қадар” бархе аз мотуридиён ин ду мафҳумро ҷузъи калимаҳо ва сифоти муташобеҳ қарор додаанд ва бар ин назаранд, ки “қазо ва қадар” ҷузъи сифоти хабарӣ ҳастанд, ки бояд ба ҳақиқати онҳо, ба ҳамон сурат, ки Худованди Мутаол аз онҳо ирода кардааст, имон овард ва ба баррасии онҳо напардохт. (Мулло Алӣ Қорӣ, Шарҳи Фиқҳул акбар, саҳ 100 то 101). Аммо аксарияти мотуридиён аз ҷумла худи имом Абумансури Мотуридӣ ба баррасӣ ва таърифи равшан ва возеҳе аз қазо ва қадар пардохтаанд.

Мотуридиён дар бораи маъно ва мафҳуми “қазо” бар ин ақида ҳастанд, ки қазо як мафҳум ва вожаи муштараки лафзӣ аст ва дорои маъноҳо ва мафҳумҳои мухталиф мебошад. Имом Мотуридӣ дар ин бора мегӯяд:

“Қазо дар ҳақиқат ба маънои ҳукм кардан ба чизе ва қатъу яқин бар чизе аст, ки шоистагии онро дорад ва сазовор аст, ки бар он қатъу яқин карда шавад.

Ва лизо қазо гоҳе ба маънои “халқ кардан ва офариниш” аст, зеро халқ кардан ва ба вуҷуд овардани як шайъ бар он сурте, ки ҳаст, шоистатарин ваҷҳу сурат аст ва бар дигар суратҳое, ки метавонист халқ ва офарида шавад, бартарӣ дорад, чун касе, ки онро халқ кардааст ҳаким ва олим аст… чунон ки Худованд мефармояд: “فَقَضَاهُنَّ سَبْعَ سَمَاوَاتٍ” “Дар ин ҳангом (Худованд) онҳоро ба сурати ҳафт осмон офарид” (Сураи Фуссилат, ояти 12). Бар ин асос ҷоиз аст, ки афъол ва корҳои бандагон ба “қазои илоҳӣ” тавсиф шаванд (ва таҳти қазои илоҳӣ қарор гиранд) ва гуфта шавад “أن قضی بهن” ва манзур аз он ин аст, ки Худованд афъол ва корҳои бандагонро халқ кардааст”. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 395)

“Ҳамчунин қазо гоҳе ба маънои “ҳукм кардан” аст, монанди сухани Худованди Мутаол, ки мефармояд: “فَاقْضِ مَا أَنتَ قَاضٍ” “Ҳар ҳукме мехоҳӣ бикун” (Сураи Тоҳо, ояти 72), ба маънои ҳукм кардан. Бар асоси ин маъно аст, ки олими қазоваткунандаро қозӣ меноманд, зеро ҳақро ба соҳиби ҳақ бармегардонад ва ҳақиқатро равшану ошкор мекунад …”. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 395)

“Қазо гоҳе ба маънои “эълом кардан ва хабар додан” аст, монанди сухани Худованди Мутаол, ки мефармояд: “وَقَضَيْنَا إِلَى بَنِي إِسْرَائِيلَ” “Мо ба Бани Исроил эълом кардем” (Сураи Исро, ояти 4). Қазоро ба ин маъно ҳам метавон ба Худованд нисбат дод”. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 395 то 396)

“Ҳамчунин қазо гоҳе ба маънои “амр кардан ва дастур додан” аст, монанди сухани Худованди Мутаол, ки мефармояд: “وَقَضَى رَبُّكَ أَلاَّ تَعْبُدُواْ إِلاَّ إِيَّاهُ” “Ва Парвардигорат фармон додааст, ҷуз Ӯро напарастед” (Сураи Исро, ояти 23). Аммо қозо ба маънои амр кардан ва дастур додан фақат дар умури хайр ва нек ба Худованди Мутаол нисбат дода мешавад”. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 396)

“Қазо гоҳе ба маънои “фароғат ва сипарӣ кардан” аст, монанди сухани Худованди Мутаол, ки мефармояд: “فَلَمَّا قَضَى مُوسَی الْأَجَلَ” “Ҳангоме, ки Мусо маддати худро ба поён расонид” (Сураи Қасас, ояти 29). Вале қазо ба ин маъно ҷоиз нест ба Худован нисбат дода шавад, магар ба сурати маҷоз ва ғайри ҳақиқӣ…”. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 396)

Абумуъини Насафӣ низ дар бораи маъно ва мафҳуми “қазо” мегӯяд: “Манзури сухани аҳли ҳақ (Мотуридия) дар мавриди ин ки мегӯянд, маъсиятҳо  бар асоси қазои илоҳӣ ва таҳти қозои илоҳӣ ҳастанд, ин аст, ки халқшуда ва офаридаи Худованд ҳастанд, зеро дар ин ҳолат вақте қазо зикр мешавад манзур аз он феъл аст… .

Қазо муштараки лафзӣ аст, ки вақте баён мешавад, гоҳе ба маънои “амр кардан” меояд, монанди сухани Худованди Мутаол, ки мефармояд: “وَقَضَى رَبُّكَ أَلاَّ تَعْبُدُواْ إِلاَّ إِيَّاهُ” “Ва Парвардигорат фармон дода, ҷуз Ӯро напарастед” (Сураи Исро, ояти 23). Дар ин оят манзур ин аст, ки Парвардигор амр кард.

Ва қазо гоҳе ба маънои “эълом кардан” меояд, монанди сухани Худованди Мутаол, ки мефармояд: “وَقَضَيْنَا إِلَى بَنِي إِسْرَائِيلَ” “Мо ба Бани Исроил эълом кардем” (Сураи Исро, ояти 4). Дар ин оят манзур ин аст, ки ба Бани Исроил эълом кардем. Қазо маъноҳои дигар ҳам дорад, ки мавриди назари мо нест”. (Абумуъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 331 то 332)

Аз суханони мотуридиён дар бораи маъно ва мафҳуми қазо, ки дар боло зикр гардид метавон нуктаҳои зерро ба даст овард:

1- Аз назари мотуридён “қазо” дорои маъноҳои мухталиф аст, аз ҷумла халқ кардан ва офариниш, ҳукм  кардан, эълом кардан ва хабар додан, амр кардану дастур додан ва фароғату сипарӣ кардан.

2- Мотуридиён тамоми маъноҳои “қазо”-ро аз оятҳои Қуръони Карим гирифтаанд ва ин маъноҳо мубтанӣ ба оятҳои Қуръони Карим аст.

3- Нисбат додани бархе аз маъноҳои “қазо” ба Худованди Мутаол ҷоиз нест.

4- Аммо аслитарин ва муҳимтарин нуктае, ки аз ин суханон истифода мешавад ва мавриди баҳси мо мебошад ин аст, ки мотуридиён бар ин ақида ҳастанд, ки манзур аз “қазо” дар баҳси қазову қадар ва ҷабру ихтиёр ва афъоли инсон, аввлин маънои қазо яъне “халқ кардан ва офариниш” аст. Яъне дар баҳси қазо ва қадари илоҳӣ ва робитаи он бо афъол ва корҳои ихтиёрии инсон қазо ба маънои халқ кардан ва офариниши афъол ва корҳои ихтиёрии инсон аст.

Мотуридиён “қадар”-ро ба ду маъно ва мафҳум медонанд. Аз ҷумла Абумансури Мотуридӣ дар мавриди маъно ва мафҳуми қадар мегӯяд:

“Қадар бар ду маъно ва сурат аст. Яке ҳудуду андоза ва кайфияту чигунагие аст, ки ашё бар асоси он сохта мешаванд. Ба ин маъно, ки ҳар шайъеро бар асоси ончи аз хайру шар ва ҳусну қубҳ (некӣ ва бадӣ), ҳикмат ва сафоҳат доро аст, қарор диҳанд. Ин бар асоси ҳикмат аст, ки ҳар чизе онгуна, ки ҳаст, қарор дода шавад ва он сурат беҳтарин сурати мумкин он чиз бошад. Бар асоси ҳамин маъно аст, ки Худованди Мутаол мефармояд: “إِنَّا كُلَّ شَيْءٍ خَلَقْنَاهُ بِقَدَرٍ” “Ба дурустӣ мо ҳар чизеро ба андоза офаридем” (Сураи Қамар, ояти 49). Маънои дигари қадар низ баёни вежагиҳои хориҷӣ ва берунии шайъ аст. Ба ин маъно, ки он шайъ дар чи замону маконе ва бо чи вежагиҳои хориҷӣ ва беруние монанди ҳақу ботил ва савобу азоб, муҳаққақ хоҳад шуд”. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 396. Абумуъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 332 то 333).

Аз назари мотуридён “қадар” ба ҳар ду маънои он аз ҷониби Худованди Мутаол ва махсуси Худованди Мутаол аст ва инсонҳо тавоноии тақлиди афъолу корҳои худро ба ҳеҷ як аз ду маънои дар боло зикршуда, надорад. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 396 от 397. Абумуъини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоъиди ат-тавҳид, саҳ 333).

Бинобар ин мотуридиён “қадар”- ро ба ду маъно ва мафҳум гирифтаанд, яке ба маънои ҳудуду андоза ва кайфияту чигунагии ашёъ аст ва дигарӣ ба маънои баёни вежагиҳои хориҷӣ ва берунии шайъ, ки ҳар ду маънои он аз ҷониби Худованд ва махсуси Худованд аст.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед