Мабноҳо ва пояҳои каломи Мотуридия (бахши панҷум)

0
52

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Инкоркунандагони ҳусну қубҳи ақлӣ

Чунон ки баён кардем, масъалаи ҳусну қубҳи ақлӣ, яке аз масъалаҳои муҳим ва асосӣ дар илми каломи исломӣ ба ҳисоб меояд. Ин масъала, ки ҷузъи бунёдҳо ва решаҳои каломи исломӣ аст, рад ё пазириши он, бар дигар масъалаҳои каломӣ таъсири бисёр зиёде дорад.

Дар миёни мутакаллимони исломӣ бархе аз мутакаллимон ва фирқаҳои каломӣ, ҳусну қубҳи ақлиро пазируфта ва доварии ақлро дар бархе аз мавридҳо муътабар донистаанд. Аммо бархе дигар аз мутакаллимон ва фирқаҳои каломӣ, ҳусну қубҳи ақлиро ба куллӣ инкор карда ва доварии ақлро ба ҳеҷ унвон қабул надоранд ва ҳусну қубҳро фақат шаръӣ ва динӣ медонанд.

Бо таваҷҷӯҳ ба густардагии баҳси ҳусну қубҳи ақлӣ, мо дар ин қисмат фақат ба баррасии як фирқаи инкоркунандаи ҳусну қубҳи ақлӣ, яъне мактаби каломии Ашоира мепардозем ва дар қисмати баъд низ дидгоҳи як фирқаи тарафдори ҳусну қубҳи ақлӣ, яъне мактаби каломии Мотуридияро матраҳ мекунем.

Аз аслитарин инкоркунандагон ва мухолифони ҳусну қубҳи ақлӣ ва тарафдори ҳусну қубҳи шаръӣ, Абулҳасани Ашъарӣ ва мактаби каломии Ашоира мебошад. Ашоира бо сароҳат ва ошкоро ҳусну қубҳи ақлиро инкор мекунанд ва муътақиданд, ки ақл ба ҳеҷ унвон наметавонад ҳусну қубҳи афъол ва ашёъро дарк кунад ва ташхис диҳад. Инкор кардани ҳусну қубҳи ақлӣ яке аз зербиноҳои асосии каломи Ашоираро ташкил медиҳад. (Абулҳасани Ашъарӣ, Ал-лумаъ, саҳ 115 то 121. Муҳаммад ибни Абдулкарими Шаҳристонӣ, Ниҳоятул иқдом фи илмил калом, саҳ 208 то 221)

Онҳо монанди Аҳли ҳадис ва Ҳанбалиҳо мегӯянд, ақл оҷизтар ва нотавонтар аз он аст, ки ҳусну қубҳ ё солеҳтар ва ғайрисолеҳтарро дарк кунад. (Муҳаммад ибни Абдулкарими Шаҳристонӣ, Ниҳоятул иқдом фи илмил калом, саҳ 222 то 233) Ба ақидаи онҳо, қоил шудан ба назарияи “ҳусну қубҳи ақлӣ” лозимааш маҳдуд намудани машият ва иродаи илоҳӣ аст, зеро пазируфтани доварии ақл дар ин қаламрав сабаб мешавад, ки Худованд ончиро, ки ақл  “хуб” шуморад, анҷом диҳад ва ончиро ақл “бад” шуморад тарк кунад, чи маҳдудияте болотар аз ин? Бинобар ин, онҳо ба сабаби ҳифз кардани умумият ва куллияти машият ва иродаи илоҳӣ мегӯянд: Ҳасан (хуб) чизе аст, ки шаръ ва дин онро ҳасан эълон карда бошад ва қабеҳ (бад) низ чизе аст, ки аз сӯи Худованд қабеҳ эълон шуда бошад.

Ашоира зимни нақди назарияи Муътазила ва Мотуридия дар мавриди ҳусну қубҳи ақлӣ, бо ин сухан ва таъбир, ки тарафдорони ҳусну қубҳи ақлӣ ақли худро бар Худованди Мутаол ҳоким месозанд ва бар Ӯ иҷрои ҳукм менамоянд, мегӯянд: Ин ақида бо озодӣ ва қудрати бекарони Худованд созогорӣ надорад. Ҳеҷ гуна воҷибе бар афъоли Худованд нисбат дода намешавад, Худованд ҳар чи бихоҳад анҷом медиҳад ва ҳар чи анҷом диҳад, нек аст ва айни хубӣ ва хайри маҳз аст. Феъли инсонро метавон ба адл ва зулм муттасиф кард, аммо феъли Худованд фаротар аз ин маъноҳо аст ва ҳамаи афъоли Ӯ адл аст. Ба суни шеъре: “Ҳар чи он Хусрав кунад ширин бувад”, на “Ҳар чи он ширин бувад Хусрав кунад”.

Абулҳасани Ашъарӣ дар ин маврид мегӯяд:

“Ҳамаи воҷибот самъӣ ва шаръӣ ҳастанд ва ақл чизеро воҷиб намекунад, ҳусну қубҳро низ дарк намекунад, пас маърифати Худо бо ақл ҳосил намешавад, вале бо шаръ ва дин воҷиб мегардад. Ҳамчунин шукргузорӣ дар баробари касе, ки ба ту неъмат додааст, аҷр ва савоб додани итоаткунанда, азобу иқоб кардани маъсияткунанда, ба воситаи шаръ ва дин воҷиб мегардад на ақл. Чизе ба воситаи ақл бар Худованди Мутаол воҷиб намешавад, на солеҳ ва на солеҳтар, на лутф кардан ва на ҳар чизи дигаре, ки ақл иқтизо мекунад. (Муҳаммад ибни Абдулкарими Шаҳристонӣ, Ал-милалу ван-ниҳал, саҳ 81 то 82)

Абулҳасани Ашъарӣ масъалаи “ҳусну қубҳи ақлӣ”-ро таҳти унвони “ат-таъдил ват-таҷвиз” дар китоби “Ал-лумаъ”-и худ матраҳ кардааст. Ӯ ақлро нотавонтар ва кӯчактар аз он медонад, ки ҳусну қубҳи ашёъ ва афъолро дарк кунад ва ё солеҳтарро аз ғайрисолеҳтар ҷудо созад. Вай мегӯяд, ки ҳасан (хуб) он аст, ки Худованд онро ҳасан дониста бошад ва қабеҳ (бад) он аст, ки Худо онро қабеҳ эълон карда бошад. Дар натиҷа агар Худованди Мутаол кофиреро ба биҳишт ва мӯъминеро ба дузах равона кард, хуб ва ҳасан хоҳад буд ва ё агар кӯдаки бегуноҳеро вориди оташи дузах сохт, кор ва феъли хубу ҳасане ба шумор хоҳад омад.

Ашъарӣ мегӯяд:

“Пас ҷоиз аст, ки Худованди Мутаол атфол ва кӯдаконро дар охират азоб кунад(ва ба дузах барад) ва агар чунин кунад аз рӯи адл хоҳад буд, инчунин ҷоиз аст инсонро барои гуноҳи маҳдуд (кӯчак) азобу уқубати номаҳдуд кунад, бархе аз ҳайвонотро дар тасхири бархе дигар қарор диҳад, ба баъзе аз бандагонаш инъом кунад (неъмати фаровон диҳад) ва ба баъзе дигар накунад, афродеро биёфаринад, бо инки медонад онҳо кофир мешаванд ва бар кофирон лутф кунад, то имон оваранд. Бар Худованди Мутаол қабеҳ нест, ки бандагонашро аз оғози офариниш бо азобҳои бисёр сахт ва доимӣ азоб диҳад, мӯъминонро азоб кунад ва кофиронро биҳишт барад. Агар мегӯем Худованди Мутаол чунин корро намекунад, ба ин хотир аст, ки Худованд хабар додааст кофиронро азоб мекунад ва дуруғ бар Худованд ҷоиз нест. Агар Худованд ин корҳоро анҷом диҳад, ҳама аз рӯи адл хоҳад буд, ба далели онки Ӯ Молики Қаҳҳор аст ва таҳти мулки касе нест, болотару бартар аз Ӯ, на зиндакунандае, на амркунандае ва на манъкунандае вуҷуд надорад. Касе нест, ки барои Ӯ роҳу равиш ё ҳудуде муайян кунад. Бинобар ин чизе бар Ӯ қабеҳ намебошад, зеро агар мебинем коре бар мо қабеҳ аст, фақат ба хотири он аст, ки Молики тамоми олам ва тамоми ашёъ яъне Худованди Мутаол, моро аз анҷоми он наҳй ва манъ кардааст ва мо аз маҳдуда ва қавонин хориҷ шудаем ва ончиро, ки набояд анҷом бидиҳем анҷом додаем. Аммо Худованд чун на таҳти мулки касе аст ва на таҳти амри касе, лизо наметавон гуфт коре ё феъле аз Ӯ қабеҳ аст”. (Абулҳасани Ашъарӣ, Ал-лумаъ, саҳ 114 то 116)

Ашъарӣ дар ҷои дигар мегӯяд:

“Ҳамчунин бар Худо қабеҳ ва бад нест, ки мӯъминонро азоб диҳад ва кофиронро вориди биҳишт намояд. Албатта Худованди Мутаол ин корро анҷом намедиҳад, зеро ба мо хабар додааст, ки кофиронро муҷозот ва азоб хоҳад намуд ва дуруғ бар Худованд ҷоиз нест. (Абулҳасани Ашъарӣ, Ал-лумаъ, саҳ 116)

Дар инҷо аз Абулҳасани Ашъарӣ савол мешавад: Аз куҷо мегӯяд, ки дуруғ бар Худованд ҷоиз нест? Агар ба сухани худи Худованди Мутаол дар Қуръони Карим истинод кунад, ки мефармояд:

“لَا يُخْلِفُ اللَّهُ الْمِيعَادَ ”

“Худованд дар ваъдаи худ тахаллуф намекунад” (Сураи Зумар, ояти 20)

Дар ҷавоб гуфта мешавад: Аз куҷо маълум, ки ҳамин сухан низ (бар фарз) дуруғ набошад, ӯ агар ба доварии ақл эътимод намекунад, фарз ин аст, ки ақлро нотавонтар аз он медонад, ки дар ин маврид доварӣ кунад.

Бар асоси ин дидгоҳ, таклифи хориҷ аз тавоноии инсон ҷоиз аст (تکليف مالايطاق), анҷом додани феъли солеҳтар бар Худованд воҷиб нест ва дар қиёмат низ бар Худованд воҷиб нест, ки ҳатман ба инсони некӯкор подош диҳад ва гуноҳкорро азоб кунад, яъне вафо кардан ба ваъдаи савоб ва азоб бар Худованд воҷиб нест.

Бархе аз донишмандони каломӣ бар ин назаранд, ки Ашоира байни воҷиби каломиву эътиқодӣ ва воҷиби фиқҳӣ иштибоҳ кардаанд ва гумон кардаанд, ки воҷиб донистани хубиҳои ақлӣ, ирода ва машияти Худовандро маҳдуд мекунад, дар ҳоле, ки ин ҳукми ақл, ки масалан фалон чиз қабеҳ ва бад аст ва аз Худованд содир намешавад, ҳеҷ рабте ба маҳдудияти иродаи илоҳӣ надорад, балки манзур ин аст, ки ақл дарк мекунад, ки Худованди Мутаол дорои ҳамаи сифоти камолӣ ва бениёз аз ҳама чиз аст. Бинобар ин манъ аст, ки аз Ӯ феъли қабеҳ содир шавад, зеро ангезае барои анҷоми феъли қабеҳ дар Ӯ вуҷуд надорад. Ин манъ будан низ манъи зотӣ нест, ки Худованд бар хилофи он қодир набошад ва ирода ва ихтиёри Худованд бо анҷоми ҳасанҳо ва хубҳо ва тарки қабеҳҳо ва бадҳо мухолифат дошта бошанд.

Бинобар ин, бар асоси дидгоҳи Абулҳасани Ашъарӣ ва пайравони ӯ мелок ва меъёри ақлӣ барои муайян кардани ҳусну қубҳи афъол ва ашёъ вуҷуд надорад ва фақат ҳукми Худо аст, ки сабаб мешавад аъмол ба ҳасан (хуб ва пасандида) ва қабеҳ (бад ва нопасанд) тақсим мешаванд. Лизо Ашоира ба ҳусну қубҳи шаръӣ ё динӣ ё самъӣ қоил ҳастанд ва бар ҳамин асос ҳасанро феъли мувофиқ бо амри Худованд ва аз ҷониби шариат таъриф мекунанд ва қабеҳро феъли мухолиф бо амри Худованд медонанд. Ё ба таъбири дигар ҳасанро афъоле таъриф мекунанд, ки аз ҷониби шариат шоистагии саноро доранд ва қабеҳро афъоле таъриф мекунанд, ки аз ҷониби шариат мустаҳақи мазаммат ҳастанд.

Мабноҳо ва пояҳои каломи Мотуридия(бахши чаҳорум)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед