Имкони шинохти сифоти Худо

0
253

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Имкони шинохти сифоти Худо

Яке аз масъалаҳои асосӣ ва муҳим дар баҳси сифоти илоҳӣ, мумкин будани шинохти онҳо аст. Масъалаи аслӣ дар ин маврид ин аст, ки оё асосан инсон метавонад сифоти Худоро бишиносад ва ба онҳо илм пайдо кунад ё ин ки сифоти илоҳӣ ҳамеша барои инсон номаълум ва маҷҳул хоҳад буд ва нисбат ба онҳо ҳеҷ навъ илму шинохт пайдо нахоҳад кард?
Дар бораи имкон ва мумкин будани шинохти сифатҳои Худованд дидгоҳҳои мухталифе вуҷуд дорад, ки баъзе дар тарафи ифрот (зиёдарвӣ) ва баъзе дар тарафи тафрит (кутоҳӣ) қарор доранд, баъзе ҳам равиши эътидол ва миёнаравиро интихоб кардаанд. Як гурӯҳ ба куллӣ қудрати инсонро дар шинохти сифоти Худованди Мутаол нафй ва рад кардаанд ва барои исботи дидгоҳи худ ба дастае аз оятҳои Қуръони Карим истидлол кардаанд. Аз назари онҳо танҳо кори мумкин он аст, ки ба таври сарбаста ба собит будани сифоте, ки дар Қуръон ва суннат барои Худованд зикр шудааст, эътироф кунем ва ба онҳо имон биёварем, дар ҳоле ки аз ҳақиқати маъно ва мафҳуми ин сифатҳо ҳеҷ огоҳӣ надорем.
(Муҳаммад ибни Абдулкарими Шаҳристонӣ, Ал-милалу ван-ниҳал, саҳ 83 то 84)
 Беъзе ин гурӯҳро ба ин ҷиҳат, ки ба таътил кардан ва бидуни истифода мондани ақл ва дарки инсон дар роҳи шинохти сифоти илоҳӣ ҳукм мекунанд, равиши ’’таътил’’ меноманд ва пайрвону тарафдорони онро ’’Муъаттала’’ (таътилкунандагони ақл ва дарки инсон дар шинохти сифоти илоҳӣ) мехонанд.
Онҳо муътақиданд, ки инсон ва ақли инсонӣ наметавонад шинохт ва маърифате нисбат ба сифоти Худованд дошта бошад ва ҳеҷ роҳе вуҷуд надорад, ки инсон аз тариқи он ба маъно ва мафҳуми сифоти Худованд дастрасӣ пайдо кунад, магар ончи ки дар оятҳои Қуръони Карим ва ривоятҳо омадааст. Яъне наҷот ва ҳидояти ҳар инсоне дар ин аст, ки тамоми ончи, дар Қуръон ва суннат омадааст, эътироф ва қабул кунад бидуни он ки ҳеҷ баҳс, муноқиша, ҷадал ва пурсишу саволе дар мавриди онҳо дошта бошад.
(Муҳаммад ибни Абдулкарими Шаҳристонӣ, Ал-милалу ван-ниҳал, саҳ 83 то 84)
Гурӯҳи дигар бо истинод ба бархе аз оятҳо ва ривоятҳои муташобеҳ, сифоти мавҷудоти моддӣ монанди ғам, шодӣ, рафтан, омадан, нишастан ва ғайраро ба Худованди Мутаол нисбат додаанд. Онҳо муътақиданд, ки тафовут ва фарқи аслӣ ва асосӣ байни сифоти Худованд ва сифатҳои махлуқот вуҷуд надорад ва он даста аз сифоте, ки ҳам бар Худо ва ҳам бар махлуқоти Ӯ монанди инсон таъаллуқ мегирад, маъно ва мафҳуми муштарак ва мисли ҳам дорад.
(Абулҳасани Ашъарӣ, Мақолотул исломийин ва ихтилофул мусаллин, саҳ 126 ва 166 то 167 ва 225. Ва Муҳаммад ибни Абдулкарими Шаҳристонӣ, Ал-милалу ван-ниҳал, саҳ 84 то 85)
Ин гурӯҳ аз он ҷиҳат, ки дар воқеъ Худоро дар сифоти худ ба махлуқоташ ташбиҳ мекунанд, тафовут ва фарқе миёни ин ду қоил намешаванд, ба онҳо ’’аҳли ташбеҳ’’ мегӯянд ва пайрвони онҳоро ’’Мушаббаҳа’’ меноманд.
Аммо дар ин замина гуруҳи севвуме вуҷуд дорад, ки роҳи миёна ва муътадилро интихоб кардаанд, роҳи миёни таътил ва ташбеҳ. Ин роҳу равиш, ки мувофиқи ақл ва мавриди таъйиди Қуръону суннат аст, бар ин эътиқод ҳастанд, ки ҳар чанд метавон сифоти илоҳиро шинохт, аммо ин матлаб ба ин маъно нест, ки сифоти Худо дақиқан ба ҳамон маъно ва мафҳуме аст, ки дар мавриди дигар мавҷудот ба кор меравад бошад. Яъне ин ки мо метавонем нисбат ба сифоти Худованд илм ва маърифат дошта бошем, аммо маъно ва мафҳуми сифот дар мавриди Худованд ва махлуқот он тавр нест, ки комилан ба як маъно ва мафҳуми яксон ва дорои маънои муштарак бошад, он тавр ҳам нест, ки комилан мухталифу мутафовит ва ба ду маъно ва мафҳуми бидуни иртибот бо ҳам бошад.
Бар асоси ин дидгоҳ метавон ба гунаи ақлонӣ байни танзеҳ ва пок донистани Худованд аз нақсҳо ва камбудҳои махлуқот, аз як тараф ва шинохтпазир будани Худо аз тариқи сифоти Ӯ, аз тарафи дигар, созгорӣ ва ҳамоҳангӣ қоил шуд.
Дар сояи ин назария, инсон бо тадаббур ва тафаккур ва истидлоли мантиқӣ, дар партави Қуръону суннат ва бо истифода аз неъмати ақлу фикр, ки Худованд ба инсон додааст, дар мавриди  сифоти Худо сухан мегӯяд ва ҳукм мекунад, ҳукме, ки на лозимааш таътилу танзеҳи ифротӣ бошад ва на ташбеҳу таҷсим. Ин назария бо Қуръону суннат низ созгор аст.
Дар дидгоҳҳо ва тафаккури исломӣ, ҳадафи ниҳоии ҷаҳони офариниш, ба камол расидани инсон дар асари ибодат ва бандагии Худованд аст ва оятҳои зиёде ба рашанӣ бар ин матлаб таъкид мекунанд.

وَ ما خَلَقْتُ الْجِنَّ وَ الْإِنْسَ إِلاّ لِیَعْبُدُونِ
Яъне “Ва ҷин ва инсро ҷуз барои ибодат (-и худам) наофаридам. (сураи Зориёт, ояти 56)
(инчунин сураи Наҳл, ояти 36 ва …)

Аз тарафи дигар рашану ошкор аст, ки ибодати Худое, ки зот ва сифоташ ба куллӣ ношинохта ва номаълум аст, кори бемаъно ва бефоида ва яъсу ноумедвор аст.
Бинобар ин аз баҳсе, ки баён кардем чунин натиҷа мегирем, ки дар бораи шинохт ва исботи сифоти Худованди Мутаол дар миёни мусалмонон ва мутакалимон се дидгоҳ ва назария вуҷуд дорад. Яке назарияи ’’Таътил’’, дигарӣ назарияи ’’Ташбеҳ’’ ва охарин ҳам назарияи миёни таътил ва ташбеҳ аст, ки метавонем онро назарияи муътадил биномем.
Дар бораи дидгоҳи Абумансури Мотуридӣ ва дигар мотуридиён дар баҳси сифоти илоҳӣ бояд баён кард, ки онҳо назарияи таътилро рад мекунанд ва муътақиданд, ки инсон ин қудрат ва тавоноиро дорад, ки нисбат ба сифоти Худованд илм ва маърифат пайдо кунад ва онҳоро ба исбот бирасонад. Далел бар ин матлаб ҳам суханони мухталифе аст, ки онҳо дар китобҳои худ барои исботи сифоти Худованд монанди ҳаёт, илм, қудрат ва … зикр мекунанд.
(Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 108 – 109)
Аз тарафи дигар онҳо қоил ба  назарияи ташбеҳ ҳам нестанд ва яксонии сифоти Худованд бо сифоти махлуқотро рад мекунанд ва қабул надоранд. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, с 89- 91)
Бинобар ин метавон гуфт Абумансури Мотуридӣ ва дигар мотуридиён муътақид ба назария ва дидгоҳи миёни таътил ва ташбеҳ яъне назарияи муътадил ҳастанд ва назарияи таътил ва ташбиҳро рад мекунанд.

 

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед