Муоз ибни Ҷабал(рз) қисмати дуввум

0
6
Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Замони халифаи аввал
Муоз ибни Ҷабал(рз) дар Яман буд, ки Расули Худо(с) аз дунё гузашт.
Ӯ яке аз аввалин нафароне буд, ки бо Абубакри Сиддиқ(рз) байъат кард.
Дар замони хилофати Абубакри Сиддиқ(рз) Муоз аз Яман баргашт ва Умар ибни Хаттоб(рз), медонист, ки Муоз(рз) дар Яман сарвати зиёде ҷамъ кардааст. Барои ҳамин ба Абубакри Сиддиқ(рз) пешниҳод кард, ки нисфи сарвати Муозро аз ӯ бигирад.
Умар ибни Хаттоб(рз) пас аз ин пешниҳод бекор нанишаст, балки бархост ва дарҳол ба хонаи Муоз(рз) рафт ва пешниҳоди худро бо худи Муоз(рз) дар миён гузошт.
Муоз пешниҳод ва дархости Умар ибни Хаттоб(рз)-ро рад кард. Умар ибни Хаттоб(рз) ӯро тарк кард ва аз ин масъала даст кашид.
Субҳи рӯзи дигар Муоз(рз) шитобон ба сӯи хонаи Умар ибни Хаттоб (рз) рафт ва баробари дидани Умар ибни Хаттоб(рз) дастҳояшро ба гарданаш печонид ва ӯро ба оғӯш гирифт ва гуфт:
“Дишаб ман дар хоб дидам, ки дар об афтидам ва дасту по мезадам ва метарсидам, ки ғарқ шавам. То даме, ки ту омадӣ ва маро наҷот додӣ.”
Онҳо бо Умар ибни Хаттоб(рз) ба назди Абӯбакри Сиддиқ(рз) рафтанд, Муоз(рз) аз Абубакри Сиддиқ (р) дархост кард, ки нисфи молу сарвати ӯро бигираду кам кунад.
Абубакри Сиддиқ(рз) гуфт:
“Ман аз шумо чизе намегирам”
Умар ибни Хаттоб(рз) ба Муоз(рз) нигаристу гуфт:
“Акнун он мол барои ту ҳалол ва пок аст.”
Абубакр(рз) агар медонист, ки Муоз(рз) он молу сарватро аз роҳи нодуруст ва ғайриқонунӣ ба даст овардааст, ҳеҷ гоҳ ба ӯ дирҳаме намегузошт.
 Вижагиҳои Муоз ибни Ҷабал(рз)
Дар ривоятҳои таърихӣ баён кардаанд, ки Муоз(рз), дар куҷое ки набошад, чунон ҳушу фаҳмиш дошт, ки ӯ метавонист масъалаҳоро хуб ҳал кунад.
Оиз ибни Абдуллоҳ мегӯяд:
Дар рӯзҳои аввали хилофати Умар ибни Хаттоб(рз), рӯзе ҳамроҳи ёрони Паёмбар(с) ба масҷид ворид шудам.
Дар миёни гурӯҳе беш аз сӣ нафар нишастам, ки ҳамаашон аз Паёмбар(с) ҳадисеро ривоят мекарданд ва дар байни ҳозирон як ҷавони гандумрӯ, хӯшбаён ва нуроние буд, ки ҷавонтар аз ҳамаи онҳо буд. Ҳаргоҳ ки онҳо ба ҳадисе шубҳа мекарданд, аз ӯ мепурсиданд ва ӯ фатво медод ва мушкили онҳоро бартараф мекард.
Ӯ ба онҳо суҳбат намекард, магар инки онҳо аз ӯ чизе бипурсанд.
Вақте, ки маҷлис поён ёфт, ман назди ӯ рафтам ва аз ӯ пурсидам:
Ту кистӣ, бандаи Худо?
Гуфт: Ман Муоз ибни Ҷабал ҳастам.
Абумуслим Хулонӣ низ мегӯяд: Ман ба масҷиди “Ҳамас” (Ҳамас яке аз шаҳрҳое Шом аст) ворид шудам. Дидам, ки дар байни чанд пирамарде ҷавони зебое ором нишаста буд.  Агар мардум дар бораи матлабе дучори шакку шубҳа мешуданд, ба ӯ рӯ меоварданд ва аз ӯ мепурсиданд.
Ман аз шахсе, ки дар паҳлӯям нишаста буд, пурсидам: Кист ин?
Гуфт: Муоз ибни Ҷабал(рз).
Аз шунидани ин сухан муҳаббати ӯ ба дили ман афтод.
Шаҳр ибни Ҳушаб низ дар бораи Муоз(рз) мегӯяд:
Асҳоби Паёмбар(с) ҳангоми гуфтугӯ ва суханронӣ агар Муоз ибни Ҷабал(рз) дар байни онҳо мебуд, ҳайбаташ онҳоро фаро мегирифт. Умар ибни Хаттоб(рз) бо ӯ бисёр машварат кард. Ва ҳар гоҳ, ки аз ӯ машварат мегирифт, ба машварати ӯ амал мекард ва мегуфт:
“Агар Муоз ибни Ҷабал(рз) намебуд, Умар ҳалок мешуд.”
Маълум аст, ки Муоз ибни Ҷабал(рз) ақли тарбиятёфта ва мантиқи қонеъкунандае дошт, ки  нашъатгирифта аз тавони илмӣ ва фиқҳии ӯ буд.
Муоз ибни Ҷабал(рз) ҳаллоли мушкилот буд. Ӯ ҳамеша дар миёни мардум менишинад ва мардум дар гирди ӯ давр мезананд.
Хомӯш аст ва чизе намегӯяд, магар инки ҳозирони маҷлис аз ӯ талаби сухане кунанд.
Вақте ки аҳли маҷлис дар мавриди масъалае ихтилоф мекарданд, ба Муоз(рз) муроҷиат мекарданд, то ӯ нисбат ба он роҳи ҳал нишон диҳад.
Чунон, ки яке аз ҳамзамононаш мегӯяд:
Ҳар вақте ки ӯ забон ба сухан мегушуд гӯё, ки нур аз даҳонаш мебарояд. (Мардони гирдогирди Паёмбар(с), саҳ.133)
Даврони халифаи дуввум
Муоз(рз) ба Шом ҳиҷрат кард ва дар байни хешовандон ва одамоне, ки ба наздаш меомаданд, мисли устод ва фақеҳ зиндагӣ мекард. Ҳангоме, ки ҳокими Шом  Абу Убайда(рз), ки дӯсти гарму наздики Муоз(рз) буд, аз дунё рафт халифаи дуввум Умар ибни Хаттоб(рз) ӯро ба ҷои Абу Убайда(рз) ҳокими Шом қарор дод.
Чанд моҳе аз фармондориаш нагузашта буд, ки ба маризии “Тоун” мубтало гашт ва фариштаи марг ба суроғаш омад ва ӯ дар сини 38 солагӣ ба мулоқоти Парвардигори худ шитофт. (Ибни Саъд, ал-Табақоту ал-Кубро ҷ.7 саҳ, 273 соли 1410 қ)
 Албатта, назарҳои мухталиф дар бораи синну соли ӯ баён шудааст.
Аз ҷумла: 33 сол, 34 сол ва 28сол. (Ибни ал-Асир, Усду ал-Ғоба, 1409 қ ҷ.4, саҳ.421.)
Пеш аз вафоти Умар ибни Хаттоб(рз), аз ӯ пурсиданд:
Оё бораи мо васияте намедиҳӣ?
(Яъне ҷонишини худро барои мо муаррифӣ намекуни, то мо бо ӯ байат кунем.)
Умар(рз) ҷавоб дод:
Агар Муоз ибни Ҷабол(рз) зинда мебуд, ман ӯро барои хилофати мусалмонон интихоб мекардам. Ва агар дар рӯзи қиёмат Парвардигорам аз ман мепурсид; чӣ касеро халифаи уммати Муҳаммад (с) таъйин кардӣ?
Ман мегуфтам: Муоз ибни Ҷабалро, чун ман аз Паёмбар(с) шунида будам, ки Ӯмегуфт: Муоз ибни Ҷабал(рз) дар рӯзи Қиёмат пешопеши ҳамаи уламо хоҳад буд. Бинобар ин ман Муоз ибни Ҷабал(рз) -ро халифаи мусалмонон таъйин кардам.

Муоз ибни Ҷабал(рз)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед