Салмони форсӣ 02

0
180

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Мардони атрофи Паёмбар (с)

Нависанда: Холиди Муҳаммадхолид
Мутарҷим: Каюмарси Юсуфӣ
Салмони Форсӣ (рз) ҷӯяндаи ҳақиқат
Қисмати дуввум
Ман дар асл аҳли Исфаҳон будам, аз рустои ба номи “Ҷи”.
Падарам дар замини худаш ба кор машғул буд ва ман назди ӯ дӯстдоштатарини бандагони Худо будам. Дар оини маҷусӣ ҳам хело заҳмат мекашидам; то ҷое, ки масъули барафрӯхтани оташ(оташкада) будам. Ва намегузоштам хомӯш шавад.
Падарам қарзе дошт, рӯзе маро дунболи талабаш фиристод, аз хона берун омадам, дар роҳ аз каноре калисои масеҳиён гузаштам, садои дуову намозашонро шунидам, дохили калисо шудам, то бубинам чикор мекунанд. Дуъо ва намозашон таваҷҷӯҳамро ҷалб кард ва маро таҳти таъсир қарор дод. Бо худ гуфтам ин дин аз дини мо беҳтар аст ва то ғуруби офтоб ҳамонҷо мондам, на дунболи қарз рафтам ва на назди падар баргаштам, то ин ки касеро дунболам фиристод.
Вақте вазъият ва намози масиҳиён маро таҳти таъсир қарор дод, дар бораи маншаъ ва маркази динашон пурсидам, гуфтанд дар Шом аст. Вақте назди падарам баргаштам ба ӯ гуфтам: дар роҳ гузарам ба мардуме афтод, ки дар калисое машғули намозхонӣ буданд. Аз намозошон хело хушам омад. Дидам дини онҳо аз дини мо беҳтар аст, дар бораи ин мавзӯъ бо падарам ба баҳсу ҷадал пардохтем, оқибат падарам бар дасту поям занҷир басту маро зиндонӣ кард.
Барои масеҳиён паём фиристодам, ки ман ба оинашон даромадам ва аз онҳо дархост кардам, ҳаргоҳ қофилае аз Шом омад, пеш аз он ки ба онҷо баргардад, ба ман хабар диҳанд, то ман ҳамроҳи қофила ба Шом биравам. Онҳо низ чунин карданд. Занҷирро кандаму аз хона фирор карда бо онҳо ба Шом рафтам.
Дар онҷо пурсидам олими бузурги шумо кист?
Гуфтанд Усқуф раиси калисо. Назди ӯ рафтам ва саргузашти худро таъриф кардам, назди ӯ мондагор шудам, ба ӯ хидмат мекардам, намоз мехондам ва дарс меомӯхтам.
Ин Усқуф дар дини худ марди баде буд, зеро садақаҳои мардумро ҷамоварӣ мекард, то дар миёни ниёзмандон тақсим кунад, вале онро барои худаш нигоҳ медошт ва меандӯхт.
То ин ки аз дунё рафт. Шахси дигареро ҷонишини ӯ карданд. Ман дар дини онҳо касеро надидам, ки аз ӯ ба охират муштоқ ва ба  дунё берағбат ва дар ибодат кӯшо бошад. Ончунон муҳаббате ба ӯ пайдо кардам, ки пеш аз ӯ, касеро он андоза дӯст надошта будам.
Ҳангоме ки вақти маргаш фаро расид, ба ӯ гӯфтам: Мебинӣ, ки пайки аҷал фаро расидааст, маро ба чӣ чизе насиҳат мекунӣ? Ва ба хидмати чӣ касе васият мекунӣ?
Гуфт: Писарам касеро мисли худам суроғ надорам, магар марде, ки дар “Мавсел” аст. Вақте фавт кард назди марди мавселӣ рафтам ва саргузашти худро барояш таъриф кардам ва муддате наздаш мондам, то ин ки марги ӯ ҳам фаро расид, аз ояндаи худ аз ӯ пурсидам, маро ба обиде, ки дар “Насибин” буд, роҳнамоӣ кард.
Назди ӯ рафтам ва ҷараёни худро ба ӯ гуфтам ва муддате назди ӯ мондам. Замоне, ки аҷали ӯ ҳам фаро расид, дар борае худ аз ӯ пурсидам, супориш кард, то ба марди дар Амурия дар сарзамини Рум мулҳақ шавам. Назди ӯ рафтам ва ҳамонҷо мондам ва барои баровардани маоши зиндагии худ, гов ва гӯсфанд, нигоҳдорӣ мекардам. Баъд аз муддате аҷали ӯ низ фаро расид, ба ӯ гуфтам: Маро ба илтизоми хидмати чӣ касе супориш мекунӣ? Гуфт: касеро намешиносам комилан шабеҳи мо бошад, то ӯро ба ту муаррифӣ кунам, аммо зомони он расидааст, то паёмбаре бар оини Иброҳими Ҳаниф мабъус шавад. Ӯ ба сарзамини пур аз нахлистон, ки дар миёни ду кӯҳ воқеъ шудааст, ҳиҷрат хоҳад кард, агар тавонисти худро ба Ӯ бирасон ва дар ҳаққи Ӯ дилсӯз бош.
Ин Паёмбар дорои мушаххасот ва нишонаҳое аст, ки ҳаргиз пинҳон намемонад, Ӯ садақа намехӯрад, аммо ҳадяро мепазирад миёни шонаҳои Ӯ мӯҳри нубувват аст, ба маҳзи диданаш Ӯро хоҳи шинохт.
Рӯзе қофилае аз канорам мегузашт, дар бораи сарзамин ва ватанашон савол кардам, фаҳмидам, ки аҳли Чазирату-ал-араб ҳастанд. Ба онҳо гуфтам: Гов ва гӯсфандҳои худро ба шумо медаҳам, дар ивази он манро ҳамроҳи худ ба сарзаминатон бибаред. Пазируфтанд ва маро бо худ бурданд, то ба “Води-ал -Қуро” расидем, дар онҷо буд, ки ба ман зулм карданд ва маро ба як яҳудӣ фурӯхтанд.
Дар онҷо дарахтони хурмои зиёде дидам, гумон кардам, ки инҷо ҳамон сарзамине аст, ки барои ман тавсиф ва таъриф кадаанд ва Паёмбаре, ки ҷаҳон дар интизори зуҳӯраш буд, ба сӯи он ҳиҷрат хоҳад кард. Аммо афсӯс, ки онҷо набуд.
Назди шахсе, ки маро харида буд мондам, то ин ки рӯзе як нафар аз яҳудиёни “Бани Қурайза” назди ӯ омад ва маро харид ва бо худ  ба Мадина бурд. Ба Худо савганд ба маҳзи дидани шаҳри Мадина, яқин пайдо кардам ин ҳамон шаҳре аст, ки сифоташро бароям таъриф карданд.
Назди он шахс мондам ва дар нахлистоне, ки дар “Банӣ Қурайза” воқеъ буд, кор мекардам, то ин ки Худованд Паёмбар(с)-ро мабъус кард  ва солҳо пас аз беъсат ба Мадина ҳиҷрат намуд ва дар “Қубо” дар миёни тоифаи “Банӣ Амр ибни Авф” фурӯд омад.
Рӯзе болои дарахти хурмое будам ва соҳибам низ зери он дарахт нишаста буд, марди яҳудие, ки писарамаки ӯ буд наздаш омад ва бо ӯ ба гуфтугӯ пардохт ва гуфт: Худованд банӣ Қиларо нобуд кунад, онҳо дар Қубо гирди марде, ки нав аз Макка омадааст, ҷамъ шуда ва барояш сар ва даст мешикананд, гумон мекунанд, ки Ӯ Паёмбар аст.
Ба Худо савганд бо шунидани суханони ӯ чунон ларзае бар андомам афтод, ки аз шиддати он дарахти хурмо ларзид ба тавре, ки наздик буд бар сари молики худ биафтам, ба суръат аз дарахт пойин омадам ва гуфтам: Чӣ мегӯӣ? Мавзӯъ чист?
Моликам дасташро баланд кард ва шаппотии сахте бар гӯшам зад ва гуфт: Туро чӣ ба ин корҳо? Баргард сари корат.
Сари корам баргаштам, ҳангоми шаб ончи назди худ доштам, бо худ бардошта роҳи “Қуборо” пеш гирифтам ва ба хидмате Паёмбар(с) расидам.
Вақте дохил шудам дидам, ки чанд нафар аз ёронаш ҳамроҳи Ӯ ҳастанд, гуфтам: Шумо ғарибаед ва ниёз ба ғазо доред, ман миқдори ғазо дорам, назр кардам онро садақа диҳам, вақте аз маҳалли иқомати шумо шунидам, шуморо аз ҳама кас нисбат ба он сазовортар дидам ва онро пеши шумо овардаам.
Баъд ғазоеро, ки ҳамроҳи худ доштам бар замин гузоштам. Паёмбар(с) ба ёрони худ гуфт: Ба номи Худо бихӯредаш, вале худ аз он нахӯрд ва аслан даст ба сӯи он дароз накард.
Бо худ гуфтам, ба Худо савганд, ин аввалин нишонааш аст. Ӯ садақа намехӯрад.
Сипас бозгаштам ва фардои он рӯз дубора назди Паёмбар омадам. Ба Ӯ гуфтам дируз дидам аз садақа нахӯрдед бо худ миқдоре хурок доштам, дӯст доарм онро ба унвони ҳадя аз ман қабул кунед. Онро назди Паёмбар ниҳодам. Расули Худо(с) ба ёронаш фармуд: Бихӯред бо номи Худо ва худ низ бо онҳо шурӯъ ба хӯрдан кард.
Бо худ гуфтам: Ба Худо савганд ин дувумин нишонааш аст. Ӯ ҳадяро мехӯрад.
Он рӯз низ баргаштам, муддате натавонистам ба дидораш биравам, пас аз чанде боз рафтам. Ӯро дар қабристони Бақиъ ёфтам, дунболи ҷанозае омада буд ва ёронаш низ ҳамроҳаш буданд, ду або (либос) ҳамроҳ дошт, якеро пӯшида буд ва дигареро ба шонааш андохта буд. Салом кардам ва пушти сараш қарор гирифтам, то миёни шонаҳояшро бибинам, манзурамро фаҳмид ва абояшро канор зад, аломат ва нишонаро дар миёни шонаҳояш дидам. Мӯҳри хатми нубувват, дуруст ҳамонгуна, ки устодам бароям нақл карда буд.
Худро ба он расондам ва бар он бӯса задаму гиристам, маро назди худ фаро хонд. Дар ҳузураш нишастам ва саргузашти худро чунон, ки акнун барои шумо нақл мекунам, аз аввал то охар ҳикоят кардам.
Баъд аз он Ислом овардам, вале ғуломи яҳудӣ будан миёни ман ва иштирок дар ҷанги “Бадр” ва “Уҳуд” монеъ шуд. Рӯзе Расули Худо(с) фармуд: Бо соҳиб ва арбобат мукотиба кун, то туро озод кунад. Ба соҳибам мукотиба кардам. Паёмбар(с) низ ба мусалмонон фармуд, то маро дар пардохти қимат ва баҳоям ёрӣ кунанад. Бо лутфи Худованд озод гардидам ва ба унвони як мусалмони озод зиндагӣ кардам ва бо Паёмбари Худо(с) дар ғазваи Хандақ ва дигар    ҷангҳо ширкат кардам.
Салмони Форсӣ (рз) бо ин ҷумлаҳои дурахшон ва расо фидокории бузурги худро дар ҷустуҷӯи дини ҳақиқие, ки битавонад иртиботи ӯро бо Худованд барқарор созад ва масири зиндагии ӯро тарсим кунад, баён намуд.
Ба ростӣ ин мард чи қадар инсони баландмартабае аст! Ин чи бартарӣ ва бузургие аст, ки руҳи тобноки ӯ ба даст овардааст.
Ин чи ишқе ба ҳақиқат аст, ки бо хотири пок ва бо майлу рағбати худ аз оғуши молу мулки падарӣ рӯй гардонд ва ба дунболи гумшудае, ки он ҳама мушкилот дар масираш буд, ба роҳ андохт ба тавре ки бо тамоми ҷиддият ва ниҳояти заҳмат ва пайваста ибодаткунон аз сарзамине ба сарзамини дигар ва аз шаҳре ба шаҳри дигар мунтақил мешуд!.
Инҳо ҳама дар сояи иродаи нерӯманд ва устувори ӯ буд, ки мушкилотро дар баробараш кӯчак ва номумкинҳоро хор ва залил месохт.
Басирати нофизаш рӯҳияҳои мардум ва моҳияти динҳо ва ҳақоиқи зиндагиро ба шиддат ҷустҷӯ мекард ва дар ҷустуҷӯи худ ба дунболи ҳақ буд ва ба хотири ёфтани роҳи ҳидоят он қадар пойдорӣ ва пойфишорӣ аз худ нишон медод, ки саранҷом ба унвони барда ба фурӯш расид. Хушо ба ҳоли ӯ, ки Худованд аҷр ва савоби муҷоҳидатҳояшро комил ба ӯ ато кард ва ӯро ба ҳақ ва ҳақро ба ӯ расонд ва ӯро бо мулоқоти Паёмбараш сарафроз кард ва онқадар ба ӯ умр ато кард, ки бо чашмони худ парчами илоҳиро, ки дар тамоми нуқоти замин ба эҳтизоз  даромада буд, дид ва мусалмононро, ки  тамоми гӯшаву канори заминро аз ҳидоят, умрон ва адл пур сохта буданд, мулоҳиза кард.
Салмон (рз) (рз) муддате бо “Абу Дардоъ” дар як хона зиндагӣ мекард. Абу Дардоъ рӯзҳоро рӯза мегирифт ва шабҳоро шабзиндадорӣ мекард. Салмон (рз) (рз) ба ин тарзи ибодати ифротии ӯ эътироз кард.
Рӯзе Салмон (рз) (рз) исрор кард, ки ӯро аз гирифтани рӯза мунсариф созад, албатта рӯзаи ӯ мустаҳаббӣ буд.
Абу Дардоъ ба лаҳни норозӣ гуфт: Оё маро аз ба ҷой овардани намоз ва рӯза дар пешгоҳи Парвардигорам боз медорӣ?
Салмон (рз) (рз) дар посухаш гуфт: Бе шак чашмонат бар ту ҳақ доранд, зану фарзандонат низ ҳаққе бар гарданат доранд. Рӯза бигир, вале гоҳе ифтор кун, намоз бихон ва ба қадри ниёз бихоб ва истироҳат кун.
Ин ҷараён ба гӯши Паёмбар(с) расид. Он ҳазрат фармуданд: Синаи Салмон (рз) (рз) аз илму дониш пур шудааст. Паёмбар (с) аз фаросат ва зиракӣ ва низ илми бисёри Салмон (рз) огоҳ буд ва онро месутуд, ҳамчунон, ки ахлоқ ва дини ӯро низ мавриди ситойш қарор медод.
Дар рӯзи Хандақ Ансор истода буданд ва мегуфтанд:” Салмон (рз) аз мост”.
Муҳоҷирон низ мегуфтанд:”не, Салмон (рз) аз мост”. Паёмбар(с) ӯро садо зад ва фармуд:

سلمان منا ال البیت
“Салмон (рз) аз аҳли байти мост.”

Ба рости, ки ӯ ба ин шарофат сазовор ва шоиста буд.
Али ибни Абутолиб (к) ӯро лақаби “Луқмони Ҳаким” дода буд.
Баъд аз маргаш, аз ҳазрати Алӣ (к) дар бораи ӯ савол карданд, фармуд: Ӯ марде буд аз мо, кадом як аз шумо ҳамонанди “Луқмони Ҳаким” аст?
Салмон (рз) назди умуми ёрони Паёмбар(с) аз ҷойгоҳи болое бархурдор буд.
Дар даврони хилофати Умар ибни Хаттоб(рз) барои зиёрат ба Мадина омад, халифаи дуввум бо ӯ чунон рафтор кард, ки чунин рафтореро аз ӯ бо каси дигаре суроғ надорем. Халифа ёрони худро ҷамъ кард ва гуфт: Омода шавед, то ба истиқболи Салмон (рз) биравем, сипас бо иттифоқи ёрони худ дар канори Мадина ба истиқболи Салмон (рз) шитофт.
Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед