Салмони форсӣ 01

0
214

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Мардони атрофи Паёмбар (с)

Нависанда: Холиди Муҳаммадхолид
Мутарҷим: Каюмарси Юсуфӣ
Салмони Форсӣ (рз) ҷӯяндаи ҳақиқат
Қисмати аввал
Қаҳрамони ин достони мо аз сарзамини Форс меояд.
Пас аз зуҳӯри Ислом мӯъминони дигаре аз сарзамини Форс ба Ислом пайвастанд, ки ҳар як аз эшон дар майдонҳои имон, илм ва дин қаҳрамонҳое ҳастанд, ки дар дунё касе ба гарди пояшон ҳам намерасад.
Ва ин яке аз нукоти ҷолиб ва асрори азамати Ислом аст. Ба ҳеҷ кишваре қадам нанаҳода, магар ин ки тамоми нубуғ ва истеъдодҳоро ба тарзи эъҷобангез ва хиракунандае барангехт ва захираҳои маънавӣ ва нубуғу завқҳоро, ки дар ақлу фикри мардум, ҳамчун ганҷи шойгон дар дили замин, хобида буд, ҳамаро берун овард. Ба сабаби эшон фалосифа, атиббо, фуқаҳо, ситорашиносон, мухтариъон ва риёозидонони зиёде дар осмони ҳар сарзамине тулӯъ карда ва ба Ислом гаравиданд. Таърихи қарнҳои аввалияи исломӣ саршор аз нубуғҳои шигифтангезе аст, ки ин афрод аз кишварҳо ва сарзаминҳои мухталифе буданд, аммо ҳамагӣ аз як дин пайравӣ мекарданд!
Паёмбар(с) аз ҷониби Худои Таъоло аз ин густариши фархундаи оини худ хабар дода буд ва рӯзе фаро расид, ки Паёмбар(с)  бо чашми худ дид, ки парчами Ислом дар осмони кишварҳои рӯи замин ва бар фарози кохҳои ҳокимони дунё чи гуна ба эҳтизоз дармеояд.
Салмони Форсӣ (рз) шоҳиди моҷаро буд ва ба ончи Паёмбар(с) ваъда дода буд, имон ва итминон дошт.
Моҷаро аз рӯзи Хандақ дар соли панҷуми ҳиҷрат шурӯъ шуд,  он ҳангом ки теъдоде аз бузургон ва сарони Яҳуд ба манзури пуштибонӣ аз мушрикон ва муттаҳид намудани мушрикон бо тамоми қабилаҳо ва дастаҳо бар зидди Паёмбари Ислом(с) ва мусалмонон, раҳсипори Макка шуданд, то аз онҳо паймон бигиранд, ки ҳамаги сафи воҳиде ташкил дода ва дар ҷанги муҳим ширкат кунанд, то решаи дини навро баркананд.
Нақшаи хоинонаи ҷанг чунин тарҳ шуд, ки сипоҳи Қурайш ва қабилаи “Ғатафон” Мадинаро аз хориҷ мавриди ҳуҷум қарор даҳанд ва дар ҳамин ҳол қабилаи “Бани Қурайза”ҳам аз дохили шаҳри Мадина ва аз пушти сари сафҳои мусалмонон ҳамларо шурӯъ кунанд ва ба ин тартиб мусалмононро дар миёни ду санги осиёби ҷанг қарор дода, комилан хурд кунанд.
Дар яке аз рӯзҳо Паёмбар(с) ва мусалмонон худро дар баробари сипоҳе ёфтанд, ки бо теъдоди анбӯҳ ва созу барги ҷанги саҳмгин наздики Мадина дар канори чоҳи обе урду зада буданд.
Қуръони Карим вазъияти мусалмононро дар он рӯз ин гуна тавсиф менамояд:

إِذْ جَاءُوكُمْ مِنْ فَوْقِكُمْ وَمِنْ أَسْفَلَ مِنْكُمْ وَإِذْ زَاغَتِ الْأَبْصَارُ وَبَلَغَتِ الْقُلُوبُ الْحَنَاجِرَ وَتَظُنُّونَ بِاللَّهِ الظُّنُونَا
“(Ба хотир биёваред) замонеро ки душманон аз тарафи боло ва пойини(шаҳри) шумо, ба сӯи шумо омаданд (ва Мадинаро муҳосира карданд), ва замонеро, ки чашмҳо (аз шиддати ваҳшат) хира шуда буд ва ҷонҳо ба лаб расида буд ва гумонҳои гуногӯн дар бораи (ваъдаи) Худо доштед. (қавиюл имон ба ваъдаи илоҳӣ мутмаин ва заъифул имон номутмаин буд)” (Сураи Аҳзоб, ояти 10)

Бисту чаҳор ҳазор нафар ҷангҷӯ таҳти фармондеҳии Абусуфён ва  Уяйна ибни Ҳуссайн ба Мадина наздик шуда, то онро муҳосира намоянд ва бо ворид кардани зарбаи қотеъ ба ҳаёти Муҳаммад(с) ва оину ёронаш поён бибахшанд.
Ин сипоҳ танҳо аз афроди Қурайш ташкил нашуда буд, балки тамоми қабилаҳо ва дастаҳое, ки Исломро барои худ хатари бузург медонистанд, дар канори Қурайш ва дар сипоҳ ҳузур доштанд. Ин лашкаркашӣ охирин кӯшиш ва муборизаи сахте буд, ки душманони Паёмбар(с) ҳамагӣ аз афроди пароканда ва ҷамъиятҳо ва қабилаҳо ва қишрҳои мухталиф онро оғоз намуда буданд.
Мусалмонон худро дар ҳолати бисёр душворе диданд, Паёмбар(с) ёрони гиромиашро гирд овард, то бо онҳо дар ин бора машварат кунад. Рӯшан аст, ки ҳамаги бар ҷанг ва дифоъ (аз шаҳр) ҳамназар буданд.
Аммо дифоъ чӣ гуна анҷом бигирад?
Дар ин ҳангом марди баландқомате бо мӯйҳои пурпушт ва анбӯҳ, ки бисёр мавриди алоқаи Паёмбар(с) буд, қадам ба пеш ниҳод. Ва рӯи  теппаи баланд истод ва бо диққат ва кунҷковӣ ба шаҳри Мадина нигоҳ кард ва мушоҳида кард, ки Мадина дар миёни ҳисоре аз кӯҳҳо воқеъ шуда ва сангу сахраҳо атрофи онро иҳота кардааст, аммо дар миёни онҳо шикофи тӯлонию васеъ ва ҳамворе вуҷуд дорад, ки сипоҳи душман ба осонӣ метавонад аз онҷо ба шаҳри Мадина ҳамла кунад.
Салмон (рз) дар сарзаминӣ Форс бо бисёре аз васоил ва нақшаҳои ҷангӣ ошно буд ва аз онҳо хабар дошт, назди Паёмбар(с) рафт ва пешниҳоде ба хидмати Паёмбар(с) арза намуд, ки арабҳо то он замон ва то он рӯз камтарин шинохте аз он надоштанд. Пешниҳоди ӯ иборат буд аз кандани хандақе (ҷӯйбори бузург), ки тамоми манотиқи боз ва бидуни монеъи атрофи Мадинаро ҳифз кунад.
Худованд медонад, агар ин хандақро намеканданд, саранҷоми мусалмонон дар он ҷанг чӣ мешуд. Қурайш бо дидани он дучори ҳайрат шуданд ва сипоҳиёнашон ба муддати як моҳ даруни хаймаҳояшон билотаклиф монданд ва тавони вуруд ба Мадинаро надоштанд, то ин ки дар яке  аз шабҳо, Худованди Мутаъол боди бисёр сахту сард ва сиёҳеро барангехт ва хаймаҳо ва чодурҳояшонро аз ҷо барканд ва онҳоро пароканда сохт!
Абӯсуфён дар наҳояти ноумедӣ ва сарафкандагӣ ба сипоҳиёнаш дастур дод, ки ба ҳамонҷое, ки аз он омада буданд, бозгарданд.
Дар замони кандани хандақ Салмон (рз) низ дар миёни мусалмононе, ки ҳамагӣ машғули кандани хандақ ва талошу кӯшиш буданд, қарор гирифта буд. Паёмбар(с) низ дар ҳоле ки куланге дар даст дошт, бо дигар мусалмонон дар ҳоли кор буд.
Салмон (рз) марди қавӣ ва дорои бозувони нерӯманд буд, ба тавре, ки танҳо як зарба бозуи нерӯманди ӯ барои шикастан ва хурд кардани сахтарин сангҳо ҳам кофӣ буд. Аммо дар баробари шикстани як санге оҷиз монда буд. Ҳамроҳонаш низ заработе бар санг ворид карданд, вале ҷуз хастагӣ чизе насибашон нашуд.
Салмон (рз) назди Паёмбар(с) рафт, то аз эшон бихоҳад барои раҳо шудан аз шикастани он санги сахт масири хандақро тағир даҳанд.
Паёмбар(с) ба манзури дидан ва мушоҳидаи санг ва масири он бо Салмон (рз) омад.
Бо дидани санг куланге талабид ва аз ёронаш хост барои пешгирӣ аз бархурди сангрезаҳо, аз санг дур шуда ва фосила бигиранд. Онгоҳ номи Худоро бар забон ҷори сохт ва дастони муборакашро дар ҳоле, ки дастаи кулангро муҳкам гирифта буд, баланд карда ва бо қудрат бар санг фурӯд овард, санг шикофта шуд ва аз шикофи бузурги он барқи нуронӣ ба ҳаво бархост!
Салмон (рз) мегӯяд: Ман он шӯъларо дидам, ки атрофи Мадинаро равшан кард. Паёмбар(с) бо садои баланд Аллоҳу Акбар гуфтанд ва фармудан: Аллоҳу Акбар, калидҳои сарзамини Форс ба ман дода шуд, кохҳои Ҳйраа ва Мадоини Касро бар ман равшан гардиданд, бешак уммати ман бар ин мамлакат ғалаба хоҳанд кард.
Сипас кулангро баланд намуд ва зарбати дувумро фурӯд овард, дубора ҳамон падида такрор шуд, аз санги шикофташуда, барқе ҷаҳид ва нуре ба ҳаво бархост ва Паёмбар(с) фармуд: Аллоҳу Акбар, калидҳои сарзамини Рум ба ман ато шуд, ин шӯъла кохҳои сурхи онҷоро бар ман равшан сохт, бе шак уммати ман бар онҷо ғалаба хоҳанд кард.
Сипас бари бори севвум зарбае бар он зад, санг комилан хурд шуд ва барқи дурахшон ва хиракунандае аз он бархост, Паёмбар(с) ва ёронаш ҳамсадо боҳам Аллоҳу Акбар гуфтанд. Паёмбар(с) ба онҳо гуфтанд: Ҳамакнун кохҳои Сурия, Санъо ва дигар кишварҳои рӯи заминро, ки ба зуди парчами Исломро дар осмони онҳо ба эҳтизоз дархоҳанд овард, мебинам. Мусалмонон бо эътиқоди комил фарёд бароваданд:

هَٰذَا مَا وَعَدَنَا ٱللَّهُ وَرَسُولُهُۥ وَصَدَقَ ٱللَّهُ وَرَسُولُهُۥ
«Ин чизест, ки Худо ва Расулаш ба мо ваъда додааст; ва Худо ва Расулаш рост гуфтанд» (Сураи Аҳзоб, ояти 22)

Салмон (рз) соҳиби назарияи кандани хандақ буд ва ӯ соҳиби сахрае буд, ки баъзе аз асрори ғайб ва оянда аз он падид омад. Ҳангоми шикастани санг ӯ канори Паёмбар(с) истода ва он нурро медид ва башоратро мешунид ва он қадр умр кард, то мисдоқи он башоратро бо чашми худ дид.
Салмон (рз) шаҳрҳои Қудс, Рум, ва кохҳои Санъо, Шом, Миср ва Ироқро дид. Тамоми атроф ва акнофи заминро, ки нағмаҳои дилангези азон аз болои гулдастаҳои масоҷиди онҳо ба осмон бармехост ва амвоҷи ҳидоят ва хайрро пахш мекард ва дилҳоро ба ваҷд дар меовард, бо чашми сар дид.
Ин Салмон (рз) аст, ки дар зери сояи дарахти сарсабз ва хурраме, ки дар пеши хонааш дар Мадоин, шоху барги барафрошта, нишастааст ва саргузашти ҷанбозиҳои бузургеро, ки дар ҷустуҷӯи ҳақиқат анҷом додааст, барои мардуме, ки дар атрофаш нишастаанд, бозгӯ мекунад. Барояшон баён мукунад, ки чи гӯна дини қавми худро раҳо карда ва ибтидо ба масеҳият ва сипас ба сӯи Ислом гиройш пайдо кард ва онро пазируфт. Ва чи гӯна дар ҷустуҷӯи озодии ақлу рӯҳаш, хона ва хоки падари пулдорашро тарк кард ва худро дар домани фақр ва тангдастӣ андохт ва чи гӯна дар бозори бардафурӯшон ба фурӯш расид, дар ҳоле ки ӯ дар масири ҷустҷӯи ҳақиқат буд ва чи гӯна бо Паёмбар(с) дидор намуда ва ба Ӯ имон овард. Биёед боҳам ба маҷлиси бо шукӯҳ қадре наздик шавем ва ба достони шигифтангезе, ки ҳикоят мекунад гӯш фаро диҳем!
Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед