Табрики иди саъиди Қурбон

0
66

Ба номи ҳазрати Дӯст, ки ҳар чи дорем аз Ӯст

Иди саъиди Қурбон фаро расид ва имрӯз дар кишвари азизамон Тоҷикистон ид аст. Иди Қурбон аз муҳимтарин идҳои мусулмонон аст.

Иди Қурбон мазҳару ҷилваи тақаррубу бандагӣ ва таслими иброҳимиён ва замони қурб ва наздикии мусулмонон ба Худованди Мутаол дар сояи убудияту бандагии илоҳӣ аст. Иди Қурбон мавсими қурбонӣ кардани азизҳо ба даргоҳи “азизтарин”, яъне Худои Мутаол аст.

Ҳар касе битавонад ризояти худро фидои ризояти Худо кунад, аз хостаи дили хеш дар роҳи ирода ва хости Худо чашм бипӯшад ва аз доштаҳо ва хостаҳои шахсӣ бигузарад, ба қурбу наздикии Худо мерасад. Ба ин хотир аст, ки шоир мегӯяд:

Бигзар аз фарзанду молу ҷони хеш

То Халилуллоҳи давронат кунанд.

Сар бинеҳ бар каф, бирав дар кӯи дӯст

То чу Исмоил қурбонат кунанд.

“Қурбонӣ” василаи қурб ба Худо ва иди Қурбон рӯзи наздикӣ ба Парвардигор ва озод шудан аз вобастагиҳои шахсӣ ва дунявӣ ва касби ризои Худо аст.

Иди Қурбон рӯзи ёдоварӣ ва эълони пойбандӣ ба аслҳо ва арзишҳои Илоҳӣ ва пайравӣ аз дастурҳои Худои Мутаол ва омодаи фидокорӣ ва аз худгузаштагӣ барои ба даст овардани ризояти илоҳӣ аст.

“Сомонаи Аҳноф”, иди саъиди Қурбонро ба тамоми мусулмонони ҷаҳон махсусан мардуми мусулмон ва азизи Тоҷикистон ва тамоми тоҷикони ҷаҳон табрик ва таҳният мегӯяд ва аз даргоҳи Худованд барои тамоми мусулмонон сарбаландиву ҷуръати Иброҳим, оромишу сабри Исмоил, умедвории Ҳоҷар ва висолу расидан ба маъшуқро таманно дорад.

 

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед