Шуҷоат дар сираи набавӣ (бахши аввал)

0
28

Ба  номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Сифати шуҷоат, ки яке аз фазоили барҷастаи инсонӣ ҳаст, шакли комил худро дар вуҷуди нозанини Расули Худо(с) намоён намуда буд. Ба гунае, ки Расули Худо(с) дар ҳамаи ҷилваҳои он комил ва бе ҳамто буд. Ҳамчуноне, ки агар сухани ҳаққе қарор буд гуфта шавад, Ҳазрат(с) бепарво ва бо сароҳат он суханро мегуфт ва агар саҳнаи набарде буд, он Ҳазрат пештоз аз ҳама сафҳо мешуд ва агар касе кӯмак мехост, Ӯ бар дигарон сабқат мегирифт. Ӯ дар ҳама ҷабҳаҳо як диловар буд.

Шуҷоат калимае аст арабӣ, баргифта аз вожаи “шаҷаъ” ва ба маънои устуворӣ ва побарҷо будани қалб дар замони бурӯз ва ошкор шудани сахтиҳо ва мушкилот мебошад.(Алҷуҳарӣ, Исмоили Ҳаммод, вожаи шаҷаъ)

Вожаи шуҷоат бар ҷуръат ва пешравӣ далолат дорад. Шуҷоат ба маънои қуввати қалб дар ҳангоми рӯёрӯӣ бо мушкилот аст.( Ибни манзур муҳаммад ибни Мукаррам, Лисонул араб, вожаи шуҷоат)

Намунаҳои шуҷоат дар саҳнаҳои иҷтимоӣ ва зоҳирӣ бисёр аст, вале муҳимтарини он, ҷилваи ин фазилат дар арсаи нафс мебошад. Агар шахсе қуввати қалб ва шуҷоати рӯҳ дар нафсаш зоҳир шавад ва дар баробари тамоюлоти номашрӯи нафс шуҷоона муқовимат ва истодагӣ кунад, ба болотарин мақоми шуҷоат ва қуввати қалб расидааст. Албатта ифрот дар шуҷоат боиси анҷоми корҳои номаъқул ва тафрит дар он боиси зиллат ва хорӣ мегардад. Дар таърих намунаҳои фаровоне аз шуҷоати Паёмбари Худо(с) ва аз афроди мухталиф баён шудааст, ки дар инҷо  ба баъзе аз онҳо ишора мешавад.

Шуҷоати Паёмабар(с) пеш аз беъсат

Аз Паёмбари Худо(с) қабл аз беъсат ба унвони марди шуҷоъ ёд шудааст, фарде, ки ҳақро бар забон ҷори месохт ва дар роҳи изҳори ҳақ кӯтоҳи намекард ва аз сарзаниши ҳеҷ маломатгаре, тарс ба дил роҳ намедод. Эшон дар рафтори худ ба он муҳит ва одобу расмҳое, ки дар он ҷомеа буд, таваҷҷӯҳе намекард, Ӯ ҳақро ошкор месохт ва одатҳо ва тақлидҳои зиёди нораво ва нодурусти араби ҷоҳилиро , ки андеша наварзидан ва набуди дарки ҳақоиқ аз сӯи он мардум нашъат мегирифтро бидуни ҳеҷ воҳимае рад ва нақд мекард. Дар замоне, ки Қурайш ҳама бут мепарастиданд, Ӯ дар муқобили ҳеҷ буте саҷда накард,  дар замоне, ки онҳо ба Лот ва Уззо ва Манот ва дигар номҳое, ки онҳоро худоёни худ мехонданд ва ба онҳо савганд ёд мекарданд, Ӯ ба ҳарки аз ӯ мехост, то чунин савганде бихӯрад посухи манфӣ медод ва мефармуд; он бутонро хуш надорам. Нақл аст, ки рӯзе миёни он Ҳазрат(с) ва фурӯшандае дар мавриди колое ихтилоф афтод ва он фурӯшанда аз эшон хост, то ба Лот ва Уззо савганд бихӯрад, аммо он бузургвор ин хостаро рад кард ва бо шуҷоат посух дод, ки ин номҳоро дӯст надорад.(Хотамуннабийн, Қоҳира, ҷ 1, саҳ 229)

Насби Ҳаҷарул Асвад

Довари миёни қабилаҳои араб дар моҷарои таҷдиди бинои Каъба ва насби ҳаҷарул асвад, тавассути Расули Худо(с)-ро метавон гувоҳи дигаре аз шуҷоати бемонанди он Ҳазрат(с) дар қабл аз беъсат донист. Чаро, ки Эшон бо огоҳӣ аз ҳассосияти бисёри ин масъала ва низ бо иттилоъ аз ин амр, ки як довар наметавонад ҳамаи тарафҳои даъворо аз худ хушнуд созад, ба чунин коре иқдом намуд, ҳарчанд ба тавфиқи илоҳӣ тавонист бо ибтикори худ ҳамаи онҳоро розӣ ва хушнуд созад.(Табарӣ, ҷ 2, саҳ 289-290)(Ибни Ҳишом, ҷ 1, саҳ 196-197)

Шуҷоати Паёмбари Худо(с) баъд аз беъсат

Шуҷоат дар амри рисолат

Шуҷоати Расули Худо(с) пас аз беъсат дар комилтарин шаклаш худро дар амри рисолат нишон дод. Ин ҳақиқати рӯшан аст, ки рӯёруӣ бо душманон ба хотири тафаккури ҷадид,  ниёз ба шуҷоат, собитқадамӣ, бурдборӣ ва шакибоӣ аст  ва Худованд худ медонад рисолаташро дар куҷо қарор бидиҳад; Худованди Мутаол мефармояд;

وَإِذَا جَاءَتْهُمْ آيَةٌ قَالُوا لَنْ نُؤْمِنَ حَتَّىٰ نُؤْتَىٰ مِثْلَ مَا أُوتِيَ رُسُلُ اللَّهِ ۘ اللَّهُ أَعْلَمُ حَيْثُ يَجْعَلُ رِسَالَتَهُ ۗ سَيُصِيبُ الَّذِينَ أَجْرَمُوا صَغَارٌ عِنْدَ اللَّهِ وَعَذَابٌ شَدِيدٌ بِمَا كَانُوا يَمْكُرُونَ

Ва ҳангоме, ки ояе барои онҳо биёяд, гӯянд: «Ҳаргиз имон намеоварем, то ин ки монанди чизе, ки ба паёмбарони Худо дода шудааст, ба мо [ҳам] дода шавад». Худо донотар аст, ки рисолаташро куҷо қарор диҳад. Ба зудӣ ба касоне, ки хилофкорӣ карданд, ба сазои ин ки макр мекарданд, аз ҷониби Худо хорӣ ва азоби сахт хоҳад расид.(Сураи Анъом, ояти 124)

 Худованди Мутаол дар ин оят мефармояд; Худованд худаш медонад, ки рисолатро ба ки бидиҳад. Паёмбари тарсу, расули парешон хотирро ба Паёмбарӣ интихоб намекунад, ки дар нахустин бархӯрд яъс ва ноумедӣ дар дили ӯ қарор бигирад. Балки Паёмбареро интихоб мекунад, ки бо пойдорӣ ба жэ худ идома бидиҳад ва барои руё руӣ бо мушкилот яке пас аз дигари ва гоҳ ҳама бо ҳам он ҳам дар сурати сахт ва илоҷнопазир омода бошад. Мушкилоте, ки ҳеҷ кас ҷуз мардони шуҷоъ ва бархурдор аз азми устувор ва оромиши дил тавонои руё руӣ  онро надорад.

Паёмбари Худо(с) дар таблиғи дини худ шуҷоати хосе дошт. Ишон тамоми мушкилот ва сахтиҳое, ки мушрикон бар сари роҳи таблиғи дини Ислом қарор медоданд, бо шуҷоат ва рӯҳияи хастагинопазир ва бо таваккали ба Худо тамоми онҳоро бо ҷону дил мепазируфт ва дар ин роҳ тардиде ба худ роҳ намедод, сабр ва таҳаммул дар баробари шиканҷаҳо муҳосираи иқтисодӣ, носазогуӣҳои мушрикон ва дигар мушкилоте, ки буд бо ин ҳама мушкил дар масири ҳақ ҳаракат мекард, ки ин намунаи шуҷоати он Ҳазрат мебошад. Расули Худо(с) дар тӯли аёми рисолаташ душманоне дошт, ки сарсахт ва кинатӯз буданд, аммо ҳеҷгоҳ тарс ва ҳаросе аз онҳо ба дили худ роҳ надод ва бо он ҳама озору азиятҳо, аз масири худ ва дини худ даст барнадошт.

Аз ончи дар боло баён шуд натиҷа мегирем, ки Паёмбари Худо(с)  дар тамоми арсаҳо як нафари шуҷоъ, як раҳбари шуҷоъ ва ғаюр буд. Ва ин вижагиро қабл аз беъсат дошт, то ба рисолат расид ва инро идома дод. Ба ин хотир чун асҳоб медиданд як раҳбари шуҷоъ ва дар аввали корҳо худаш қарор мегирад, онҳо ҳам ҳамеша бо шуҷоат дар канораш мемонданд.

Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед