Саъд ибни Абиваққос(рз) (қисмати чаҳорум)

0
153

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ҷанги Мадоин

Дар ҷанги Мадоин Саъд(рз) ба мушкили бузурге дучор шуд. Ҷанги Мадоин тақрибан ду сол пас аз ҷанги Қоддисия ба вуқӯъ пайваст. Дар ин муддат дар байни лашкари Ислом ва Форс бархӯрдҳо идома доштанд, то ин ки боқимондаҳои лашкари шикастхӯрдаи Форс дар Мадоин ҷамъ омада ва худро барои  ҷанги сарнавиштсоз омода карданд.

Саъд(рз) дарк кард, ки замон ва шароит ба фоидаи душман аст. Аз ин рӯ, ӯ тасмим гирифт, ки ин имконият ва бартариро аз онҳо бигирад. Аммо чӣ гӯна ӯ метавонист ба ин ҳадаф бирасад, вақте ки дарёи Даҷла байни ӯ ва Мадоин дар ин мавсим мавҷҳои хурӯшон дорад ва оби он дар сатҳи баландтарин аст?

Мавзеъгирии Саъд(рз) дар ин лаҳза исбот мекунад, ки Саъд, тавре Абдурраҳмон ибни Авф (рз) гуфт: “Монанди шер ҳамла мекунад.” Имони Саъд(рз) ва ҷасорати ӯ дар муқобили хатар ва  дар муқобили “ғайриимкон” ғолиб омад.

Ба лашкари худ дастур дод, ки аз Даҷла бигзаранд.

Барои ин ба онҳо амр кард, ки дар дарё ҷойе пайдо кунанд, ки умқи камтар дошта бошад, то аз он убур кардан мумкин бошад.

Саранҷом лашкари Ислом ҷоеро барои убур аз дарё пайдо карданд, ки  убур аз онҷо бехатар буд. Пеш аз он, ки сарбозон аз дарё убур кунанд, Саъд(рз) дар ин фикр афтод, ки барои сарбозонаш дар он тарафи дарё ҷои амн фароҳам кунад. Вай барои ин кор ду гурӯҳро таъйин кард. Гурӯҳи аввалро (Катибату ал аҳвол) номид ва Осим ибни Умарро фармондеҳи онҳо интихоб кард. Вай инчунин гурӯҳи дуввумро (Катибату ал хурсо) Баталиони сукут номгузорӣ кард ва Қаъқо Ибни Умарро фармондеҳи он таъйин кард.

Вазифаи ин ду гурӯҳ он буд, ки барои сарбозоне, ки аз дарё гузашта ва ба минтақаи душман ворид мешаванд, макони муносибе пайдо кунанд. Онҳо ин вазифаро бо маҳорати комил иҷро карданд. Нақшаи Саъд он рӯз ба чунин пирӯзие ноил гашт, ки таърихнависонро дар ҳайрат гузошт, пирӯзие, ки худи Саъд ибни Аби Ваққосро ҳам дар ҳайрат гузошт.

Салмони Форсӣ(рз) чунон ба ҳайрат афтод, ки хушҳолона дастонашро ба ҳам молид ва гуфт: Ислом дини нав аст. Ба Худо савганд, ки баҳрҳо барояшон ром карда шуданд, ҳамон тавре ки заминҳо барояшон ром шудааст. Савганд ба он кас, ки ҷони Салмон дар дасти ӯст, ҳама аз он берун хоҳанд омад, (Даҷла) ҳамон тавре ки ҳама ба он дохил шуданд. Ҳамин тавр ҳам шуд.

Ҳамин ки онҳо ба дарёи Даҷла ворид шуданд, онҳо ҳамон тавр аз он баромаданд. Ба ягон сарбоз осебе нарасид. Саъд (рз) ба сарбозонаш фармуд:

حسبنا الله و نعم الوکیل

“Худо барои мо кофист ва Ӯ беҳтарин вакил аст”

(Сураи Оли Имрон, ояти 173)

Сипас ӯ бо аспи худ аз Даҷла убур кардандро шурӯъ кард. Сарбозони ӯ низ пас аз ӯ вориди Даҷла шуданд, онҳо обро тавре убур карданд, ки гӯё дар замин мерафтанд ва бо ҳам бидуни тарс гуфтугӯ мекарданд. Сабабаш эътимод ба ваъдаи пирӯзӣ ва кумак ва ризояти Худои Таоло буд.

Пирузии сипоҳи Ислом бар сипоҳи Эрон:

Сипоҳи Ислом тавонистанд дар соли 19 ҳиҷрии қамарӣ, сипоҳи Эронро аз Ироқ берун кунанд ва Мадоинро аз худ кунанд ва инкор бо шикаст додани Эрон дар ҷанги “Ҷалула” аз ҷониби артише, ки Саъд раҳбарии онро бар душ дошт ба анҷом расид.

(Дар мавриди таърихи ин ҷангҳо ихтилофи назар вуҷуд дорад, аммо сухани машҳур ин аст, ки ин рӯйдодҳо дар солҳои 14-19 ҳиҷрӣ қамарӣ рӯх додаанд.)

Пас аз фатҳи Ироқ Умар(рз) аморати Ироқро ба Саъд(рз) супурд. Саъд ба бунёди он ва хона сохтан барои мардум шурӯъ кард, шаҳри Куфаро сохт ва дар он сарзамини паҳновар қонун ва қоидаҳои Исломро барқарор кард. (Ибни Абдулбир, Ал истийоб, ҷ.2, саҳ.608; Билозурӣ, Фатҳулбулдон, саҳ.270-271)

 Шикояти мардуми Ироқ аз Саъд(рз):

Мардуми Куфа шикояти Саъд(рз)-ро ба назди халифа бурданд. Умар(рз) вайро ба Мадина хонд, Саъд аслан нороҳат нашуд ва фавран даъвати ӯро пазируфт.

Мардуми Кӯфа ба ӯ тӯҳмати бемаънӣ нисбат дода гуфтанд:

“Саъд дар хондани намоз мушкил дорад.”

Баъзе ривоятҳо шикоятҳои мардуми Куфаро, аз ин қабил медонанд: ҳукмҳои ноодилона, тақсимоти нодурусти ғаниматҳо ва қодир набудани фармондеҳӣ ба маъракаҳои ҳарбӣ.

Дар баъзе ривоятҳои дигар ишора шудааст, ки сабаби барканории Саъд, ин аст, ки Умар(рз) Саъдро дар айшу ишрат, айшу нӯш ва сохтмони иморат ё қасри Куфа айбдор кард ва амр дод, ки қасрро сӯзонанд.

(Ибни Абдулбир, Ал истийоб, ҷ.2, саҳ.608; Билозурӣ, Фатҳулбулдон, саҳ.274)

Саъд(рз) ҳангоме ки инро шунид ба шиддат хандид ва гуфт:

“Ба Худо савганд, ки ман бо онҳо мисли Паёмбари Худо(с) намоз мехонам. Ду ракъати аввалро дароз хондам ва ду ракъати дуюмро кӯтоҳ кардам.

(Мардони гирдогирди Паёмбар(с), Холид Муҳаммадхолид)

 Пас аз муддате ҳазрати Умар(рз), ният кард ӯро дубора ба Куфа фиристад, Саъд(рз) бо ханда ба Умар(рз) гуфт:

“Оё мехоҳед ман ба назди мардуме баргардам, ки гумон мекунанд, ки ман намозро некӯ намехонам?

Вақте ки халифа мавриди ҳамла қарор гирифта ва захмӣ шуд, шаш нафарро аз байни ёрони Паёмбар(с) интихоб кард, то интихоби халифаи навро ба зимма гиранд.

Умар(рз) гуфт:

Ман касонеро интихоб кардаам, ки Паёмбар(с) вақте ки аз олам даргузашт, аз онҳо розӣ ва хушнуд буд.

Саъд ибни Аби Ваққос(рз) яке аз ин шаш нафар буд.

Идома дорад…

Саъд ибни Абиваққос(рз) (бахши аввал)

Саъд ибни Абиваққос (қисмати дуюм)

Саъд ибни Абиваққос(қисмати сеюм)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед