Саъд ибни Абиваққос (қисмати дуюм)

0
130

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Муқаддима

Дар қисмати аввал, бо ному насаб, куния ва падару модари Саъд ибни Абиваққос(рз), замони имон овардан ва бо бархе аз вижагиҳои ӯ ошно шудаем.

Дар ин қисмат ба идомаи ин достон мепардозем ва бо дигар вежагиҳои ин ёри Паёмбар(с) ошно хоҳем шуд.

 Идомаи достон

Башорат ба Биҳишт

Саъд(рз) аз хавфи Худо бисёр гиря мекард.

Вақте ки Паёмбар(с) онҳоро мавъиза ва насиҳат мекард, ашк аз чашмонаш ҷорӣ мегашт, то ҳадде, ки пироҳанаш тар мешуд.

Рӯзе Паёмбар(с) бо ёронаш нишаста буд ва нигоҳи бо маъно ба  дастҳояш кард, гӯё он дастҳо бо Ӯ наҷво мекунанд ва гуфт:

Ҳамакнун марде аз аҳли биҳишт назди шумо меояд.

Андаке баъд Саъд ибни Абиваққос(рз)  назди онҳо омад. (Сунани Термизӣ ҷ.5 саҳ.652)

Рӯзе Абдуллоҳ ибни Амриос худро ба ӯ расонд ва бо исрору хоҳиш аз ӯ пурсид  чӣ корҳо ва ибодатҳое кардаи, ки туро то ин андоза ба Худованди Таоло наздик сохтааст?

Саъд(рз) гуфт:

Чизе бештар аз ончи, ки ҳама анҷом медиҳанд нест, ҷуз онки ман аз мусулмонон ҳеҷ кина ва нафрате ба дил намегирам.

Абдураҳмон ибни Авф(рз) ӯро чунин тавсиф мекунад:

Ин ҳамон марде аст, ки Умар(рз) ӯро барои рӯзи Қодисия интихоб кард.

Дар ҳақиқат ҳамаи вежагиҳои Саъд ибни Абиваққос(рз) боис шуда буд, ки Халифаи он замон ӯро барои сахтарин коре, ки Ислом ва мусулмонон бо он рӯбарӯ шуда буданд интихоб намояд.

Ӯ мустаҷобу-ал-даъва аст. Агар аз Худованд дархости пирӯзӣ намояд, Худованд пирӯзиро ба ӯ ато мекунад.

Ӯ диловари ҷанги Бадру Уҳуд ва диловари ҳар рӯйдоде буд, ки Паёмбар(с) бо он рӯбарӯ шадааст.

Вежагии дигари Саъд(рз), ки Умар(рз)  ӯро фаромӯш намекунад азамати имони ӯст.

Умар(рз) достони Саъд(рз) бо модарашро дар рӯзе, ки Ислом овард ва аз Паёмбар(с) пайравӣ кард ёдовар мешавад.

Рӯзе, ки модари Саъд(рз)  тамоми роҳҳоро барои бозгардондани ӯ аз роҳи ихтиёр кардааш(Ислом) истифода карда ва ноумед шуд, тасмим гирифт мутавассил ба коре шавад, ки мутмаин буд азми Саъд(рз)-ро дар баробари он шикаст дода ва метавонад ӯро ба бутпарастӣ бозгардонад.

Модари Саъд(рз) бар он шуд, то замоне ки Саъд(рз) аз дини ҷадид рӯ барнагардонад ва ба оини аҷдодии худ барнагардад ғизо намехӯрад.

Ӯ бар ин тасмимаш устувор буд, то онҷо, ки наздик буд дар ин роҳ ҳалок шавад.

Вале Саъд(рз) аслан таваҷҷӯҳе ба ин шароит надошт ва имонашро ба ҳеҷ чизе иваз намекард, ҳатто агар он чиз ҳаёти модараш бошад.

Ҳангоме ки модараш дар охирин лаҳзаҳои зидагияш буд, баъзе аз назидокон ва хешовандон Саъд(рз)-ро назди модараш бурданд, то бо ӯ видоъ кунад, шояд бо дидани модараш дар ҳангоми марг дилаш нарм шавад ва ба дини модараш бозгардад.

Саъд(рз) рафт ва бо саҳнае рӯбарӯ шуд, ки дидани он ҳолат хелло ҷонсӯз буд,  вале имони ӯ ба Худо ва Паёмбар(с) он қадар устувор буд, ки қобили иваз бо ҳеҷ чизе набуд.

Саъд(рз) рӯяшро  наздики рӯи  модараш бурда ва садояшро баланд кард, то модараш онро бишунавад ва чунин гуфт:

Модари меҳрубонам  бидон, ки мо ҳарду офаридаи Худо ҳастем, бояд итоати Ӯро бикунем ва аз рӯзие, ки ба мо додааст бихӯрем ва шукргузори Ӯ бошем, зеро тамоми неъматҳо аз ҷониби Ӯст.  Модараш дид, ки ӯ ба ҳеҷ ваҷҳ аз роҳи ихтиёркардааш  барнамегардад ва ба имонаш устувор аст. Сухани Саъд(рз) ба  модараш таъсир карда ва ӯро   аз нақшааш мунсариф намуд ва ғизо хӯрд. Он ҳангом  ояте нозил шуд ва кореро, ки Саъд(рз) дар баробари нақшаи модараш анҷом дода буд, тасдиқ намуд.

 

(… وَإِن جَٰهَدَاكَ لِتُشۡرِكَ بِي مَا لَيۡسَ لَكَ بِهِۦ عِلۡمٞ فَلَا تُطِعۡهُمَآۚ …)

 “Ва агар он ду(падару модар) талош карданд, то шарике барои ман қарор диҳӣ, ки камтарин иттилоъ аз он надорӣ аз ишон пайравӣ накун”

(Сураи Анкабут, ояти 8)

 (Мардони гирдогирди Паёмбар(с) Холид Муҳаммадхолид тарҷумаи Каюмарси Юсуфӣ с 116)

 Ҳоло, ки  чунин аст сазовор аст, ки  халифа парчами набарди Қодисияро ба ӯ супорад ва бигузор, ки сипоҳи муҷаҳҳази садҳазор нафараи Форсро, ки муҷаҳҳаз ба силоҳҳои пешрафтаи он замон  буданд ва дар айни ҳол  номдортарин ва  маккортарин шахс фармондеҳии онро бар уҳда дошт, мавриди ҳамла қарор диҳад.

Дар он шароити хатарнок Саъд(рз) танҳо бо 30 ҳазор нафар ба сӯи лашкари Форс сафарбар шуд.

Бо 30 ҳазор нафаре, ки фақат бо найза ва шамшер муҷаҳҳаз шуда буданд  бо  иродаи қавӣ, имони устувор ва шавқи шаҳодат дар муқобили душмани то дандон мусаллаҳ ба майдон омаданд.

 (Мардони гирдогирди Паёмбар(с) Холид Муҳаммадхолид тарҷумаи Каюмарси Юсуфӣ с 114)

Идома дорад….

Саъд ибни Абиваққос(рз) (бахши аввал)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед