Саъд ибни Абиваққос(қисмати сеюм)

0
42

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

 Дар қисматҳои қабл, бо ному насаб, куния ва падару модари Саъд ибни Абиваққос(рз), замони имон овардан ва бо бархе аз ифтихороте, ки дар ҷангҳо касб карда буд ошно шудем.

Дар ин қисмат ба идомаи ин достон мепардозем ва бо дигар вежагиҳо ва фидокориҳои ин ёри Паёмбар(с) ошно хоҳем шуд.

Идомаи қисса

Номаҳои Умар(рз) ба Саъд(рз) дар ҷанги бо Эрон

“Эй Саъд ибни Вуҳайб(рз)!”

Агар гӯянд, ки ту тағои Расули Худо(с) ҳастӣ, такаббур макун; зеро байни Худо ва банда ба ҷуз итоат ва бандагӣ иртиботе нест. Одамон ҳама дар назди Худо баробаранд. Худо Парвардигори онҳост ва онҳо бандагони Ӯ ҳастанд. Онҳо ба сабаби саломатӣ ва қобилиятҳояшон бартарӣ доранд ва тавассути тоату ибодат подоши Худоро ба даст меоранд. Сабр кунед ва он чиро, ки аз Паёмбари Худо(с) дидаед, пайравӣ кунед, аз вақте интихоб шуд, то вақте ки аз байни мо рафт, чаро, ки усули комил ҳамон аст.

Баъд ӯ идома медиҳад:

Дар бораи ҳама корҳоятон ба ман мактуб нависед. Чӣ гуна шумо фурӯд омадед.

Душмани шумо чӣ гуна ва дар куҷост.

Бо мактубҳоятон чунон кунед, ки гӯё ман шуморо мебинам.

Саъд(рз) ба халифа онгуна, ки фармуда буд мактуб менависад ва вазъи худ ва душманро ба ӯ ба пуррагӣ мефаҳмонад, ба дараҷае, ки ӯ ҳатто ҷойгоҳи ҳар як сарбозро дар мактубҳояш ба халифа мефаҳмонад.
Саъд(рз) ба Қодисия меояд ва Эрониҳо лашкари худро тавре ҷамъ оварданд, ки мислаш, то ҳол дида нашудааст. Рустам, маъруфтарин ва хатарноктарин фармондеҳи Эронӣ, раҳбарии сипоҳи Эронро ба ӯҳда дошт.

Саъд(рз) ба халифа қазияро мактуб мекунад ва ӯ дар посух мегӯяд:

Аз он чизе, ки аз онҳо мешунавӣ ё ба наздат меоранд, ғамгин нашав ва натарс ба Худо таваккал кун ва аз Ӯ кӯмак бихоҳ. Чанд нафар бо афкори нек ва шуҷоъро ба назди онҳо (форсҳо) бифирист, то онҳороба сӯи Худо даъват кунад ва ҳар рӯз ба ман мактуб бинавис.

Саъд(рз) дар баргашт ба халифа нома навишт ва гуфт:

Рустам дар (Сабат) хайма зад ва бо худ бисёр аспҳо ва филҳо овардаанд ва дар ҳоли омодабоши комил аст.

Умар(рз), ӯро тасаллӣ медиҳад ва ҳидоят мекунад.

Саъд(рз) диловари ҷонфидо ва тағои Расули Худо(с), ки яке аз собиқин дар Ислом ва қаҳрамони ҷангҳо ва ғазавот аст, ки бо шамшер ё найзааш хато намекунад, дар яке аз ҷангҳои таърихӣ дар пеши лашкари худ мисли сарбози оддӣ дар назди сарбозонаш истодааст.

Саъд(рз) на мағрур аст ба қудрати сипоҳиёнаш ва на мақоми раҳбарият ӯро  мутмаин сохтааст, балки ба халифа паноҳ бурдааст, ки дар Мадина мустақар аст ва ҳар рӯз ба ӯ мактуб менависад ва ӯ маслиҳат медиҳад ва дар арафаи набарди бузург ва ҳалкунанда қарор дорад.
Саъд(рз) медонист, ки Умар(рз) танҳо дар Мадина фатво намедиҳад ва танҳо фармон намедиҳад, балки бо мусалмонон ва ёрони баргузидаи Расули Худо(с) машварат мекунад. Бо вуҷуди шароити ҷанг, Саъд(рз) низ намехоҳад худ ва лашкариёнашро аз баракатҳои “шӯро” маҳрум кунад, алахусус дар вазъияте, ки як шахсияти оқил ва бузург ба мисли Умар ибни Хаттоб дар байни асҳоб аст. Саъд(рз), пас аз тавсияи Умар(р), чанд нафар аз ҳамроҳонашро ба назди фармондеҳи лашкари Эрон (Рустам) фиристод, то ӯро ба Ислом даъват кунад. Сӯҳбати байни онҳо муддати дароз тӯл кашид, то дар охир, намояндаи Саъд(рз), ба эрониён гуфт:

Худо моро интихоб кардааст, то ба василаи мо ҳар як аз бандагонашро, ки бихоҳад аз ширк ва бутпарастӣ ба тавҳид ва ягона парастӣ ва аз ҷаври ситами ҳокимон ба суи адли Ислом бозгардонад.

Ҳар касе, ки онро аз мо қабул кунад, мо аз ӯ қабул хоҳем кард ва ӯро мебахшем ва касе ки бо мо ҷанг кунад, бо ӯ мубориза хоҳем бурд, то ваъдаи Худо фаро расад.

Рустам пурсид:

Худо ба шумо чӣ ваъда додааст?

Фиристодаи Саъд(рз) дар ҷавоб гуфт:

Биҳишт аз они шаҳидони мост ва пирӯзӣ аз они зиндагони мост.

(Мардони гирдогирди Паёмбар(с)(с) Холид Муҳаммадхолид тарҷумаи Каюмарси Юсуфӣ )

Шурӯъи Ҷанг бо форсҳо (ҷанги Қодисия)

Намояндагони сипоҳи Ислом ба сӯи Саъд(рз) баргаштанд, то ӯро огоҳ кунанд, ки ҷанг рӯх медиҳад.

Дар чашмони Саъд(рз) ашк ҳалқа зад.
Саъд(рз), орзу мекард, ки ин ҷанг чанд рӯз пештар сар мешуд ё ин чанд рӯз ба таъхир меафтод. Он рӯз, бемории Саъд(рз) шиддат гирифт ва ӯро хеле ғамгин ва нотавон сохта буд. Дар баданаш захмҳои бисёре пайдо шуда буд, ки ҳатто нишаста наметавонист, чи расад ба инки бар рӯи аспаш нишаста ва дар ин ҷанги бузург ва хунин ширкат кунад.

Агар ҷанг пеш аз бемориаш сар мешуд ё то ба беҳбуд ёфтанаш таъхир меёфт ӯ метавонист бар асп нишинад ва таҷрибаи бузургеро касб кунад.

Паёмбар(с) ба ӯ  таълим дода буд, ки ҳеҷ гоҳ “агар” нагӯяд. Зеро “агар” нотавонӣ ва аҷзро нишон медиҳад.

Дар ин вақт ӯ, рӯбарӯи лашкари худ истода, ба онҳо хутбае хонд  ва ӯ хутбаашро бо ин ояти Қуръони Карим шурӯъ кард:

وَلَقَدۡ كَتَبۡنَا فِي ٱلزَّبُورِ مِنۢ بَعۡدِ ٱلذِّكۡرِ أَنَّ ٱلۡأَرۡضَ يَرِثُهَا عِبَادِيَ ٱلصَّٰلِحُونَ

“Ва ба таҳқиқ дар Забур, пас аз Зикр (=Таврот) навиштем, ки бандагони шоистаам вориси он замин хоҳанд шуд.” “(Сураи Анбиё, ояти 105)”

Пас аз ба итмом расонидани хутба, ӯ бо лашкариёнаш намози зӯҳрро хонд ва баъд аз намоз ҳангоме ки дар назди лашкар истода буд, чаҳор маротиба такбир гуфт:

Аллоҳу Акбар. Аллоҳу Акбар. Аллоҳу Акбар. Аллоҳу Акбар.

Садои Аллоҳу Акбари онҳо дар ҳаво печид, сипас ӯ сарбозони худро садо зад ва гуфт:

Бо такя ба баракати Худо ҳаракат кунед.
Худи ӯ бо ҳама дардҳову ранҷҳо ва маризӣ ба кулбае, ки дар он менишаст, рафт.

Он кулба дар воқеъ макони фармондеҳӣ буд.

Дар кунҷи кулба болиштеро зери сина гузошта, дароз кашид (зеро нишаста наметавонист). Дари кулба кушода буд, то ҳадде ки агар Форсҳо кӯчактарин ҳамла мекарданд зинда ё мурдаи ӯро дастгир мекарданд. Аммо ӯ наметарсид. Захмҳои баданаш калонтар мешуданд ва аз онҳо чирк ва хун берун меомад, аммо ӯ бо корҳои муҳим банд буд, дар як кунҷи кулбааш  дароз мекашид ва Аллоҳу Акбар гуфта фарёд мезад.

Ба сарбозонаш амр дода гуфт:

Аз рост ба пеш ҳаракат кунед.

Муҳофизони самти чап бояд эҳтиёт кунанд ва холигиро пур кунанд.

Муғайра, дар пешравии худ эҳтиёт кун.

Эй Ҷарир, онҳоро таъқиб кун.

Эй Нӯъмон, ба онҳо вақт надиҳӣ!

Эй Ашъас, ҳамла кун.

Қаъқо ту ҳам ҳамла кун.

Эй саҳобагони Паёмбар, пеш равед!

Садои ӯ пур аз шаъну шараф, ифтихору умед буд, ба тавре, ки ӯ ҳар як сарбози худро ба як артиш табдил дод.
Сарбозони Форс вақте ки диданд, фармондеҳ ва ҷанговарони беҳтарини онҳо кушта шуданд, рӯҳияи худро комилан аз даст доданд ва ақибнишини карданд.

Лашкари мусалмонон онҳоро то Наҳованд таъқиб карда сипас ба Мадоин даромада ва тахти Касроро ба ғанимат гирифтанд.

(Мардони гирдогирди Паёмбар(с) Холид Муҳаммадхолид тарҷумаи Каюмарси Юсуфӣ с 116)

Идома дорад….

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед