Паёмбари Худо(с) маҳбуби дилҳо(қисми аввал)

0
35

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Яке аз бузугтарин неъматҳое, ки Худованд ба инсонҳо додааст фиристодани Паёмбарон барои роҳнамоии башар аст. Паёмбаре, ки беъсати пурбаракаташ тамоми коинотро нурборон кард ва самарот ва натоиҷи бисёр мусбат ва пурбаракатро барои тамоми махлуқот ба армуғон овард.

Худованди Таборак ва Таоло дар ин бора мефармояд ;

لَقَدْ مَنَّ اللَّهُ عَلَى الْمُؤْمِنِينَ إِذْ بَعَثَ فِيهِمْ رَسُولًا مِنْ أَنْفُسِهِمْ يَتْلُو عَلَيْهِمْ آيَاتِهِ وَيُزَكِّيهِمْ وَيُعَلِّمُهُمُ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ وَإِنْ كَانُوا مِنْ قَبْلُ لَفِي ضَلَالٍ مُبِينٍ

“Худо бар аҳли имон миннат гузошт, ки расуле аз худи онҳо дар миёни онон баргузид, ки бар онҳо оятҳои Худоро тиловат кунад ва нафсҳои онҳоро аз ҳар нақс ва олоиш пок кунад ва ба онҳо аҳкоми шариат ва ҳақоиқи ҳикматро биёмӯзад”.(Сураи Оли Имрон, ояти 164)

Эҳтиром ба инсонҳо:

Қабл аз зуҳури Ислом инсон ба унвонҳои мухталиф мавриди таҳқир қарор мегирифт. Гоҳе худаш асбоби таҳқир ва хории худро муҳайё мекард ва бо фаромӯш кардани азамат ва каромоти инсонӣ худро ба пои бутҳои худсохта меандохт ва шахсияти худро дар муқобили онҳо поён меовард.

Гоҳе бо зинда ба гӯр кардани духтарон бадтарин навъи залилии инсонро ба намоиш мегузошт.

Паёмбари Худо(с) бо баёни тавҳиди илоҳӣ инсонро ба мақоми волои инсоният ошно сохт ва дар ин росто заҳамот ва мушкилотеро мутаҳаммил шуд, ки инсонҳои одӣ аз тасаввури он тарс доранд. Ҳамчунин дар партави дастуроти илоҳӣ қонуне барои ҷомеаи башарӣ вазъ намуд. Ва бо таҳрими ҳакимонаи шароб ва мамнуияти зинда ба гӯр кардани духтарон ва чизҳои дигар, ки шараф ва иззати инсонро поён оварда буданд онҳоро ба ӯ боз гардонд.

Маҳбуби Худо:

Расули Худо(с) дар миёни ҳамаи махлуқоти дунё аз ҳама бештар маҳбуби Худованди Карим ҳастанд. Худованд аз байни ҳамаи инсонҳо чи анбиё ва чи дигарон фақат ба зиндагӣ ва ҷони Паёмбари Акрам(с) қасам ёд фармудааст, ки ин худ далели бар маҳбубияти эшон назди Худованд мебошад. Худованд дар сураи Ҳиҷр мефармояд;

لَعَمْرُكَ إِنَّهُمْ لَفِي سَكْرَتِهِمْ يَعْمَهُونَ

“(Эй Паёмбар) ба ҷони ту савганд онҳо дар мастии худ саргардон буданд”.

(Сураи Ҳиҷр, оятӣ72)

Абдулло ибни Аббос дар тафсири ин оят мефармояд; Худованд ҳеҷ касеро халқ накард, ки дар нигоҳаш муҳтарамтар аз Паёмбар бошад ва ба ҳамин далел ба зиндагии ҳеҷ фарде ғайр аз Паёмбари Ислом(с) қасам ёд накард. (Тафсири Руҳулбаён, Исмоил Ҳаққи ибни Мустафо, ҷ 4, саҳ479)

Дар ҷои дигар ба шаҳри Макка, ки маҳалли сукунати Паёмбари Акрам(с) буд қасам ёд мекунад;

لا أقسِمُ بِهذا البَلَد وَ أنتَ حِلٌّ بِهذا البَلد

“Савганд ба ин шаҳр дар ҳоле  ки ту(эй расул) дар ин шаҳр сукунат дори”.(Сураи Балад ояти 1-2)

Ба ҳамин хотир Худованд бар ҳамаи мусалмонон лозимулқарор дод, ки бо Паёмбари Акрам(с)  муҳаббат ва ишқ биварзанд, то ҷое ки зоти пурнури ҳазрати Муҳаммад(с)-ро бар тамоми коинот бартарӣ дода ва эшонро аз тамоми аҳли дунё бештар дӯст доранд ва то замоне, ки ин эҳсос дар касе пайдо нашавад имонаш комил нахоҳад шуд.  Худованди Мутаол дар ин бора мефармояд:

قُلْ إِنْ كَانَ آبَاؤُكُمْ وَأَبْنَاؤُكُمْ وَإِخْوَانُكُمْ وَأَزْوَاجُكُمْ وَعَشِيرَتُكُمْ وَأَمْوَالٌ اقْتَرَفْتُمُوهَا وَتِجَارَةٌ تَخْشَوْنَ كَسَادَهَا وَمَسَاكِنُ تَرْضَوْنَهَا أَحَبَّ إِلَيْكُمْ مِنَ اللَّهِ وَرَسُولِهِ وَجِهَادٍ فِي سَبِيلِهِ فَتَرَبَّصُوا حَتَّىٰ يَأْتِيَ اللَّهُ بِأَمْرِهِ ۗ وَاللَّهُ لَا يَهْدِي الْقَوْمَ الْفَاسِقِينَ

“(Эй расули мо) бигӯ умматро, ки эй мардум агар шумо падарон ва бародарон ва занон ва хешовандони худро ва амволе, ки ҷамъ кардаед ва тиҷорате, ки аз касодиаш хавф доред  ва ба  манозиле, ки ба хотири он хушҳолед, назди шумо аз Худо ва Паёмбараш ва ҷиҳод дар роҳи ӯ маҳбубтар аст, пас мунтазир бошед, то Худо ҳукми хешро содир кунад ва Худованд қавми фосиқро ҳидоят намекунад.”(Сураи Тавба ояти 24)

Мавлоно Муҳаммад Шафеъ дар тафсири ин оят мефармояд; дар ин оят рӯи сухан мустақиман бо касоне аст, ки бо вуҷуди фарз шудани ҳиҷрат натавонистанд бар равобити дунявии худ ғолиб оянд ва дар муқобили ҳукми Худованд мағлуби эҳсосот ва авотифи модӣ ва дунявӣ қарор гирифтанд, вале умуми алфози ин оят ба тамоми мусалмонон дастур медиҳад, ки муҳаббати Худо ва русулашро бояд дар қалбҳои худ ҷой диҳанд, ки муҳаббати ҳеҷ чиз ва ҳеҷ каси дигаре бар он ғолиб наёяд ва ҳар кас, ки ин андоза муҳаббат дар қалби худ пайдо накард, мустаҳаққи азоб хоҳад буд ва бояд мунтазири азоби Худованд бошад.

Паёмбари Акрам(с) низ дар аҳодиси мухталиф ба лузуми ин робитаи отифи байни худ ва уммат ишора фармуда ва онро мукаммили имон қарор додааст.

Аз Анас(рз) ривоят аст, ки Расули Худо(с) фармуданд:

لَا یُؤْمِنُ أَحَدُکُمْ حَتَّى أَکُونَ أَحَبَّ إِلَیْهِ مِنْ وَلَدِهِ وَوَالِدِهِ وَالنَّاسِ أَجْمَعِینَ

“Ҳеҷ касе аз шумо мӯъмини комил нахоҳад буд, то замоне, ки ман аз падараш ва фарзандонаш ва тамоми мардум дар назари ӯ маҳбубтар набошам.” (Муснади саҳеҳул мухтасар ба нақли Адлу анил адл ило расулилоҳ, ҷ1 саҳ 67)

Мусалмон бояд муҳаббати воқеъӣ ва ишқи ҳақиқӣ нисбат ба Паёмбари Акрам(с)-ро дар қалби худ пайдо кунад. На ин, ки фақат бо забон иддаои муҳаббат кунад ва дар амал ҳеҷ асаре аз он вуҷуд надошта бошад. Зеро чунин муҳаббати забонӣ дар назди Худованди Мутаол муътабар нест ва ӯ аз аҳволи қалби инсон хуб огоҳ аст. Муҳаббат ва ишқи воқеъӣ ва қалбӣ алоиме дорад, ки ба василаи он метавон ба вуҷуди ин эҳсоси равони пай бурд. Иншоаллоҳ дар мақолаҳои баъдӣ ин алоимро ёдовар мешавем.

Ончи дар боло зикр шуд натиҷа мегирем, ки беҳтарин махлуқ дар олам Паёмбари Худо(с) мебошад ва баён шуд, ки Худованди Карим ҳам аз ҳама ҷиз ва аз ҳама кас зиёдтар онро дӯст дорад, чун бо ном ва ҷои он қасам ёд кардааст ва як инсони комил мебошад. Агар мо бихоҳем дар назди Худо ва малоик обрӯманд ва дустдоштанӣ бошем, бояд ишқи Расули Худо(с)-ро комил дар дили худ ҷой диҳем ва тамоми ончи ҳазрати Расули Акрам гуфта ва анҷом додаастро мо анҷом диҳем. Дар мақолаҳои оянда хоҳем гуфт, ки дӯст доштани Паёмбари Акрам(с) фақат бо забон кофи нест, балки бояд бо амали худ ишқ ва иродати худамонро ба он ҳазрат(с) нишон диҳем.

Идома дорад….

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед