Достони паёмбарон(ҳадафи чорум)

0
37

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ақидаи росихтар аз кӯҳ

Ҳадафи чоруми мо аз баррасӣ ва ироаи достонҳои паёмбарон решадор кардани имони ба Худо дар дилҳост. Мехоҳем пеш аз инки ин ҳадафро баррасӣ кунем калимаҳои ақида ва росихро маъно кунем.

Маънои ақида

Ҳар чизе, ки шахс ба он эътиқод ва бовар дошта бошад, яқин доштан, эътиқод, бовар, дин ва мазҳаб.(Луғатномаи Деҳхудо, бахши ақида)

Маънои росих

Пойдор, собит, устувор, побарҷо.(Фарҳанги муосири арабӣ ва форсӣ, саҳ 505)

Ақида, яъне ҳар ончи, ки шахс ба он эътиқод ва бовар дорад, бо гузашти замон ва руҷуъ ба матолиби марбут ба он дар дили он устувор ва собит мешавад. Дар инҷо метавонем бигӯем, ки ақида дар содатарин ҳолат, яъне русух ва пойдории имон дар дил аст. Бо баёни достонҳои паёмбарон ва бо улгӯ гирифтан аз онҳо метавонем ақидаи худро собит ва устувор созем.

Эътиқоди росих: Яъне ҳамон эътиқоди мустаҳкам ва устуворро мегӯянд. Ҳар кореро, ки дар он талош ва кушиши зиёд дошта ва ба он амал кунем, барои мо пойдор ва мустаҳкам мешавад. Болотарин эътиқод, эътиқод ба Худованд аст. Мо бо улгӯ гирифтан аз достонҳои паёмбарон метавонем имони ба Худоро дар худамон пойдор ва мустаҳкам кунем.

Росихони дар илм мисдоқашон ҳамон паёмбарон ҳастанд ва мо инсонҳо бо амал кардан ба гуфтаҳои онҳо (паёмбарон) ва пайравӣ кардан аз зиндагии онҳо метавонем имони худро устувор ва пойдор кунем.

Робитаи достони паёмбарон ва ақидаи росих  

Мумкин аст дар зеҳни мо ин савол пеш ояд, ки робитаи байни решадор кардани ақида ва достони паёмбарон чист?

Бояд ҷавоб дод, ки робитаи ин ду, монанди нури хуршед равшан аст. Зеро иттилоъ аз достони паёмбарон ва таомул бо ҳаводисе, ки  ҳар паёмбар бо он рӯ ба рӯ мешавад, ақидаро дар мо решадор ва мустаҳкам месозад. (Достони паёмбарон, саҳ 61).

Ҳамчуноне, ки дар достони ҳазрати Юнус Худованди Мутаол чунин мефармояд:

وَذَا النُّونِ إِذ ذَّهَبَ مُغَضِباً فَظَنَّ أَن لَّن نَّقْدِرَ عَلَیْهِ فَنَادَى‏ فِى الظُّلُمَتِ أَن لَّا إِلَهَ إِلَّا أَنتَ سُبْحَنَکَ إِنِّى کُنتَ مِنَ الظَّلِمِین فَاسْتَجَبْنَا لَهُ وَنَجَّیْنَهُ مِنَ الْغَمِّ وَکَذَلِکَ نُنجِى الْمُؤْمِنِین

“Ва соҳиби моҳӣ (Юнус)-ро (ёд кун) онгоҳ, ки хашмгин (аз миёни мардуми худ) бирафт ва гумон кард, ки мо ҳаргиз бар ӯ танг намегирем, (ки моҳӣ Ӯро балъид) пас даруни торикиҳо нидо дод, ки маъбуде ҷуз Ту нест. Муназзаҳи Ту ба рости, ки ман аз ситамкорон будам. Пас дуъояшро иҷобат кардем ва Ӯро аз андуҳ раҳонидем ва мӯъминонро чунин наҷот медиҳем.(Сураи Анбиё, оёти 87ва 88)

Достонҳои паёмбарон воқеае нестанд, ки дар замони гузашта тамом шуда бошад, балки як ҷараён ва суннати доимӣ аст. Гоҳе анбиё низ бар ҳаводиси ояндаи худ огоҳӣ надоранд, чуноне, ки мебинем як ғазаби беҷо гоҳе як паёмбари Худоро гирифтор мекунад. Танҳо роҳи наҷот аз гирифторӣ ва сахтиҳо хост ва иродаи илоҳӣ ва ақидаи росих мебошад.

Натиҷа

Дар баёни достонҳои паёмбарон ҳамеша аз муваффақиятҳо сухан нагӯем, балки ба шикастҳо низ ишора кунем, зеро муваффақиятҳо ва шикастҳо агар маҳз ба хотири Худо набошад натиҷаи матлуб нахоҳад дошт. Мо яқинан ба ёрии Худованд эътиқод дорем ва дар баробари имони росих ва дуъоҳои холисона аз сахтиҳо наҷот меёбем.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед