17 рамазон ҷанги Бадр

0
117

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Мушаххасоти Ғазваи Бадр:

Вуқуъи ҷанг:   17 Рамазони соли дуввум ҳиҷрат

Макон :             Дар ноҳияе аз Ҳиҷоз ба номи Бадр

Натиҷа:             Пирузии Мусалмонон

Иллати Ҷанг:   Интиқом ва боз пас гирифтани амвол аз мушрикон

 

Мушаххасоти Низомӣ:

Мусалмонон.

Фармондеҳ:    Расули Худо Ҳазрати Муҳаммад ибни Абдуллоҳ(с)

Теъдод:              313 нафар мусалмон

Таҷҳизот:          1-2-Асп ва 70 шутур 241 сарбози пиёда

Талафот:           14-Нафар шаҳид 8-тан аз Муҳоҷир ва 6-тан аз Ансор

Натиҷа:             Пирузи ҷанг.

 Мушрикон.

Фармондеҳ:    Абуҷаҳл (Амр ибни Ҳишом ибни Муғайра)

Теъдод:              950 нафар мушрик

Таҷҳизот:         100-200 Асп, 600 зиреҳпӯш ва теъдоди зиёде шутур

Талафот:           70 нафар кушта ва 70 нафар асир.

Натиҷа:             Шикасти сангину шармгин.

 Муқаддима:

Ҷанги Бадр нахустин ҷанге аст, ки байни мусалмонон ва мушрикони Қурайш пас аз ҳиҷрати Паёмбар(с) ба Мадина, сурат гирифт.

Дар ин ҷанг, мусалмонон бо вуҷуди шумораи ками худ пирӯз ва чанде аз бузургони Қурайш куштаву асир шуданд.

Ин пирӯзии бузург ҷойгоҳи мусалмононро дар Мадина устувор кард.

Тибқи манобеи таърихӣ, яке аз сабабҳои пирӯзӣ, ҷонфишонӣ ва шуҷоати мусалмонон алалхусус Алӣ ибни Абутолиб(рз) ва Ҳамза ибни Абдулмутталиб  Сайидушуҳадо мебошад.

Ҷанги Бадр ҷузви ҷангҳое аст, ки Худованд кумакҳое, ки бар мусалмонон кардаастро ба сурати ошкор дар Қуръони Карим баён фармудааст.

Дар китобҳои таърихӣ ду ғазваи дигар низ ба номи Бадр номгузорӣ

шудааст.

Бинобар нақли машҳур, ҷанги Бадр, 17 Рамазони соли дуюми Ҳиҷрат ба вуқуъ пайваст.

(Ибни Саъд, Табақот-ал-Кубро, ҷ. 2 саҳ. 15-16; Яъқубӣ, Таърихи Яъқубӣ, Дору Содир ҷ.2 саҳ 45)

 Иллати Ҷанги Бадр:

 Мусалмонон пеш аз ҳиҷрат, бо роҳҳо ва равишҳое гуногун мавриди зулму ситам, озору азият, шиканҷаву табъид қарор гирифта ва аз хонаву кошонаи худ ронда шуда ва аз ширкат дар маросими ҳаҷ маҳрум мешуданд.

Ва Худованд ҳамвора онҳоро ба сабру бурдборӣ даъват мекард.

Замоне ки мусалмонон ба Мадина ҳиҷрат карданд, Худованд ба онҳо иҷозат дод, то онҳо интиқоми зулмҳое, ки дар ҳаққашон шуда буд-ро, бигиранд.

Худованд мефармояд:

أُذِنَ لِلَّذِينَ يُقَٰتَلُونَ بِأَنَّهُمۡ ظُلِمُواْۚ وَإِنَّ ٱللَّهَ عَلَىٰ نَصۡرِهِمۡ لَقَدِيرٌ . ٱلَّذِينَ أُخۡرِجُواْ مِن دِيَٰرِهِم بِغَيۡرِ حَقٍّ إِلَّآ أَن يَقُولُواْ رَبُّنَا ٱللَّهُۗ…

“Ба касоне, ки бо онҳо ҷанг мешавад, ба сабаби ин ки зулм шудаанд, иҷоза[-и ҷиҳод] дода шуд; ва қатъан Худо бар ёрӣ кардани онҳо тавоност.

Касоне, ки аз сарзаминашон ба ноҳақ берун ронда шудаанд [ва гуноҳе надоштанд] магар ин ки мегуфтанд: «Парвардигори мо Худост»; ва агар Худо баъзе аз мардумро ба василаи баъзе [дигар] дафъ намекард, ҳатман дейрҳо[-и

роҳибон] ва калисоҳо[-и насрониён] ва канисаҳо[-и яҳудиён] ва масҷидҳо[-и мусалмонон], ки дар он номи Худо бисёр ёд карда мешавад, вайрон мегардид; ва албатта Худо касеро, ки [дини] Ӯро ёрӣ кунад, ёрӣ медиҳад; ба дурустӣ ки Худо тавонои пирӯзманд аст.” (Сураи Ҳаҷ, ояти 39-40)

Хуруҷи мусалмонон аз Мадина:

Пайғамбари Ислом(с) бо 313 нафар аз Мадина хориҷ шуд. Дар ин вақт корвони тиҷории Қурайш аз Шом ба тарафи Макка бармегашт. Сарпарасти ин корвон Абусуфён буд. Ӯ хабардор шуд, ки мусулмонон дар наздикии кӯҳи Бадр қарор гирифтаанд, роҳи корвонро иваз кард ва аз дастраси мусулмонон хориҷ шуд. Абусуфён аз мардуми Макка кӯмак хоста буд, вақте ки хатари мусулмононро дур дид, ба мардуми Макка паём фиристод, ки хатар бартараф шудааст, дигар ниёзе ба ҷанг нест.

Бо ин паём, бисёре аз мардуми Макка баргаштанд, вале Абуҷаҳл ва гурӯҳи дигар аз мардони Қурайш барои ҷанг бо мусулмонон ҳаракат карданд. Қуръони Карим дар шарҳи ҳоли мардуми Макка ва кӯшиши онҳо барои ҷанг мефармояд:

وَلاَ تَكُونُواْ كَالَّذِينَ خَرَجُواْ مِن دِيَارِهِم بَطَرًا وَرِئَاء النَّاسِ وَيَصُدُّونَ عَن سَبِيلِ اللّهِ وَاللّهُ بِمَا يَعْمَلُونَ مُحِيطٌ

 Ва монанди касоне набошед, ки аз рӯи ҳавопарастӣ ва ғурур ва худнамоӣ барои  мардум, аз сарзамини худ ба сӯи Бадр берун омаданд ва мардумро аз роҳи Худо боз медоштанд ва саранҷом шикаст хурданд ва Худованд ба ончӣ амал мекунанд, огоҳӣ дорад.” (Cураи Анфол, ояти.47)

Ба ин тартиб, сарбозони Макка бо тамоми имконоти низомӣ ва 950 нафар сарбоз дар баробари 313 нафар сарбози Ислом қарор гирифтанд. Аз миёни мушрикон Утба ибни Рабиа ва писараш Валид дар баробари лашкари Ислом омаданд ва фарёд заданд: Эй Муҳаммад хешоне аз моро ба ҷанги мо бифирист, ки шоистагии ҷанг бо моро дошта бошанд. Расули Худо(с) Алӣ ва Убайда ибни Ҳорис ва Ҳамзаро ба майдон фиристод. Ҳамза бо Утба ва Алӣ бо Валид ва Убайда бо Шайба даргир шуданд ва душманони худро аз пой дароварданд. Дар ин вақт Амр ибни Ҳишом ибни Муғайра (маъруф ба Абуҷаҳл) дастури ҳамла дод ва бо тирандозӣ ба сарбозони Ислом ҳамлаи худро шурӯъ кард.

Дар ин ҷанг мусулмонон пирӯз шуданд ва бисёре аз бузургони мушрикон кушта шуданд. Пайғамбари Ислом(с) аз тарафи Худованд  башорати пирӯзиро ба мусулмонон хабар дода буд, ҳамон тавр ки Худованд мефармояд:

مَا جَعَلَهُ اللّهُ إِلاَّ بُشْرَى لَكُمْ وَلِتَطْمَئِنَّ قُلُوبُكُم بِهِ وَمَا النَّصْرُ إِلاَّ مِنْ عِندِ اللّهِ الْعَزِيزِ الْحَكِيمِ

“Ва Худованд онро ҷуз башорате барои шумо қарор надод, то дилҳоятон ба он ором гирад ва танҳо ёрии асосӣ аз тарафи Худованди Субҳон аст.” (Сураи Оли Имрон, ояти 126)

 

Дар натиҷа, пас аз пойдорӣ ва сабре, ки мусулмонон аз худ нишон доданд ва лаёқати кӯмаки илоҳиро пайдо карданд. Сабаби асосии пирӯзии ҷанги Бадр ёрии Худованд будааст, ки мефармояд:

وَلَقَدْ نَصَرَكُمُ اللّهُ بِبَدْرٍ وَأَنتُمْ أَذِلَّةٌ فَاتَّقُواْ اللّهَ لَعَلَّكُمْ تَشْكُرُونَ

Дар ҳақиқат Худованд шуморо дар Бадр, дар ҳоле ки залил ва нотавон будед, ёрӣ кард.” (Сураи Оли Имрон ояти 123)

Натиҷа:

Бале дӯстони азиз, мусалмонон бо вуҷуди инки ду баробар аз мушрикони Макка камтар буданд пирӯзи ҷанги Бадр шуданд. Ба хотири онки аз дастурҳои Худо ва Расули Худо пайравӣ намуда ва ба он дастурҳо сари таъзим фурӯд оварданд. Худованд низ бахотири ин пайравӣ, ба онҳо ваъда ва башорати пирӯзӣ дод ва ба он амал кард. Дӯсти азиз мо ва шумо ҳам агар имони воқеъӣ ба Худо ва Расулаш биёрем ва аз дастурҳояшон ба дурустӣ пайравӣ карда ва таслим шавем Худованд ҳам ҳамон тавре, ки аз мусалмонони садри Ислом дифоъ кард ва онҳоро кӯмак кард ба мо низ кӯмак мерасонад. Чунки Худованд дар Қуръони Карим мефармояд:

إِنَّ ٱللَّهَ يُدَٰفِعُ عَنِ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓاْۗ إِنَّ ٱللَّهَ لَا يُحِبُّ كُلَّ خَوَّانٖ كَفُورٍ

“Ҳамоно ба таври қатъи Худованд дифоъ мекунад аз касоне, ки имон оварданд. Ҳамоно ба таври қатъи Худованд ҳеҷ хиёнаткори куфрпешаро дӯст намедорад.” (Сураи Ҳаҷ, ояти 38)

Худованд мудофеи мӯъмин аст ва ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ба мисли Худованд Қодиру Тавоно нест.

Аз тарафи дигар, мушроикони Макка бо доштани ду баробар афроди бештар ва аз лиҳози таҷҳизоти низомӣ муҷаҳҳазтар ва қавитар аз мусалмонон буданд. Вале шикасти сангине аз мусалмонон хӯрданд. Чунки ба ҷанги Худо ва Расули Худо ва дини Худо рафтанд.

Ҷанги Бадр, панду насиҳат ва тазаккури бузурге аст барои касоне, ки имрӯз ошкору пинҳон, бо Худову Расул, дини мубини Ислом ва бар алайҳи касоне, имон оварданд, мубориза мебаранд ва онҳоро мавриди озору азият, шикаҷаву зиндон, табъиду таҳқир қарор медиҳанд.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед