Ҳасан ибни Алӣ (рз) сарвари ҷавонони биҳишт

0
51

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Муқаддима

Мо мусулмонон вазифа дорем, ки шахсиятҳои бузурги динии худро бишиносем ва дар зиндагии худ аз онҳо сармашқ бигирем. Яке аз ин шахсиятҳои муҳим сарвари ҷавонони аҳли биҳишт Ҳасан ибни Алӣ аст, ки дар моҳи мубораки Рамазон ба дунё омадааст. Дар ин навиштор мехоҳем каме бо ин шахсияти бузурги исломӣ ошно шавем.

15 Рамазон солрӯзи вилодати касест, ки ба фармудаи Қуръони Карим фарзанди Паёмбар (с) аст, ки шабеҳтарин фард ба Расули Худо (с) буданд ва Расули Худо (с) ҳам барои эшон фазилатҳои зиёде гуфтаанд. Худованд дар ояти 61 сураи Оли Имрон мефармояд:

فَمَنْ حَاجَّكَ فِيهِ مِنْ بَعْدِ مَا جَاءَكَ مِنَ الْعِلْمِ فَقُلْ تَعَالَوْا نَدْعُ أَبْنَاءَنَا وَأَبْنَاءَكُمْ وَنِسَاءَنَا وَنِسَاءَكُمْ وَأَنْفُسَنَا وَأَنْفُسَكُمْ ثُمَّ نَبْتَهِلْ فَنَجْعَلْ لَعْنَتَ اللَّهِ عَلَى الْكَاذِبِينَ

“Ва баъд аз донише, ки ба ту расидааст, касе дар бораи он (хилқати Исо) бо ту баҳсу мунозира кунад, пас бигӯ: «Биёед писаронамон ва писаронатон ва занонамон ва занонатон ва худамон ва худатонро даъват кунем, сипас мубоҳила намоем ва лаънати Худоро бар дурӯғгӯён қарор диҳем”.

Шинохти Ҳасан ибни Алӣ (рз)

Ҳасан(рз) фарзанди Алӣ ибни Абитолиб (к) ва Фотимаи Заҳро (рз), духтари Набии Акрам (с) ва аввалин набераи Расули Худо (с) аст, ки насабашон ба Бани Ҳошим ва Қурайш мерасад. (Ибни Абдулбир, Ал-истиъоб, ҷ 1, саҳ 383) Эшон дар нимаи Рамазони соли севуми ҳиҷрӣ-қамарӣ дар шаҳри Мадинаи Мунаввара чашм ба ҷаҳон кушод. (Ибни Асокир, Таърихи Димишқ, ҷ 13, саҳ 163; Ибни Саббоғ, Алфусулул-муҳимма, саҳ 143)

Паёмбари Акрам (с) худашон номи Ҳасан ба маънои некӯро барояш интихоб кард. (Муснади Аҳмад ибни Ҳанбал, ҷ 1, саҳ 98; Заҳабӣ, Сияру аъломин-нубало, ҷ 3, саҳ 248; Ибни Асокир, Таърихи Димишқ, ҷ 13, саҳ 171) ва ба нақли Ибни Шаҳрошӯб ва Ибни Саъд ин номгузорӣ ба дастури Худованди Мутаол будааст. (Ибни Шаҳриошуб, Ал-маноқиб, ҷ 3, саҳ 397; Ибни Саъд, Табақотул-кубро, ҷ 1, саҳ 244)

Ҳасан(рз) куня  ва лақабҳое ҳамчун Абӯмуҳаммад, Абулқосим, Муҷтабо, Сайид ва Закӣ доштааст. (Ибни Шаҳрошӯб, Ал-маноқиб, ҷ 4, саҳ 29)

Ӯ шабеҳтарин фард аз назари қиёфа ва сурат ба Паёмбар (с) буд. (Табаронӣ, Мӯъҷамул-кабир, ҷ 3, саҳ 23 – 24; Заҳабӣ, Сияру аъломин-нубало, ҷ 3, саҳ 249) Ин шабоҳат ба қадре буд, ки асҳоб ба якдигар мегуфтанд, ҳар кас мехоҳад, ки Расули Худоро бубинад ба Ҳасан ибни Алӣ нигоҳ кунад. (Табаронӣ, Мӯъҷамул-кабир, ҷ 3, саҳ 24)

Ҳасан(рз) ба дастури ҳазрати Умар (рз) ба унвони шоҳид дар шӯрои шашнафара барои таъини халифа ҳозир буд. (Ибни Қутайба, Ал-имомату вас-сиёсату, ҷ 1, саҳ 42) ва ҳамчунин ба дастури ҳазрати Алӣ (рз), замоне ки асҳоб ва мусулмонони муътариз ба манзили ҳазрати Усмон (рз) шуриш бурданд, бо бародаронаш имом Ҳусайн ва Аббос (рз) аз хонаи халифа муҳофизат кард. (Билозарӣ, Ансобул-ашроф, ҷ 5, саҳ 558)

Ба бовари бисёре аз муфассирони Қуръони Карим ояти 61-и сураи Оли Имрон, ки ба ояти “Мубоҳила” маъруф аст, дар шаъни Паёмбари Акрам ва Аҳли Байташ яъне Ҳасан ва падару модар ва бародараш Ҳусайн нозил шудааст. (Фахри Розӣ, Тафсири Кабир; Замахшарӣ, Тафсири Кашшоф ва Байзовӣ, Анворут-танзил, зайли ояти 61 сураи Оли Имрон)

Ҳасан(рз) дар ин оят ба манзалаи писари Паёмбари Акрам(с) муаррифӣ шудаанд. Бар хилофи таънаи мушрикон, ки Расули Худоро абтар гуфтанд ба лутфи Худо насли ҳазрат ба воситаи Фотимаи Заҳро (рз) идома дорад ва Расули Худо фарзандони Фотимаро фарзандони худ хондааст.

Даврони хилофат

Пас аз шаҳид шудани ҳазрати Алӣ (к) мардум бо Ҳасан ибни Алӣ (рз) ба унвони халифаи мусулмонон байъат карданд. (Таърихи Табарӣ, ҷ 5, саҳ 158; Таърихи Яъқубӣ, ҷ 2, саҳ 214) Ҳасан ибни Алӣ (рз) ба муддати 6 то 8 моҳ халифаи мусулмонон буд ва аз ҷумлаи “Хулафои Рошидин” аст. (Масъӯдӣ, Мураввиҷуззаҳаб, ҷ 2, саҳ 426) Тибқи ҳадиси Паёмбари Акрам (с) хилофат дар уммати Ислом 30 сол аст ва пас аз он салтанат ва подшоҳӣ мешавад. (Насоӣ, Сунанул-кубро, ҷ 7, саҳ 313) ва агар ин давраи сисоларо тақсим бар чаҳор халифа кунем: ҳазрати Абӯбакр (рз) 2 солу се моҳ, ҳазрати Умар (рз) наздик ба 10 сол, ҳазрати Усмон (рз) 11 ё 12 сол ва ҳазрати Алӣ (р) 5 сол аз ин 30 солро ҳукумат кардаанд, 6 ё 8 моҳ боқӣ мемонад, ки ба даврони хилофати имом Ҳасан рост меояд.

25-уми Рабеъул-аввал ба далели мухолифатҳо ва ҷанги Муовия, ки ҳокими Шом буд имом Ҳасан маҷбур ба пазириши сулҳ ва канор рафтан аз хилофат шуд. (Ибни Касир, Албидоя ван-ниҳоя, ҷ 8, саҳ 21) Имом Ҳасан охирин халифа аз Хулафои Рошидин аст, чун баъд аз он хилофат ба салтанат табдил шуд. (Ибни Касир, Албидоя ван-ниҳоя, ҷ 6, саҳ 250; Масъудӣ, Муруҷуз-заҳаб, ҷ 2, саҳ 429)

Ширкат дар ҷангҳо

Ҳасан ибни Алӣ илова бар он ки бо суханрониҳояш мардумро ба ҷиҳод даъват мекард, худаш ҳам дар ҷанг ширкат менамуд ва фармондеҳи баъзе аз ҷангҳо ҳам буд. (Ибни Абдулбир, Ал-истиъоб, ҷ 3, саҳ 939) Дар миёни ҷанги Сиффин Ҳасан ибни Алӣ (рз) бо яке аз бузургони лашкари Шом рӯ ба рӯ шуд. Ҷангҷӯи шомӣ аз ҷангидан бо имом Ҳасан худдорӣ карду гуфт: Ман Паёмбари Акрам (с)-ро дида будам, дар ҳоле ки савор бар шутуре меомад ва ту дар пеши шутур савор будӣ. Ман намехоҳам дар ҳоле Паёмбарро мулоқот кунам, ки хуни ту бар гарданам бошад. (Искофӣ, Ал-меъёр вал-мувозанаҳ, саҳ 150)

Ҷойгоҳи илмӣ ва иҷтимоӣ

Эшон дар миёни бузургон ва мардум ҷойгоҳи илмии болое дошт. Дар масҷид ба мардум таълим медод ва бузургон ҳам посухи пурсишҳои худро аз эшон мегирифтанд. (Ибни Асокир, Таърихи Димишқ, ҷ 13, саҳ 24; Билозарӣ, Ансобул-ашроф, ҷ 3, саҳ 21)

Вақте мардум дар маросими ҳаҷ имом Ҳасан ибни Алиро мушоҳида мекарданд барои табаррук ҷустан ба сӯи эшон медавиданд. (Ибни Саъд, Табақотул-кубро, ҷ 10, саҳ 406)

Фазоили ахлоқӣ

Ҳасан(рз) фазоили ахлоқии бисёр доштанд, ки чанд намуна баён мекунем.

Паёмбари Акрам ба ӯ эҳтироми зиёд мегузошт ва ӯро хеле дӯст медошт ва мефармуд:

هذا منی وأنا منه و هو یحرم علیه ما یحرم علی

Ин (Ҳасан) аз ман аст ва ман аз ӯ ҳастам ва бар ӯ ҳаром аст ончӣ, ки бар ман ҳаром аст. (Муттақии Ҳиндӣ, Канзул-уммол, ҷ 13, саҳ 662)

Расули Худо дар ҳаққи имом Ҳасан чунин дуо кард:

اللَّهُمَّ إِنِّی أُحِبُّهُ فَأَحِبَّهُ، وَأَحِبَّ مَنْ یُحِبُّهُ

Худоё, ман ӯро дӯст медорам, ту ҳам ӯро дӯст бидор ва касеро ҳам, ки ӯро дӯст медорад дӯст бидор. (Саҳеҳ Бухорӣ, ҷ 5, саҳ 26 ва 7 ва 159; Саҳеҳ Муслим, ҷ 4, саҳ 1882-1883)

Ҳокими Нишопурӣ ҳадисеро бо шарти Шайхайн саҳеҳ дониста аз Ҷобир ибни Абдуллоҳ (рз) чунин нақл мекунад:

لِكُلِّ بَنِي أُمِّ عَصَبَةٌ يَنْتَمُونَ إِلَيْهِمْ إِلَّا ابْنَيْ فَاطِمَةَ، فَأَنَا وَلِيُّهُمَا وَعَصَبَتُهُمَا

Ҳар фарзанди  модаре мансуб ба падару хешони падараш аст, магар фарзандони Фотима, ки ман падару сарпарасти онҳо ҳастам. (Ҳокими Нишопурӣ, ал-Мустадраку алас-саҳеҳайн, ҷ 3, саҳ 126)

Расули Худо ӯ ва бародараш имом Ҳусейнро дар хурдсолӣ сарвари ҷавонони аҳли биҳишт муаррифӣ кард:

الحَسَنُ وَ الحُسَینُ سَیّدا شَبَابِ أهلِ الجَنَّةِ

Ҳасан ва Ҳусайн сайиду сарвари ҷавонони аҳли биҳишт ҳастанд. (Сунани Тирмизӣ, ҷ 5, саҳ 656; Ҳокими Нишопурӣ, ал-Мустадраку алас-саҳеҳайн, ҷ 3, саҳ 128)

Ҳасан ибни Алӣ бисёр сабур ва ҳалим буд. Рӯзе марде аз аҳолии Шом имом Ҳасан ибни Алиро дид ва бо зеҳнияте, ки дошт ба эшон дашномҳои зиёд дод, то хомӯш шуд, Имом Ҳасан ба ӯ салом карду бо меҳрубонӣ гуфт: Ба назарам дар ин шаҳр ғарибӣ ва касеро надорӣ. Сипас афзуд: Ҳар ниёзе дошта бошӣ мо бартараф мекунем. Он мард гирён шуду рӯ ба имом Ҳасан гуфт: Худо беҳтар медонад, ки рисолаташро дар куҷо қарор диҳад. (Ибни Шаҳрошуб,  Ал-маноқиб, ҷ 4, саҳ 19)

Шаҳодат

Имом Ҳасанро чанд бор заҳролуд карданд, ва ҳар бор мудово мекард ва аз марг наҷот меёфт. (Билозарӣ, Ансобул-ашроф, ҷ 3, саҳ 55) Охирин бор ҳамсараш Ҷаъда бинти Қайс (Ибни Касир, Албидоя ван-ниҳоя, ҷ 8, саҳ 43) ба имом заҳр хӯронд, ки 3 рӯз (Масъудӣ, Муруҷуз-заҳаб, ҷ 2, саҳ 427) ё 40 рӯз (Ибни Саъд, Табақотул-кубро, ҷ 10, саҳ 341) ва ё ду моҳ (Ибни Халкон, Вафиётул-аъён, ҷ 2, саҳ 66) пас аз он шаҳид шуд. Пас аз шаҳодати эшон дар шаҳри Мадина овози гиря баланд шуд ва (Ибни Саъд, Табақотул-кубро, ҷ 10, саҳ 342) дар қабристони Бақеъ афроди зиёде ҷамъ шуданд ва то ҳафт рӯз бозорҳо таътил буд. (Ибни Саъд, Табақотул-кубро, ҷ 10, саҳ 352) Табарӣ менависад, ки нахустин хории мардуми араб пас аз шаҳодати Ҳасан ибни Алӣ (рз) буд. (Таърихи Табарӣ, ҷ 5, саҳ 279)

Имом Ҳасан қабл аз шаҳодати худ васият карда буд, ки дар канори ҷаддашон, Паёмбари Акрам (с) ба хок супорида шаванд (Билозарӣ, Ансобул-ашроф, ҷ 3, саҳ 60 – 62) ва эшон дар ин бора бо ҳазрати Оиша (рз) ҳам машварат карда ва мувофиқати ҳамсари Расули Худоро гирифта буд. (Ҳалбӣ, Сираи Ҳалбия, ҷ 3, саҳ 517; Ибни Абдул-бир, Ал-истиъоб, ҷ 1, саҳ 388), аммо Марвон ибни Ҳакам ва ҳамроҳонаш бо шунидани ин хабар монеи иҷрои васияти сарвари ҷавонони аҳли биҳишт шуданд. (Билозарӣ, Ансобул-ашроф, ҷ 3, саҳ 62) Мазори имом Ҳасан дар қабристони Бақеъ наздики Масҷидун-набӣ зиёратгоҳи ошиқони Паёмбари Акрам ва хонадонаш ҳаст. Салому дуруди Худо бар ӯ бод!

Соли шаҳодати эшонро соли 49 ё 50 ё 51-и ҳиҷрӣ-қамарӣ ва бистуми моҳи Сафар (Ибни Шаҳрошуб, Алманоқиб, ҷ 6, саҳ 29) ё моҳи Рабеъул-аввал нақл кардаанд. (Муқризӣ, Амтоул-асмоъ, ҷ 5, саҳ 361; Ибни Абдулбир, Ал-истиъоб, ҷ 1, саҳ 389; Билозарӣ, Ансобул-ашроф, ҷ 3, саҳ 64-66) ва синни имомро дар замони шаҳодат аз 46 то 48 сол гуфтаанд. (Муқризӣ, Амтоъул-асмоъ, ҷ 5, саҳ 361)

Натиҷа

Ҳасан ибни Алӣ (рз) фарзанди Алӣ (к) ва Фотима (рз), фарзанд ва набераи Паёмбари Акрам (с) ва аз ҷумлаи аҳли байти Паёмбар мебошанд, ки дар фазилату вуҷуби шинохташон оятҳое ҳамчун ояти Мубоҳала нозил шуда ва аҳодиси бисёре аз Паёмбар (с) дар ин маврид нақл шудааст. Умедворем дар дунёву охират аз ҷумла дӯстдорони Паёмбари Акрам (с) ва аҳли байти он ҳазрат (с) бошем.

 

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед