Ҳамза ибни Абдулмутталиб (рз)-1

0
77

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ҳамза ибни Абдулмутталиб (рз)

Қисмати аввал

Муқаддима:

Асҳоби Расули Акрам(с) нахустин тарбият ёфтагони мактаби Қуъони Карим ва суннати Расули Акрам (с) буданд ва аз онҷое, ки бузургтарин муаллими инсоният ва башарият мураббии онҳо буд, ба беҳтарин сурати мумкин дар мактаби набавӣ тарбият ёфтанд ва барои зинда нигоҳ доштани дини мубини Ислом аз падару модар, ҷону мол, зану фарзандони худ гузаштанд ва барои таблиғ ва тарвиҷи ин дини муборак, дар ҷангҳои фаровон ва тоқатфарсо, дар замони Паёмбари Акрам(с) ва баъд аз замони эшон ширкат карданд, то ин дини муборак ба мо мусалмонон расидааст.

Барои ҳамин лозим аст, то ҳар мусулмон онҳоро бишиносад ва қадрдони онҳо бошад ва  онҳоро барои худ улгӯ қарор бидиҳад ва аз таҷрибаҳои эшон барои тарвиҷ ва таблиғи ин дини муборак истифода барад.

Ному насаб

Ҳамза ибни Абдулмутталиб (рз)

Лақаб ва куния:

Лақаб: Асадуллоҳ (Шери Худо) Асаду-ал-расул (шери Паёмбар(с)) Саиду-ал-Шуҳадо (сарвари шаҳидҳо)..

Куния: Абууммора ва Абуяъло…

Таваллуд:

Ҳамза(рз) амаки Паёмбар(с) ду ё чаҳор сол пеш аз омулфил дар Макка таваллуд шудааст.

Канизи Абулҳаб аз шири фарзанди худ ба номи Масруҳ, қабл аз Ҳалима, Муҳаммад(с)-ро шир дода буд. Чунонки бархе гуфтаанд агар Ҳамза(рз) низ аз шири ҳамин фарзанд(Масруҳ) нӯшида бошад, фақат ду сол аз паёмбар бузургтар хоҳад буд.

Ин ихтилоф синни чаҳор солҳам баён шудааст, ки бо таваҷҷӯҳ ба тардиди баъзе аз таърихнависон дар мавриди шир додани Сувбиа ба Паёмбар(с) мумкин аст бештар ҳам бошад. (Ибни Абду-ал-бир, Юсуф ибни Абдуллоҳ, Ал-истиоб фи маърифати ал-асҳоб ҷ-1 саҳ-369)

Номи падару модар:

Падар:  Абдулмутталиб  ибни Ҳошим ибни Абдуманоф

Модар:  Ҳола бинти Уҳайб ё (Вуҳайб) ибни Абдуманоф

Замони Ислом овардан:

Соли шашуми беъсат буд. Макка пас аз гузашти рӯзи пур аз талош, хастагӣ, парастишу хушгузаронӣ дар хоби амиқе фурӯ рафта буд. Қурайшиён дар бистарҳои худ аз ин паҳлӯ ба он паҳлӯ мечархиданд ва дар хоби амиқ буданд. Дар ин миён Паёмбари Акрам танҳо як нафар аз эшон буд, ки дар рахти хобаш ором намегирифт. Ӯ одат дошт, ки дар аввали шаб ба бистари худ биравад ва чанд соат истироҳат кунад, онгоҳ бо шӯру шавқи фаровон аз ҷо бархоста ва ба маҳалли ибодати худ дар утоқаш рафта ва бо Парвардгораш машғули ибодат ва розу ниёз шавад.

Дили шаб ҳамеша замони дидори  бо Худо буд.

Вақте Ӯ дар пешгоҳи Худованд ба ибодат меистод ва ҳамсараш бар асари садои розу ниёз ва муноҷоти гарму пурсӯзу гудозе, ки аз синаи Ӯ берун меомад, бедор мешуд, ба ҳоли Ӯ дилсӯзи мекард ва аз ӯ мехост, то ба худ раҳм кунад ва хоби шабонаро фаромӯш накунад, вале суханонаш суде надошт ва ҳамсараш дар ҳоле, ки ашки чашмонаш аз суханонаш сабқат мегирифт посух медод:

 «Хадиҷа(рз)! дигар замони хоб сипарӣ шудааст.»

 Кораш ҳанӯз Қурайшро аз хоб бедор накарда буд, ҳарчанд мерафт, ки таваҷҷӯҳи онҳоро ҷалб кунад, зеро ӯ нав даъвати худро шурӯъ карда буд ва суханонашро дар хафо ва ба оҳистагӣ ба гӯши мардум мерасонд.

 Теъдоди касоне, ки дар он рӯзҳо ба Ӯ имон оварда буданд, бисёр кам буд. Ба ҷуз касоне, ки ба ӯ имон оварда буданд дар миён мардуми Макка афроди дигаре буданд, ки нисбат ба ӯ эҳтиром қоил буданд ва ба ӯ муҳаббат доштанд ва барои имон овардан ба оини Ӯ шавқи фаровон дар дил доштанд, вале бахотири дудил будан ва фишори оини ботил дар тардид буданд.

 Ҳамза ибни Абдулмутталиб (рз), амак ва бародари ризоии Паёмбар(с) яке аз ин афрод буд.

 Ҳамза(рз), бо азамату камоли бародарзодаи худ «Муҳаммад(с)» хуб ошно буд ва аз ҳақиқати рисолат ва хусусиёти ахлоқии Ӯ ба таври комил огоҳ буд.

 Ошноии Ҳамза(рз) нисбат ба рӯҳиёти Муҳаммад(с), танҳо ошноии амак нисбат ба ҳоли бародарзода набуд, балки мисли ошноии як бародар ва дӯсти ягона, нисбат ба бародар ва дӯсти самимии худ ба шумор мерафт.

Паёмбар(с) ва Ҳамза(рз) ҳар ду мутааллиқ ба як насл ва аз лиҳози син ба якдигар наздик буданд. Ин ду нафар аз кӯдаки боҳам бузург шуда буданд ва аз оғози кӯдакӣ по ба пои ҳам ҳаракат мекарданд ва аз ҳамон даврони кӯдакӣ дӯстӣ дар миёнашон устувор шуда буд. Гарчи даврони ҷавонии Муҳаммад(с) ва Ҳамза(рз) дар масири дигаре сипарӣ шуд, зеро Ҳамза(рз) ба рақобат бо ҳамсолони худ дар бархурдори аз хушиҳо ва лазоизи зиндагӣ ва қарор гирифтан дар миёни бузургон ва сарони Қурайш пардохт, дар ҳоле, ки Муҳаммад(с) дар хилват буд ва ба парвариши рӯҳи худ, ки роҳи Худоро дар пеши пои Ӯ равшан месохт, таваҷҷуҳ дошт ва ба замзамаи дили худ, ки таваҷҷӯҳи ӯро аз ғавғои зиндагии моддӣ ба андешаҳои амиқ ва омодагӣ барои ламс ва дидори ҳаққ маътуф медошт, рӯй оварда буд.

Оре! гарчи ҷавонии ҳаркадоме аз онҳо дар ҷиҳати дигаре сайр мекард, вале Ҳамза(рз) ҳатто як лаҳза фазилатҳои ҳамсол ва бародарзодаи худ Муҳаммад(с) -ро аз хотир намебурд. Фазоил ва сифатҳои барҷастае, ки мавқеияти бузурге барои соҳиби худ дар дили тамоми мардум ба вуҷуд меовард ва ояндаи бузурги Ӯро ба вузӯҳ тарсим мекард.

Субҳи он рӯз, Ҳамза тибқи одати ҳамешагӣ аз хона берун омад, канори Каъба иддае аз ашроф ва сарони Қурайшро дид, ки даври ҳам нишаста, машғули гуфтугӯ буданд, ӯ низ каноршон нишаст ва ба суханонишон гӯш дод, онҳо дар бораи Муҳаммад(с) гуфтугӯ мекарданд.

Ин нахустин бор буд, ки Ҳамза(рз) дид даъвати бародарзодааш онҳоро дучори изтироб ва нигаронӣ кардааст, осори кинаву хашм ва талхкомӣ дар суханонашон ошкор аст.

 Онҳо қаблан ба даъвати Муҳаммад(с) аҳаммият намедоданд ва ё тазоҳур ба беэътиноӣ ва кӯчак шумурдани қазия менамуданд, аммо имрӯз осори нороҳатӣ ва андӯҳ ва майл ба хушунат ва ҳамла дар чеҳра ҳояшон мавҷ мезад.

Ҳамза(рз) аз гуфтугӯи онон хандааш гирифт ва дар ҳоле, ки ба онон механдид гуфт:

«Шумо бузургнамоӣ мекунед ва дар арзёбии қазия дучори иштибоҳ шудаед»

Пас аз он Абуҷаҳл ба ҳозирони маҷлис таъкид кард, ки Ҳамза(рз) беҳтар аз ҳар касе аз хатари даъват огоҳ аст, вале бо ин суханон, қасдан мехоҳад қазияро ночиз ҷилва диҳад, то Қурайшиён ба ғафлат фурӯ раванд ва рӯзе бедор шаванд, ки кор аз кор гузашта ва бародарзодааш бар онон ғолиб шудааст.

Дар ҳангоми гуфтугӯ садояшонро баланд мекарданд ва таҳдид мекарданд. Ҳамза(рз) низ гоҳе лабханд мезад ва гоҳе хашмгин мешуд. Ҳангоме, ки маҷлис хотима ёфт ва ҳуззор аз ҳамдигар ҷудо шуданд, дар ҳоле, ки Ҳамза(рз) афкор ва хиёлоти тозае ба мағзаш ҳуҷум оварда ва бори он сангинӣ мекард. Ба кори бародарзодааш фикр мекард ва онро мавриди санҷиш ва арзёбӣ қарор медод.

 Рӯзҳо аз паи ҳам мегузаштанд, ҳар рӯз замзама ва гуфтугӯи Қурайш дар бораи даъвати Паёмбар(с) бештар мешуд ва кам-кам ин гуфтугӯҳо табдил ба мавзеъгирӣ мешуд. Ҳмза(рз) аз дӯр ин саҳнаҳоро дар назар дошт, зеро пойдорӣ ва собитқадамии бародарзодааш ӯро мутааҷҷиб сохта буд.

 Бо вуҷуди онки назди Қурайш ба фидокорӣ ва истодагӣ дар тасмими худ маъруф буд, аммо фидокорӣ ва истиқомати шигифтангези ӯ дар роҳи имон ва даъваташ барои ҳамаи онҳо тозагӣ дошт.

 Агар он рӯз шак дар сидқи нубуввати Паёмбар(с) ва азамати ӯ метавонист дар дили касе шак ва тардид ба вуҷуд овард, ба таври яқин ин шак қодир набуд ба дили Ҳамза(рз) роҳ пайдо кунад, зеро ӯ беҳтар аз ҳар касе Муҳаммад(с)- ро мешинохт. Аз замони кӯдакии ӯ гирифта то айёми поки ҷавонияш ва сипас даврони камол ва мардонагии Ӯ, ки «Муҳаммади Амин» лақаб гирифта буд.

 Ҳамза(рз) дар дар зиндагии Муҳаммад(с) ҳеҷ нуқтаи торикеро ба ёд намеовард. Ба ёд намеовард, ки рӯзе ӯро хашмгин, ноумед ё машғули лаҳву лаиб ва ё сабуку ва… дида бошад.

 Ҳамза(рз) худ натанҳо аз ниерӯи ҷисмӣ ва қудрати баданӣ, балки аз пухтагии ақл ва қудрати ирода низ бархурдор буд, аз ин рӯ табии набуд, ки аз пайравии шахсе, ки аз сидқ ва дурустии ӯ огоҳ буд, худдори кунад ва бад-ин гуна ин ҷазаба ва кашиши пинҳонӣ, дар синаи ӯ мавҷ мезад, то рӯзе дар фурсати муносиб худнамоӣ кунад. (Мардони гирдогирди Паёмбар(с), саҳ.153)

Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед