Ҳамза ибни Абдулмутталиб (рз) -4

0
80

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ҳамза ибни Абдулмутталиб (рз)

Қисмати чорум

Муқаддима

Дар қисматҳои қабл бо ному насаб, куня ва падару модари Ҳамза ибни Абдулмутталиб(рз), нисбати ӯ бо Паёмбари Ислом Ҳазрати Муҳаммад(с), таърихи имон овардан ва бо чигунагии  бархурди ӯ бо Абуҷаҳл ва рашодатҳо ва шуҷоатҳои Ӯ дар ҷанги Бадр ва дар Ҷанги Уҳуд ва то ба шаҳодат расидани ин ёри азизи Паёбар(с) ошно шудем.

Дар ин қисмат ба идомаи ин қисса мепардозем ва бо воқеиятҳое, ки баъд аз шаҳодати Ҳамза(рз) рӯх дод ошно хоҳем шуд.

Идомаи достон

Шери Худо ва шери Расул(с)-ро ба шаҳодат расонданд.

Ва ҳамонгуна, ки зиндагиаш саршор аз ҳаяҷон ва сарфарозӣ буд, маргаш низ лабрези шуру ҳаяҷон ва сарафрозию боиззат буд.

Аммо душманонаш бо куштани ӯ иктифо накарданд. Ҳинд духтари Утба ва ҳамсари Абусуфён ба Ваҳшӣ дастур дод, то бадани нозанини шери Худо ва шери Расули Худо(с)-ро бишикофад ва ҷигари ӯро аз баданаш ҷудо кунад ва барои ӯ биоварад.

Ваҳши ин дархости сангдилона ва ваҳшиёнаи ҳамсари Абусуфёнро пазируфт ва ҳангоме ки бо дасти росташ ҷигари мубораки Ҳамза(рз)-ро ба Ҳинд медод, бо дасти чапаш гӯшвор ва гарданбанди тиллои ӯро барои хидмате, ки барои ӯ анҷом дода буд гирифт.

Ҳинд духтари Утба (ҳамон касе, ки дар ҷанки Уҳуд бо дасти мусулмонон кушта шуда буд) ва ҳамсари Абусуфён фармондеҳи сипоҳи бутпарастон, ҷигари сарвари шаҳидон (Ҳамза(рз)-ро дар даҳон гузошта ва гоз гирифт, то шояд бо ин кори аҳмақонаи худ, оташи кинаи худро фурӯ нишонад ва ӯ хост ҷигари Ҳамза(рз)-ро бихояд, вале ҷигар дар зери дандонаш нарм нашуд ва аз ҷавиданаш оҷиз монд ва ногузир онро аз даҳонаш берун овард ва бар болои баландие рафт ва бо садои баланд шурӯъ ба хондани ин ашъор кард:

نحن جزینا کم بیوم بدر             و الحرب عبد الحرب ذات سعر

ما کان عن عتبة لی من صبر             و لا اخی و عمة و بکری

شفیت نفسی و قضیت نذری              اراح وحشی غلیل صدری

Мо интиқоми ҷанги Бадрро гирифтем ҷанги интиқомҷуёна сахт аст.

Пас аз кушта шудани Утба ва бародар ва амаку писарам Бакр, сабру қарор надорам.

Вале акнун бо кушта шудани қотили онҳо дилам хунук ва назрам бароварда шуд ва Ваҳши об  бар оташи дилам пошид.

Ҷанги Бадр ба поён расид, мушрикон ба шутурҳои худ савор шуда ва аспҳояшонро ба ҳаракат дароварданд ва ба сӯи Макка ҳаракат карданд.

Паёмбар(с) ва ёронаш ба сӯи майдони ҷанг омаданд, то шаҳидонашонро дидор кунанд.

Ӯ дар онҷо дар миёни бистари даррае, дар ҳоле ки сурати ёрони бузурги худро, ки ҳар кадом ҷони худро дар роҳи Худо қурбонӣ карда буданд, нигоҳ мекард. Ногаҳон истод нигоҳи чеҳраи муборакаш дарҳам рафт (гирифта шуд) ва дар хомӯшии талхе фурӯ рафт ва бо дандонҳояш лаби пойинашро фишор дод ва пилкҳои муборакашро барҳам гузошт… .

Ҳаргиз тасаввур намекард хӯи ҷавонмардии Араб то ин андоза пойин биояд ва ба он дараҷа аз ваҳшигарӣ бирасад, ки пайкари беҷони мурдаеро пора-пора кунад, оре пайкари амаки бузургвор ва шаҳидаш Ҳамза(рз) шери Худову Расулаш(с) пора-пора шуда буд.

Паёмбар(с) чашмонашро, ки ҳамчун ситорае медурахшид, боз кард ва дар ҳоле ки нигоҳи худро бар пайкари пора-пора шудаи амакаш духта буд, чунин гуфт:

“Ҳамза(рз) ҳаргиз ба мусибате мисли мусибати ту мубтало нашудаам ва ҳеҷгоҳ бо манзараи талхтар аз ин манзара рубарӯ нагаштаам” (Мардони гирдогирди Паёмбар(с) Холид Муҳаммадхолид тарҷумаи Каюмарси Юсуфӣ с. 163)

Расули Худо(с) Ҳамза(рз)-ро зиёд дӯст медошт ва ҳамонгуна, ки дар гузашта ишора кардем Ҳамза(рз) фақат амаки маҳбуби Ӯ набуд, балки он ду бародари ризоӣ(ҳамшира) буданд ва дӯсти даврони кӯдакӣ ва ду ёри ҳамешагӣ буданд.

Ҳангоми видоъ бо шаҳидон, Паёмбар(с) барои Ҳамза(рз) чунин эҳтироми вижа дар назар гирифт, ки ба андозаи тамоми шаҳидон барои ӯ намоз бихонад.

Аз ин рӯ пайкари Ҳамза(рз) дар майдони ҷанг, ки бо хуни ӯ рангин шуда ва шоҳиди ҷонбозиҳои ӯ буд, ба маҳалли намоз интиқол ёфт ва Паёмбар(с) ва мусулмонон бар Пайкари ӯ намоз хонданд.

Сипас шаҳиди дигареро оварданд ва пас аз онки Паёмбар(с) барои ҳарду намоз хонд, ҷасади он шаҳидро бурданд, вале ҷасади Ҳамза(рз) ҳамчунон дар ҷои худ боқӣ монд, пайкари шаҳиди севвумиро оварданд ва дар канори Ҳамза(рз) ниҳоданд Паёмбар(с) барои ҳарду намоз хонд ба ин тартиб ҷасадҳои шаҳидонро яке пас аз дигарӣ меоварданд ва Паёмбар(с) ҳамроҳи ҳар яке аз онҳо барои Ҳамза(рз) низ намоз мехонд, ба тавре, ки он рӯз  Паёмбар(с) барои Ҳамза(рз) ҳафтод бор намоз хонд.

Ҳангоме, ки Паёмбар(с) аз майдони ҷанг ба Мадина бармегашт, дар роҳ садои гиряи занони қабилаи Абдулашҳалро шунид, ки барои кушташудагони худ ашк мерехтанд Паёмбар аз шиддати алоқа ва муҳаббате, ки ба Ҳамза(рз) дошт фармуд:

“Ҳамза касеро надорад, ки барои ӯ азодорӣ кунад.”

Саъд ибни Маъоз ин ҷумларо шунид ва гумон кард, агар занони мусулмон барои амаки Паёмбар(с) азо бигиранд Эшон эҳсоси оромиш хоҳад кард, барои ҳамин фавран назди занони қабилаи Бани Ашҳал рафт ва аз онҳо хост, ки барои Ҳамза(рз) низ азодорӣ кунанд ва онон пазируфтанд.

Паёмбар(с) вақте ки садои гиряи онҳоро шунид, назди онҳо рафт ва фармуд:

“Манзури ман ин набуд, ба хонаҳоятон баргардед Худо шуморо раҳмат кунад аз имруз ба баъд дигар гиряе нест”

Ёрони Паёмбар(с) дар ғаму андӯҳи Ҳамза(рз) ва барои таҷлил ва бузургдошти ӯ шеъру марсияҳо хонданд.

Мусибати Паёмбар(с) дар марги ин ёри бузургвораш ба ростӣ ҷонкоҳ буд ва дилдорӣ ва таслият дар ин ғами бузург чандон осон набуд, вале тақдир беҳтарин дилдориро барои Пёмбар(с) омода карда буд.

Дар бозгашт аз ҷанги Уҳуд, ҳангоме ки Паёмбар(с) ба сӯи хонаи худ равон буд, ба яке аз занони қабилаи банӣ Динор рӯ ба рӯ шуд, ки он рӯз падар ва ҳамсар ва бародараш дар ҷанг шаҳид шуда буданд. Ин зан бо дидани мусулмононе, ки аз ҷанг бармегаштанд ба сӯи онҳо шитофт ва аз вазъи ҷанг пурсид.

Дар ҷавоб хабари шаҳодати ҳамсару падар ва бародорашро ба ӯ доданд. Ин зан бо ғаму андӯҳ пурсид:

Пас Паёмбари Худо (с) чӣ шуд?

Гуфтанд:

Нигарон набош! Худоро шукр чунон аст, ки ту дӯст медорӣ.

Мусулмонон ҳамроҳи ӯ ба назди Паёмбар(с) рафтанд, то ба назди Паёмбар(с) расиданд, бо дидани Паёмбар(с) рӯ ба Он ҳазрат кард ва гуфт:

“Эй Расули Худо ҳар мусибате бо вуҷуди Ту саҳлу осон аст”

Оре ин беҳтарин ва мондгортарин таслият буд…

Бале Ҳамза(рз) шери Худо ва шери Расули Худо(с) дар соли севвуми ҳиҷрӣ ба шаҳодат расид ва дар Мадина ба хок супорида шуд.(Мардони гирдогирди Паёмбар(с) Холид Муҳаммадхолид тарҷумаи Каюмарси Юсуфӣ)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед