Ҳамза ибни Абдулмутталиб (рз) -3

0
66

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ҳамза ибни Абдулмутталиб (рз)

Қисмати сеюм

Идомаи Достон

Паёмбар(с) фармондеҳии сипоҳи Ислом ва ҳамчунин нахустин парчами Исломро  ба Ҳамза(рз) супорид.

Ҷанги Бадр дар рӯзи 17 ва ё 19 рамазони соли дуввуми ҳиҷрат ба вуқуъ пайваст.

Рӯзе, ки дар ҷанги Бадр ду сипоҳ ба якдигар рӯ дар рӯ шуданд, шери Худо ва шери расули Худо қаҳрамониҳо ва рашодатҳои шигифтангезе аз худ нишон дод ва душманро ба таври таҳқиромез шикаст доданд.

Боқимондаи лашкари шикастхӯрдаи Қурайш бо сарафкандагӣ ва ноумедӣ аз Бадр ба Макка бозгаштанд. Абусуфён ҳам ҷасадҳои беҷони бузургони Қурайш аз ҷумла, Абуҷаҳл, Утба ибни Рабиа, Шайба ибни Рабиа, Умая ибни Халаф, Уқба ибни Абимаит, Асвад ибни Абдуласади Махзумӣ, Валид ибни Утба, Назр ибни Ҳорис, Ос ибни Саид, Туайма ибни Адӣ ва даҳҳо тани дигар аз мардон ва бузургони Қурайшро дар майдони ҷанг раҳо намуд ва бо сарафкандагӣ ва тарсу ноумедӣ ба Макка бозгашт. Ва чун Қурайш наметавонистанд талхии ин шикасти фоҷеаборро ба оромӣ ва тан додан ба сулҳ таҳаммул кунанд, барои ҳамин тасмим гирифтанд, ки бори дигар ба ҷанги бо мусулмонон бираванд, барои ҳамин нерӯи низоми ҷамъоварӣ намуданд, то интиқоми хуни кушташудагони худро бигиранд.

Ҷанги «Уҳуд» пеш омад, Қурайш бори дигар ба фармондеҳии Абусуфён, тамоми неруи худро ҳамроҳ бо қабоили ҳампаймони худ омода намуданд.

 Ҳадафи раҳбарони Қурайш аз ҷанги ҷадид ду нафар буд: аввал Паёмбар(с) ва сипас Ҳамза(рз).

Бале агар касе пеш аз гусел шудани сипоҳи Қурайш ба майдони ҷанг, ба машваратҳо ва гуфтугӯҳои онон гӯш фаро медод, ба хубӣ мутаваҷҷеҳ мешуд, ки ҳадафи аслии онҳо дар ин ҷанг аз байн бурдани Паёмбар(с) ва куштани Ҳамза(рз) аст.

 Қабл аз ҳаракат ба сӯи майдони ҷанг шахсеро барои куштани Ҳамза(рз) интихоб карданд ва ин корро ба ӯ супориданд. Ӯ аз бардаҳои ҳабашӣ буд, ки дар партоби найза маҳорати болое дошт. Тамоми вазифаи ӯ дар ин ҷанг ин буд, ки дар камини Ҳамза(рз) бошад ва бо найзаи худ зарбати кушандае ба ӯ ворид кунад ва таъкид карданд, ки сарнавишти ҷанг ва ояндаи пайкор ба фоидаи ҳар кадом аз тарафайн тамом шавад, вазифаи ӯ ғайр аз ин маъмурият  кори дигаре нест.

Илова бар ин ваъдаи муҳимме низ ба вай доданд, ки иборат буд аз озодии ӯ аз қайди бардагӣ.

Номи он шахс «Ваҳши» ва аз  бардаҳои Ҷубайр ибни Мутъам буд. Амаки Ҷубайр дар ҷанги Бадр кушта шуда буд, лизо Ҷубайр ба ӯ гуфт: «Ҳамроҳ бо сипоҳ ба майдон ҷанг бирав, агар Ҳамзаро куштӣ озод ҳастӣ.”

 Сипас Ваҳширо назди Ҳинд духтари Утба ва ҳамсари Абусуфён равон карданд, то ӯро барои иҷрои ҳадафе, ки доштанд беш аз пеш таҳрик карда, омода созад.

 Ҳинд қаблан дар ҷанги Бадр падар, амак, бародар ва писари худро аз даст дода буд, ба ӯ гуфта буданд, ки Ҳамза(рз) шахсан чанд нафаре аз онҳоро кушта ва ба куштани бархе дигар низ кӯмак кардааст.

 Ба ҳамин далел бештари занон ва мардони Қурайш ба рафтани ҷанг исрор меварзиданд, то ба ҳар қиммате, ки бошад сари Ҳамза(рз)-ро ба даст оваранд.

Ҳинд чанд рӯз қабл аз ҷанг, тамомии талоши худро ба кор гирифт, то ҳамаи кинаҳои худро ба синаи Ваҳши мунтақил карда, нақшаеро, ки ба ӯҳдаи ӯ гузошта шуда буд ба хубӣ бифаҳмонад. Ҳинд ба ӯ ваъда дод, ки агар дар қатли Ҳамза(рз) пирӯз шавад, гаронбаҳотарин чизе, ки як зан доро мебошад, яъне ҷавоҳироти занонаи худро ба вай хоҳад дод ва онгоҳ бо ангуштонаш гӯшвораи марвориди гиронқимат ва гарданбандҳои заррини худро, ки дар гарданаш овезон карда буд, гирифт ва дар ҳоле, ки чашмонаш ба сурати Ваҳши духта шуда буд, чунин гуфт: “Агар Ҳамзаро бикушӣ тамоми инҳо моли туст.”

 Оби даҳони Ваҳши аз лабонаш сарозер шуд.

 Ӯ ба ваъдаҳои Ҳинд дил баст ва мурғи дилаш бо шавқ ба сӯи майдони ҷанг ба парвоз даромад. Ӯ умедвор буд озодии худро аз он ҷанг ба ғанимат биовард ва дигар банда ва бардаи касе набошад ва зимнан тамоми зеваролотеро, ки  гардани раҳбари занони Қурайш ва ҳамсар ва духтари раис ва фармондеҳи Қурайшро зинат мебахшид, аз майдони ҷанг ба армағон биовард.

 Бинобарин равшан буд, ки ҳадафи ниҳои аз машваратҳо ва мақсади аслии ҷанг, аз байн бурдани Ҳамза(рз) буд.

 Ҷанги Уҳуд дар соли сеюми пас аз ҳиҷрат ва дар рӯзи 7-уми моҳи Шаввол  оғоз шуд.

Ду сипоҳ ба ҷони ҳам афтоданд, Ҳамза(рз) дар ҳоле, ки либоси ҷангӣ пӯшида буд дар майдони ҷанг қадам гузошт ва барои ин ки ҳангоми ҷанг ҷилваи хубе дошта бошад, пари шутурмурғеро, ки қаблан ҳам истифода карда буд, рӯи синааш насб карда буд.

 Ӯ худро ба миёни майдони ҷанг расонд ва шурӯъ ба ҳамла ва ҷавлон кард, ҳар сареро ҳадаф қарор медод, онро бо шамшер аз тан ҷудо месохт. Пай дар пай заработи кушандае бар пайкари мушрикон ворид мекард, ингор тирҳои аҷал ва маргро дар даст дошт, ки ба сӯи ҳар касе, ки мехост, партоб мекард ва дар қалби ӯ ҷой медод. Мусулмонон ҳама боҳам ба сипоҳи куффор ҳамла карданд ва сафҳои онҳоро дар ҳам шикастанд, ба тавре ки бо пирӯзи чандон фосилае надоштанд. Сарбозони шикастхӯрдаи Қурайш ҳаросону ваҳшатзада ақибнишинӣ карда рӯ ба фирор гузоштанд.

Паёмбар(с) қабл аз ҷанг ба тирандозони сипоҳи Ислом таъкид карданд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ он шикофи кӯҳе, ки дар пушти сари лашкари Ислом будро раҳо накунанд.

Агар тирандозони мусулмон, ки дар шикофи кӯҳ мавзеъ гирифта буданд, маҳалли худро тарк намекарданд ва барои ҷамъоварии ғаниматҳои ҷангие, ки душмани  фирорӣ ба ҷой гузошта буд, ба майдони ҷанг сарозер намешуданд ва шикофи кӯҳро ба рӯи саворанизоми Қурайш боз намегузоштанд, ҷанги Уҳуд гӯристони ҳамаи Қурайш мешуд ва тамоми неруҳои онҳо дар он мадфун мешуданд. (Ибни Исҳоқ, Ассияр вал мағози, саҳ. 326; Воқидӣ, Алмағози, ҷ.1, саҳ.224-225; Ибни Ҳишом, Ассиратун набавия, ҷ.2, саҳ.65-66; Бухорӣ, Ассаҳеҳ, ҷ.5, саҳ.29)

Саворанизоми Қурайш аз роҳи шикофи кӯҳ, ки мусулмонон онро раҳо карда буданд,  аз пушти сар ба мусулмонон ҳамлавар шуда ва шамшерҳои худро ба кор андохтанд ва мусулмононро дар муҳосираи сахт қарор доданд. Мусулмонон тамоми талоши худро карданд, то ороиши ҷангии худро бозёбанд ва афроди парокандаи худро аз нав гирд оваранд ва силоҳҳоеро, ки бархе аз афрод, мавқеи ақибнишинии Қурайш ба замин гузошта буданд, аз нав бардоранд, вале дигар дер шуда буд. Ҳамлаи ногаҳонӣ ва шадиду бераҳмонаи Қурайш кори худро кард.

 Ҳамза(рз) бо дидани ин воқеа нерӯ ва тавону рашодати худро чандин баробар кард ва шурӯъ ба ҳамла намуда аз чаҳор тараф шамшер мезад.

 Ваҳши низ дар он ҷо дар камини ӯ мунтазири фурсат буд, то зарбати худро ба ӯ ворид созад.

Дар ин ҷо хуб аст, ки шарҳи саҳнаро аз забони худи Ваҳши бишинавем. Ӯ мегӯяд:

 «Ман марди ҳабашие ҳастам, ки дар партоби найза ба сабки ҷангҷӯёни Ҳабаша моҳирам, ба тавре ки тирҳоям камтар ба хато меравад. Ҳангоме, ки ду лашкар ба ҷони ҳам афтоданд, ба сӯроғи Ҳамза(рз) рафтам ва ӯро миёни ҷамъият дидам, ки бо ниҳояти шуҷоат ва далерӣ мардумро бо шамшери худ дарав мекунад. Ба тавре, ки ҳеҷ касеро тавони муқовимат дар баробар ӯ набуд. Дар ин мавқеъ, ки ман худро барои куштани ӯ омода менамудам, худро пушти дарахте пинҳон намуда, то ба ӯ ҳамла кунам. Дар ин ҳангом Сибоъ ибни Абдулуззо манро бо худ ба сӯи Ҳамза(рз) кашид, Ҳамза(рз) ҳамин, ки ӯро дид фарёд зад:

«Наздик биё эй писари зани паст (зани хатна кунандаи духтарон) инро гуфт ва зарбате бар сари ӯ фуруд овард, ки сараш аз баднаш ҷудо шуд. Дар ҳамин ҳангом найзаамро ба ҳаракат даровардам ва онро озмоиш кардам ва чун дуруст ба шеваи дилхоҳам қарор гирифт, ба сӯи ӯ партоб кардам, найза ба поини шиками ӯ исобат кард ва аз миёни ҳар ду пояш сар даровард, хост ба ман ҳамла кунад, аммо натавонист ва аз пой даромад ва ҷон супурд.

 Худро ба ӯ расондам ва найзаамро аз баданаш берун кашидам ва ба урдугоҳ баргаштам ва дар хайма нишастам, зеро ғайр аз Ҳамза(рз) бо каси дигаре коре надоштам ва ӯро ба умеди озодии худ куштам.

 Вақте ба Макка баргаштам озод шудам ва дар ҳамон ҷо мондам, то инки дар рӯзи фатҳи Макка, ки Паёмбар(с) вориди он шаҳр шуд, аз тарс ба Тоиф фирор кардам.

Рӯзе, ки намояндагони мардуми Тоиф назди Паёмбар(с)  рафтанд, то Исломро бипазиранд ва мусулмон шаванд, роҳи чора аз ҳар сӯ ба рӯи ман баста шуд ва бо худ гуфтам: Оё ба Шом биравам ё ба Яман ё кадом нуқтаи дигар?

 Дар ин фикрҳо будам, ки шахсе ба ман гуфт:

Вой бар ту!

Чӣ фикр мекунӣ? Паёмбари Худо(с)  касонеро, ки ба дини ӯ дохил шаванд намекушад.

 Барои ҳамин  роҳи Маккаро дар пеш гирифтам ва ба хидмати Паёмбар(с) расидам. Ҳангоме ки чашми он ҳазрат  ба ман афтод, ман дар баробараш истода ва ба ҳаққонияти дини Ислом шаҳодат медодам. Паёмбар(с) чун манро дид фармуд:

Ту Ваҳши ҳастӣ?

Гуфтам:

Оре эй Расули Худо

Гуфт:

Бигӯ бибинам Ҳамза(рз)-ро чӣ гӯна куштӣ?

Ҷараёнро ҳамон гуна, ки рӯй дода буд барояшон нақл кардам, вақте суханонам тамом шуд фармуд:

Баъд аз ин чашмам ба суратат наафтад.  Чун амакам Ҳамза(рз)-ро ба ёд меорам. (Ибни Ҳишом, Ассиратун набавия, ҷ.2, саҳ.72)

Ба ҳамин хотир ҳамвора ва то замоне, ки Паёмбари Акрам(с) вафот ёфт ва ба сӯи Парвардгораш шитофт аз сари роҳаш канор мерафтам, то маро набинад,.

Ҳангоме, ки мусулмонон ба манзури ҷанг бо «Мусайламаи каззоб», ки дар Ямома иддаои пайғамбарӣ мекард, рафтанд, ман низ бо онҳо рафтам ва ҳамон найзаеро, ки Ҳамза(рз)-ро бо он кушта будам, бо худ бурдам.

Вақте, ки ду лашкар ба ҷони ҳам афтоданд, Мусайламаи каззобро дидам, ки шамшер дар дасти рост истодааст, худро омода кардам ва найзааамро ба ҳаракат дароварда, озмоиш кардам ва чун дуруст ба дилхоҳам қарор гирифт, найзаро ба сӯи ӯ партоб кардам, найза ба баданаш бархурд кард ва кори ӯро яксара сохт.

Ҳол агар бо ин найза беҳтарини мардум; яъне Ҳамза(рз)-ро куштаам, умедворам Худованд маро биёмурзад, зеро бадтарини мардум яъне Мусайламаи Каззобро низ бо ҳамин найза куштаам.

(Мардони гирдогирди Паёмбар(с) Холид Муҳаммадхолид тарҷумаи Каюмарси Юсуфӣ с 160)

Идома дорад….

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед