Ҳамза ибни Абдулмутталиб (рз) -2

0
86

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ҳамза ибни Абдулмутталиб (рз)

(Қисмати дуввум)

Ҳамза(рз) тиру камонашро бар дӯш ниҳод ва аз манзил берун омад ва ба сӯи биёбон раҳсипор шуд, то худро бо саргармии мавриди алоқааш (яъне шикор), ки дар он маҳорати болое дошт, машғул созад.

Миқдоре аз рӯзро дар биёбон гузаронд. Ҳангоми бозгашт аз шикор, тибқи одати ҳамешагӣ қабл аз рафтан ба хона ба сӯи Каъба рафт, то онро тавоф кунад.

Наздики Каъба, канизи «Абдуллоҳ ибни Ҷудъон» ба ӯ расид, каниз ба маҳзи дидани Ҳамза(рз) ба ӯ гуфт:

«Абу-Аммора кош ин ҷо буди ва медиди, ки Абуҷаҳл бо бародарзодаат Муҳаммад(с) чигуна рафтор кард. Бародарзодаат онҷо нишаста буд, Абуҷаҳл ба озораш пардохт ва ӯро дашном ва носазо гуфт ва ончи ношоист буд, дар ҳаққи Ӯ раво дошт ва ба думболи ин суханон ончиро, ки Абуҷаҳл бо Паёмбар(рз) карда буд, баён кард.»

Ҳамза(рз) ба суханони каниз хуб гӯш фаро дод. Сипас барои чанд лаҳза ба фикр фурӯ рафт ва он гоҳ камонашро бар шонааш ниҳод ва бо гомҳои муҳкам ва устувор зуд ба сӯи Каъба рафт, то шояд дар он ҷо Абуҷаҳлро пайдо кунад ва агар онҷо набуд, ҳама ҷоро зери по гузорад, то ҳар ҷо, ки бошад ӯро пайдо намояд. Иттифоқан ҳанӯз ба Каъба нарсида буд, ки дид Абуҷаҳл дар  Каъба миёни чанд тан аз сарони Қурайш нишастааст.

Ба Абуҷаҳл наздик шуд ва камонашро аз дӯш гирифт ва чунон  ба сари Абуҷаҳл зад, ки сари Абуҷаҳл шикофта шуд ва хун аз он ҷори шуд ва қабл аз онки ҳуззор аз ваҳшат ба худ оянд, рӯ ба Абуҷаҳл кард ва фарёд зад:

«Ба Муҳаммад(с) дашном медиҳӣ! дар ҳоле, ки ман пайрави дини Ӯ ҳастам ва ҳар ончи Ӯ мегӯяд ман низ мегӯям?

Агар ҷуръат дори ончиро гуфтӣ назди ман такрор кун, то посухи онро бишинавӣ.»

Лаҳзае ҳамаи ҳуззор иҳонатеро, ки ба раҳбарашон Абуҷҳл шуда буд ва хунеро, ки аз сару  рӯи  ӯ мерехт, фаромӯш карда, мутаваҷҷеҳи суханони оташине шуданд, ки ҳамчун раъду барқ ҳамаро саросема ва ваҳшатзада карда буд.

Суханоне, ки Ҳамза(рз) эълон кард, ки пайрави дини Муҳаммад(с) буда ва ақидааш ақидаи ӯст ва ҳар ончи Муҳаммад мегӯяд, ӯ низ ҳамонро мегӯяд.

Қурайшиён фикр намекарданд, ки Ҳамза(рз); яъне нерумандтарин ва тасхирнопазиртарин ҷавони Қурайш мусулмон мешавад.

Ислом овардани ӯ даҳшате аст, ки Қурайш ҳаргиз тавони муқобила бо онро надорад. Зеро тӯле нахоҳад кашид, ки Ислом оварданаш бисёреро ба Ислом моил мекунад ва бо Ислом овардан онҳо, тарафдорони Муҳаммад(с) афзоиш меёбад, Муҳаммад(с) пуштибононе пайдо мекунад ва даъваташ тақвият мешавад, натиҷа ин мешавад, ки Қурайш рӯзе бо садои табарҳое, ки бар пайкари бутҳо ва худоёнашон фурӯд меояд, аз хоб бедор мешаванд.

Оре Ҳамза(рз) Ислом овард ва ончиро, ки дар синааш махфӣ намуда буд, дар миёни он ҷамъ ошкор намуд ва он мардуми ҳайратзадаи ноумедро ҳамроҳ бо Абуҷаҳл, ки хуни сару сураташро пок мекард, ба ҳоли худ раҳо кард ва камонашро бар дӯш ниҳод ва бо қудрату гомҳои устувор роҳи хонаро дар пеш гирифт.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед