Паёмбарон паёмоварони ҳуррият ва озодӣ (бахши аввал)

0
123

Ба номи Худованди башхандаи меҳрубон

Инсон баръакси дигар махлуқоти Худованд вижагие ба номи “ирода ва ихтиёр” дорад. Ирода сифатест, ки дар зоту моҳияти инсон вуҷуд дорад. Ин вижагӣ ба одам ин имкониятро медиҳад, ки дар маҳдудаи қудрату тавони худ  ихтиёри анҷом додани амал ва ё тарки онро дар даст дошта бошад. Бар асоси дини Ислом, ҳар инсоне ҳаққи интихоб дошта ва дар интихоби хубу бад, зишту зебо, ҳаққу ботил, куфру имон озод аст. Инсоне, ки ҳаққи интихоб ва ихтиёрро надошта бошад метавон гуфт, ки ӯ аз доираи инсоният берун буда ва ҳуррияту озодиро ҳам аз лиҳози ҳуқуқӣ ва ҳам аз лиҳози маънавӣ дарк накардааст.

Дар ин навиштор ҳуррияту озодии ҳуқуқӣ ва маънавиеро, ки паёмбарон (а) ба хусус Паёмбари Акрам (с) барои мо ба армағон оварданд,  баён мекунем.

Маънои ҳуррият

Ҳуррият ба маънои озодӣ, озодагӣ ва озодмардӣ аст, ҳуррият яъне озодӣ аз бандагии ғайри Худо, берун шудан аз бандагии махлуқот ва дил кандан аз дилбастагиҳову вобастагиҳо ва қатъи умед аз ғайри Худо. (Рисолатул-қушайрия, саҳ 100)

Вобастагиҳо

Гоҳе инсон асиру бардаи соҳибони қудрат ва сарват мешавад ва онҳо неруи ҷисмонии ӯро дар кантроли худ мегиранд ва аз ин тариқ инсонро ба фақру нотавонӣ мекашанд ва баъзан аз ин ҳам бештар, ақлу рӯҳи вайро асир мекунанд.

Аммо бадтар аз инҳо он аст, ки инсон худ неруи рӯҳонӣ ва ақлонии худро асири нафсу хоҳишҳои беасос кунад. Ҳар кадом аз неруҳои дарунии инсон аз ҷумла ғазабу шаҳват, ба шарти риояти эътидол ва истифода бурдани ақл сарчашмаи баракатҳои зиёде ҳастанд ва ифроту тафрит дар парвариши ин неру сабаби асир шудани инсон ва нобудии неруи ақлонии ӯ хоҳад шуд.

Чуноне, ки ишғолгарони ҷисми инсон монеи рушди саҳеҳи ҷисмонии ӯ мешаванд, шаҳватҳои инсон ҳам монеъ аз расидан ба камолоти рӯҳонӣ мешавад, ки дар ҳақиқат поёнаш асорати ҳақиқии инсон аст. Дар ин сурат инсон неруи ақлро бо ихтиёри худ дар қафаси насф ва пас аз он дар доми шайтонҳои берунӣ гирифтор мекунад. Бар ин асос озодии ҳақиқӣ озодии ақли инсон аст. Шахсе, ки бо андешаи озод ва ба хотири Худо неруи шаҳвонии худро контрол карда дар ихтиёри худ гирад, худро ҳаргиз асири дигарон намесозад ва иззату ҳиммати баланди худро таслими ишғолгарону манфиатталабон накарда, озодии дигаронро ҳам намегираду ононро асири худ намекунад. Пас бадтарин навъи асорат, асир шудани рӯҳу ҷони инсон бо занҷири шаҳватҳо аст.

Даъвати паёмовари Худованди Мутаол ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) ба ҳуррият  даъват ба озодӣ аз худоёни пароканда ва бандагии Худои ягонаи беҳамто аст:

أَأَرْبَابٌ مُتَفَرِّقُونَ خَيْرٌ أَمِ اللَّهُ الْوَاحِدُ الْقَهَّارُ

“Оё маъбудони пароканда беҳтаранд ё Худои яктои ғолиб?” (Сураи Юсуф, ояти 39)

Рафтор ва суннати Паёмбари Акрам (с) шеваи ҳуррият аст ва мақоми он ҳазрат (с) озод кардани инсон аз ҳамаи бандҳо ва занҷирҳо аст. Рисолат ва ҳадафи тарбиятии эшон ин буд, ки инсонро ба мақоми ҳуррият ва озодӣ бирасонанд.

Рисолати ҳамаи паёмоварони илоҳӣ расондани инсон ба озодии ҳақиқӣ (ҳуррият) будааст, то мардумро аз бандагии ғайри Худо озод созанд ва ба бандагии Худо бирасонанд, зеро миёни бандагии Худо ва ҳуррият иртиботи наздик барқарор аст ва инсон ба ҳар андозае, ки бандаи Худо шавад ба ҳамон андоза озод мешавад. Ба ҳамин хотир даъвати ҳамаи паёмбарон ба бандагии Аллоҳ ва манъ аз ибодати ғайри Худо аст:

وَلَقَدْ بَعَثْنَا فِي كُلِّ أُمَّةٍ رَسُولًا أَنِ اعْبُدُوا اللَّهَ وَاجْتَنِبُوا الطَّاغُوتَ

“Ва ба таҳқиқ дар ҳар уммате паёмбаре барангехтем, ки Худоро бипарастед ва аз тоғут дурӣ кунед.” (Сураи Наҳл, ояти 36)

Асоси вазифаи паёмоварони илоҳӣ даъват ба ибодати Аллоҳ ва дурӣ аз тоғут аст, зеро пеши рӯи инсон ду масир бештар вуҷуд надорад, ё Бандагии тоғут ва ё бандагии Аллоҳ ва то замоне, ки инсон аз тоғут дурӣ накарда Худоро ибодат накунад, ислоҳ немешавад. Асоси низоми тарбиятии паёмбарон (а) ва шеваи тарбиятиашон ҳамин бандагии Аллоҳ ва дурӣ аз тоғут аст.

Сарчашмаи ҳамаи фасодҳо дар он аст, ки одам худро мустақилу озод аз Худо медонад ва ё пайраву асири тоғутҳо мешавад, то замоне  ки чунин қонуне вуҷуд дошта бошад, асорат ҳам ҳаст.

Ҳамаи паёмбарон (а) талош кардаанд, ки бандагии Худоро исбот ва бандагии ғайри Худоро нафй кунанд, чуноне, ки оятҳои Қуръони Карим ба ин ҳақиқат ишора мекунад:

وَمَا أَرْسَلْنَا مِنْ قَبْلِكَ مِنْ رَسُولٍ إِلَّا نُوحِي إِلَيْهِ أَنَّهُ لَا إِلَٰهَ إِلَّا أَنَا فَاعْبُدُونِ

“Ва пеш аз ту ҳеҷ Паёмбаре нафиристодем, магар он ки ба ӯ ваҳй мекардем, ки дар ҳақиқат, ҳеҷ маъбуде ҷуз Ман нест, пас, Маро бипарастед.” (Сураи Анбиё, ояти 25)

Ин аст шеваи паёмбарон (а) ва роҳи даъвату масири тарбиятияшон. Онон ҳама қиём карданду фарёди баланди худро дар роҳи бандагии Аллоҳ ба кандани бандҳои асорат ва парастишу бандагии ғайри Худо ба гӯши ҳамагон расонданд ва охирин паёмовари ҳуррият бо рисолати озод кардани мардум аз ҳамаи асоратҳо ва расондани онҳо ба мақсади бандагии Худо ҳазрати Муҳаммат (с) буд.

Паёмбари Акрам (с) бо даъвати худ инсонҳоро аз қайду бандҳо озод мекунад ва касоне, ки ба он ҳазрат имон оваранд ёриаш кунанду аз эшон пайравӣ кунанд, ба ҳуррияту озодӣ ва растгорӣ расидаанд. (Сураи Аъроф, ояти 157)

Дини Ислом Ҳуррият ва озодии ҳақиқиро дар бандагии Аллоҳ медонад, яъне дурӣ аз тоғут ва таслим нашудан дар баробари ғайри Худо.

Худованд Паёмбари Акрам (с)-ро дастур медиҳад, ки мардумро ба озодӣ аз худоёни ғайри ҳақиқӣ даъват кунад ва ба онҳо ёдоварӣ кунад, ки Худои яктои ғолиб басандааст.

Паёмбар (с) мардумро ба ҳуррияти комил даъват кард, рисолати эшон озод кардани инсон аз ҳар гуна бандагии ғайри Худо, хиёлҳову хурофот, одатҳову расмҳои ғалат, андешаҳои ботил ва сар хам накардан дар баробари ғайри Худо аст.

Роҳе, ки Паёмбар (с) барои наҷоту саодати инсон нишон додаанд, роҳи озодии инсон аз банди ибодати ғайри Худо аст. Дини Ислом бо ибодати Худо ҳурриятро фароҳам мекунад ва дар ҳақиқат иқрору эътироф ба бандагии Худованд аст, ки сабаби озодии инсон аз бандагии дигарон мешавад ва боиси каромати шахсияти ӯ мегардад ва ӯро шоиста ва лоиқи мақоми инсоният ва дар натиҷа фарди солеҳ дар ҷомеа месозад.

Идома дорад… .

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед