Зулм ва оқибати он дар ривоёт

0
235

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
Зулм ва оқибати он дар ривоёт

Маънои Зулм
Луғат шиносон зулмро ба маънои хурӯҷ аз ҳадди эътидол, қарор додани чизе дар ғайри ҷои худаш ва ситам кардан баён кардаанд. (Лисонулараб, вожаи зулм).
Зулм ва ситам аз гуноҳоне аст, ки дар Қуръони Карим ва ривоёт мавриди мазаммат қарор гирифтааст. Фарқ надорад, ки ин зулм нисбат ба Худованд аст ё худаш ё ҳамсараш ва ё ятимон чизе, ки муҳим аст он аст, ки шахси золим бидонад, ки пеш аз онки ба дигарон зулм кунад ба худаш зулм мекунад барои он, ки зиёни он зулм ба худаш мерасад ба сурате, ки ҳам дар дунё ва ҳам дар охират Худованд ӯро азоб хоҳад кард.
Ақсоми зулм

  1. Зулм ба Худованд: Монанди такзиби оятҳо ва нишонаҳои илоҳӣ ва сарпечӣ аз дастурҳои Худованд.
  2. Зулм ба худ: Монанди ибодати ғайри Худо ё тавба накардан баъд аз гуноҳ.
  3. Зулм ба дигарон: Монанди зулми молиявӣ ва гирифтани рибо ё қарзро адо накардан ё каффораи гуноҳ ё закотро адо накардан ва ё зулми ҳуқуқӣ монанди зулми ҳокимон бар мардум ё зулм ба ҳамсар ё фарзандон ё ятимон ё зердастон ё зулм ба мазлумон.
  4. Сукут дар баробари зулми золим; Сукут дар баробари зулми золим монанди мушорикат дар зулм аст, барои он, ки золимро ба зулм кардан тарғиб мекунад ва дар азоби золим ҳам шарик хоҳад буд.
    Масъалаи зулму ситам дар аҳодисаҳва ривоёти Паёмбари Раҳмат ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифта ва нисбати парҳез аз он ҳушдор додаанд, ки мо дар инҷо бархе аз он аҳодисро аз назари хонандаи азиз мегузаронем.
    Паёмбари Акрам (с) дар мавриди оқибати зулм дар охират ҳушдор дода мефармоянд:

إِیَّاکُمْ وَ اَلظُّلْمَ فَإِنَّ اَلظُّلْمَ ظُلُمَاتٌ یَوْمَ اَلْقِیَامَةِ

Аз зулм кардан дурӣ кунед чаро, ки зулм сабаби торикиҳо ва зулматҳои Рӯзи Қиёмат хоҳад шуд. (Муснади Имоми Аъзам/ китоби одоб/ саҳ 890 ҳ 466).
Боз дар ҷои дигар расули Худо (с) фармуданд:

إتَّقُوا الظُلمَ فّانَّ الظُلمَ ظُلُمَاتُ یَومَ القِیمَةِ

Аз зулм парҳез кунед чаро, ки зулм сабаби торикиҳо дар Рӯзи Қиёмат хоҳад шуд. (Муснади Имом Аҳмад, ҷ 2, саҳ 105).
Расули Худо (с) боз дар мавриди парҳез аз зулм ва ситамгарӣ фармуданд:

أیُّهَا النَّاسُ اتَّقُو الله فَوَ الله لا یَظلِمُ مُؤمِنٌ مُؤمِناً إلَّا انتَقَم الله تَعالی مِنه یَومَ القِیامَةِ

Эй мардум аз Худо битарсед ба Худо савганд, ки ҳеҷ муъмине ба муъмини дигар зулму ситам намекунад магар онки дар Рӯзи Қиёмат Худованди Таоло аз ӯ интиқом мегирад. (Канзулаъмол, ҷ 3, саҳ 503).
Паёмбари Акрам (с) дар бораи оқибати зулм ба дигарон мефармоянд:

إنَّ اللهَ تعالی یُعَذِّبُ یَومَ القِیامَةِ الّذین یُعَذِّبونَ النَّاسَ فِی الدُنیا

Худои Таоло дар Рӯзи Қиёмат касонеро, ки дар дунё мардумро азоб кардаанд, ҳатман азоб хоҳад кард. (Саҳеҳ Муслим, ҷ 8, саҳ 32).
Паёмбари Аъзам (с) дар мавриди ақсоми зулм мефармоянд:

اَلظُّلْمُ ثَلاثَةٌ: فَظُلْمٌ لايَغْفِرُهُ اللّه ُوَ ظُلْمٌ يَغْفِرُهُ وَظُلْمٌ لايَتْرُكُهُ، فَأَمَّا الظُّلْمَ الَّذى لايَغْفِرُ اللّهُ فَالشِّرْكُ قالَ اللّهُ إنَّ الشِّرْكَ لَظُلْمٌ عَظيمٌ وَ أَمَّا الظُّلْمَ الَّذى يَغْفِرُهُ اللّه ُفَظُلْمُ الْعِبادِ أَنْفُسَهُمْ فيما بَيْنَهُمْ وَ بَيْنَ رَبِّهِمْ وَ أَمَّا الظُّلْمَ الَّذى لا يَتْرُكُهُ اللّه ُ فَظُلْمُ الْعِبادِ بَعْضُهُمْ بَعْضًا

Зулм се қисм аст: Зулме, ки Худованд онро намебахшад, зулме, ки Худованд онро мебахшад ва зулме, ки Худованд онро раҳо намекунад, аммо зулме, ки Худованд онро намебахшад ширк аст Худованд мефармояд: Яқинан зулм ширки бузурге аст, аммо зулме, ки Худованд онро мебахшад зулми бандагон бар хештан аст, ки миёни худ ва парвардигорашон анҷом мешавад, аммо зулме, ки Худованд онро фаромӯш ва раҳо намекунад зулми бандагон ба якдигар аст. (Канзулаъмол, ҷ 3, саҳ 498).
Паёмбари Акрам (с) дар бораи сукут накардан дар баробари зулми золим мефармоянд:

إنَّ النَّاسَ إذا رَأو الظّالِمَ فَلَم یَأخُذُو عَلی یَدَیه أوشَک أن یَعُمَّهُم الله بِعِقابٍ مِنهُ

Ҳангоме, ки мардум ситамкорро диданд, аммо дасти ӯро нагирифтанд (монеаш нашуданд) бояд мунтазири азоби ҳамагонии Худованд бошанд. (Муснади Имом Аҳмад, ҷ 1, саҳ 7).
Паёмбари Акрам (с) дар мавриди парҳез аз кӯмак ба золим ва ситамгар мефармоянд:

أهلُ الجَور وَ أعوانُهُم فِی النّارِ

Золимон ва ситамгарон ва касоне, ки онҳоро кӯмак мекунанд дар ҷаҳаннам ҳастанд. (Мустадрак Ассаҳеҳайн, ҷ 4, саҳ 89)
Боз дар ҷои дигар мефармоянд:

مَن مشی مَع ظالِمٍ فَقَد أجرَمُ

Ҳар касе, ки ситамкорро ҳамроҳӣ кунад муҷрим аст. (Канзулаъмол, ҷ 6, саҳ85)
Паёмбари Акрам (с) дар мавриди тарс аз нафрин ва дуои ситамдида мефармоянд:

إتَّقُوا دَعوَةَ المَظلُوم وَ إن کَانَ کَافِراً فَإنَّها لَیسَ دُونَها حِجَابٌ

Аз нафрини мазлум ва оҳӣ мазлум битарсед агарчи кофир бошад, зеро монеъе аз иҷобати он нест. (Муснади Имом Аҳмад, ҷ 3, саҳ 153).
Боз дар ҷои дигар фармуданд:

إجتَنِبُوا دَعَوات المُظلُوم مَا بَینَها وَ بَینَ الله حِجَابٌ

Аз дуо ва нафрини мазлум битарсед барои онки байни нафринҳои ӯ ва Худо монеъ нест. (Муснади Абӣ Яъло, ҷ 2, саҳ 495).
Паёмбари Акрам (с) дар мавриди кӯмак ва ёрӣ кардани мазлум мефармоянд:

إذا وُقِعَ فِی الرَّجُل وَ أنتَ فِی مَلإٍ فَکُن لِلرَّجُل ناصِراً وَ لِلقَوم زَاجِراً وَقُم عَنهُم

Ҳангоме, ки касе дар рӯбарӯи чашми мардум мавриди ситам қарор мегирад ӯро ёрӣ кун қавмро аз ситам ба вай боз дор ва онҳоро тарк кун. (Канзулуммол, ҷ 3, саҳ586).
Боз дар ҷои дигар мефармоянд:

مَن دَعی عَلی مَن ظَلَمَه فَقَد انتَصَرَ

Ҳар касе, ки бар ситамгари хеш оҳу нафрин кунад кӯмак ва ёрӣ мешавад.
(Сунани Тирмизӣ, ҷ 5, саҳ 214).
Паёмбари Акрам (с) дар мавриди ҷойгоҳи мазлумон ва симатдидагон дар Рӯзи қиёмат мефармоянд:

إنَّ المَظلُومِینَ هُم المُفلِحُونَ یَومَ القِیامَةِ

Ситамдидагон ва мазлумони дунё дар Рӯзи Қиёмат растагорон ҳастанд.
(Ҷомеуссағир, ҷ 1, саҳ 324).
Натиҷа
Дини Мубини Ислом барои масъалаи зулм аҳаммият қоил аст ва барои решакан кардани он аз ҷомеа оқибати дарднокеро барои касоне, ки зулму ситам кунан таъин кардааст, дар муқобил аз мазлумон ҳимоят ва касоне, ки аз мазлумон ҳимоят кунан аҷру подош ваъда додааст.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед