Заминаҳои хуруҷ аз эътидол

0
118

Ба номи Худованди башханда ва меҳрубон

Чуноне, ки дар қисматҳои қабл гуфта гузаштем, эътидол ва миёнаравӣ аз ҷумлаи қонунҳои дини мубини Ислом аст, ки Қуръони Карим ва ривоёт ба риояи он дар ҳамаи ҷанбаҳои зиндагӣ аз ҷумла фардӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ таъкид кардаанд. Миёнаравӣ осори хубе дар зиндагии инсон бар ҷой мегузорад, ки баъзе аз ин осор дар дунё ва баъзе дигар дар охират ошкор мешавад.

Ислом таъкид мекунад, ки танҳо роҳи дуруст роҳи рост ва мустақим аст ва хориҷ шудан аз роҳи рост ва дучор шудан ба ифроту тафрит инсонро ба мақсад намерасонад. Ба ҳамин хотир бар мо лозим аст, ки заминаҳо (сабабҳо ва омилҳо)-и хориҷ шудан аз эътидолро бишиносем, то ҳам аз роҳи эътидол хориҷ нашавем ва ҳам бедории исломӣ ва усулгароии исломиро пешаи худ созем.

Заминаҳои хуруҷ аз эътидол

Худованди Мутаол дар Қуръони Карим теъдоди зиёде аз сабабҳои  хуруҷ аз миёнаравиро барои мо зикр кардааст, ки бархе аз онҳоро баён мекунем.

  1. Пайравӣ аз хоҳишҳои нафсонӣ ва фаромӯшии ёди Худо

Ифротгароён ва касоне, ки аз роҳи эътидол хориҷ шудаанд Худованд эшонро дар Қуръони Карим пайравони хоҳишҳои нафсонӣ муаррифӣ мекунад:

وَلَا تُطِعْ مَنْ أَغْفَلْنَا قَلْبَهُ عَنْ ذِكْرِنَا وَاتَّبَعَ هَوَاهُ وَكَانَ أَمْرُهُ فُرُطًا

“Ва аз касе, ки қалбашро аз ёди Худ ғофил сохтаем ва аз ҳавои [нафси] худ пайравӣ кардааст ва кораш зиёдаравӣ аст, итоат макун.” (Сураи Каҳф, ояти 28)

Худованди Мутаол дар ин оят ба Паёмбари Акрам (с) дастур медиҳад  аз касоне, ки пайравӣ аз ҳавои нафс мекунанд итоат накун, зеро касе, ки аз хоҳишҳои нафсонӣ пайравӣ кунад, чунин шахсе корҳояш аз эътидол хориҷ буда ва аҳли ифроту исрофу таҷовуз аз ҳад аст.

Дар ҷои дигар Қуръони Карим мефармояд, касоне, ки аз шаҳватҳо пайравӣ мекунанд мехоҳанд, ки шумо ба анвои инҳирофҳои шаҳвонӣ дучор шавед:

وَيُرِيدُ الَّذِينَ يَتَّبِعُونَ الشَّهَوَاتِ أَنْ تَمِيلُوا مَيْلًا عَظِيمًا

“Ва касоне, ки аз шаҳватҳо пайравӣ мекунанд, мехоҳанд, ки шумо дучори инҳирофи бузурге шавед.” (Сураи Нисо, ояти 27)

Пайравони ҳавои нафс ҳамеша талош мекунанд, ки худро дар анвоъи инҳирофоти ҷинсӣ ғарқ кунанд ва ҳамеша ифротгарӣ мекунанд, то ба ҳалокат расида нобуд шаванд. Ва барои инки дар ин роҳ танҳо набошанд, саъй мекунанд дигаронро ҳам ба ин роҳ бикашанд.

Ҳамчунин Қуръони Карим аз масеҳиён мехоҳад, ки дар дини худ “ғулув” ба маънои ифрот ва зиёдаравӣ дар дин ва таҷовуз аз ҳадду андоза накунанд ва аз яҳудиёне, ки дар паи ҳавои нафс дар дини худ ғулув карданд ва аз ҳадди эътидол хориҷ шуданд  пайравӣ накунанд:

قُلْ يَا أَهْلَ الْكِتَابِ لَا تَغْلُوا فِي دِينِكُمْ غَيْرَ الْحَقِّ وَلَا تَتَّبِعُوا أَهْوَاءَ قَوْمٍ قَدْ ضَلُّوا مِنْ قَبْلُ وَأَضَلُّوا كَثِيرًا وَضَلُّوا عَنْ سَوَاءِ السَّبِيلِ

“Эй аҳли Китоб! Дар динатон ба ноқаҳ “ғулув” (=зиёдаравӣ) накунед; ва аз хостаҳои гурӯҳе, ки аз пеш гумроҳ шудаанд ва бисёреро гумроҳ кардаанд ва аз роҳи дуруст гумроҳ шудаанд, пайравӣ накунед.” (Сураи Моида, ояти 77)

Масеҳиён ҳазрати Исо (а) ва яҳудиён ҳазрати Узайр (а)-ро фарзанди Худо медонанд (Сураи Тавба, ояти 30) ва дучори ғулув шуданд. Худованди Мутаол бо ёдоварии ин ду фирқаи аз эътидол хориҷ шуда ба мо гушзад мекунад, ки афкору ва ақоиди ниёконе, ки бар асоси ҳаво ва ҳавас бунёд шудааст, беарзиш ҳастанд ва набояд аз онҳо пайравӣ кард.

Ҳамчунин ояти мазкур ба сурати ошкор баён мекунад, ки сарчашмаи ғулув, ифрот ва хуруҷ аз эътидол пайравӣ аз ҳаво ва ҳаваси гумроҳон аст.

Ин оят бо ду қайди “гумроҳшудагон ва гумроҳкунандагон” ба мо мефаҳмонад  касоне, ки гумроҳ шуданд, аз талошу кушиш даст намекашанд, то дигронро ҳам гумроҳ карда аз роҳи эътидол хориҷ созанд.

Ба ҳамин хотир аст, ки Паёмбари Акрам (с) моро аз ҳамнишинӣ бо бадон манъ карда васият мекунанд, ки бо мӯъминону бузургону ҳакимон робита дошта бошем.

جَالِسُوا الکُبَرَاءَ وَ سَائِلُوا العُلَمَاءَ وَ خَالِطُوا الحُکَمَاءَ

Бо бузургон бинишинед; аз донишмандон бипурсед; ва бо ҳакимон шишту хез кунед. (Муъҷамул-кабири Табаронӣ, ҷ 22, саҳ 125)

  1. Куфр

Қуръони Карим яке дигар аз омилҳои хуруҷ аз ҳадди эътидолро куфр медонад:

وَمَنْ يَتَبَدَّلِ الْكُفْرَ بِالْإِيمَانِ فَقَدْ ضَلَّ سَوَاءَ السَّبِيلِ

“Ва ҳар кас куфрро бо имон иваз кунад, пас  дар ҳақиқат  роҳи дурустро гум кардааст.” (Сураи Бақара, ояти 108)

Тибқи ин оят бархе бо баҳонаҳои мухталиф мехостанд аз имон овардан сар боз зананд, Худои Мутаол ояти мазкурро нозил карда ба Паёмбари Акрам (с) фармуд:  касе, ки имонро табдил ба куфр кунад  аз роҳи рост ва роҳи адолат хориҷ шудааст.

  1. Ҷаҳлу нодонӣ

Ҳазрати Лут (а) ҷаҳлу нодонии қавми худро омили хуруҷи онҳо аз эътидол ва майли онҳо ба ҳамҷинсгароӣ муаррифӣ мекунад:

 أَئِنَّكُمْ لَتَأْتُونَ الرِّجَالَ شَهْوَةً مِّن دُونِ النِّسَاء بَلْ أَنتُمْ قَوْمٌ تَجْهَلُونَ

“Оё воқеан шумо аз рӯи шаҳват ба ҷои занон ба суроғи мардон меравед? Балки шумо гурӯҳи нодонед.” (Сураи Намл, ояти 55)

Тибқи дастури дини Ислом мардону занон бояд бо издивоҷ ва ташкили хонавода хоҳишҳои нафсонии худро бартараф кунанд ва ҳаркас роҳе ғайр аз издивоҷ барои лаззатҳои ҷинсии худ интихоб кунад аз чорчуби зиндагии зану шавҳарӣ фаротар рафта ва аз эътидол хориҷ шудааст, ба ҳамин сабаб Лут (а) қавми худ, ки занонро раҳо карда ва ба суроғи мардон мерафтанд ба шиддат сарзаниш карда ва онҳоро исрофкор мехонад.

Аз ояти 84 сураи Аъроф фаҳмида мешавад касоне, ки аз эътидол хориҷ шаванд, гуноҳ карда ва мустаҳаққи азоби Худованд хоҳанд буд:

وَأَمْطَرْنَا عَلَيْهِم مَّطَرًا فَانظُرْ كَيْفَ كَانَ عَاقِبَةُ الْمُجْرِمِينَ

“Ва борон[-и азоб]-ро бар онҳо борондем; пас, бингар саранҷоми гунаҳкорон чӣ гуна буд!”

  1. Робитаи мӯъминон бо душманони худ ва душманони Худо

Қуръони Карим ба ин матлаб ишора мекунед, ки эй касоне, ки имон овардаед, душмани Худо ва душмани худатонро дуст нагиред… Ҳар кас чунин кунад, аз роҳи рост хориҷ шудааст:

يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا لَا تَتَّخِذُوا عَدُوِّي وَعَدُوَّكُمْ أَوْلِيَاءَ… وَمَنْ يَفْعَلْهُ مِنْكُمْ فَقَدْ ضَلَّ سَوَاءَ السَّبِيلِ

“Эй касоне, ки имон овардаед! Душмани Ман ва душмани худро дӯстон нагиред… ва ҳар кас аз шумо онро анҷом диҳад, пас, қатъан роҳи дурустро гум кардааст.” (Сураи Мумтаҳана, ояти 1)

Ояти мазкур эҷоди робита ва дустӣ бо душманони худ ва Худоро омили гумроҳӣ ва сабаби хуруҷ аз роҳи имон, ихлос, тақвои илоҳӣ ва эътидол баён кардааст ва чӣ гумроҳие бадтар аз онки инсон пас аз расидан ба сарчашмаи имон ба Худо дубора гумроҳ шавад.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед