Вижагиҳои ҳоким ва ҳукумати исломӣ аз нигоҳи Қуръони Карим(бахши дуввум)

0
170

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Муқаддима

Ислом ба унвони як дин, ҷаҳонбинӣ ва тарҳи бузург барои зиндагии башар аст, ки дар тамоми мароҳили зиндагӣ ва ҷанбаҳои мухталиф корбурд дорад. Яке аз муҳимтарин заруратҳои ҳукумати исломӣ, ҳукмронӣ ва ҳокимияти шахси огоҳ ба қонунҳои исломӣ мебошад, то битавонад ҷомеаро ҳидоят кунад ва аз инҳирофи он ба сӯи беназмӣ ҷилавгирӣ намояд.

Фалсафаи ҳукумат ва ҳокимият ҳидоят кардани киштии ҷомеа ба соҳили мақсуд аст; агар ҳоким ва ҳукумат исломӣ бошад, ҷомеаро ба сарманзили мақсуд мерасонад ва заминаи комёбӣ ва саодатро баро ҷомеаи исломӣ фароҳам мекунад, аммо агар ҳокими фосид ва исрофкор ҳокимияти ҷомеаро ба ӯҳда бигирад, ҷомеа ба бероҳа кашида мешавад ва таслим дар баробари ӯ раво нахоҳад буд ва бояд нисбати иқдомоти ҳукуматии мухолиф бо дини Ислом бо ӯ муқобила кард. Дар манобеи исломӣ ҳам дар ин бора таъкидҳои фаровон шудааст ва метавон ингуна баён намуд, ки фасод омили аслии суқут ва фурӯпошии ҳукуматҳо будааст ва Худованди Мутаол ба зарурати итоат накардани фармони фасодкорон ва муқобила бо онҳо таъкид кардааст ва дар сураи Шуаро мефармояд:

وَلَا تُطِيعُوا أَمْرَ الْمُسْرِفِينَ

الَّذِينَ يُفْسِدُونَ فِي الْأَرْضِ وَلَا يُصْلِحُونَ

“Ва аз фармони исрофкорон итоат накунед;

Касоне, ки дар замин фасод мекунанд ва ислоҳ намекунанд.” (Сураи Шуаро, ояти 151-152)

Пешинаи баҳс

Дар доираи ин баҳс дар қисмати аввал ба бахше аз ин мавзӯъ ишора шуд ва чанд вижагии ҳокимон баён карда шуд: як; парҳез аз истибдод, ду; меҳрубонӣ ва меҳрварзӣ, 3; эҳсон ва некӣ ба мардум. Дар баҳси гузашта баён шуд ҳар ҳукумате, ки бар асоси роҳкорҳои исломӣ ва иҷрои фармонҳои илоҳӣ шакл нагирифта бошад, ҳадафҳои шайтонӣ, моддӣ ва дунявӣ сарлавҳаи он ҳоким ва пайравонаш мешавад. Дар идомаи баҳс ба вижагиҳои дигари ҳокимон аз нигоҳи Қуръони Карим ишора хоҳад шуд.

  1. Риояти адолат

Агар адолат ба маънои қарор додан ва ниҳодани ҳар чиз дар маҳалли ҳақиқии худ бошад, пас одил касе аст, ки ҳар чизеро дар ҷои худ қарор медиҳад; яъне ҳуқуқи ҳамаи афродро ба таври шоиста риоят мекунад ва андаке ҳам дар ин масъала кӯтоҳӣ намекунад.

Бояд гуфт, ки сарчашмаи адолат, имон аст ва имон, асос ва пояи адолат мебошад ва самара ва натиҷаи имону адолат ин аст, ки ин сифати  адолат, ки барои ҳокимон як вижагии зарурӣ дар масъалаи ҳокимият роҳгушо ва чароғи роҳ хоҳад буд. То инсон, диндории худро тақвият накунад ва дар худотарсӣ ба дараҷаҳои боло нарасад, дар иҷрои адолати ҳақиқӣ нотавон хоҳад буд; зеро мумкин нест мусалмоне иддаои имон дошта бошад, аммо дар айни ҳол адолатро дар ҳаёти иҷтимоӣ ва ҳатто дар зиндагии хонаводагии худ зери по бигузорад. Қуръони Карим мефармояд:

إِنَّ اللَّهَ يَأْمُرُكُمْ أَنْ تُؤَدُّوا الْأَمَانَاتِ إِلَى أَهْلِهَا وَإِذَا حَكَمْتُمْ بَيْنَ النَّاسِ أَنْ تَحْكُمُوا بِالْعَدْلِ إِنَّ اللَّهَ نِعِمَّا يَعِظُكُمْ بِهِ إِنَّ اللَّهَ كَانَ سَمِيعًا بَصِيرًا

“Дар ҳақиқат, Худо ба шумо фармон медиҳад, ки амонатҳоро ба аҳлаш баргардонед ва ҳангоме, ки дар миёни мардум ҳукм мекунед, ба адолат ҳукм кунед. Қатъан, чӣ некӯст он чи Худо шуморо ба он панд медиҳад. Ба дурустӣ ки Худованд шунавои биност.” (Сураи Нисо, ояти 58)

Қуръони Карим дар ояти мазкур масъалаи амонатро зикр карда ва хитоб ба ҳокимону доварон ва касоне, ки мансабу мақоме дар ҷомеаи башарӣ доранд, хитоб кардааст, дар вақти довариҳо ҳаққи мардумро риоят кунед ва аз ин масъала бо калимаи адолат истифода намудааст. Риояти адолат, дар ҳақиқат, тавре ҳам, ки дар ояти сураи Нисо омадааст, як панду андарзи некӯ ва чароғи равшане барои идомаи ҳаёти ҳокимон мебошад.

  1. Парҳез аз зулм

Зулм ба маънои ситам кардан ва озор расондан аст ва дар асли мафҳумии худ, ба маънои кам кардан, ё зиёд кардан ва ё гузоштани чизе дар ғайри ҷои худаш аст ва баръакси он чизе аст, ки дар боло барои маънои адолат баён шуд. Ошкортарин мавридҳои зулм, ки дар ҷомеаи башарӣ бештар вуҷуд дорад, озор расондан ба дигарон ва поймол кардани ҳаққу ҳуқуқи дигарон мебошад.

Дар Қуръони Карим ақсоми зулм баён шудааст; зулми инсон ба худаш, зулм ба Худованд ва ё зулм ба дигарон, ки ҳар кадом аз инҳо паёмадҳои хосси худашро дорад.

Парҳез аз зулму ситам, илова бар инки як вижагии хубу шоиста барои ҳамаи ҷомеа аст, аз нигоҳи Қуръони Карим шарти лозим барои ҳокимон мебошад ва бар асоси омӯзаҳои Қуръон, Худованди Мутаол натанҳо зулму ситамро шарти асосӣ ва лозими ҳокимият медонад, балки сарзаниши золимону ситамгаронро ҷоиз медонад ва худ ҳам онҳоро маломат мекунад. Қуръони Карим дар сураи Шӯро мефармояд:

إِنَّمَا السَّبِيلُ عَلَى الَّذِينَ يَظْلِمُونَ النَّاسَ وَيَبْغُونَ فِي الْأَرْضِ بِغَيْرِ الْحَقِّ أُولَئِكَ لَهُمْ عَذَابٌ أَلِيمٌ

“Роҳ[-и сарзаниш] танҳо бар касонест, ки ба мардум ситам мекунанд ва дар замин ба ноҳақ саркашӣ мекунанд; онҳо, барояшон азоби дарднокест.” (Сураи Шӯро, ояти 42)

Дар бахше аз достони ҳазрати Юсуф (а) ҳам дар Қуръони Карим мехонем:

قَالُوا يَا أَيُّهَا الْعَزِيزُ إِنَّ لَهُ أَبًا شَيْخًا كَبِيرًا فَخُذْ أَحَدَنَا مَكَانَهُ إِنَّا نَرَاكَ مِنَ الْمُحْسِنِينَ

قَالَ مَعَاذَ اللَّهِ أَنْ نَأْخُذَ إِلَّا مَنْ وَجَدْنَا مَتَاعَنَا عِنْدَهُ إِنَّا إِذًا لَظَالِمُونَ

“Гуфтанд: «Эй Азиз! Ҳамоно ӯро падарест, пири кӯҳансол; пас, яке аз моро ба ҷои ӯ бигир; ҳамоно мо туро аз некӯкорон мебинем.”

Гуфт: «Паноҳ бар Худо, ки ҷуз касеро, ки колоямонро назди ӯ ёфтаем, бигирем; он гоҳ қатъан мо аз ситамгарон хоҳем буд.” (Сураи Юсуф, ояти 78-79)

Ҳазрати Юсуф (а) бо вуҷуди тамоми рӯзҳои сахти ҳаёти худ аз давраи кӯдакӣ то ҷавонӣ ва афтодан ба зиндон, бо хосту иродаи илоҳӣ, ба ҳокимияти бузург даст ёфт, аммо бо дар замони иқтидораш ҳам, некӯкорӣ дар роҳу рафотораш намоён буд ва зулму ситамро бар касе раво намедонист ва он ҳазрат яке аз беҳтарин намунаҳои улгу барои ҳокимон мебошанд.

Аз назари Қуръони Карим он ҳазрат шоистагии идораи ҷомеаи кишварро ба таври комил дошт. Ҳам ҳофизи моли мардум буд ва илму дониши масоили иқтисодии кишварро медонист. Ҳазрати Юсуф (а) пас аз ба ӯҳда гирифтани ин мақоми муҳим, кишвари Мисрро аз гуруснагӣ ва буҳронҳои иқтисодӣ наҷот дод ва ба ҳадде қудрати иқтисодии Миср рушд кард, ки ба кишварҳои атроф ҳам кӯмак мекард.

Таваҷҷӯҳ дар оятҳои Қуръони Карим ва истифода аз улгуҳо, беҳтарин панду андарз барои касоне аст, ки масъалаи ҳокимияти як ҷомеаро ба ӯҳда мегиранд ва Худованди Мутаол ба таври комил тамоми вижагиҳои як ҳокими исломиро барои мардум баён кардааст. Қуръони Карим як барномаи комилу бенақс аз ҷониби Худованди Мутаол аст, ки чигуна зиндагӣ карданро ба мо омӯзиш додааст ва ҳукумат ҳам бахше аз зиндагии ҷомеаи башарӣ аст, пас ниёз ба як роҳнамои бенақс ва беҳтарин улгӯҳо дорем; роҳнамо Қуръони Карим аст ва паёмбарон ҳам беҳтарин улгӯҳо барои пайравони дини Ислом мебошанд.

Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед