Вижагиҳои ҳоким ва ҳукумати исломӣ аз нигоҳи Қуръони Карим(қисмати ҳафтум)

0
32

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Ислом ба унвони як дин, ҷаҳонбинӣ ва тарҳи бузург барои зиндагии башар аст, ки дар тамоми мароҳили зиндагӣ ва ҷанбаҳои мухталиф корбурд дорад. Яке аз муҳимтарин заруратҳои ҳукумати исломӣ, ҳукмронӣ ва ҳокимияти шахси огоҳ ба қонунҳои исломӣ мебошад, то битавонад ҷомеаро ҳидоят кунад ва аз инҳирофҳо ба сӯи беназмӣ пешгирӣ намояд. Фалсафаи ҳукумат ва ҳокимият ҳидоят кардани киштии ҷомеа ба соҳили мақсад аст; агар ҳоким ва ҳукумат аз навъи исломӣ бошад, ҷомеаро ба сарманзили мақсад мерасонад ва заминаи комёбӣ ва саодатро барои ҷомеаи исломӣ фароҳам мекунад, аммо агар ҳокими фосид ва исрофкор ҳокимияти ҷомеаро ба ӯҳда бигирад, ҷомеа ба бероҳа кашида мешавад. Бар асоси омӯзаҳои динӣ, таслим дар баробари ӯ (ҳокими фосид) раво нахоҳад буд ва бояд нисбати иқдомоти ҳукуматии мухолиф бо дини Ислом бо ӯ ба муқобила бархост. Дар манобеи исломӣ дар ин бора таъкидҳои фаровон шудааст ва метавон ингуна баён намуд, ки фасод омили аслии суқут ва фурӯпошии ҳукуматҳо будааст ва Худованди Мутаол ба зарурати итоат накардани фармони фасодкорон ва муқобила бо онҳо таъкид намуда ва дар сураи Шуаро мефармояд:

وَلَا تُطِيعُوا أَمْرَ الْمُسْرِفِينَ

الَّذِينَ يُفْسِدُونَ فِي الْأَرْضِ وَلَا يُصْلِحُونَ

“Ва аз фармони исрофкорон итоат накунед;

Касоне, ки дар замин фасод мекунанд ва ислоҳ намекунанд.” (Сураи Шуаро, ояти 151-152)

Пешинаи баҳс

Вобаста ба ин мавзӯъ дар қисматҳои гузашта вижагиҳои хоссе аз нигоҳи Қуръони Карим нисбати ҳокимон ва шароити ҳукуматдорӣ баён шуд ва баррасӣ шуд, ки Қуръони Карим вазифаҳоеро бар ӯҳдаи ҳокимон ва масъулони ҳукумат мегӯзорад, ки зарурӣ аст онҳо дар иртиботҳо ва шеваҳои рафтории худ бо мардум риоят кунанд, то заминаи саодат ва пешрафти ҷомеа шаванд; парҳез аз истибдод, меҳрварзӣ ва гузашт, эҳсону некӣ ба мардум, рияоти адолат, парҳез аз зулм, амонатдори огоҳ, тавоноии ҷисмӣ вижагиҳое буд, ки баён шуд ва дар идома охирин вижагии муҳими ҳокимон ва ҳукумати исломӣ, ки “пойбандӣ ба аҳду паймон” аст, мавриди баррасӣ қарор мегирад ва дар поён ҳам улгу будани паёмбарон барои ҳокимон баён хоҳад шуд.

  1. Пойбандӣ ба аҳду паймон

Яке аз муҳимтарин усули ахлоқи сиёсӣ, ки нақши бисёр муҳимме дар эътимоди шаҳрвандон ба сиёсатгузорон дорад, пойбандӣ ба ваъдаҳое аст, ки ҳукуматдорон ба мардуми худ бастаанд ва ба сабаби он паймонҳо эътимоду боварии мардумро ҷалб карда ва ба қудрат такия задаанд. Чӣ бисёр ҳукуматдороне, ки пас аз расидан ба қудрат тамоми ваъдаҳои худ ба мардуме, ки вайро бар сари қудрат оварадаанд, фаромуш карда ва ҳатто хилофи ончи ваъда додаанд, амал мекунад. Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси ривоятҳои ҳадисӣ, хилофи ваъда амал кардан аз нишонаҳо нифоқ дониста шудааст:

قَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: آيَةُ الْمُنَافِقِ ثَلَاثٌ: إِذَا حَدَّثَ كَذَبَ، وَإِذَا عَاهَدَ غَدَرَ، وَإِذَا وَعَدَ أَخْلَفَ

Раслуи Худо (с) фармуд: “нишонаи мунфоиқ се чиз аст: вақте, ки сухане бигӯяд, дурӯғ мегӯяд, агар ваъдае диҳад  бадпаймонӣ мекунад ва агар ба ҳайси амонатдор қарор дода шавад, хиёнат мекунад”. (Саҳеҳ Муслим, ҷ 1, саҳ 78).

Қуръони Карим ҳам дар сураҳои мухталиф бо баёнҳои гуногун ба пойбандӣ ба аҳду паймон таъкид кардааст ва дар сураи Раъд мефармояд:

الَّذِينَ يُوفُونَ بِعَهْدِ اللَّهِ وَلَا يَنْقُضُونَ الْمِيثَاقَ

“(Хирадмардон) касоне ҳастанд ба ваъдаҳои Худо вафо мекунанд ва паймонҳоро нақз намекунанд”. (Сураи Раъд, ояти 20)

Дар шарҳи ин ояти баёншуда ногуфта намонад, ки “аҳди Худо” ҳам паймонҳои фитрӣ мисли ҳимоят аз ҳақ ва барпо доштани адолатро шомил мешавад ва ҳам паймонҳои ақлӣ, монанди дарки ҳақиқатҳои олами ҳастӣ ва эътиқод ба ҳамчунин паймонҳои шаръӣ монанди анҷоми фарзҳо ва парҳез аз корҳои ҳаром аст. Нуктаи муҳим ин аст, ки ин аҳду паймонҳое, ки  байни инсонҳо баста мешавад ва Худованд ҳам риояти онҳоро лозим медонад, шомил мешавад.

Дар ҳақиқат бояд донист, ки паймон ба чизе гуфта мешавад, ки дили инсон ба он итминон ва боварӣ пайдо мекунад ва аз он ҷиҳат, ки вуҷуди як раҳбари исломӣ сабаби оромиши дилу ҷони инсонҳо мешавад, пас пойбандӣ ба он ваъдаҳо лозим ва зарурӣ мебошад.

Фахруддини Розӣ дар тафсири худ зери ин ояти мазкур ривоятеро баён кардааст, ки ба аҳамияти он меафзояд:

قَالَ رَسُولُ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «لَا إِيمَانَ لِمَنْ لَا أَمَانَةَ لَهُ وَلَا دِينَ لمن عَهْدَ لَهُ»

Расули Худо (с) фармуд: “касе, ки дар амонат хиёнат кунад, имон надорад ва касе ҳам, ки дар аҳду паймон намонад, дин надорад”. (Фахри Розӣ, тафсири Мафотиҳулғайб, ҷ 19, саҳ 23)

Аммо мутаассифона хилофи ваъда амал карданд ва паймоншиканӣ дар рӯзгори ҳозири мо ривоҷи фаровон ёфтааст, ба тавре, ки бисёре аз мардум ва ҳатто масъулон дар масоили мухталиф ба ваъдаҳои худ амал намекунанд; фурӯшанда ба замоне, ки бояд колоро таҳвил бидиҳад бетаваҷҷӯҳӣ мекунад, санъаткор дар ваъдаҳояш хилофкорӣ мекунад ва ҳатто маъсъулон ҳам ба ваъдаҳое, ки додаанд эътино намекунанд. Ин дар ҳоле аст, ки ҷомеаи исломӣ худро пайрави Расули Акрам(с) медонад ва он ҳазрат ба кӯчактарин ваъдаҳои худ ҳам амал мекард ва саросари зиндагии он ҳазрат дарси бузург барои касоне, ки ӯҳдадори як ҷомеа ва миллат ҳастанд ва метавонанд сармашқе барои мардум бошанд.

Расули Акарм(с) бо пойбандӣ ба аҳду ваъдаҳо як ҳаракати бисёр муҳим ва самарабахшро анҷом медоданд. Дар зиндагии он ҳазрат нақлҳои фаровон нисбати ин масъала вуҷуд дорад; рӯзе Расули Акрам(с) бо шахси дигаре дар канори санге ваъдаи дидор гузоштанд, офтоб боло омада буд ва ҳаво бисёр гарм шуд, аммо он шахс сари қарор наомад ва ҳазрат дар интизори он шахс буд. Асҳоб ҳазратро диданд ва гуфтанд, ки ҳаддиақал дар соя қарор бигирад, вале ҳазрат фармуд: “ман бо ӯ дар инҷо ваъдаи дидор дорам ва то ӯ наёяд аз инҷо ҳаракат нахоҳам кард”.

Аз ин рӯ аст, ки ҳукумати он ҳазрат, муваффақтин ҳукумати исломӣ будааст, зеро он ҳазрат дар кӯчактарин ваъдаҳо ҳам хилофи ваъда намекард. Дар маъслаи ҳукумат ҳам, ки зимоми масоили ҷомеаро дар даст доштанд, дар сахтарин замонҳои ҳукумат ҳам ба аҳду паймони худ пойбанд буданд ин як дарси сиёсат барои тамоми ҳокимони ҷомеаҳои исломӣ аст, ки ҳеҷгоҳ манфиатталабӣ накунанд ва омӯзаҳои диниро меҳвари ҳукуматдории худ қарор бидиҳанд.

Натиҷагирӣ

Вижагиҳои ҳоким ва ҳукумати исломӣ аз нигоҳи Қуръони Карим дар чанд бахш баён шуд ва ба таври хулоса метавон ингуна баён кард, ки “паёмбарони илоҳӣ, беҳтарин улгуи ҳокимон” мебошанд.

Барои ҳама маълум аст, ки яке муҳимтарин ҳадафҳои дин, таъмини саодату комёбии инсон дар дунё ва охират аст ва пайравӣ аз дастурҳои дин ва баҳраманди аз суннатҳои илоҳӣ сабаби беҳбуди зиндагии инсон ва расидан ба ҳамон саодати ҳақиқӣ мешавад. Аз тарафи дигар ҳам равшан аст, ки мухолифати бо дин, дунё ва охирати инсонро табоҳ месозад. Қуръони Карим ба унвони бузургтарин манбаъи исломӣ ва китоби ҳидоятгари башарият, аз паёмбарони бузурге ном бурдааст, ки бо фармони илоҳӣ ҳукумат ташкил додаанд ва зиндагии дунявии мардумро сомон бахшидаанд ва асосан ингуна метавон баён кард, ки аввалин давлату ҳукумат дар рӯи замин тавассути паёмарони илоҳӣ барпо шудааст. Дар Қуръони Карим оятҳои фаровоне аст, баъзе  ба таври ишора ва баъзе ҳам ба таври ошкоро аз ҳукумату раҳбарии Расули Акрам(с) сухан ба миён оварадааст ва ҳукумати он ҳазратро ба Худованди Мутаол нисбат додааст. Оятҳои фаровоне аз Қуръони Карим  Расули Худо(с) ва мӯъминонро ба иҷрои аҳкоме фармон медиҳад, ки иҷрои онҳо бидуни барқарории ҳукумат имкорпазир нест. Пас дар натиҷа ҳукумати динӣ яке аз сабабҳои қатъии рисолати паёмбарони илоҳӣ, ба вижа Расули Акрам (с) аст.

Вижагиҳои ҳоким ва ҳукумати исломӣ аз нигоҳи Қуръони Карим(қисмати шашум)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед