Усмон ибни Мазъун(рз) бахши сеюм

0
116

  Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Аввалин муҳоҷире, ки дар қабристони Бақиъ дафн шуд

 Дар қисматҳои қабл бо мушаххасот, ному насаб, хонавода ва замони Ислом овардан ва ҳиҷрату зиндагии Усмон ибни Мазъун(рз) дар Ҳабаша ва дигар вежагиҳои ин саҳобаи бовафо ва боимони росих ошно шудем ва инро низ қайд кардем, ки ин саҳобаи ҷалилулқадр яке аз собиқин дар Ислом овардан аст ва ҳамчунин эшон дар ин роҳ озору азиятҳое зиёде мутаҳммил шудааст.

Иншоаллоҳ дар ин қисмат ба идомаи достони ин саҳобаи бузурги Ислом мепардозем ва бо дигар вежагиҳое эшон ошно хоҳем шуд.

 Паноҳандагӣ ба Валид ибни Муғайра

Қонуни  “паноҳандгӣ” яке аз урфу одатҳои иҷтимоии қадим ва мавриди эҳтироми арабҳо буд. Ҳар гоҳ шахси нотавон ва бепаноҳе ба касе ва ё шахсияте паноҳанда мешуд (паноҳ мебурд) дар зери ҳимояти ӯ қарор мегирифт ва он шахси паноҳанда монанди аъзои қабилаи паноҳдеҳ мешуд ва агар касе ба он паноҳанда музоҳимат эҷод кунад, монанди ин аст, ки ба он шахс ва ё аъзои ӯ музоҳимат эҷод кардааст. Ин қонун дар миёни арабҳои мушрик низ риоят мешуд ва дорои эҳтиром ва аз мақому мартабаи волое бархурдор буд.

Вақте ки мусаломонон дар чанд қадамии Макка расиданд ва кор аз кор гузашта буд ва роҳи дигаре ҷуз вуруд ба Макка намонда буд, чанд нафар муваффақ шуданд, ки паноҳандагӣ дарёфт кунанд, аз ҷумлаи онҳо Усмон ибни Мазъун(рз) буд, ки ба Валид ибни Муғайра паноҳ бурд.

Усмон ибни Мазъун(рз) дар паноҳандагӣ аз амнияти комил ва зиндагии осоишта бархурдор буд, ба ҳама ҷо мерафт, дар маҷлисҳо ва ҷамъомадҳо озодона иштирок мекард ва касе ҷуръат намекард, ки ӯро озор диҳад.

Валекин  Усмон ибни Мазъун, ки дар мактаби Қуръон ва Паёмбар таълим гирифта буд, бо дидани мусалмонони нотавоне, ки паноҳ бурда наметавонистанд ва аз ҳар сӯ мавриди шиканҷа ва таъқиб қарор  мегирифтанд ва ӯ дар паноҳи Валид аз амният бархурдор буд ва мавриди озору азият қарор намегирифт, ин амният барояш гарон ва ногувор буд. Рӯҳи озод ва виҷдони покаш ором намегирифт ва ҳамеша худро маломат мекард. Барои ҳамин Усмон ибни Мазъун(рз) тасмим гирифт аз паноҳандагии Валид хориҷ шавад ва ин амнияте, ки боис шуда буд ӯро аз лаззати шиканҷа ва озору азаият дар роҳи Худо маҳрум кунад, аз байн бибарад ва бо дигар бародаронаш яксон шавад. (Байҳақӣ, Далоил-ул-нубувват, ҷ.2, саҳ.49)

 Достони хурӯҷ аз паноҳандагӣ

Замоне ки Усмон ибни Мазъун(рз), гирифторӣ ва фишори ёрони Паёмбар(с) ва ҳатто худро дар сояи пуштибонии Валид ибни Муғайра дид, ба худ гуфт:

Қасам ба Худо, ки зиндагии осоиштаи ман дар сояи шахси мушрик ва бутпараст, дар ҳоле ки дӯстон ва бародарони мусулмони ман зери фишор ва шиканҷа қарор доранд, барои ман як камбудии бузург аст.

Пас аз ин андеша ба назди Валид ибни Муғайра рафт ва гуфт:

Эй Абдушамс! Ту ба ваъдаи худ вафо кардӣ ва ҳаққи ҳимоят ва муҳофизат аз манро иҷро кардӣ, аммо ман имрӯз аз паноҳандагӣ ва ҳимояти ту хориҷ мешавам.

Валид гуфт: Эй бародарзода барои чӣ ин корро анҷом медиҳи? Оё касе шуморо нороҳат кардааст?

Усмон(рз) гуфт: Не. Ман мехоҳам баъд аз ин дар зери ҳимояти Худо бошам ва дар зери сояи ҳеҷ кас ҷуз Худо набошам.

Валид гуфт: Ҳамон тавре ки ман паноҳандагии туро ошкоро эълон кардам, ту низ бояд монанди ман хориҷшудани худ аз паноҳандагиро дар Масҷид-ал-Ҳаром ва дар ҳузури мардум ба таври ошкор эълом куни.

Сипас ҳарду ба Масҷид-ал-Ҳаром рафтанд, ки Валид ба мардум рӯй оварда гуфт: Усмон ибни Мазъун(рз) имрӯз аз паноҳандагии ман хориҷ мешавад.

Усмон(рз) гуфт: Дуруст мегӯяд, Валид ваъдаи худро хуб иҷро кард ва дар ин муддат он чизеро, ки барои ҳимояти ман лозим буд, иҷро кард, аммо аз имрӯз ман намехоҳам дар зери сояи касе ба ҷуз Худо бошам.

Он рӯз ингуна Усмон ибни Мазъун(рз) аз паноҳандагии Валид худро озод кард ва пас аз шиканҷа шудан изҳори хушҳолӣ мекард. (Ибни Ҳишом, Сират-ун-набавия, Дор-ул-маърифа, ҷ.1, саҳ.333)

Шуҷоати Усмон ибни Мазъун(рз)

Рузе шоири маъруф Лабид ибни Рабия вориди Макка шуда буд ва ба муносибати омадани ӯ барои баргузории шеърҳояш маҷлиси бошукӯҳ барпо карданд, то ӯ шеърҳояшро бихонад. Усмон ибни Мазъун(рз) низ ба маҷлис даромад.

Лабид суханро оғоз кард ва ин мисраъро хонд:

آلاکُلُّ شَیءٍ ما خَلَا الله بَاطِلٌ

Ҳама чиз ҷуз Худо ботил ва нестшаванда аст.

Усмон гуфт: Офарин, дуруст гуфтед.

Лабид мисраи дуюмро хонд:

وَ كُلُّ نَعِيمٍ لَا مُحَالَةَ زَائِلٌ

Ва ҳар неъмате хоҳ нохоҳ нобудшавандааст.

Усмон гуфт: Дурӯғ гуфтед, неъматҳои биҳишт, ҳаргиз фано намешаванд, танҳо неъматҳои дунё фано ва нобуд мешаванд.

Лабид гуфт: Эй мардуми Қурайш! Ҳаргиз собиқа надошт дар маҷлиси шумо ингуна беадабӣ дида шавад, аз кай ин тавр шудааст?

Яке аз ҳозирон гуфт: “Ин як марди беақл аст, ки аз дини мо хориҷ шудааст. Аз суханони ӯ нороҳат нашав.”

Усмон(рз) ҷавоби тунде ба ӯ дод ва дар байни онҳо баҳс сар зад ва дар ин вақт он мард ба рӯйи Усмон(рз) як силии муҳкам зад ва дар натиҷа яке аз чашмони Усмон(рз) осеб дида ва кабуд шуд.

Валид ибни Муғайра, ки дар он маҷлис ҳузур дошт, гуфт: Бародарзода! Агар шумо зери ҳимояти ман мебудед, ҳеҷ кас ҷуръат намекард, ки ба чашмат зарбае занад.

Усмон(рз) гуфт: Не, қасам ба Худо, чашми дигари ман, ки солим аст, омода ва муҳтоҷ аст, то дар роҳи Худо кабуд шавад. Ман таҳти ҳимояти касе ҳастам, ки аз ту қавитар ва бузургтар аст.

Валид гуфт: Эй бародарзода, агар дубора ба ман паноҳ бурдан бихоҳӣ, ман омодаам, то аз ту ҳимоят кунам.

Усмон (рз) гуфт: Не ва сипас дар ҳоле ки чашмаш дарди сахт дошт, аммо бо рӯҳияи оҳанин ва шод маҷлисро тарк кард.

Ҳангоми бозгашт ба хона ин шеърҳоро бо худ зам-зама мекард:

فإن تك عيني في رضا الرب نالها          يدا ملحد في الدين ليس بمهتدي

فقد عوض الرحمن منها ثوابه               ومن يرضه الرحمن يا قوم يسعد

وإني وإن قلتم غوي مضلل                  سفيه غلى دين الرسول محمد

اريد بذاك الله والحق ديننا                   على رغم من يبغي علينا ويعتدي

Агар чашми ман дар роҳи Худо аз дасти як шахси гумроҳ ва бутпараст зарба хурд,

Худованд подоши онро медиҳад, хушбахт касе аст, ки Худованд аз ӯ хушнуд аст.

Гарчанде ки маро гумроҳ ва ҷоҳил номидаед, ман ба хотири дини Муҳаммад зиндаам.

Дар ҳоле ки моро мавриди зулму ситам қарор медиҳанд, аммо даст аз парастиши Худои ягона ва пайравӣ аз дини Ислом бар нахоҳам дошт.

(Мардони гирдогирди Паёмбар(с) Холид Муҳаммадхолид, с 227)

Бале бародарони азиз, дар он рӯз саҳнаи ҳаёт шоҳиди марди далер ва шуҷоъ буд, ки бо вуҷуди камшумор ва дар ақалият будани мусалмонон ва аз лиҳози зоҳири заифу нотавон башумор меомаданд, вале Усмони ибни Мазъун(рз) бо шуҷоати тамом ва имони ростин вориди маҷлиси мушрикон шуда ва дини Худоро таблиғ мекарда ва аслан ҳам кӯтоҳ намеомад ва бо итминон баҳсу мунозира мекард.

Идома дорад…

Усмон ибни Мазъун(рз) бахши дуввум

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед