Усмон ибни Мазъун(рз) бахши чорум

0
49

 Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Аввалин муҳоҷире, ки дар қабристони Бақиъ дафн шуд.

 Дар қисматҳои қабл бо мушаххасот, ному насаб, хонавода ва замони Ислом овардан ва ҳиҷрату зиндагии Усмон ибни Мазъун(рз) дар Ҳабаша ва дигар вижагиҳои ин саҳобаи бовафову боимон  ва росих ошно шудем ва инро низ қайд кардем, ки ин саҳобаи ҷалилулқадр яке аз собиқин дар Ислом овардан аст ва ҳамчунин эшон дар ин роҳ озору азиятҳое зиёде мутаҳаммил шудааст.

Иншоаллоҳ дар ин қисмат ба идомаи достони ин саҳобаи бузурги Ислом мепардозем ва бо дигар вежагиҳои эшон ошно хоҳем шуд.

 Ҳиҷрат ба Мадина

Баъд аз қатъи паноҳандагии Валид, Усмон(рз) ба ҳама гуна шиканҷа ва фишорҳои Қурайш тоб овард ва ба василаи ин азобҳо ба мақоми бузург ноил шуд, зеро ин озору азиятҳо мисли оташе буд, ки имони ӯро пок мекард.

Замоне ки Паёмбари Акрам(с) ба мусалмонон дастури ҳиҷрат ба Мадинаро дод Усмон(рз) ба Мадина ҳиҷрат кард, онҷо дигар на Абӯҷаҳл ва на Абӯлаҳаб метвонист оромишу розу ниёзҳои ӯро барҳам занад ва на Умайяву Утба ва на ҳеҷ яке аз ин гуна ваҳшиёне, ки ба мусалмонон шабҳои дароз иҷозати хобидан надодаанд ва нагузоштанд дар рӯз оромиш дошта бошанд.

Бале Усмон(рз) мисли дигар асҳоби Паёмбар(с), ки аз озмоишҳои хеле душвор, вазнин ва даҳшатовар сарбаланду сарафроз берун омаданд, ба шаҳри Мадина ҳиҷрат кард. ( Балозурӣ, Ансобул-Ашроф, 1394 қ, ҷ.1, саҳ.271)

Паймони бародарӣ:

Пас аз ҳиҷрат ба Мадина Паёмбар(с) байни Усмон ибни Мазъун ва ибни Табиҳон паймони бародарӣ барқарор кард. (Балозурӣ, Ансобул-Ашроф, 1394қ, ҷ.ё саҳ.271)

 Ҳамчунин Расули Худо(с) миёни ӯ ва Аббос ибни Убода (яке аз шаҳидони ҷанги Уҳуд) низ паймони бародарӣ баст. (Ибни Асир, Усдул-Ғобаҳ, 1409қ, ҷ.3 саҳ.60)

 Гӯшанишинӣ барои Худо

Дар Мадина, (маркази муҳоҷират) шахсияти бузург ва чеҳраи асосии Усмон ибни Мазъун(рз) торафт намоёнтар мешуд.

Ӯ фарди обид, зоҳид ва бадур аз дилбастагиҳои дунё ва таслими фармонҳои Худо ва Расули Худо(с) буд.

Ӯ шахси пок ва гаронқадр буд, ки ҳаргиз дар ҷое гӯшагир намешуд, балки зиндагии ӯ саросар кӯшиш ва талош дар роҳи Худо буд.

Ӯ марди меҳроби ибодат ва майдони ҷанг буд, шабҳо ба ибодат ва рӯзҳо ба ҷиҳод дар роҳи Худо мепардохт, ҳамаи умраш дар ибодат ва ҷиҳод сипарӣ шуд.

Ҳарчанд ёрони Паёмбар(с)- хусусан дар он замон – рӯҳи зоҳид ва бе майлу рағбат нисбат ба лаззатҳои дунё буданд, аммо Усмон ибни Мазъун(рз) як ҳолати хоссе дошт, ӯ тавваҷҷӯҳ ва муроқибати аҷибе дар роҳи Худо дошт, ба тавре ки қисми зиёди шабу рӯзро бо ҳаваси хоссе дар намоз ва розу ниёз бо Худо мегузаронд ва чун ибодатро чашида буд, тасмим гирифт, ки худро аз ҳамаи дилбастагиҳои моддие, ки мардумро ба ваҷд меоварданд, раҳо кунад.

Усмон ибни Мазъун онқадар ошиқи ибодат шуд, ки мехост дунё ва лаззатҳои онро тарк кунад. Аз ин рӯ хонае инттхоб кард ва дар он ба ибодат нишаст, аммо Расули Худо(с) назди ӯ омад ва чаҳорчӯбаи дарро гирифт ва фармуд: “Эй Усмон, Худованд маро барои раҳбоният (касоне, ки дунёро раҳо мекунанд) мабъус накард ва (ин суханро се маротиба такрор кард) беҳтарин дин назди Худованд, дини тавҳидӣ ва осонгир аст”. Паёмбар(с) ингуна ӯро аз гӯшанишинӣ манъ кард. (Ибни Абдулбир, Юсуф ибни Адуллоҳ, Ал-истиъоб, ҷ.3 саҳ.1055)

Содазистии Усмон ибни Мазъун(рз)

Усмон ибни Мазъун(рз) бисёр сода зиндагӣ мекард ва либоси сода мепӯшид ва ба андак ғизо иктифо мекард.

Рӯзе Паёмбар ва чанд мусулмон дар масҷид нишаста буданд.

Усмон(рз) ба масҷид ворид шуд, дар ҳоле ки либоси кӯҳнае ба тан дошт, ки ба он васлае зада буд.

Паёмбар(с) ӯро дид ва барои ӯ дилаш сӯхт ва ашк аз дидагони мусалмонон сарозер шуд, Паёмбар(с) фармуд: “Вақте ки ҳар яки шумо либосҳои гуногун дошта бошед ва дастархони шумо пур аз хӯрокҳои гуногун ва пардаҳои рангоранг ва қолинҳои аҷиб хонаҳои шуморо бипӯшонанд, шумо чӣ гуна хоҳед буд?”

Саҳобагон гуфтанд: “Албатта, дӯст дорем чунин шавад, то ба рифоҳ ва осоиш бирасем.”

Паёмбар(с) гуфт: “Чунин рӯзе хоҳад расид, аммо имрӯзи шумо беҳтар аз он рӯз аст”

Вақте ки ибни Мазъун(рз) ин суханонро мешунид, табиӣ буд, ки ӯ майлаш ба зиндагии содда бештар шавад ва аз лаззатҳои моддии дунё рӯ гардонад.

Даргузашти Усмон ибни Мазъун:

Усмон ибни Мазъунро Паёмбар(с) хеле  дӯст медошт, вақте ки Усмон охирин лаҳзаҳои умрашро сипарӣ мекард, то аввалин муҳоҷире дар Мадина бошад, ки тарки дунё гӯяд ва ба сӯи биҳишт бишитобад. Паёмбар(с) дар канори бистараш нишаста буд, хам шуд ва бӯсае бар пешонии Усмон зад ва гуфт: “Усмон, Худо туро раҳмат кунад, ту дар тамоми умри худ аз дунё баҳра нагирифтӣ ва дунё низ натавонист туро фиреб диҳад.”

Пас аз марги Усмон(рз), Паёмбар(с) ӯро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накард ва пайваста ӯро ёд мекард ва ситоиш мекард. Паёмбар(с) Усмон(рз)-ро чунон дӯст медошт, ки вақте фарзандаш аз дунё гузашт ӯро дар қабристони Бақиъ ва дар канори ӯ дафн кард ва гуфт: “Ӯ ба дӯсти хуб ва некӯкори мо  Усмон ибни Мазун(рз) ҳамроҳ шуд.” (Ибни Абдулбир, Юсуф ибни Адуллоҳ, Ал-истиъоб, ҷ.3 саҳ.1055)

Усмон ибни Мазъун(рз) нахуснин муҳоҷире буд, ки дар соли дуввуми ҳиҷрии қамарӣ (22-моҳ пас аз вуруди Паёмбар(с) ба Мадина) дар шаҳри Мадина аз дунё гузашт ва дар қабристони Бақиъ дафн шуд.

Усмон ибни Мазъун(рз) бахши сеюм

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед