Убода ибни Сомит (рз)

0
194

Ба номи Худованди бахашандаи меҳрубон

Мардони атрофи Паёмбар (с)
Нависанда: Холиди Муҳаммадхолид
Мутарҷим: Каюмарси Юсуфӣ

Убода ибни Сомит(рз) сардастаи мардони Худо

Убода ибни Сомит(рз) аз асҳоби Ансор аст, ки Паёмбар(с) дар бораи онҳо фармуд:
«Ансор ҳар куҷо бираванд, ман низ ҳамон ҷо хоҳам рафт ва аз онҳо ҷудо намешавам ва агар ҳиҷрат набуд ман яке аз Ансор будам».

Убода ибни Сомит(рз) натанҳо яке аз афроди Ансор буд, балки яке аз бузургони эшон ба шумор мерафт, ки Паёмбар(с) ӯро ба раёсат ва раҳбарии қабила ва хешонаш интихоб кард.

Дар ҷараёни «байати ақабаи аввал», ки нахустин ҳайати Ансор аз Мадина ба Макка омаданд, Убода(рз) яке аз дувоздаҳ нафаре буд, ки барои аввалин бор дасти байъат дар дасти Паёмбар(с) гузошта ва Ислом оварданд ва қавл доданд, ки аз Паёмбар(с) ҳимоят ва пуштибонӣ намоянд.

Соли баъд дар мавсими ҳаҷ ҳангоми байъати ақабаи дуввум, дуввумин ҳайати Ансор, иборат аз ҳафтоду се нафар зану марди мусулмон, бо Паёмбар(с) байъат карданд, боз ҳам Убода(рз) аз бузургон ва чеҳраҳои мумтоз ва интихоби ҳайати мазкур ба шумор мерафт.

Дар тамоми саҳнаҳои фидокорӣ ва аз худгузаштагие, ки дар ибтидои Ислом яке пас аз дигарӣ пеш меомад, Убода(рз) дар сафи муқаддами ҷонбозон қарор дошт ва аз ҳеҷгуна фидокорӣ дар роҳи Худо дареғ намеварзид.

Аз он ҳангом, ки Худо ва Паёмбарашро интихоб кард, ба беҳтарини ваҷҳ вазоифи ин интихобро анҷом дод, ба тавре, ки тамоми алоқаҳо ва дилбастагиҳояш мунҳасир дар итоат аз Худо буд ва тамоми робитаҳои ӯро, чӣ бо наздикон ва чӣ бо ҳампаймонон ё душманон, дину имонаш  тарҳрезӣ мекард ва ҳаргиз аз роҳе, ки имонаш роҳнамоӣ менамуд, сари сӯзане мунҳариф намешуд.

Хонаводаи Убода(рз) аз қадим ба ҳукми паймони дерин бо яҳудиҳои банӣ Қайнақоъи Мадина вобастагӣ дошт.

Аз он ҳангом, ки Паёмбар(с) ва мусулмонон ба Мадина ҳиҷрат карданд ва қабилаҳои яҳудии Мадина бо Паёмбар(с) тазоҳур ба созиш ва мусолимат карданд, то каме баъд аз ҷанги Бадр ва пеш аз ҷанги Уҳуд рӯзҳое фаро расид, ки яҳудиёни Мадина шурӯъ ба коршиканӣ ва мухолифат карданд ва яке аз он қабоил яъне банӣ Қайнақоъ даст ба таҳаррукоте бар зидди мусулмонон заданд ва дар маркази ҳукумати исломӣ фитна ва ошубро фароҳам сохтанд.

Убода(рз) ба маҳзи огоҳӣ аз ин ҷараён, паймони қадимии худро бо онҳо ба ҳам зад ва гуфт:

«Ман, Худо ва Паёмбар(с) ва муъминонро дӯст медорам».

Дар ин ҳангом ояте дар бораи ӯ нозил шуд ва Худованди Мутаол, маротиби ин алоқа ва дӯстии ӯро ин чунин маврид тақдир қарор дод.

وَمَن يَتَوَلَّ ٱللَّهَ وَرَسُولَهُۥ وَٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ فَإِنَّ حِزبَ ٱللَّهِ هُمُ ٱلغَٰلِبُونَ

Ва ҳаркас, ки Худо ва Пайғамбари Ӯ ва муъминонро ба дӯстӣ ва ёри бипазирад (аз зумраи Ҳизби Худо аст.) пас бешак ҳизбиХудо пирӯз аст.” (Сураи Моида. Оятӣ 56)

Бад-ин тартиб ин ояти муборака қиёми Ҳизбуллоҳро эълом кард.

Ҳизбуллоҳро ҳамон афроди бо имоне ташкил медиҳанд, ки атрофи Паёмбар(с) гирд омада, парчами ҳақ ва ҳидоятро ба дӯш кашидаанд. Онҳо дар воқеъ идомаи сафҳои хуҷастамардони боимон ба шумор мерафтанд, ки пеш аз онҳо дар тӯли таърих пиромуни паёмбари дигар гирд омада буданд ва дар давраи худ паёми Холиқ ва Офаридагори ҷаҳони ҳастиро эълон кардаанд.

Аммо ин бор Ҳизбуллоҳ фақат ба ёрони он рӯзи Паёмбар(с) нахоҳад буд, балки ин саффи муқаддас, то рӯзи растохез ва дар тӯли наслҳо ва асрҳо идома пайдо хоҳад кард ва тамоми афроди бо имонро дарбар хоҳад гирифт.

Ва ба ҳамин хотир марде, ки ин оят дар бораи ӯ нозил шуд ва мавзеъгирии қотеъи ӯро мавриди таъйид ва тақдир қарор дод ва муҳаббат ва имонашро басе маҳкамтар менамояд, танҳо ба унвони яке аз раҳбарони Ансори Мадина боқӣ намемонад, балки табдил ба яке аз шахсиятҳои бузурги динӣ хоҳад шуд.

Бале Убода(рз) раҳбарии қавм ва хешони худ аз тоифаи «Хазраҷ» ва фармондеҳи аз фармондеҳони Ислом ва яке аз бузургони Ислом шуд, ки овозаи ном ва шахсият ва азаматаш дар ҷаҳони Ислом танин афканда ва аз марзи замону макон гузашта ва дар давраҳои оянда низ аз шахсиятҳои ҷовид хоҳад буд.

Рӯзе Убода(рз) аз Паёмбар(с) шунид, ки зимни баёни масъулияти сангини Подшоҳон ва ҳукком, кайфари сахти илоҳиро дар бораи Подшоҳоне, ки ҳақи мардумро поймол мекунанд, ё ба моли касе таҷовуз менамоянд, баён мекард.

Ӯ аз шунидани ин сухан ба шиддат такон хӯрд ва савганд ёд кард, ки ҳаргиз ҳатто раёсат ва иморати ду нафарро бар ӯҳда нагирад, баъдҳо низ ба ин савганди худ вафодор монд.

Дар давраи хилофати Умар ибни Хаттоб(рз), халифа натавонист ӯро ба қабули ҳеҷ як аз мансабҳои давлатӣ ҷуз таълими масоил ва аҳкоми динӣ водор кунад.

Бале ин мақом, танҳо масъулияте буд, ки Убода(рз) онро интихоб кард ва худро аз мансабҳои дигар, ки эҳтимол медод бо зоҳири фиребанда ва васвасаи қудрат буд ва аз хатари онҳо нисбат ба дин ва ояндаи худ бимнок буд, канор кашид.

Ва ба ин шева бо «Маоз ибни Ҷабал ва Абудардоъ ба Шом рафта ва он минтақаро бо нури илм ва фиқҳ равшан сохтанд.

Ӯ сипас ба Фаластин рафт ва муддате мансаби қазоватро ба ӯҳда гирифт;

Ӯ ҳамчунон ба унвони волии халифаи вақт (Муовия ибни Абисуфён) умури онҷоро идора мекард.

Убода ибни Сомит(рз)  он ҳангом, ки муқими Шом буд чашмонашро ба он сӯи марзҳо духта буд. Ӯ Мадина, пойтахти Ислом ва маркази хилофатро ба хотир меовард.

Убода(рз) аз насли нахустини мусулмонон буд, ки беҳтарин ва муҳимтарин ва дар айни ҳол муассиртарини рӯзҳои умрашро бо Паёмбари гиромии Ислом(с) гузаронда буд. Насле, ки натиҷаи талош ва муҷоҳидат буд, ӯ аз ҷумлаи мардони муҷоҳиде буд, ки бо пайкор ва муҷоҳидат дар роҳи Худо пайванди ногусастание доштанд ва гавҳари шахсияташон дар партави фидокорӣ ва ҷонфишонӣ дар роҳи Худо шакл гирифт. Ў Исломро на бо иҷбор ва икроҳ, балки бо майл ва рағбати худ пазируфт ва ҷону моли худро дар роҳи пешрафти он бахшид.

Убода(рз) ҷузъи насле буд, ки Паёмбар(с) худ онҳоро тарбият ва парвариш дода буд ва аз рӯҳ ва нур ва азамати худ дар вуҷудашон дамида буд.

Убода(рз) вақте равиши ҳукумати Умар ибни Хаттоб(рз) ро бо ҳукумати Муовия муқоиса мекард, фосилаи зиёде миёни он ду мушоҳида менамуд, аз ин рӯ, бархурд миён Убода(рз) ва Муовия ҳатми ба назар мерасид, иттифоқан ҳамин тавр ҳам шуд.

Убода(рз) мегӯяд:

“Бо Паёмбар(с) байъат кардем, ки дар роҳи Худо аз сарзаниши ҳеҷ сарзаниш кунандае натарсем”.

Ӯ ба байъати худ комилан вафодор буда ва бо вуҷуди қудрате, ки Муовия дошт, аз мубориза бо ӯ тарс дар дили худ роҳ намедод ва ҳамеша дарсадади интиқод аз хатоҳои ӯ буд.

Мардуми Фаластин рӯзе шоҳиди ҳодисаи тааҷҷубоваре буданд, зеро ахбори марбут ба муборизаи шуҷоонае, ки Убода(рз) бо Муовия оғоз карда буд, дар аксари манотиқи исломӣ мунташир шуда буд ва Убода(рз) ба унвони раҳбар ва парчамдорӣ мубориза бо зулму фасод, машҳур шуд.

Бархилофи сабр ва бурдбории фаровоне, ки Муовия ба он шӯҳрат дошт, саранҷом аз иқдомоти Убода(рз) ба танг омад ва нуфуз ва ҳукумат худро дар маърази таҳдиди мустақим дид. Убода(рз) ҳам дид доманаи ихтилофи ӯ бо Муовия, рӯз ба рӯз густардатар мешавад, барои ҳамин ба ӯ гуфт:
«Савганд ба Худо, бо ту дар як сарзамин сокин нахоҳам монд»
Инро гуфт ва Фаластинро ба қасди Мадина тарк кард.

Амири мӯъминон Умар ибни Хаттоб(рз) фарди боҳуш ва тезбине буд, ӯ исрор дошт, ки иҷоза надиҳад ашхосе ҳамчун Муовия, ки дар идораи корҳо танҳо бар заковат ва ҳуши худ такя мекунанд, волӣ ва устондор шаванд, балки мӯътақид буд, бояд ҳамроҳи эшон асҳоби парҳезгор ва носеҳ ва дилсӯз бошанд, то ҷилави саркашӣ ва тамаъ ва амёл ва орзуҳои ин гуна волиён ва устондоронро бигиранд ва барои волӣ ва устондорон низ мардум ёдовари даврони Паёмбар(с) бошанд. Ба ҳамин далел Умар ибни Хаттоб(рз) бо дидани Убода ибни Сомит(рз) фавран аз ӯ иллати тарки маҳалли маъмуриятшро ҷӯё шуд, Убода(рз) ҷараёни худ бо Муовияро бозгӯ кард, Халифа гуфт:

«Ба маҳалли хидмати худ баргард, Худованд сарзаминеро, ки амсоли ту дар он набошад вайрон ва нобуд кунад. Онгоҳ Умар ибни Хаттоб(рз) номае ба Муовия навишт ва дар он нома ба Муовия гуфт:

«Баъд аз ин нисбат ба Убода(рз) раёсат надорӣ.»

Бале Баъд аз он Убода(рз) худ амир ва раиси худаш буд.

Вақте Умар ибни Хаттоб(рз) аз касе чунин ҳимоят мекунад, худ нишонаи азамати шахсияти он фард ба шумор меравад.

Барости, ки Убода(рз) дар имон ва дурустии виҷдон ва зиндагиаш бисёр бузург ва боазамат буд.

Саранҷом раҳбари мумтози Ансор ва сардастаи мардони Худо дар соли сӣву чаҳорум ҳиҷрӣ дар сарзамин Рамла «Фаластин» дида аз ҷаҳон фурӯ баст ва аз зиндагии пурифтихори худ хотираи дилангезе ба ёдгор гузошт.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед