Тавҳид дар Зот- 03

0
388

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Тавҳид дар зот
Бахши севвум

Нафйи шарик аз зоти Худованд (далелҳои ақлӣ)
Чунонки баён кардем, имом Мотуридӣ ва мотуридиён барои исботи нафйи шарик ва мислу монанд аз зоти Худованд далелҳои зиёде баён кардаанд, ки метавон тамоми онҳоро дар ду дастаи ’’далелҳои нақлӣ’’ ва ’’далелҳои ақлӣ’’ дастабандӣ кард. Аммо худи Абумансури Мотуридӣ далелҳои тавҳиди илоҳӣ ва исботи нафйи шарик ва мислу монанд аз зоти Худовандро ба се қисми самъ (нақл), ақл ва гувоҳии ҷаҳони офариниш тақсим мекунад. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 85) Вале чунонки баён кардем далелҳои ду қисми охир яъне ақл ва гувоҳии ҷаҳони офаринишро метавон далелҳои ақлӣ унвон кард, зеро ҳар ду дастаи ин далелҳо ба ақл бар мегарданд ва аз ақл сарчашма мегиранд. Фақат фарқи байни ин ду даста далелҳо ин аст, ки далелҳои қисми аввал (ақл) ақлии маҳз ва холис ҳастанд, яъне дар таркиб ва муқаддамоти онҳо ҳеҷ пояи ғайри ақлӣ вуҷуд надорад. Вале далелҳои қисми дуввум, ақлии маҳз ва холис нестанд ва дар таркиб ва муқадамоти онҳо, ба ғайр аз пояҳои ақлӣ, муқаддамот ва пояҳои ғайри ақлӣ монанди мушоҳида ва … низ вуҷуд дорад.
Дар баҳси тавҳиди зотӣ ва исботи нафйи шарик ва мислу монанд аз зоти Худованд, ончи, ки аз аҳамияти бештаре бархурдор аст, далелҳо ва истидлолҳои ақлии мотуридиён аст. Абумансури Мотуридӣ барои ин амр далелҳои ақлии мухталифе баён мекунад, ки бархе аз онҳоро зикр мекунем:
а: Бурҳони Тамонуъ
Қабл аз инки назари Абумансури Мотуридиро дар мавриди “бурҳони тамонуъ” зикр кунем лозим аст дар бораи худи ин бурҳон тавзеҳотеро баён кунем.
“Тамонуъ” дар луғат ба маънои иҷтиноб кардан ва сарпечӣ кардан аст. Дар истилоҳи илми калом, “тамонуъ” номи яке аз муҳимтарин далелҳо ва бурҳонҳои тавҳиди илоҳӣ аст ва ба маънои он аст, ки ҳар як аз худои қодир коре бикунад, ки монеъи феъли дигарӣ бошад. Истидлол дар ин бурҳон бар ин фарзия бино шудааст, ки ду ё чанд худои фарзӣ аз кори якдигар пешгирӣ кунанд. (фарҳанги луғат)
Бар асоси ин бурҳон, ҳаргиз тадбири ду ё чанд Худо ва мудаббир ба сурати муназзам ва устувор бар як низоми ҳамоҳанг иҷро намешавад ва ба ночор бояд яке аз онҳоро нотавон донист, зеро иҷро шудани беш аз як тадбир дар олам, лозимааш баҳам задан ва нобудӣ аст. Бинобар ин фақат як Худо ва мудаббир дар олам аст.
Аслитарин далели ақлии Абумансури Мотуридӣ ва дигар мотуридиён барои исботи нафйи шарик ва мислу монанд аз зоти Худованд, далел ва бурҳони маъруф ба ’’бурҳони тамонуъ’’(манъ кардани ҳамдигар) аст. ’’бурҳони тамонуъ’’ назди мотуридиён ва дигар мутакаллимони исломӣ дар тавҳиди зотӣ ва исботи нафйи шарик ва мислу монанд аз зоти Худованд аҳамияти вежаӣ дорад ба гунае, ки бархе аз мотуридиён дар исботи ин масъала ба ҳамин далел ва бурҳон басанда кардаанд.
Аз ’’бурҳони тамонуъ’’ тақрирҳо ва баёнҳои гуногуне ироа шудааст, ки яке аз онҳо ба ин сурат аст:
Агар холиқ ва офаринанда ва мудаббири ҳастӣ бар фарз ду то мебуд ва яке аз он ду, офаридани як шахс ва дигарӣ наофаридани он шахсро ирода мекард, дар ин сурат ё қасду иродаи ҳарду анҷом мешуд ва таҳаққуқ пайдо мекард, ки ин мушкил аст ва ё қасду иродаи яке аз он ду.
Анҷом шудан ва таҳаққуқ пайдо кардани қасду иродаи ҳарду лозимааш таноқуз ва тазод (яъне носозгорӣ ва зидди якдигар будан) аст, ва ин маҳол аст, зеро имкон надорад як шахс ҳам офарида шавад ва ҳам офарида нашавад. Аммо агар қасду иродаи яке аз он ду тасиргузор бошад ва таҳаққуқ пайдо кунад, дигарӣ мағлуб ва нотавон хоҳад буд ва мағлубу нотавон будан нишонаи ниёзмандӣ ва мумкину ҳодис будани ӯ аст. Бинобар ин ногузир бояд офаринанда ва мудаббири ҳастӣ воҳид ва ягона бошад.
Имом Абумансури Мотуридӣ ин далел ва бурҳонро чунин тавзеҳ медиҳад:
’’Агар Худо бештар аз яке мебуд, ҷаҳон ба вуҷуд намеомад, магар инки онҳо бо ҳам мусолиҳа намуда ва ҷаҳонро бар асоси ҳамкорӣ ба ба вуҷуд оваранд, вале ҳамкорӣ ва мусолиҳа бо Рубубият носозгор аст. Илова бар ин, агар яке аз худоён иродааш бар исботи чизе бошад, ки дигарӣ дар паи нафйи он аст, ё баръакс.  Ё мумкин аст яке дар паи эҷоди чизе ва дигарӣ дар паи аз байн бурдани он бошад, ё яке дар паи боқӣ мондани чизе ва дигарӣ дар паи нобуд кардани он бошад, дар ин сурат таноқуз ва тазод ба вуҷуд меояд. Дар натиҷа фаҳмида мешавад, ки офаринандаи олам воҳид аст”. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 86)
“Ва ин тафсири каломи Хуванд аст, ки мефармояд:
(لَوْ كَانَ فِيهِمَا آلِهَةٌ إِلَّا اللَّهُ لَفَسَدَتَا) (Сураи Анбиё, ояти 22) яъне “агар дар он ду (осмону замин) худоёне мутъаддид ҷуз Худованди ягона буд, табоҳ мешуданд (ва назми ҷаҳон аз байн мерафт)”. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 87)
Эмом Мотуридӣ дар китоби тафсири худ низ бар тавзеҳи ин бурҳон пардохтааст.  ( Абумансури Мотуридӣ, Таъвилоту аҳли ас-сунна, ҷ 7, саҳ 336. Ва ҷ 7, саҳ 52)
б: Гувоҳии ҷаҳони офариниш
Аз далелҳои дигари ақлии Имом Мотуридӣ барои тавҳиди зотӣ ва исботи нафйи шарик ва мислу монанд аз зоти Худованд, гувоҳии ҷаҳони офариниш аст. Яъне вежагиҳое, ки дар ҷаҳони офариниш вуҷуд дорад монанди якнавохотии назм дар ҷаҳони офариниш, гардиши хуршеду моҳу ситоргон, гардиши шабу рӯз, гардиши фаслҳо, вежагиҳои инсонҳо ва ҳайвонот ва … ҳамаи инҳо далолат мекунад бар инки офаринанда ва мудаббири онҳо воҳид ва ягона аст. Инки ҷаҳон ба сурати муназзам тадбир шудааст, нишонаи он аст, ки ҷаҳон ба дасти мудаббири воҳид тадбир мешавад. (Абумансури Мотуридӣ, Таъвилоту аҳли ас-сунна, ҷ 1, саҳ 610- 611)
Ӯ мегӯяд: Агар худоён мутаъддид бошанд, тадбирҳо низ мутафовит хоҳад буд, масалан тартиби фаслҳои сол, тулуъу ғуруби хуршед, моҳ ва ситорагон ё шева ва тадбири хурду хӯроки инсонҳо ва ҳайвонот низ мутафовит мебуд. Пас ин ки ҳамаи онҳо бар як равиши воҳид ва тадбири воҳид аст, имкон надорад ду мудаббир вуҷуд дошта бошад, ва ин далел бар воҳид будани Худованд аст. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 87)
в: Ҷамъ шудани ҷиҳатҳои мухолиф дар шайъи воҳид
Абумансури Мотуридӣ ҷамъ шудани ҷиҳатҳои мухолиф монанди манфиъату зарар, покиу нопокӣ, неъмату бало ва … дар як шайъи воҳидро нишонаи воҳид ва ягона будани мудаббир ва тадбиркунандаи он медонад ва бар ин ақида аст, ки агар мудаббир ва тадбиркунандаи ҷаҳон чандто мебуд, кори ҷаҳон ба таноқуз ва тазод кашида мешуд ва ҷамъ шудани ҷиҳатҳои мухолиф дар як шайъи воҳид номумкин мешуд, зеро ҳаракати ҳар чизе ба тарафе мебуд, ки мудаббир ва тадбиркунандаш онро ҳидоят мекард ва пеш мебурд. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 88)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед