Тавҳид дар зот 02

0
374

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Тавҳид дар зот
 Бахши дуввум

Нафйи шарик аз зоти Худованд (далелҳои нақлӣ)
Чунон, ки зикр кардем бахши дуввуми тавҳид дар зот ё тавҳиди зотӣ, нафйи шарик ва мислу монанд аз зоти Худованд аст, ки метавон онро тавҳиди берунзотӣ номид.
Абумансури Мотуридӣ ва дигар мотуридиён барои исботи нафйи шарик ва мислу монанд аз зоти Худованд далелҳои зиёде баён кардаанд, ки метавон тамоми онҳоро дар ду дастаи ’’далелҳои нақлӣ’’ ва ’’далелҳои ақлӣ’’ дастабандӣ кард.
Далелҳои нақлӣ
Худи Абумансури Мотуридӣ барои исботи тавҳид дар зот ва нафйи шарик ва мислу монанд аз зоти Худованд аз тариқи истидлоли нақлӣ, аз оёти Қуръон ва иҷмоъи мусалмонон ва ҳатто умуми инсонҳо истифода мекунад. Мотуридӣ бар он аст, ки умуми инсонҳо, ҳатто онҳое, ки иддиои дугонапарастӣ ва чандгонапарастӣ доранд, тавҳидро аз ин ҷиҳат, ки ’’воҳид’’ оғози адад  буда ва нишонаи азамату султон ва бартарву арзиш аст, мепазиранд. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 85, 226 ва 227)
Мо дар ин қисмат аз таҳқиқ бар он ҳастем, ки танҳо ба оятҳои қуръонӣ басанда кунем.
Абумансури Мотуридӣ барои исботи тавҳид дар зот ва нафйи шарик ва мислу монанд аз зоти Худованд ба оятҳои зиёде истинод мекунад, аз ҷумла:
а- Ояти аввали сураи Ихлос:

قُلْ هُوَ اللَّهُ أَحَدٌ
яъне ’’Бигу Худованд, якто ва ягона аст’’.

Мотуридӣ дар китоби тафсири Қуръони худ ’’Таъвилоту аҳли ас-сунна’’, дар зери ин оят баҳси густардаеро дар бораи тавҳид дар зот ва нафйи шарик ва мислу монанд аз зоти Худованд матраҳ кардааст. (Абумансури Мотуридӣ, Таъвилоту аҳли ас-сунна, ҷ 10, саҳ 643- 649.)

Б- Ояти ёздаҳуми сураи Шуро:

لَيْسَ كَمِثْلِهِ شَيْءٌ
яъне ’’Ҳеҷ чиз ҳамонанди Ӯ (Худо) нест’’.

Мотуридӣ мегӯяд: ’’Худованд воҳид аст ва монанде барои Ӯ қобили тасаввур нест, доимӣ ва қоим ба зоти худ аст, зид ва мислу монанде надорад. Ин таъвил ва тафсири  сухани Худованд, ки мефармояд:
(لَيْسَ كَمِثْلِهِ شَيْءٌ), ҳақиқати ин таъвил ва тафсир ин аст, ҳар чизе, ки мислу монанде дорад, дохили адад мешавад ва дар натиҷа ҳади ақали он ’’ду’’ хоҳад буд. Инчунин ҳар чизе, ки зидде дорад, дар мавқеъи нобудӣ қарор мегирад, зеро зиддаш онро нобуд мекунад. Бар ин асос ҳар чизе ғайр аз Худованд дорои зид аст, ба воситаи он нобуд мешавад … . Бинобар ин ҳосили таъвил ва тафсири сухани Худованд, ки фармудааст ’’воҳид’’, ин аст, ки Худованд воҳид аст дар азамату бузургӣ ва дар қудрату салтанат ва воҳид аст ба маънои поку муназаҳ будан аз шабеҳҳо ва зидҳо’’ (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 89).
в- Ояти чаҳоруми сураи Зумар:

سُبْحَانَهُ هُوَ اللَّهُ الْوَاحِدُ الْقَهَّارُ
яъне ’’Пок ва муназаҳ аст Ӯ,  Ӯ Худованди Яктои Қаҳҳор аст ’’.

Имом Абумансури Мотуридӣ дар тафсири ин оят баён медорад: ’’(Худованд ба воситаи ин оят ва воҳид донистани Аллоҳ) Тамоми ончиро, ки кофирон дар бораи фарзанд доштани Худованд мегуфтанд, дафъ ва рад мекунад ва ин масъаларо хотима медиҳад, зеро хабар медиҳад, ки Худованд дар зоти худ воҳид аст. Ва агар онгуна, ки онҳо (куффор ва мушрикон) мегӯянд, Худованд дорои фарзанд мебуд, дигар наметавонист дар зоти худ воҳид бошад, зеро ҳар чизе, ки эҳтимоли фарзанд доштани он вуҷуд дошта бошад, ҳатман ӯ аз ҳамон шакл ва ҷинси фарзандаш мебошад. Пас ҳангоме ки онҳо (куффор ва мушрикон) фаҳмиданд, Худованд дар зоти худ воҳид аст, эҳтимоли фарзанд барои Худованд ва ончиро, ки дар ин бора зикр мекунанд, намедиҳанд’’ (Абумансури Мотуридӣ, Таъвилоту аҳли ас-сунна, ҷ 8, саҳ 657).
Ончи зикр гардид бахше аз оятҳое аст, ки имом Мотуридӣ барои исботи тавҳид дар зот ва нафйи шарик ва мислу монанд аз зоти Худованд, ба онҳо истинод мекунад ва ба ҷуз инҳо, оятҳои фаровони дигаре низ вуҷуд дорад, ки вай барои ин амр истифода кардааст.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед