Тавҳиди афъолӣ-7

0
97

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Тавҳиди афъолӣ

Бахши ҳафтум

Қазо ва қадари илоҳӣ

Баҳси Қазо ва қадари илоҳӣ яке аз муҳимтарин ва печидатарин баҳсҳои илми каломи исломӣ ба ҳисоб меояд ва ихтилофҳо  ва тафсиру табйинҳои гуногуне аз он, ба вижа дар баҳси қазо ва қадари илоҳӣ ва нисбати он бо ихтиёри инсон баён шудааст.

Маънои луғавии “қазо ва қадар”

Дар китоби “Муфрадоту алфозил Қуръон” дар маънои луғавии “қазо ва қадар” омадааст:

 “Калимаи “қазо” дар луғат ба маънои қатъ (яқин), ҳукм ва файсала додан (тамом кардан) аст. Хоҳ амалӣ бошад ё қавлӣ ва қозиро аз он ҷиҳат қозӣ мегуянд, ки миёни ду нафар, ки бо ҳам ихтилоф доранд, ҳукм намуда ва ба кори онҳо файсала медиҳад”. (Роғиби Исфаҳонӣ, Муфрадоту алфозил Қуръон, саҳ 406)

“Калимаи “қадар” дар луғат ба маънои андоза, таъйин кардан ва чизеро ба андоза муайян кардан аст”. (Роғиби Исфаҳонӣ, Муфрадоту алфозил Қуръон, саҳ 395)

Дар китоби “Муъҷаму мақоисул луғат” низ омадааст:

“Калимаи “қазо” дар луғат иборат аст аз: Як асли саҳеҳ, ки бар истеҳком, устуворӣ ва нуфузи кору амрӣ далолат мекунад”. (Аҳмад ибни Форис, Муъҷаму мақоисул луғат, ҷ 5, саҳ 99)

“Калимаи “қадар” дар луғат иборат аст аз: Як асли саҳеҳ, ки бар миқдору андоза ва умқу поёни чизе далолат мекунад. Пас қадар яъне миқдори ҳар чиз. Гуфта мешавад миқдораш чунин аст, яъне андозааш чунин аст”. (Аҳмад ибни Форис, Муъҷаму мақоису ал-луғат, ҷ 5, саҳ 62)

Пас метавон гуфт “қазо”, ҳар қавл ё амале аст, ки қатъӣ, мустаҳкам ва устувор бошад ва тафсиру табйин ва дигаргунӣ дар он роҳ надорад. Қадар низ андоза, миқдор, муъаяян сохтан ва арзиш ва маҳдудаи ашёъ аст.

Қазо ва қадари илоҳӣ ва нисбати он бо ихтиёри инсон

Ончи баён кардем маъно ва мафҳуми луғавии “қазо ва қадар” буд, аммо дар бораи маъно ва мафҳуми истилоҳӣ ва каломии “қазо ва қадар”, тафсирҳо ва табйинҳои бисёр зиёд, мутафовит, мухталиф ва мухолифу зидди ҳамдигар миёни мутакаллимони исломӣ ва мактабҳои каломӣ вуҷуд дорад.

Тафсирҳо ва табйинҳое, ки мутакаллимони исломӣ ва мактабҳои каломӣ аз қазо ва қадари илоҳӣ мекунанд, навъи нигоҳи онҳоро нисбат ба ихтиёри инсон ва корҳои ихтиёрии ӯ муайян менамояд. Бархе аз тафсирҳо ва табйинҳо мунҷар ба ҷабргароӣ, бархе мунҷар ба тафвиз ва ихтиёри комили инсон ва бархе аз тафсирҳо муътадил ва миёни ҷабргароӣ ва ихтиёри комили инсон қарор доранд.

Бо тавҷҷӯҳ ба густардагии баҳси қазо ва қадари илоҳӣ ва нисбати он бо ихтиёри инсон, мо дар инҷо фақат дидгоҳи се мактаби каломии Ашоира, Муътазила ва Мотуридияро баён менамоем. Дар ин бахш дидгоҳи мактаби каломии Ашоира ва Муътазиларо баён мекунем ва дар бахши баъдӣ дидгоҳи мактаби каломии Мотуридияро ба тафсил мавриди баррасӣ қарор медиҳем.

Дидгоҳи мактаби Ашоира

Аз назари Ашоира, қазои Худованд, иродаи азалие аст, ки аз азал ба ашёъ ба ҳамон сурате, ки ҳастанд, таъаллуқ гирифтааст ва қадар он аст, ки Худованд онҳоро дар андозаи муайян ва тақдири мушаххас (марбут ба зоту ҳолатҳои мавҷудот) эҷод кунад. (Саидшарифи Ҷурҷонӣ, Шарҳул мавоқиф, ҷ 8, саҳ 200 то 201)

Ашоира қазо ва қадари илоҳиро куллӣ ва дарбаргирандаи ҳамаи мавҷудот, аз ҷумла афъол ва корҳои ихтиёрии инсон медонанд. Онҳо барои исботи дидгоҳи худ далелҳои гуногуне овардаанд. Аз ҷумла ба бархе аз оятҳои Қуръони карим истинод кардаанд. (Саидшарифи Ҷурҷонӣ, Шарҳул мавоқиф, ҷ 8, саҳ 194)

Бар асоси дидгоҳи Ашоира, шомил шудани қазо ва қадари илоҳӣ нисбат ба тамоми мавҷудот, аз ҷумла афъол ва корҳои ихтиёрии инсонҳо, ба сурате аст, ки нисбат додани он афъол ба қудрат ва иродае ғайр аз ирода ва қудрати Худованд, ширк аст. Ба ҳамин сабаб қудрати таъсиргузор дар эҷоди феъл ва амалро танҳо қудрати Худованд дониста, қудрати инсонро дар афъол ва корҳои худ бетаъсир медонанд ва нақши инсонро танҳо “касб”-и феъл ва амал муъарифӣ мекунанд. (Саидшарифи Ҷурҷонӣ, Шарҳул мавоқиф, ҷ 8, саҳ 164)

Бинобар ин метавон гуфт Ашоира қазо ва қадарро пазируфта ва ҳар ончиро, ки дар олам рӯй медиҳад, ба қазо ва қадари илоҳӣ нисбат медиҳанд, вале онро ба маънои инкор ва ради низоми иллат ва маълулӣ дар ҷаҳон ва мунҳасиру маҳдуд кардани иллатҳо дар иродаи Худованд медонанд. Яъне ба ин маъно, ки дар олами ҳастӣ ҳеҷ иллат ва тасиргузоре ҷуз Худованди Мутаол, ҳатто ба сурати ғайримустақил, вуҷуд надорад. Бинобар ин афъоли ихтиёрии инсонҳо низ, маълул ва феъли мустақими иродаи Худованд аст ва ҳеҷ иллият ва таъсире аз тарафи иродаи инсон вуҷуд надорад ва қудрати инсон фақат муқорин ва ҳамзамон бо иродаи илоҳӣ аст.

Бар асоси ин дидгоҳ инсон ва қудрати ӯ ҳеҷ таъсире дар афъол ва корҳои ихтиёрии худ надорад. Ба ин сабаб аст, ки гӯруҳи зиёде аз донишмандони исломӣ бар ин назаранд, ки ин дидгоҳ мунҷар ба ҷабргароӣ ва нафй ихтиёри инсон мешавад, ҳар чанд унвони ҷабргароӣ бар он вуҷуд надорад.

Дидгоҳи мактаби Муътазила

Муътазила қазо ва қадари илоҳиро танҳо дар лафз ва зоҳир қабул карданд, вале ҳақиқат ва воқеъияти онро напазируфтаанд. Онҳо инсонро як мавҷуди дорои ихтиёри комил ва падидоварандаву эҷодкунанди афъол ва корҳои худ медонанд. Онҳо ихтиёри инсонро ба сурати комил ва мустақил ҳифз кардаанд.

Қозӣ Абдуҷаббор, аз мутакаллимони маъруфи Муътазила дар ин замина мегуяд: “Устоди мо Абуалии Ҷуббоӣ гуфтааст: Муътазила иттифоқи назар доранд, ки корҳои инсонҳо монанди рафторҳо ва истодану нишстан, ҳама аз ҷониби худашон ба вуҷуд меояд ва Худованд ба онҳо қувват додааст ва ғайр аз худи инсонҳо нисбат ба корҳояшон, фоъил ва таъсиргузоре нест”. (Ибни Қудома, Алмуғнӣ фи усули ад-дин, ҷ 6, саҳ 14)

Қозӣ Абдуҷаббор дар китоби “Шарҳул усул-ул-хамса” барои исботи ин дидгоҳ чанд истидлол овардааст, аз ҷумла:

1- Афъоли бандагон ба ҳадаф ва ангезаи онҳо вобаста аст, агар бихоҳанд, он афъолро анҷом медиҳанд ва агар нахоҳанд, онҳоро тарк мекунанд. Чунин афъоле чигуна мумкин аст феъли Худованд бошанд?

2- Агар ин афъол, махлуқи Худованд бошанд, бандагон ба хотири он корҳо шоистагии савоб ва азобро пайдо намекунанд.

3- Агар ҳамаи афъоли бандагон таҳти қазо ва қадари илоҳӣ бошад, лозим меояд, ки Худованд аз ҳамаи онҳо хушнуд ва розӣ бошад, дар ҳоле ки бархе аз афъол куфр аст ва хушнуди ба куфр низ куфр аст. (Қозӣ Абдуҷаббор, Шарҳул усулул хамса, саҳ 771)

Бар асоси ин дидгоҳ ва ин тафсир аз қазо ва қадари илоҳӣ, инсон фоъили ҳақиқӣ ва холиқи афъоли худ ба ҳисоб меояд. Дар ин ҳолат, офаринандае ғайр аз Худованд, ба номи инсон падид меояд. Яъне Худованди Мутаол, афъолу корҳои инсонро ба худи ӯ вогузор кардааст ва инсонҳо ихтиёри комил доранд ва ҳар коре бихоҳанд ба сурати мустақил анҷом медиҳанд.

Аммо ин дидгоҳ ва ин сухан бо оятҳои Қуръони Карим ва ривоятҳои тавҳиди афъолӣ, ки Худовандро танҳо холиқ ва мудаббир ва фоъили мустақил медонанд, мухолифат дорад ва дар асл ба инкор ва радди амалии қазо ва қадари илоҳӣ меанҷомад ва ҳатто мунҷар ба ширк мешавад.

 

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед