Тавқифӣ будан ё тавқифӣ набудани исмҳои Худованд аз назари мотуридиён

0
111

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Исмҳои Худо
Бахши чаҳорум

Тавқифӣ будан ё тавқифӣ набудани исмҳои Худованд аз назари мотуридиён
Мутакллимони пайравӣ мактаби каломии мотуридия бар ин назаранд, ки исботи исмҳои илоҳӣ ва иқрору изъон ба онҳо лозим ва зарурӣ аст. Онҳо дар ин бора ба бархе аз номҳо ва исмҳои роиҷ дар бораи Худованди Мутаол ишора мекунанд, монанди “Ал-Воҳид”, “Аллоҳ”, “Ар-Раҳмон”, “Ал-Мавҷуд”, “Ал-Қадим”, “Ал-маъбуд” ва ғайра.

Аммо дар мавриди ин ки теъдоди исмҳо ва номҳои Худованд чандто аст ва дақиқан чӣ исмҳоеро метавон ба Худованд нисбат дод? Мотуридиён чандон сухан нагуфтаанд, фақат ба сурати ҷузъӣ ва пароканда ба баъзе аз исмҳо ва номҳои Худованд ишора кардаанд, аз ҷумла метавон нисбат додани лафзи “шайъ”-ро ба Худованд ном бурд. Дар муқобил, онҳо бар нафй ва ҷоиз набудани истифодаи бархе аз номҳо дар бораи Худованд истидлол кардаанд, монанди ҷоиз набудани истифодаи лафзи “ҷисм” дар бораи Худованд. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 171)

Дар инҷо масъалае, ки дар паи ин баҳс ба вуҷуд меояд, ин аст, ки чӣ исмҳо ва номҳоеро метавон ба Худо нисбат дод ва чӣ исмҳо ва номҳоеро наметавон нисбат дод? Ва мелоку меъёр дар ин маврид чист? Оё мелоку меъёр дар ин маврид фақат нақл ва шаръ аст ё ақл ҳам дар ин замина метавонад дохолат дошта бошад? Баҳсе, ки дар ин бора дар илми каломи исломӣ матраҳ мешавад, баҳси бо унвони “Тавқифӣ будан ё тавқифӣ набудани исмҳои Худованд” аст.

Тавқифӣ будани исмҳои Худованд ба ин маъно аст, ки мо танҳо исмҳоеро метавонем ба Худованд нисбат бидиҳем ва Худовандро ба он исмҳо биномем, ки дар Қуръони Карим ва ҳадисҳои Пайғамбари Акрам (с) омадаанд. Ба иборати дигар, танҳо бо исмҳое метавонем Худовандро бихонем, ки аз тариқи нақл ба мо расидаанд ва ақл дар ин замина наметавонад дахолат дошта бошад.

Дар муқобил, тавқифӣ набудани исмҳои Худованд ба ин маъно аст, ки на танҳо исмҳоеро, ки дар Қуръони Карим ва ҳадисҳои Пайғамбари Акрам (с) омадаанд, метавон ба Худованд нисбат дод, балки ҳар номи нек ва исми камолеро, ки холӣ ва муназзаҳ аз ҳар навъ айбу камбудӣ бошанд ва дар бардорандаи нақсе набошанд, метавон ба Худованд нисбат дод ва Худовандро ба он исмҳо хонд. Ба сухани дигар, роҳи ба даст овардан ва исботи исмҳои илоҳӣ, ҳам нақл аст ва ҳам ақл.

Дар миёни мутакллимони исломӣ гурӯҳе муътақид ба тавқифӣ будани исмҳои Худованд ҳастанд ва роҳи ба даст овардан ва исботи исмҳои илоҳиро фақат нақл, яъне Қуръони Карим ва ҳадисҳои Пайғамбари Акрам (с) медонанд. (Абдулқоҳири Бағдодӣ, Усулуи ад-дин, ҷ 1, саҳ 115 то 116, Фахруддини Розӣ, Шарҳу асмо-ил-Аллоҳи ал-ҳусно, саҳ 36) Далели онҳо бар ин амр он аст, ки мабодо исмҳое ба Худованд нисбат дода шавад, ки лозимааш ташбеҳу таҷсим ё нишони айбу нақс дар зоти илоҳӣ бошад. Бар ин асос, ба ночор бояд танҳо ба номҳо ва исмҳое, ки дар матнҳои динӣ омадааст ва яқинӣ аст иктифо кард ва фақат Худовандро ба онҳо хонд.

Аммо гуруҳи дигар қоил ба тавқифӣ набудани исмҳои Худованд ҳастанд ва ақлу нақл, ҳар дуро дар исботи исмҳои илоҳӣ муътабар медонанд ва истифода мекунанд. (Абдулқоҳири Бағдодӣ, Усули ад-дин, ҷ 1, саҳ 115 то 116, Фахруддини Розӣ, Шарҳу асмо-ил-Аллоҳи ал-ҳусно, саҳ 36) Ин гурӯҳ бо таваҷҷӯҳ ба маъно ва мафҳуми ояти: “ولله الأسماء الحسنى فادعوه بها”(сураи Аъроф, ояти 180), бар ин назаранд, ки ҳар номи нек ва исми камолеро метавон ба Худованд нисбат дод ва Ӯро ба он ёд кард.

Дар масъалаи тавқифӣ будан ё тавқифӣ набудани исмҳои Худованд, аксарияти мутакаллимони пайрави мактаби каломии мотуридия қоил ба тавқифӣ будани исмҳои Худованд ҳастанд.

Муҳаммади Баздавӣ, аз мутакаллимони мотуридия дар ин замина мегӯяд: “Номҳои Худованд назди аҳли суннати валҷамоъат (мотуридиён) тавқифӣ аст, зеро касе ҳақ надорад Худовандро ба исме бихонад, магар инки  Худованд худ иҷозат дода  бошад. Ба ҷуз дар бораи ду ном “Шоъӣ” (хоҳанда) ва “Мурид” (иродакунанда), ки дар мавриди ин ду ном, ҳарчанд оят ва ҳадисе наёмадааст, аммо уммати исломӣ бар ҷоиз будани он ду иҷмоъ доранд”. (Муҳаммади Баздавӣ, Усули дин, саҳ  226).

Абумуъини Насафӣ, аз донишмандони машҳури Мотуридия низ, дар китоби “Ат-тамҳид” баҳси густардаеро дар бораи исмҳои Худованд матраҳ мекунад ва баён медорад, ки исмеро метавон ба Худованд нисбат дод, ки дар матнҳои шаръӣ омадааст. Вай дар бораи лафзи ҷисм ва шайъ баҳс мекунад ва мегӯяд, ҷисмро наметавон ба Худованд нисбат дод ва Худовандро ҷисм номид, зеро ин исм дар матнҳои шаръӣ наёмадааст, чунон, ки наметавон Худованро табиб ва фақиҳ номид, ҳарчанд Худованд олим ба масоили табобат ва олим ба аҳком аст. Аммо Худовандро метавон “шайъ” номид ва онро ба Худованд нисбат дод, чун дар Қуръони Карим ин лафз ба Худованд нисбат дода шудааст:

قُلْ أَيُّ شَيْءٍ أَكْبَرُ شَهَادةً قُلِ اللّهِ شَهِيدٌ بِيْنِي وَبَيْنَكُمْ

 “ Бигӯ болотарин гувоҳӣ, гувоҳии кист? (ва худат посух бидеҳ ва ) бигӯ: Худованд, гувоҳ миёни ман ва шумост”(Сураи Анъом, ояти 19)

(Абумуини Насафӣ, Ат-тамҳид лиқавоиди ат-тавҳид, саҳ 141 от 144)

Аз ончи дар боло баён гардид чунин натиҷа мегирем, ки дар масъалаи тавқифӣ будан ё тавқифӣ набудани исмҳои Худованд, аксарияти мутакаллимони пайрави мактаби каломии мотуридия қоил ба тавқифӣ будан исмҳои Худованд ҳастанд. Онҳо муътақиданд, ки танҳо, номҳо ва исмҳоеро метавон ба Худованд нисбат дод ва Худовандро ба он исмҳо хонд, ки дар Қуръони Карим ва суннати Пайғамбари Акрам(с) ё иҷмои уммати исломӣ омадааст.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед