Тавқифӣ будан ё тавқифӣ набудани исмҳои Худованд аз назари Мотуридӣ

0
142

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Исмҳои Худо
Бахши панҷум

Тавқифӣ будан ё тавқифӣ набудани исмҳои Худованд аз назари Мотуридӣ
Чунон, ки гузашт дар масъалаи тавқифӣ будан ё тавқифӣ набудани исмҳои Худованд, аксарияти мутакаллимони пайрави мактаби каломии мотуридия қоил ба тавқифӣ будани исмҳои Худованд ҳастанд. Тавқифӣ будани исмҳои Худованд ба ин маъно аст, ки мо танҳо исмҳоеро метавонем ба Худованд нисбат бидиҳем ва Худовандро ба он исмҳо биномем, ки дар Қуръони Карим ва ҳадисҳои Пайғамбари Акрам (с) омадаанд. Дар муқобил, тавқифӣ набудани исмҳои Худованд ба ин маъно аст, ки натанҳо исмҳоеро, ки дар Қуръони Карим ва ҳадисҳои Пайғамбари Акрам (с) омадаанд, метавон ба Худованд нисбат дод, балки ҳар номи нек ва исми камолеро, ки дар бардорандаи нақсе набошанд, метавон ба Худованд нисбат дод.

Аммо дидгоҳ ва ақидаи худи Абумансури Мотуридӣ дар масъалаи тавқифӣ будан ё тавқифӣ набудани исмҳои Худованд ба равшанӣ ва ошкории дидгоҳи пайравони мактаби каломии ӯ намебошад.

Дар китобҳо ва навиштаҳои имом Мотуридӣ иборатҳо ва ҷумлаҳое вуҷуд дорад, ки аксарияти мотуридишиносон ва касоне, ки дар бораи мактаби мотуридия таҳқиқ кардаанд, онҳоро ба маънои тавқифӣ будани исмҳои Худованд гирифтаанд ва бар ин назаранд, ки ақидаи имом Мотуридӣ дар ин масъала бар тавқифӣ будани исмҳои илоҳӣ аст.

Аз ҷумла Мотуридӣ дар китоби Ат-тавҳиди худ мегӯяд:

“Мо неметавонем Худовандро ҷисм бидонем, зеро ҷисм будан аломати махлуқ будан ва ҳодис будан аст, чун ҷисм дорои аҷзоъ аст ва аҷзоъу маҳдудиятҳо, нишона ва аломати ҳодис будан аст. Дар ҳоле ки мо қаблан баён кардем, ки ҳеҷ чиз шабеҳи Худованд нест, вале агар Худовандро ҷисм бидонем, ба ночор бояд бипазирем, ки Худованд шабеҳи бисёре аз махлуқот аст. Агар Худовандро ҷисм бидонем, аммо Ӯро дорои абъод ва аҷзоъ ва маҳдудиятҳо надонем, дар ин сурат ҷисмро ба маънои худаш  баён накардаем. Ақл ва истидлол чунин матлаберо мерасонад. Аммо аз тариқи нақл низ, на аз сӯи Худованд ва на аз сӯи дигаре, ки мо иҷозат дошта бошем аз ӯ пайравӣ кунем, сухане, ки ҷисмро аз исмҳои Худованд бидонад, шунида нашудааст. Пас мо ҳақ надорем Худовандро ҷисм бидонем. Агар мо ҳақ дошта бошем, ки бидуни ҳеҷ далел, на далели ҳиссӣ ва на далели нақлӣ ва на далел ақлӣ, ҳар исмеро ба Худованд нисбат бидиҳем, пас бояд чизҳое монанди колбад доштан ва шахс буданро ба Ӯ нисбат бидиҳем”. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 102 то 103)

Ҳамонгуна, ки баён кардем аксарияти мотуридишиносон аз ин суханони имом Мотуридӣ чунин бардош кардаанд, ки вай қоил ба тавқифӣ будани исмҳои илоҳӣ аст ва роҳи ба даст овардани исмҳои Худовандро фақат нақл медонад. (Фатҳуллоҳи Халиф, муқаддимаи китоби Ат-тавҳид, саҳ 38.  Аҳмад Ал-Ҳарбӣ, Алмотуридияту Деросатан ва Тақвиман, саҳ 219 то 220)

Аммо, ба назар мерасад аз ин иборати имом Мотуридӣ наметавон чунин бардошт кард, зеро ӯ дар ин иборат барои ҷоиз набудани ҷисм номидани Худованд далели ақлӣ баён кардааст ва ҷисм донисатани Худовандро баробар бо ҳодис будан ва ташбеҳи Худованд ба махлуқот донистааст. Аммо, гуфтааст, “Аз тариқи нақл низ сухане, ки битавонем бар асоси он Худоро ҷисм биномем, ба мо нарасидааст”. Яъне имом Мотуридӣ барои ҷоиз набудани ҷисм номидани Худованд ҳам ба далели ақлӣ истидлол кардааст ва ҳам ба далели нақлӣ. Бинобар ин, аз ин иборати Мотуридӣ на танҳо тавқифӣ будани исмҳои Худованд бардошт намешавад, балки метавон аз он тавқифӣ набудани исмҳои илоҳиро бардошт кард. Яъне суханони имом Мотуридӣ ин матлабро мерасонад, ки аз назари вай ақл ва ҳис низ дар канори нақл, роҳи расидан ба исмҳои Худованд ва исботи онҳо аст ва ин ба маънои тавқифӣ набудани исмҳои илоҳӣ аст.

Илова бар иборате, ки аз имом Мотуридӣ дар боло зикр шуд, вай дар тафсири худ “Тавилоту аҳли ас-сунна”, низ сухане дорад, ки бар тавқифӣ будани исмҳои Худованд далолат дорад. Мотуридӣ мегӯяд: “Ҷоиз нест, ки ба Худованд “ё муборак” гуфта шавад,… зеро дар матнҳои шаръӣ чунин исме ба Худованд нисбат дода нашудааст ва бояд Худовандро ба беш аз ончи ки худаш худро номидааст, наномем”. (Абумансури Мотуридӣ, Тавилоту аҳли ас-сунна, ҷ 9, с 604)

Аммо дар китобҳои имом Мотуридӣ бархе иборатҳое ҳам вуҷуд дорад, ки бар хилофи суханони зикршуда, аз он метавон тавқифӣ набудани исмҳои Худовандро бардошт кард, аз ҷумла мегуяд:

 “Асоси тавҳид ин аст, ки оғози он ташбеҳ ва поёни он тавҳид аст ва ин амр ба иқтизои зарурат аст. Зеро одамӣ бо ончи ки мефаҳмад ва дарк мекунад, бар чизе истидлол меоварад, ки фаҳм аз дарки он нотавон аст, монанди савобу азоби охират ба воситаи лаззатҳо ва озорҳои дунёӣ. Ҳамчунин аст тавсифи Худованди Мутаол ба воситаи ончи аз олами офариниш дарк мешавад….. мегӯем: Худованд олиму қодир аст, зеро худдорӣ кардан аз номидани Худованд ба ин исмҳо лозимааш таътил аст ва исботи маънои ин вожаҳо дақиқан ба мафҳуме, ки дар махлуқот вуҷуд дорад, лозимааш ташбеҳ аст. Пас ҷумлаҳое чун “на ҳамонанди олимон” ба он изофа мешавад, то зимни исботи ин исмҳо барои Худованд, ташбеҳ ба махлуқот низ нафй гардад. Ин дар сурате аст, ки зарурати ақл ва нақл ҳар ду, иҷоб кунанд (номидани Худованд ба олим ва қодирро). Аммо, дар мавориде, ки дар нақл наомадааст ва аз назари ақл низ, эҳтимоли он вуҷуд надорад, номидани Худованд ба он, ҷуръат ва ҷасорати бузурге аст”. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 102 то 106)

Бар асоси ин иборат мумкин аст бардошт шавад, ки агар дар ҷое ақл, нисбат додани исмеро ба Худованд лозим бидонад, ҳар чанд нақле низ вуҷуд надошта бошад, метавон он исмро ба Худованд нисбат дод.

Ҳамонгуна ки мулоҳиза гардид, дар мавриди масъалаи тавқифӣ будан ё тавқифӣ набудани исмҳои Худованд дар китобҳо ва навиштаҳои имом Мотуридӣ, ду навъ иборатҳо ва суханон вуҷуд дорад. Бархе иборатҳо ва суханоне аст, ки аз онҳо тавқифӣ будани исмҳои Худованд бардошт мешавад, аммо бархе дигар тавқифӣ набудани онҳоро мерасонд. Лизо дар ҷамъбандӣ байни ин ду навъ иборатҳо ва суханони вай метавон гуфт, ҳарчанд имом Мотуридӣ ақл ва нақл ҳар дуро дар исбот ва ба даст овардани исмҳои Худованд муътабар медонад, аммо як гунае аз эҳтиётро дар нисбат додани исм ба Худованд лозим медонад ва барои нисбат исми хоссе ба Худованд, вуҷуд доштани он исмро дар матнҳои шаръӣ муҳим медонад.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед