Таълими башар яке аз ҳадафҳои анбиё

0
45

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Дар ин мақола талош шудааст яке аз ҳадафҳои анбиёро, ки таълими башар аст равшанӣ андохта шавад. Бо нигоҳе ба омӯзаҳои Ислом ба ин нукта пай мебарем, ки: «Дини Ислом таваҷҷӯҳи вижае ба илм дорад; На танҳо Ислом, балки ҳамаи адёни осмонӣ ва макотиби башарӣ бар касби илм ва дониш таъкид доранд ва пешрафту тарақи дар масири илмро мояи ифтихор мешуморанд, аммо дини мубини Ислом беш аз ҳар дин ва оини дигаре ба илм баҳо дода ва инсонҳоро ба таълим ва тааллум фаро хондааст.»

Дар Қуръони Карим оёти фаровон дар баёни аҳаммияти илм, ҷойгоҳ, таъриф, ақсом, шароит ва масоили илму омӯзиш ва низ мазаммати ҷаҳл ва осори бади он омадааст. Бо нигоҳи гузаро ба ин маҷмӯаи гаронсанг ва муқоисаи он бо дигар макотиб, метавон дарёфт, ки ҳеҷ мактабе ин ҳама тавсиф ва таъкид, он ҳам бо ин мазомини баланд ва нурониро дар бораи илм надорад.

Инро бояд донист танҳо роҳи расидани инсон ба саодати дунявӣ ва ухравӣ вобаста ба илмомӯзӣ ва донишандӯзӣ аст; Чаро, ки ибодот, муомилот, зиндагии ойлавӣ, умури рӯзмара ва… ниёзманди илм ҳастанд.

Таълими башар аз ҳадафҳои анбиё

Дар қарни шашум бо дурахшиши хуршеди нубуввати Ислом ҳазрати Муҳаммад (с) дафтари таълим ва тарбият ба гунаи дигар рақам хурд. Нахустин оятҳои ваҳёнӣ бо хитоби хондан ва бихон ба Паёмбари Акрам(с) оғоз гардид ва ба ин тартиб таълим ва тарбият сарманшаи илоҳӣ пайдо кард.

Ислом дар ин ҳаракат аз ҳама макотиб пешқадамтар ва мусаммамтар аст, ба тавре, ки омӯзиш ва фарогирии дониш аз меҳваритарин барномаҳои фардӣ ва иҷтимоии ин мактаби илоҳӣ ба шумор меравад.

Нахустин оёти илоҳӣ, ки нозил гардида, баёнкунандаи арзиши қалам ва омӯзиши илм ва дониш аст. Ин оёти  фарҳангӣ  ҷаҳони Исломро аз ҳамон ибтидо тарсим менамояд. Дар оёти Қуръони Карим омӯзиши илм ва парвариши нуфуси инсонҳо аз муҳимтарин аҳдофи беъсати анбиё муаррифӣ шудааст.

Таъсири амиқи таолими исломӣ бар ҳаёти фарҳангӣ ва иҷтимоии мусулмонон дар муқоиса бо авзоъи фарҳангӣ ва илмии ҷазираи арабӣ пеш аз Ислом мумкин аст ба ин кори мутлақи вуҷуди фарҳанг ва доноӣ дар ин сарзамин биянҷомад. Бо ин ҳол  шавоҳиде бар ошноии нисбии араби қабл аз Ислом бо илму фарҳанг далолат дорад. Аммо ин ошноӣ бо улуми хондан ва навиштан бисёр маҳдуд будааст, ба гунае ки ба гуфтаи муваррихон дар Макка танҳо ҳабдаҳ нафар қодир ба навиштан будаанд.

Аммо супоришҳои муқаррарии Қуръон ба тааққулу тафаккур ва таълиму тааллум ва шеваҳои таолими Паёмбар(с) дар даъвати мардум ба Ислом ва низ заруратҳои зиндагии иҷтимоии мусулмонон сабаби таҳаввули ҷиддӣ дар таълиму тааллум гардид.

Дар кутуби таърихӣ сайри таҳаввули илмомӯзӣ дар даврони баъд аз зуҳури Ислом ба сурати тафсилӣ баён шудааст. Муваррихон ба мақулоти монанди мароҳили омӯзиш, сини таҳсил, аҳаммияти муаддибон, марокизи илмӣ аз даврони зӯҳури Ислом то ба ҳол, густариши улум баъд аз Ислом ва мабоҳисе аз ин қабил пардохтаанд.

Дар Қуръони Карим омӯзиши илм ва парвариш нуфуси инсонҳо аз муҳиммтарин аҳдофи беъсати анбиё муаррифӣ шудааст.

Худованд дар сураи Ҷумъа мефармояд:

هُوَ الَّذِی بَعَثَ فِی الْاُمِّیینَ رَسُولاً مِنْهُمْ یتْلُوا عَلَیهِمْ آیاتِهِ وَ یزَکِّیهِمْ وَ یعَلِّمُهُمُ الْکِتابَ وَ الْحِکْمَه

“Ӯ касе аст, ки дар миёни мардуми уммӣ расулеро аз худашон мабъус кард, то оёти ӯро бар онҳо бихонад ва ононро тазкия кунад ва китоб ва ҳикматро ба онҳо биёмӯзад.”(Сураи Ҷумъа, ояти 2)

Паёмбари Ислом низ, таълимро аз аҳдофи муҳимми рисолати хеш муаррифӣ менамоянд, чунончи нақл шудааст; рӯзе Расули Акрам (с) вориди масҷид шуданд ва ду гурӯҳ аз мардумро мушоҳида намуданд, гурӯҳе машғули ибодат ва розу ниёз бо маъбудашон буданд ва гурӯҳе дигар ба таълиму тааллум ва мубоҳисаи илмӣ иштиғол доштанд. Эшон фармуданд: « کلاهما علی خیر» “ҳар ду кори хубе мекунанд”. « و لکن بالتّعلیم اُرسلتُ» “Локин ман барои таълим ба рисолат мабъус шудаам” ва баъд дохил ҷамъияте шуданд, ки ба музокираи илм машғул будаанд.

Вуҷуби таҳсил ва таълими дониш

Аз назари Ислом, илмомӯзӣ ва таълим на танҳо амри писандидааст, балки аз воҷиботӣ ин дин ба шумор меравад ва оёт ва ривоёти зиёде бар он далолат доранд. Аз ҷумла инки Расули гиромии Ислом(с) фармудаанд:

« طلب العلم فریضه علی کلّ مسلمٍ »

“Фарогирии дониш бар ҳар мусулмоне воҷиб аст.” (Ибни Моҷа, боби фазли илм, ҳадиси 224)

Аз тарафи дигар бар донишмандон ҳам воҷиб аст, ки ба амри омӯзиш эҳтимом варзанд, чунончи дар баёни дигаре аз Паёмбари Акрам(с) нақл шуда, ки фармуданд:

« ما اخذ اللهُ المیثاقَ علی الخلقِ ان یتعلّموا حتّی اخذَ علَی العلماء ان یعلّموا »

Худованд аз мардум барои ёдгирӣ аҳд ва паймон нагирифт, магар инки аз донишмандон барои ёд додан паймон гирифт. ( Диёр Бакрӣ، Таърихи Алхамис фии аҳволи анфуси нафис, ҷ1, саҳ 395)

Набии мукаррами Ислом(с) бар муслимин тавсия менамуданд ба думболи дониш биравед ва дар фарогирии дониш ҳеҷ гуна маҳдудият замонӣ ва маконӣ надошта, аз ибтидои кӯдакӣ то охири умр дар пайи омӯхтан бошед;

« اُطلبوا العلم من المهد الی اللّحد»

Аз гаҳвора то лаҳад илм талаб кун. (Мустафо ибни Абдуллоҳ, Кашфуззунун, ҷ1, саҳ51)

Ва ҳатто агар танҳо роҳи дастёби ба илм ва дониш сафар ба дӯрдасттарин нуқоти ҷаҳон ҳамчун Чин бошад, ки дар он замон мусофират ба онҷо ба осонӣ мумкин набуд, аз ҳеҷ кӯшише дареғ нанамоед.

« اطلبوا العلم و لو بالصّین».

Дониш биҷӯед агар чи дар Чин бошад.(Канзул-Ъуммол, ҳадиси 28698)

Дар миёни ҳамаи маориф бар таълим ва тааллуми аҳком ва маорифи дин таъкиди бештар шудааст. Ба ҳадде, ки бар мусалмонон воҷиб гардида, ки аз ҳар қавме афроде барои фарогирии улуми дин ҳиҷрат кунанд ва баъд аз таҳсил ба миёни қавми худ баргашта ва онҳоро омӯзиш диҳанд;

فَلَوْ لا نَفَرَ مِنْ کُلِّ فِرْقَه مِنْهُمْ طائِفَه لِیتَفَقَّهُوا فِی الدِّینِ وَ لِینْذِرُوا قَوْمَهُمْ اِذا رَجَعُوا اِلَیهِمْ

“Пас чаро аз ҳар тоифае гурӯҳе ҳиҷрат намекунанд, то илми дин биёмӯзанд ва вақте баргаштанд ба сӯи қавми худ, онҳоро инзор кунанд.”(Сураи Тавба ояти 122)

Илми воҷиб дар Ислом

Улум бар ду дастаанд:

Улум бар ду дастаанд:

  1. Улуме, ки аз ёдгирӣ ва таълими онҳо сареҳан наҳй шудааст мисли илмҳои золла монанди: Сеҳр, ки ё барои худи фард ва ё ҷомеа фасодофарин ҳастанд ва ё инки ашхос ба қасди зарар задан ба дигарон меомӯзанд, омӯзиш ва ёдгирии ин даста аз улум магар дар мавқеъи зарурат ҳаром мебошад;
  2. Донишҳое, ки муқаддимаи созандагии модӣ ва ё маънавӣ, “дунявӣ ва ё ухравӣ”, фардӣ ва ё иҷтимоъӣ мебошанд ва бидуни онҳо ҳаёти моддӣ ва маънавии инсон ба мухотира меафтад, ки таҳсили онҳо ба сурати воҷиб мешаванд. Мисли, Ақоид, Аҳком ва ё воҷиби кифои ҳамчун илми тиб ва химия ва… Бар ҳамагон лозим аст.

Натиҷа

Мо дар ин навиштор нишон додем, ки асли илм ва хондан дар Ислом муҳим ва зарурӣ мебошад. Ҳамонгуна, ки  Худованд ба Паёмбари Акрам(с) дар оғози ваҳй амр ба хондан мекунанд “اقْرَأْ بِاسْمِ رَبِّكَ الَّذِي خَلَقَ ин муҳим будани ҷойгоҳи таълим ва тарбиятро дар Ислом мерасонад. Ҳатто худи Расули Акрам(с) дар ривоятҳо бар фарогирии илм ва дониш таъкид мефармояд ва ҳеҷ чизро монеи хондан ва таълим гирифтан намедонад. Аз ин ҳама таъкидот хулоса мегирем, ки дин барои боло бурдани сатҳи илмӣ ва фарҳангии ҷомеъаи инсонӣ омадааст.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед