Тафсири мотуридиён аз сифоти хабарӣ-2

0
156

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Сифоти Худо
Бахши нуҳум
Тафсири мотуридиён аз сифоти хабарӣ-2

Чунон ки баён кардем, мотуридиён дар тафсир ва табйини сифоти хабарӣ ду гурӯҳ ҳастанд. Гурӯҳе тарафдори таъвили маонии ин сифот ҳастанд ва оятҳои дарбардорандаи сифоти хабариро ба ғайр аз маънои зоҳирӣ таъвил мекунанд. Гурӯҳи дигар қоил ба тафвизанд ва маънои ҳақиқии сифоти хабариро ба Худо вогузор мекунанд.

1- Тарафдорони дидгоҳи таъвил
Гурӯҳе аз мотуридиён дар тафсири сифоти хабарӣ дидгоҳи таъвилро баргузидаанд. Аз ҷумлаи онҳо Абумуъини Насафӣ аст. Аз маҷмуи суханони Насафӣ ба даст меояд, ки вай қоил ба назарияи таъвил аст. Чунон, ки менависад: “Пас акнун дурустии сухани мо дар бораи  саҳеҳ набудани маъно кардани ин оятҳо бар зоҳирашон ва лозим будани тафсир кардани онҳо ба таъвилҳои муносиб, ошкор мешавад”. (Абӯмуъини Насафӣ, Табсират-ул-адилла, ҷ 1, саҳ 240)

Аслитарин далели Насафӣ барои дурӣ аз маъно кардани оятҳои дарбардорандаи сифоти хабарӣ бар асоси зоҳирашон ва зарурати таъвил онҳо, пас аз танзеҳи Худованд аз ҷисм доштан ва ҳодис будан, “таноқуз ва носозгорӣ дар китоби Худо” аст. Вай муътақид аст тафсири ин сифот бар асоси маъноҳои зоҳирияшон, сабаби таноқуз ва носозгории ошкор дар китоби Худо (Қуръони Карим) мешавад.

Вай дар тавзеҳ ва табйини ин истидлоли худ мегӯяд: “Баёни матлаб ин аст, ки Худованд дар ояте фармудааст: (الرَّحْمَنُ عَلَى الْعَرْشِ اسْتَوَى) “[Худои] Раҳмон бар “Арш” истиқрор ёфт.”  (сураи Тоҳо, ояти 5), дар ояти дигаре фармудааст: (أَأَمِنتُم مَّن فِي السَّمَاء) Оё аз Зоте, ки дар осмон аст, эмин шудаед (Сураи Мулк, ояти 16), дар ояти дигаре фармудааст: (مَا يَكُونُ مِن نَّجْوَى ثَلَاثَةٍ إِلَّا هُوَ رَابِعُهُمْ) Ҳеҷ розгуфтани сенафарӣ нест,

магар ин ки Ӯ чаҳорумини онҳост (Сураи Муҷодила, ояти 7), дар ояти дигаре фармудааст: (إِنَّ رَبَّكَ لَبِالْمِرْصَادِ) Қатъан, Парвардигорат дар камингоҳ аст. (Сураи Фаҷр, ояти 14), дар ояти дигаре фармудааст: (أَلَا إِنَّهُ بِكُلِّ شَيْءٍ مُّحِيطٌ) Огоҳ бошед, ки ҳамоно Ӯ ба ҳама чиз иҳота дорад. (Сураи Фуссилат, ояти 54).

Пас наметавон гуфт Худованд бар курсӣ ва дар осмон ва дар машриқ ва назди наҷвогарон (дар гӯш сухангӯяндагон) дар мағриб ва Рум ва Ҳинд ва Ироқ ва балки дар ҳар шаҳр ва ободӣ дар соати муайян ва соатҳои мухталиф аст. Аз тариқи таҳаввул ва интиқол ба ин шаҳр ва он шаҳр меравад… . Зеро ин маҳол аст як шайи воҳид дар маконҳои мухталиф бошад”. (Абӯмуъини Насафӣ, Табсират-ул-адилла, ҷ 1, саҳ 239)

2- Тарафдорони дидгоҳи тафвиз
Аммо гурӯҳи дигар аз мотуридиён дар тафсир ва табйини сифоти хабарӣ қоил ба назарияи тафвиз шудаанд ва фаҳми маънои ҳақиқии ин сифотро ба Худованд вогузор кардаанд. Аз ҷумлаи касоне, ки муътақид ба назарияи тафвиз ҳастанд худи Абумансури Мотуридӣ аст. Имом Мотуридӣ дар бораи ояти

الرَّحْمَنُ عَلَى الْعَرْشِ اسْتَوَى

Яъне “Ҳамон бахшандае, ки бар курсӣ тасаллут дорад” (Сураи Тоҳо, ояти 5)

мегӯяд: “Асл дар назди мо дар бораи ин оят он аст, ки Худованд фармудааст: (لَيْسَ كَمِثْلِهِ شَيْءٌ) яъне ’’Ҳеҷ чиз ҳамонанди Ӯ (Худо) нест’’, ва Худованд бадин васила шабеҳ будани худ бо махлуқотро нафй кардааст…. Пас мо ба ояти (الرَّحْمَنُ عَلَى الْعَرْشِ اسْتَوَى) ба он сурат, ки нозил шудааст, қоил мешавем ва маънои онро ба таври яқин ба чизе таъвил намебарем, зеро эҳтимол дорад, ки маънои дигаре ғайр аз ончи мо таъвил кардем, дошта бошад…. ва мо ба он чизе, ки Худованд аз он ирода кардааст, имон дорем ва инчунин дар бораи ҳар ончи, ки оят нозил шудааст, ба мисли дидани Худованд ва монанди он, нафйи шабеҳ будан аз Худованд ва имон ба ончи Ӯ ирода кардааст, лозим аст”. (Абумансури Мотуридӣ, Ат-тавҳид, саҳ 138).

Абумансури Мотуридӣ, инчунин дар китоби тафсири худ “Таъвилоту аҳли ас-суннат” дар зери ояти

الرَّحْمَنُ عَلَى الْعَرْشِ اسْتَوَى

менависад: Асл дар назди мо дар бораи ин оят он аст, ки Худованд фармудааст: (لَيْسَ كَمِثْلِهِ شَيْءٌ),  пас Худованд шабеҳ будани худ бо махлуқотро нафй кардааст. Мо баён кардем, ки Худованди Мутаол дар феълаш ва дар сифаташ поку муназзаҳ аз ташбеҳ аст, пас лозим аст ояти (الرَّحْمَنُ عَلَى الْعَرْشِ اسْتَوَى)-ро бар он сурат, ки нозил шудааст вогузор намоем ва дар ончи ба Худованд нисбат дода мешавад, шабеҳ будани Худо ба махлуқотро нафй намоем. Вақте поку муназзаҳ донистани Худованд аз шабеҳ, зотан ва феълан лозим бошад, пас ҷоиз нест аз ончи ба Худованд нисбат дода мешавад чизе ғайр аз он фаҳмида шавад”. (Абумансури Мотуридӣ, Таъвилоту аҳли ас-сунна, ҷ 6, саҳ 269).
Бинобар ин натиҷа гирифата мешавад, ки мотуридиён дар тафсир ва табйини сифоти хабарӣ ду гурӯҳ ҳастанд. Гурӯҳе аз онҳо дар ин замина дидгоҳи таъвилро баргузидаанд, ки аз ҷумлаи онҳо Абумуъини Насафӣ аст, аммо гурӯҳи дигар дар тафсири  ин сифот қоил ба назарияи тафвиз шудаанд. Аз ҷумлаи касоне, ки муътақид ба назарияи тафвиз ҳастанд худи Абумансури Мотуридӣ аст.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед