Тафсири мотуридиён аз сифоти хабарӣ-1

0
173

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Сифоти Худо
Бахши ҳаштум
Тафсири мотуридиён аз сифоти хабарӣ-1

Мотуридиён чун қоил ба асли муҳими “танзеҳ” ҳастанд ва ин асли муҳим пояи эътиқодот ва тафаккури тавҳидӣ ва худобоваронаи онҳоро ташкил медиҳад, тафсири сифоти хабарӣ ба ҳамон маъно ва мафҳуми зоҳирӣ ва луғавиро, рад мекунанд ва саҳеҳ намедонанд.

Аҳмад ал-Ҳарбӣ яке аз пажуҳишгарон дар бораи андешаҳои Мотуридӣ ва мактаби каломии мотуридия мегӯяд: Чизе, ки боис шудааст мотуридиён чунин дидгоҳ ва равишеро интихоб кунанд мавориди зер аст:

А: Исботи сифоти хабарӣ ба маънои зоҳириашон, ба носозгорӣ ва зиддияти ақл ва нақл меанҷомад.

Б: Далолати матнҳои нақлӣ, заннӣ (ғайри яқинӣ) аст.

В: Ҳамл кардани матнҳои нақлӣ бар маъноҳои зоҳирияшон, ба носозгорӣ ва зиддияти ақл ва нақл меанҷомад.

Г: Ҳамл кардани матнҳои нақлӣ бар маъонии зоҳириашон, ба носозгорӣ ва зиддият дар китоби Худо мунҷар мешавад. (Аҳмад ал Ҳарбӣ, Алмотуридияту Деросатан ва Тақвиман, саҳ 267-268)

Бинобар ин мотуридиён сифоти хабариро ба маънои зоҳирӣ ва луғавӣ ба Худованд нисбат намедиҳанд, вале дар тафсир ва табйини онҳо иттифоқи назар надоранд. Бархе аз мотуридиён қоил ба назарияи “таъвил” ҳастанд ва аз ин рӯ, маънои ин сифотро ба гунае таъвил мекунанд, ки бо асли танзеҳ созгор бошад. Аммо бархе дигар қоил ба назарияи “тафвиз” ҳастанд ва маънои ҳақиқии онҳоро ба Худованд вогузор мекунанд.

Абумуини Насафӣ мегӯяд: “Бузургони мо (пас аз иттифоқи назар бар ҳамл накардани сифоти хабарӣ бар маънои зоҳирии онҳо) дар тафсири ин сифот ихтилофи назар доранд. Бархе аз онҳо муътақиданд, ки ин сифот муташобеҳ аст ва бар асоси ақидаи мо наметавон онҳоро бар маъноҳои зоҳириашон тафсир кард, балки ба нозил шудани онҳо аз ҷониби Худованд имон меоварем ва ба таъвил онҳо даст намезанем ва бар ин эътиқодем, ки ончи Худованд (аз ин сифот) ирода кардааст, ҳақ аст. Бархе дигар аз онҳо ба баёни маъноҳои мухталифи оятҳо, ба ҷуз маъноҳои зоҳирии онҳо, даст задаанд ва гуфтаанд яқинан дар бораи ин лафзҳо эҳтимоли маъноҳои дигаре низ вуҷуд дорад, ки бо тавҳид ва қадим будани зоти илоҳӣ мухолифат надорад”. (Абӯмуъини Насафӣ, Табсират-ул-адилла, ҷ 1, саҳ 240)

Вай дар наҳоят натиҷа мегирад, ки: “Ҷоиз нест аз лафзҳое, ки ба Худованд нисбат дода мешавад, чизе фаҳмида шавад, ки бар Худованд маҳол аст, пас таъвил он лафзҳо ба маъоние, ки бар Худванд маҳол набошад, ё тафвизу вогузории мақсади онҳо ба Худованд ва имон овардан ба нузули зоҳирии онҳо, бо ҳифзи ақида аз чизе, ки сабаби роҳ ёфтани нишонаҳои ҳодис бар Худованд бошад, воҷиб аст”. (Абӯмуъини Насафӣ, Табсират-ул-адилла, ҷ 1, саҳ 245)

Аз мутолиаву баррасии китобҳое, ки худи олимони мотуридӣ ва китобҳое, ки дар бораи мактаби каломии мотуридия навишта шудааст, равшан мешавад, ки мутуридиён дар бораи сифоти хабарӣ ду гурӯҳ  ҳастанд. Гурӯҳе тарафдори таъвили маонии ин сифот ҳастанд, гурӯҳи дигар қоил ба тафвизанд.

Аз ончи баён гардид, чунин натиҷа гирифта мешавад, ки мактаби каломии Мотуридия нисбат додани сифоти хабарӣ ба Худовандро ба ҳамон маъно ва мафҳуми зоҳирӣ ва луғавӣ, рад мекунанд ва саҳеҳ намедонанд, вале дар тафсир ва табйини онҳо иттифоқи назар надоранд. Бархе аз мотуридиён дар ин замина қоил ба назарияи “таъвил” ҳастанд, аммо бархе дигар назарияи “тафвиз”-ро барои тафсири сифоти хабарӣ баргузидаанд.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед