Суҳайб ибни Синон(рз) 2

0
126

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Суҳайб ибни Синон(рз)
Қисмати дуввум

Муқаддим
Мо дар қисмати аввал бо ном, насаб, лақаб, даврони зиндагии Суҳайб ибни Синон(рз) ва ба чигуна имон овардани ӯ ва ба  сахтиҳое, ки дар даврони кӯдакӣ кашида буд, ҳамчунин бо бархе дигар аз вижагии Суҳайб(рз) ошно шудем.

Дар ин қисмат бо бархе дигар аз фаъолиятҳо ва корҳое, ки дар роҳи Худо анҷом додааст ошно мешавем.

Ҳиҷрат ба Мадина:

Пас аз ҳиҷрати Паёмбар(с) ба Мадина, Суҳайб(рз) ҳам ба қасди ҳиҷрат ба Мадина ҳаракат кард. Куффори Қурайш ӯро таъқиб карданд. Суҳайб(рз), ки марди шуҷоъ ва нерӯманд буд, тире ба  камон ниҳод ва гуфт ҳама маро мешиносед, ки дар тирандозӣ маҳорати комил дорам ва агар аз ман даст накашед, тамоми тирҳое, ки ҳамроҳам дорам бар алайҳатон истифода мекунам ва сипас бо шамшер бо шумо меҷангам. Ман барои шумо сӯде надорам. Маҳалли амволамро ба шумо нишон медиҳам, то онҳоро тасарруф кунед ва аз ман даст бикашед. Онҳо ба ин муомила розӣ шуданд ва баргаштанд. Ӯ ҳам ба роҳи худ идома дод ва дар Қубо худро ба Паёмбар Акрам (с) расонд.

Ӯ ва ҳазрати Алӣ(рз) аз охирин касоне буданд, ки дар Қубо худро ба Паёмбар(с) расонданд. ( Усдулғоба, ҷ.2, с.419)

Ӯ ҳангоме ба Қубо расид, ки Паёмбар(с) дар миёни чанде аз ёронаш нишаста буд.

Паёмбар(с) ба маҳзи дидани ӯ, хушҳол шуд ва ба лабханд садо зад ва фармуд:

“Эй Або Яҳё муомилаи сӯдбахше буд.”(Ал-Истиоб фи маърифати-ал-асҳоб ҷ.2, саҳ. 732)

Бархе аз таърихнависон ва муфассирон шаъни нузули ояти 207 сураи муборакаи Бақараро дар мавриди эшон медонанд, вале гурӯҳи дигар онро дар мавриди Ҳазрати Алӣ(рз) медонанд, ки дар шаби лайлат-ал-мабит (шабе аст, ки мушрикони Макка аз тамоми қабилаҳо чанд нафареро интихоб карданд ва тасмим гирифтанд, то Паёмбар(с)-ро ба қатл бирасонанд) аз ҷони худ гузашт ва дар бистари (ҷои хоб) Паёмбар(с) хобид.

وَمِنَ ٱلنَّاسِ مَن يَشرِي نَفسَهُ ٱبتِغَآءَ مَرضَاتِ ٱللَّهِۚ وَٱللَّهُ رَءُوفُ بِٱلعِبَادِ

“Ва баъзе аз мардум касоне ҳастанд, ки ҷонашонро барои ба даст овардани ризояти Худо медиҳанд ва Худованд бисёр омурзанда аст нисбат ба бандагонаш”(Сураи Бақара Ояти 207)

Ҳузур дар ҷангҳо

Суҳайб ибни Синон (рз) дар тамоми ғазваҳо (ҷангҳое, ки Паёмбар(с) дар онҳо ширкат кардааст) ҳузур дошт.

Ӯ мегӯяд: Паёмбар(с) дар  ҳеҷ ҷанге ширкат накард (чӣ дар оғози беъсат ва чӣ дар солҳои баъд) магар он ки ман дар самти рост ё самти чапи Ӯ шамшер мезадам.

Ҳаргиз мусулмонон аз рӯбарӯ шудан бо душман натарсиданд, магар он ки ман пешопеши онҳо меҷангидам. Ва ҳеҷ вақт аз ҳамлаи душман аз пушти сар, натарсиданд магар он ки ман пушти сари онҳо будам.

Ҳаргиз Паёмбар(с)-ро, то он замоне ки ба мулоқоти Парвардгор шитофт, миёни худам ва душман қарор надодам. (Мардони гирдогирди Паёмбар(с) с.127)

Ин тасвири хиракунандаи имони беназир ва ишқу алоқаи бузург аст.

Суҳайб (рз) аз нахустин рӯзе, ки ба истиқболи нури Худо рафт ва даст дар дасти Паёмбар(с) гузошт ва байъат дод, шойистаи чунин имони фавқулъодае буд.

Аз ҳамон рӯз, рӯҳи оҳанин ва аз худгузашта тарбият кард ва бо он ба истиқболи ҳодисаҳо рафт ва ҳодисаҳоро таслими худ сохт ва ба истиқболи тарсҳо рафт ва тарсро ба ваҳшат андохт ва ҳамонгуна, ки пеш аз ин гуфтем, бо як пешравии ҷасурона бо авоқиб ва натоиҷи он рӯбарӯ шуд.

Ӯ аз ҳеҷ ҷанг ва хатаре канорагирӣ намекард ва худро аз манофеъ ва лаззатҳо ва хушиҳо дур намуда,  дар роҳи Худо  ҷанг ва мубориза мекард.

Ӯ муборизаи муқаддас ва пуштибонии бузурги худро ба Паёмбар(с) аз рӯзи ҳиҷрат оғоз кард.

Он рӯз аз ҳамаи сарватҳое, ки, дар замони солҳо иқомат дар Макка аз тиҷорати пурсӯд ба даст оварда буд, даст кашид ва кӯчактарин тардид ва хаёли худдори аз ин амалро ба зеҳни худ роҳ надод.

پیش صدر مصطفی بین هم بلال و هم صهیب

این چو عود آن چون شکر در عود سوزان آمده

Пеши садри Мустафо(с) байни ҳам Билолу ҳам Суҳайб(рз)

Ин чу уду он чун шакар, дар уди сӯзон омада

(Куллиёти Саъдӣ, с 836)

Пас аз Паёмбар(с)

Халифаи дуввум, Умар(рз) алоқаи хоссе ба Суҳайб(рз) дошт. Ба хотири ҳамин алоқае, ки дошт бино бар васияти ӯ, Суҳайб(рз) пас аз маргаш бар ҷанозаи ӯ намоз хонд.

Дар замоне, ки халифаи дуввум Умар(рз) дар бистари марг афтода буд, дастур дод, то Суҳайб(рз) барои мардум намоз бихонад. Ӯ бо ин дастур, то пас аз хотима ёфтани кори шӯрои хилофат барои мардум намоз мехонд. (Усду-ал-ғоба, ҷ,4, саҳ. 421; Ал-исоба, ҷ3, саҳ. 366)

Баъд аз қатли халифаи севвум Усмон(рз), Суҳайб (рз) аз зумраи касоне буд, ки бо халифаи чаҳорум  Алӣ(рз) байъат накард. (Ал-комилу фи торих, ҷ3, саҳ, 191)

Вафот ва маҳалли қабр

Суҳайб(рз) дар моҳи шавволи соли 38 қамарӣ дар Мадина даргузашт ва дар қабристони Бақиъ, ки дар Мадинаи Мунаввара воқеъ шудааст ба хок супорида шуд. (Ал-комилу фи торих, ҷ3, саҳ, 351.Ал- Истйиоб, ҷ.2, саҳ, 733  Усдул-ғоба ҷ.4 саҳ. 421)

Натиҷа

Бародарон ва хоҳарони азиз дини мубини Ислом ба осонӣ ва ба роҳатӣ ба мову шумо нарасидааст. Барои инки ин дини илоҳӣ ва оини Муҳаммадӣ(с) барои мо бирасад, Паёмбари Худо ҳазрати Муҳаммад(с) талошҳои шабонарӯзӣ анҷом дод ва асҳоби гиромии эшон аз ҷону мол ва ҳамсару фарзандони худ гузаштанд ва дар ҷангҳои нобаробар ва тоқатфарсо ширкат карданд. Дар пеши чашмонашон дӯстон ва бародарони диниашон кушта ва захмӣ мешуд ва гоҳе дар муқобили наздикон ва хешовандони худ қарор мегирифтанд, вале ба хотири ин дини муборак аз ҷанг рӯй бар намегардонданд ва бо онҳо меҷангиданд.

Барои ҳамин қадри ин дини муборакро бояд бидонем ва саъю талош кунем, то мисли ин асҳоби бузурги Расули Худо(с) ҳамеша дини Худоро ёрӣ диҳем ва аз пайравони ростини ҳазрати Муҳаммад(с) бошем.

Худованд ба мо ёри диҳад, то дар муқобили душманони қасам хурдаи дини мубораки Ислом ҳамонанди асҳоби гиромӣ аз ҷону мол ва дору надори худ  бигзарем.

Худовандо дар рӯзи Қиёмат моро аз шафоъати Паёмбарат(с) бенасиб магардон.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед