Суҳайб ибни Синон(рз) 1

0
193

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Суҳайб ибни Синон(рз)
Қисмати аввал

Мақаддима
Асҳоби Расули Акрам(с) нахустин тарбиятёфтагони мактаби Қуръони Карим ва суннати Расули Худо(с) ҳазрати Муҳаммд(с) буданд ва аз онҷое, ки бузургтарин муаллими инсоният ва башарият мураббии онҳо буд, ба беҳтарин шакли мумкин дар мактаби набавӣ тарбият ёфтанд ва барои зинда нигоҳ доштани дини мубини Ислом аз падару модар, ҷону мол, зану фарзандони худ гузаштанд ва барои таблиғ ва тарвиҷи ин дини муборак, дар ҷангҳои фаровон ва тоқатфарсо, дар замони Паёмбар(с) ва баъд аз замони Эшон ширкат карданд, то ин дини муборак ба мо мусалмонон расидааст.

Барои ҳамин лозим аст, то ҳар мусалмон онҳоро бишносад ва қадрдони онҳо бошад ва  онҳоро барои худ улгу қарор бидиҳад ва аз таҷрибаҳои эшон барои тарвиҷ ва таблиғи ин дини муборак истифода барад.

 Ному насаб ва зиндагии қабл аз Ислом.
Суҳайб ибни Санон(рз), аз қабилаи Намр ибни Қосит буд ва 36 сол пеш аз ҳиҷрат дар миёни нозу неъмат мутаваллид шуд.

Падарашро шоҳи Эрон “Касро” ҳокими шаҳр «Убуллаҳ» гузошта буд. Ӯ аз ҷумлаи арабҳое буд, ки муддатҳо қабл аз зуҳури Ислом ба Ироқ муҳоҷират карда буданд. Ин кӯдак дар қасри бошукӯҳи падараш, ки дар наздики минтақаи ҷазира ва шаҳри Мавсел дар канори  Фурот сар ба осмон барафрошта буд, дар камоли хушбахтӣ, зиндагӣ мекард.

Суҳайби хурдсол бо модараш ва ҷамъе аз хидматкорон ва атрофён, барои истироҳат ба деҳкадаи «Сано» (дар Ироқ) рафт. Баъд аз муддате сарзамини онҳо мавриди ҳуҷуми сипоҳиёни Рӯм қарор гирифт, сипоҳиёни Румӣ нигаҳбонон ва муҳофизонро куштанд ва амволро ба ғорат бурданд ва занону кӯдаконро ба асир гирифта ва бо худ бурданд. Суҳайби навҷавон ҳам, ҷузъи асирҳо буд. Ӯро ба Рӯм бурданд ва дар онҷо бузург шуд, аз ин рӯ ба ӯ Суҳайби Рӯмӣ мегуфтанд. (Ал-исоба фи тамйизи ас-саҳоба, ҷ.2, саҳ.364)

Тоҷирони бардафурӯш мураттаб ӯро хариду фурӯш мекарданд, то онки дарбадарии ӯ дар Макка поён ёфт. Ӯ пас аз онки даврони кӯдакии худро дар Рум ба поён расонид ва по ба синни ҷавонӣ ниҳод ва ҳатто – забон ва лаҳҷаи рӯмиёнро ба хубӣ ёд гирифт, дар Макка ба «Абдуллоҳ ибни Ҷазъон» фурӯхта шуд. (Ал-истийоб фи маърифати асҳоб, ҷ.2, саҳ.726)

Абдуллоҳ аз тезҳӯшӣ ва шодобию покдилии Суҳайб мутааҷҷиб шуд, барои ҳамин  ӯро озод намуда ва шароити лозимро барои ӯ фароҳам мекунад, то ҳамроҳи худаш ба кори тиҷорат ва бозаргони бипардозад. (Ибни Асир, Усдулғоба фи маърифатис саҳоба, ҷ.2, саҳ.18)

Лақаб ва кунияи Суҳайб(рз):
Суҳайб(рз) ҳарчанд дорои асолати арабӣ аст, вале ба далели солҳо зиндагиаш дар Рум ва низ ба хотири бурӣ ё сурхии мӯйҳояш ва лукнат ва лаҳҷаи вежааш, ба Суҳайби Румӣ маъруф буд. 

Таърихи Ислом овардани Суҳайб(рз).
Суҳайб ва Аммори Ёсир(рз) пас аз сиву чанд нафар мусалмон шуданд.

Аммор(рз) мегӯяд, ки дар яке аз рӯзҳое, ки Паёмбар(с) бо ҷамъе аз мусалмонон дар хонаи Арқам(рз) пинҳон буданд, ман дар пеши дари  хонаи Арқам(рз) мунтазири иҷозат будам, ки Суҳайб ҳам расид.

Аз ӯ пурсидам:
Ин ҷо чӣ мехоҳӣ?
Гӯфт:
Ту чӣ мехоҳӣ?
Гуфтам:
Мехоҳам назди Муҳаммад(с) биравам ва суханонашро бишнавам.
Гуфт қасди ман низ ҳамин аст.

Бо ҳам ба дохили хона рафтем ва бо Паёмбар(с) мулоқот кардем, Паёмбар(с) дини Исломро бар мо пешниҳод фармуданд ва ҳар ду мусалмон шудем.

Он рӯз, то шаб ҳамон ҷо мондем ва шаб пинҳонӣ ва махфиёна аз онҷо берун омадем. (Ал-истйиоб фи маърифати асҳоб, ҷ.2  саҳ.728)

Баъд аз он рӯз Суҳайб(рз) роҳи хонаи Арқам(рз)-ро шинохт ва роҳи худро ба сӯи нур ва ҳидоят ва фидокории сахт ва бузург маълум кард, зеро убур аз он дари чӯбие, ки дохили хонаи Арқамро аз хориҷи он ҷудо месохт, фақат гузаштан аз дар набуд, балки убур аз як ҷаҳон ба ҷаҳони дигаре буд. Аз ҷаҳони қадим бо тамоми вижагиҳояш аз дину ахлоқ гирифта, то низоми зиндагии марбут ба он, ба ҷаҳони ҷадид бо тамоми вижагиҳояш аз ҷумла дин, ахлоқ ва низоми зиндагӣ марбут ба он.

Гузаштан аз дари хонаи Арқам(рз), ки арзи он беш аз як қадам набуд, дар ҳақиқат гузаштан аз дарёи паҳновари пур аз тарсу ваҳшат буд.

Ворид шудан ба хонаи Арқам(рз) дар он даврон, ба дӯш кашидани масъулиятҳои бузурге ба ҷо мегузошт ва вуруд ба хонаи Арқам дар он даврон барои фақирҳо ва ғарибҳо ва бардагон ҷонбозӣ ва азобу шиканҷае болотар аз тоқати башарӣ буд.

Суҳайб марди ғарибе буд.  Дӯсташ Аммор ибни Ёсир(рз), ки бар дари хонаи Арқам(рз) ӯро мулоқот кард, низ марди фақире буд.

Пас бояд дид чӣ чизе сабаб шудааст, ки ин ду нафар ва монанди инҳо бо пои худ ба истиқболи он сахтӣ ва азоб бишитобанд ва худро барои имтиҳони бузург омода кунанд.

Ин нидои имон аст, ки ҳеҷ касро тавони муқовимат дар баробар он нест.

Ин сиришт ва симои ҷаззоби Паёмбар ҳазрати Муҳаммад(с) аст, ки бӯи хуши он, дилҳои неконро саршор аз ҳидоят ва муҳаббат мекард.

Чеҳраи ҷадид ва дурахшоне, ки ақлҳоеро, ки аз фасод ва гумроҳӣ ва фақри ҷаҳони қадим дилзада шуда буданд, мутаҳайир месохт ва пеш аз ҳама, раҳмати Худованди ҷаҳонофарин аст, ки фақат шомили ҳоли касоне мешавад, ки Худо бихоҳад ва билохира нури ҳидояти Худое буд, ки ҳаркасро, ки ба сӯи Худо биравад роҳнамоӣ мекунад.

Суҳайб(рз) дар сафи мусалмонон қарор гирифт.

Дар сафи маҳрумон ва касоне, ки таҳти фишор буданд ва озору азият мешуданд, мавқеияти бузург ва барҷастае ба даст овард.

Ӯ дар сафи бахшандагон ва фидядиҳандагон низ мақоми волое пайдо кард.

Ӯ аз алоқа ва дилбастагии худ нисбат ба масъулиятҳои хеш ба унвони фарди мусалмон, ки бо Паёмбар(с) байъат намуда ва зери парчами Ислом қарор гирифтааст, содиқона парда бардошта ва чунин мегӯяд:

Паёмбар(с) ба ҳеҷ ҷое нарфт магар онки ман низ он ҷо ҳозир будам. Аз ҳеҷ касе байъат нагирифт, ҷуз онки ман низ ҳозир будам. Ҳеҷ сипоҳеро ба майдони ҷанг гусел надошт, ҷуз онки ман низ ҷузъи онон будам. (Мардони атрофи Паёмбар(с), с137)

Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед