Сифоти хабарӣ

0
138

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Сифоти Худо
Бахши ҳафтум

Сифоти хабарӣ
Сифоти хабарӣ ба он даста аз сифоти Худованд гуфта мешавад, ки роҳи исботи онҳо танҳо далелҳои нақлӣ, яъне оятҳои Қуръони Карим ва ривоятҳо аст ва ақл тавони исботи ин сифот барои Худовандро надорад, ҳатто дар аксари мавридҳо онҳоро барои Худованд нафй мекунад. Ба ҳамин сабаб, ки фақат аз тариқ нақлу хабар исбот мешаванд, ба онҳо “сифоти хабарӣ” гуфта мешавад.

Мақсад аз сифоти хабарӣ, сифоти монанди омадан, нозил шудан, ваҷҳ (рӯй), қарор гирифтан бар арш, даст ва ғайра аст, ки дар оятҳои Қуръони Карим ва ривоятҳо зикр шудаанд. Аммо агар зикр шудани онҳо дар оятҳо ва ривоятҳоро дар назар нагирем, аз тариқи ақл роҳе барои исботи онҳо вуҷуд надорад. Аммо чун дар оятҳои Қуръони Карим ва ривоятҳои Пайғамбари Акрам (с) омадаанд, бояд он сифотро тафсир ва маънои муносиб кард.

Сифоти хабарӣ агар дар нақл ворид нашуда буданд, ҳеҷ кас шак намекард, ки ин сифот қобили нисбат додан ба Худованд нест, аммо чунин сифоте дар Қуръону суннат ба Худованди Мутаол нисбат дода шудааст. Инҷост, ки имон ба Қуръону суннат аз як сӯ ва танзиҳи Худованди Мутаол аз нақсҳо, ки мавриди таъйиди ақлу нақл аст аз сӯи дигар, ба як носозгорӣ ва зиддият мунҷар шудааст. Зеро нисбат додани ин сифот ба Худованд ба ҳамон маънои зоҳириашон лозимааш ташбеҳ ва таҷсим аст. Аз ин ҷиҳат донишмандони исломӣ барои ҷамъ байни ақл ва нақл ва танзеҳи Худованд аз ташбеҳу таҷсим, дидгоҳҳо ва назарияҳои гуногунеро дар тафсир ва тавзеҳи сифоти хабарӣ баён кардаанд, то носозгорӣ ва зиддияти ба вуҷуд омадаро бартараф кунанд. Инак муҳимтарин назарияҳо дар ин мавридро баён хоҳем кард.

1- Исботи сифоти хабарӣ ҳамроҳ бо кайфият (чигунагӣ)
Гурӯҳе аз муҷассама (қоил ба ҷисм будани Худо) ва мушаббаҳа (қоил ба ташбиҳи Худо ба махлуқот) бар ин назаранд, ки ин гуна сифот ба ҳамон маъно ва кайфияте, ки дар инсонҳо вуҷуд дорад дар Худованд низ ҳастанд. Онҳо ҳамаи сифоти хабариро, ки дар Қуръони Карим ва ривоятҳои Пайғамбари Акрам (с) зикр шудааст бар ҳамон маънои луғавӣ ва зоҳирӣ ба Худованд нисбат додаанд ва аз тавсиф кардани Худованд ба ҷисм ва нисбат додани ҷисмоният ибое надоранд.

Муҳаммад ибни Абдулкарими Шаҳристонӣ дар ин маврид мегӯяд: “Мушаббаҳа барои Парвардигорашон даст задан ва салом кардан бо дастро ҷоиз медонанд ва инчунин муътақиданд, ки мусалмонони мухлис, ки дар ибодату тақво ва иҷтиҳод ба ҳадди ихлос бирасанд, дар дунё ва охират бо Худованд ҳамдигрро дар бағал мегиранд”. (Муҳаммад ибни Абдулкарими Шаҳристонӣ, Ал-милалу ван-ниҳал, саҳ 84)

2- Исботи сифоти хабарӣ бидуни кайфият (бидуни чигунагӣ)
Гурӯҳи дигар аз донишмандони исломӣ сифоти хабариро ба ҳамон маънои зоҳирӣ ва луғавӣ ба Худо нисбат додаанд, аммо барои дучор нашудан ба мушкили ташбеҳ ва таҷсим, қайд ва шарти “билокайф” (бидуни кайфият)-ро ба он афзӯдаанд. Гурӯҳе аз Аҳли ҳадис, Абулҳасани Ашъарӣ ва аксари пайравони мактаби каломии Ашоира тарафдорони ин назария мебошанд. (Абулҳамани Ашъарӣ, Мақолотул-исломиййин, ҷ 1, саҳ 226)

Ҳосил ва нитиҷаи ин дидгоҳ он аст, ки ин сифот барои Худованд собит аст, аммо на онгуна, ки дар инсонҳо ҳаст, пас барои Худо дасту чашм вуҷуд дорад, аммо на мисли дасту чашми инсонҳо. Ин гурӯҳ ба ин тариқ хостаанд байни зоҳири нақл ва танзиҳи Худованд ҷамъ карда бошанд.

3- Назарияи тафвиз (вогузории маънои сифот ба Худо)
Гурӯҳе аз Аҳли ҳадис монанди имом Аҳмад ибни Ҳанбал, имом Молик ибни Анас ва … қоил ба ин назария ҳастанд. Онҳо муътақиданд оятҳо ва ривоятҳоеро, ки баёнкунандаи сифоти хабарӣ ва лозимаашон ташбеҳ ва таҷсим аст, ба маънои зоҳирӣ гирифа ба Худованд нисбат медиҳем, аммо дар мавриди кайфият ва чигунагии он сукут мекунем ва маънои онро ба Худованд тафвиз ва вогузор менамоем, чун ақли инсон аз дарку фаҳм он нотавон аст. Бинобар ин ончиро, ки Худованд бар худ нисбат додааст мо ҳам ба кор мебарем ва маънои онро таъвил намекунем ва аз кайфият ва чигунагии он ҳам пурсиш наменамоем.

Аз имом Молик ибни Анас сухани маъруфе аст, ки вақте аз ӯ дар бораи “Ал-истивоъ” (қарор гирифтани Худо бар арш) савол мекунанд, дар посух мегӯяд:

الاستواء معلوم، و الكيفية مجهولة، و الإيمان به واجب، و السؤال عنه بدعة

Яъне “Маънои зоҳирии қарор гирифтани Худо бар арш маълум аст, аммо кайфият ва чигунагии он номаълум аст, имон овардан ба он фарз аст ва совол кардан аз он бидъат аст”. (Муҳаммад ибни Абдулкарими Шаҳристонӣ, Ал-милалу ван-ниҳал, саҳ 74)

Гурӯҳе аз пайравони мактаби каломии ашъарӣ низ муътақид ба назарияи “тафвиз” ҳастанд. Имом Фахри Розӣ, ки ба ин дидгоҳ майл дорад мегӯяд: “Бояд бидонем дар оятҳои муташобеҳ (оятҳое, ки дарбардорандаи сифоти хабарӣ ҳастанд), мақсуди Худо ғайри зоҳири онҳо аст, бинобар ин бояд тафсири онҳоро ба Худованд вогузор намоем ва барои мо шоиста нест, ки дар тафсири онҳо ворид шавем”. (Фахриддини Розӣ, Асосул-иқтибос, саҳ 137 ва 138)

4- Назарияи таъвил
Пайравони мактаби каломии Муътазила дар мавриди сифоти хабарӣ қоил ба таъвили оятҳо ва ривоятҳое ҳастанд, ки баёнкунандаи сифоти хабарӣ мебошанд. Иллати ин амр он аст, ки равиши Муътазила дар исботи масъалаҳои каломию эътиқодӣ, ақлӣ ва ақлонӣ аст ва истиноди ақл бар нақл ғалаба дорад. Бар ин асос, ҳар куҷо зоҳири далели нақлӣ бо далели ақлӣ носозгорӣ дошта бошад, муътазилиён ба таъвили далели нақлӣ рӯ меоваранд.

Асли дигаре, ки поя ва асоси фикрии Муътазиласт, асли тавҳид аст. Тавҳид назди муътазила маънои ҷомеи дорад, яъне “танзеҳ” мебошад. Яке аз шохаҳои танзеҳ ин аст, ки сифоти хабарӣ ба гунае тафсир шаванд, ки мунҷар ба ташбеҳ ва таҷсим нагардад. Бинобар ин Муътазила бар ин назаранд, ки сифоти хабариро наметавон ба ҳамон маънои луғавӣ ва зоҳирӣ ба Худованд нисбат дод ва ба онҳо тавсиф намуд ва гуфт Худованд дасту сурат дорад, пас бояд ин сифотро таъвил намуд.

Баинобар ин аз ончи баён кардем натиҷа гирифта мешавад, ки дар миёни андешмандони исломӣ дар мавриди сифоти хабарӣ чаҳор дидгоҳ ва тафсир вуҷуд дорад. Гуруҳе бар ин назаранд, ки ин гуна сифот ба ҳамон кайфияте, ки дар инсонҳо вуҷуд дорад дар Худованд низ ҳастанд. Гӯруҳи дигар ин сифотро ба ҳамон маънои зоҳирӣ ба Худо нисбат додаанд, аммо барои дучор нашудан ба мушкили ташбеҳ ва таҷсим, қайд “билокайф”-ро ба он афзудаанд. Дастаи дигар сифоти хабариро ба ҳамон маънои зоҳирӣ ба Худованд нисбат медиҳанд, аммо маънои онро ба Худованд вогузор менамоянд. Гуруҳи чаҳорум қоил ба таъвили оятҳо ва ривоятҳое ҳастанд, ки баёнкунандаи сифоти хабарӣ мебошанд.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед