Шуҷоат дар сираи набавӣ(бахши дуввум)

0
29

Ба  номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Сифати шуҷоат, ки яке аз фазоили барчастаи инсони ҳаст дар шакли комил худро дар вуҷуди нозанини Расули Худо(с) намоён намуда буд. Ба гунаи, ки Расули Худо(с) дар ҳамаи ҷилваҳои он комил ва бе ҳамто буд. Ҳамчуноне, ки агар сухани ҳаққе қарор буд гуфта шавад, Ҳазрат(с) бепарво ва бо сароҳат он суханро мегуфт ва агар саҳнаи набарде буд он Ҳазрат пештоз аз ҳама сафҳо мешуд ва агар касе кумак мехост Ӯ бар дигарон сибқат мегирифт Ӯ дар ҳама ҷабҳаҳо як диловар буд. Дар бахши аввал намунаҳои аз шуҷоати он Ҳазрат қабл аз беъсат ва як намуна баъд аз беъсат баён шуд, ки дар ин бахш ҳам чанд намунаи дигари таърихӣ аз шуҷоати Паёмбари Ислом(с) баён мешавад.

Шуҷоати Паёмбар(с) баъд аз беъсат

Таҳдиди ҷаноби Абутолиб

Нақл шудааст дар авоили даъвати аланӣ ва ошкор, сарон ва ашрофи Қурайш назди Абутолиб амаки Паёмбар(с) рафтанд ва бо ҳарфҳои таҳдидомез ӯро ба тарки ҳимоят аз Паёмбар(с) даъват карданд ва гуфтанд; эй Абутолиб ту аз назари син ва сол ва шарофат ва манзалат аз мо болотар ҳастӣ аз ту дархост кардем, ки бародарзодаатро аз ин кор(даъвати илоҳӣ) боздор, вале ин корро анҷом надодӣ ба Худо қасам дигар наметавонем бар носазогуӣ ба худоёнамон, падаронамон, ишколгирӣ дар ақлҳоямон, айбҷуи аз оинамон сабр кунем ё худат ӯро аз ин кор бозмедорӣ ва ё инки бар зидди ту ва ӯ ҷангро шуру мекунем, то яке аз ду гуруҳ ба ҳалокат бирасем. Абутолиб, ки авзоъро нигаронкунанда дид суханони ашроф ва сарони Қурайшро бо Паёмбар(с) дар миён гузошт ва аз Ӯ хост, то даст аз даъвати хеш бардорад. Аммо Паёмбар(с) бидуни ҳеч воҳимаи бо шуҷоат посух дод.

يا عم ، والله لو وضعوا الشمس في يميني ، والقمر في يساري على أن أترك هذا الأمر حتى يظهره الله ، أو أهلك فيه

Эй амак! агар хуршедро дар дасти рости ман ва моҳро дар дасти чапи ман қарор бидиҳанд, даст аз даъвати илоҳӣ бар намедорам,то инки амри Худоро ошкор кунам ё ҷонамро дар ин роҳ аз даст бидиҳам. (Ибни Ҳишом, ҷ 1, саҳ 265-266)

Тарк кардани нажодпарастӣ

Яке дигар аз шавоҳиде, ки шуҷоат ва қотеияти Паёмбари Худо(с)ро нишон медиҳад дурӣ кардан аз нажодпарстӣ ва қабилагароӣ буд, ки дар даврони ҷоҳилият як асл маҳсуб мешуд ба ҳамин хотир дар мавқеиятҳои мухталиф ҷомеаи исломиро аз ин кор бар ҳазар медошт ва мефармуд; насабҳои худро назди ман наёред, балки амалҳои худро биёред. (Таърихӣ Яъқубӣ, ҷ 2, саҳ 110)

То онки дар ин маврид оят нозил шуд

يَا أَيُّهَا النَّاسُ إِنَّا خَلَقْنَاكُمْ مِنْ ذَكَرٍ وَأُنْثَىٰ وَجَعَلْنَاكُمْ شُعُوبًا وَقَبَائِلَ لِتَعَارَفُوا ۚ إِنَّ أَكْرَمَكُمْ عِنْدَ اللَّهِ أَتْقَاكُمْ ۚ إِنَّ اللَّهَ عَلِيمٌ خَبِيرٌ

“Эй мардум! Ҳамоно Мо шуморо аз мард ва зане офаридем ва шуморо миллатҳо ва қабилаҳо қарор додем, то якдигарро бишносед; қатъан гиромитарини шумо назди Худо парҳезгортарини шумост; ҳамоно Худованд донои огоҳ аст”.(Сураи Ҳуҷурот, ояти 13)

Бидъатшиканӣ

Ҷараёни бидъатшикании он Ҳазрат дар бораи издивоҷи Зайд ибни Ҳорис яъне писархонда ва ғуломаш яке аз намунаҳои ошкори шуҷоати он Ҳазрат аст. Паёмбар(с) барои дарҳам кубидани суннати нодурусти ҳурмати издивоҷи духтарони ашроф бо табақаи поин ва таҳидаст духтари амаки худ(Зайнаб)ро, ки набераи Абутолиб буд ба издивоҷи ғуломи собиқи хӯд ва озод шудаи он рӯз Зайд ибни Ҳорис даровард. (Табарӣ, ҷ 2, саҳ 232)

Ин корро ба ин хотир кард, то мардум бидонанд, ки ин марзҳои номаъқул бояд аз байн биравад ва агар Паёмбар(с) мегӯяд; мелок бартарии тақво ва парҳезкорӣ аст ва духтари мусалмон ҳам шаъни марди мусалмон мебошад ва худи он Ҳазрат аввалин нафар инро анҷом дод.

Издивоҷи шуҷоона

Яке дигар аз иқдомоти шуҷоонаи Паёмбари Акрам(с) издивоҷ бо ҳамсари талоқдодаи писархондааш(Зайнаб)буд. Ин амал эътирозҳо ва интиқодҳоеро аз ҷониби мунтақидон ба амал овард. Дар ҳамаҷо ба унвони як кори нописанд мегуфтанд(Муҳаммад бо ҳамсари писархондаи худ издивоҷ кардааст) Худованд барои саркуб кардани ин фикр ояте нозил кард, ки мефармояд;

مَا كَانَ مُحَمَّدٌ أَبَا أَحَدٍ مِنْ رِجَالِكُمْ وَلَٰكِنْ رَسُولَ اللَّهِ وَخَاتَمَ النَّبِيِّينَ ۗ وَكَانَ اللَّهُ بِكُلِّ شَيْءٍ عَلِيمًا

“Муҳаммад падари ҳеҷ як аз мардони шумо нест, валекин  расули Худо ва хотами паёмбарон аст; ва Худо ба ҳар чизе доност.”(Сураи Аҳзоб, ояти 40)
Худованд ғайр аз саркуби ин фикр, кори Паёмбари худро як кори шуҷоона фармудааст Худованд мефармояд;

مَا كَانَ عَلَى النَّبِيِّ مِنْ حَرَجٍ فِيمَا فَرَضَ اللَّهُ لَهُ ۖ سُنَّةَ اللَّهِ فِي الَّذِينَ خَلَوْا مِنْ قَبْلُ ۚ وَكَانَ أَمْرُ اللَّهِ قَدَرًا مَقْدُورًا

“Бар Паёмбар дар он чи Худо бар ӯ муқаррар кардааст, ҳеҷ сахтӣ нест. [Ин] Суннати Худо дар мавриди касонест, ки аз пеш гузаштаанд; ва фармони Худо ба андозаи муқарраршуда аст.”(Сураи Аҳзоб, ояти 38)

الَّذِينَ يُبَلِّغُونَ رِسَالَاتِ اللَّهِ وَيَخْشَوْنَهُ وَلَا يَخْشَوْنَ أَحَدًا إِلَّا اللَّهَ ۗ وَكَفَىٰ بِاللَّهِ حَسِيبًا

“[Ҳамон] Касоне, ки паёмҳои Худоро мерасонанд ва аз Ӯ метарсанд ва аз ҳеҷ кас ҷуз Худо наметарсанд; ва ҳисобрасии Худо кофӣ аст .”(Сураи Аҳзоб, ояти 39)

Ин ду оят шуҷоати Паёмбари Исломро мегӯяд, ки Паёмбар(с) ҳарчира бидонанд дуруст аст онро бидуни ҳеч ҳаросе анҷом медиҳад ва дар итоат аз  фармони илоҳӣ аз ҳечкас наметарсад.

Аз ончи дар боло баён шуд натиҷа мегирем, ки Паёмбари Худо(с) як нафари шуҷоъ як раҳбари шуҷоъ ва ғаюр буд, дар тамоми арсаҳо. Ва ин вижагиро қабл аз беъсат ва баъд аз он дошт. Ин намунаҳое буд, ки баъд аз беъсати Паёмбари Худо(с)  анҷом шудааст. Инҳо далолат бар ин мекунад, ки агар як масир ва раҳро интихоб мекунӣ бояд бидуни тарс дар он масир қадам бигзорӣ, агар як муъмин шуҷоъ набошад дар роҳаш муваффақ намешавад.

Идома дорад…

Шуҷоат дар сираи набавӣ (бахши аввал)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед