Шуҷоат дар сираи набавӣ (бахши чаҳорум)

0
104

Ба  номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Сифати шуҷоат, ки яке аз фазоили барҷастаи инсонӣ ҳаст, ки дар шакли комил худро дар вуҷуди нозанини Расули Худо(с) намоён намуда буд. Ба гунае, ки Расули Худо(с) дар ҳамаи ҷилваҳои он комил ва беҳамто буд. Ҳамчуноне, ки агар сухани ҳақе қарор буд гуфта шавад, ҳазрат(с) бепарво ва ба сароҳат он суханро мегуфт ва агар саҳнаи набарде буд, он ҳазрат пештоз аз ҳама сафҳо мешуд ва агар касе кӯмак мехост ӯ бар дигарон сабқат мегирифт. Эшон дар ҳама ҷабҳаҳо як диловар буд. Дар бахшҳои гузашта намунаҳое аз шуҷоати он ҳазрат қабл аз беъсат ва баъд аз беъсат баён карда шуд, ки дар ин бахш намунаҳои шуҷоати Паёмбари Ислом(с) баъд аз ҳиҷрат идома хоҳад ёфт.

Шуҷоати Паёмбар(с) баъд аз ҳиҷарат

Шуҷоат ва устувории Расули Худо(с) то қабл аз ҳиҷрат дар ростои таблиғ ва дар қолаби гуфтор ва кирдор буд. Ин амр  баъд аз ҳиҷрат бештар дар арсаи набард ва муқобилаи  ошкор худашро нишон дод. Паёмбари Худо(с) дар ҷангҳое, ки худ шахсан ҳузур доштанд нерӯ ва қуввати дил ва пуштибоне барои мусалмонон буд.

Дар соли дуввуми ҳиҷри ва дар паи қудрат гирифтани нерӯҳои мусалмон оятҳои 190-193 сураи Бақара аз суи Худованди Карим нозил шуд ва ҷиҳод ба мусалмонон фарз гардид.(Байҳақи Далоилунубувват ҷ 2 саҳ 581) чаро, ки даъвати Ислом мебоист ба роҳи худаш идома диҳад ва душманонро аз сари роҳ канор занад, то дини илоҳӣ, ҳамагир ва дилҳо ба сӯи ростӣ раҳнамӯд шаванд ва дигар фитнае ва икроҳе бар тарки оини ҳидоят надошта бошанд, ин амри муҳим дар ҳангоме сурат мепазируфт, ки Худованд бо фиристодани дини ҳақ бар мӯъминон миннат ниҳода буд ва  аҳли имон аз ин пеш наметавонист хорӣ ва зиллат бибинад ва ба ёрии он дин, ки минати илоҳӣ бар онҳо аст, напардозанд ба ҳамин сабаб ба мӯъминон иҷозаи дифоъ ва набард дода шуд.

أُذِنَ لِلَّذِينَ يُقَاتَلُونَ بِأَنَّهُمْ ظُلِمُوا ۚ وَإِنَّ اللَّهَ عَلَىٰ نَصْرِهِمْ لَقَدِيرٌ

“Ба касоне, ки бо онҳо ҷанг мешавад, ба сабаби ин ки зулм шудаанд, иҷоза[-и ҷиҳод] дода шуд; ва қатъан Худо бар ёрӣ кардани онҳо тавоност.”(Сураи Ҳаҷ ояти 39)

الَّذِينَ أُخْرِجُوا مِنْ دِيَارِهِمْ بِغَيْرِ حَقٍّ إِلَّا أَنْ يَقُولُوا رَبُّنَا اللَّهُ ۗ وَلَوْلَا دَفْعُ اللَّهِ النَّاسَ بَعْضَهُمْ بِبَعْضٍ لَهُدِّمَتْ صَوَامِعُ وَبِيَعٌ وَصَلَوَاتٌ وَمَسَاجِدُ يُذْكَرُ فِيهَا اسْمُ اللَّهِ كَثِيرًا ۗ وَلَيَنْصُرَنَّ اللَّهُ مَنْ يَنْصُرُهُ ۗ إِنَّ اللَّهَ لَقَوِيٌّ عَزِيزٌ

“Касоне, ки аз сарзаминашон ба ноҳақ берун ронда шудаанд [ва гуноҳе надоштанд] магар ин ки мегуфтанд: «Парвардигори мо Худост»; ва агар Худо баъзе аз мардумро ба василаи баъзе [дигар] дафъ намекард, ҳатман дейрҳо[-и роҳибон] ва калисоҳо[-и насрониён] ва канисаҳо[-и яҳудиён]

“ва масҷидҳо[-и мусалмонон], ки дар он номи Худо бисёр ёд карда мешавад, вайрон мегардид; ва албатта Худо касеро, ки [дини] Ӯро ёрӣ кунад, ёрӣ медиҳад; ба дурустӣ ки Худо тавонои пирӯзманд аст.”(Сураи Ҳаҷ ояти 40)

Бо нозилшудани ин оятҳо Расули Худо(с) худ дар раъси муҷоҳидони роҳи ҳақ қарор гирифт ва ҷиҳод дар роҳи Худоро дар ҳама ҷабҳаҳо ва дар ҳама мантақаҳои ҷанг раҳбарӣ мекард. Паёмбари Худо(с) худаш бори сангинии ҷиҳод ва набардро дар саҳнаҳои набард бар дӯш мегирифт ва дар ин роҳ аз фадо кардани ҷону мол дареғе надошт, собиртар ва пойдортар аз ҳама асҳоби худ дар саҳнаи набард ҳозир буд. Ӯ ҳаргиз аз сафи ҷанг нагурехт ва ҳаргиз ҷои амне барои худ интихоб накард, ҳарчанд ҳамаи атрофиёнашҳам гурехта бошанд.(Абузаҳро, Хотамуннабиин, ҷ 1 саҳ 232) Ӯ дар сахтарин майдонҳо ҳузур меёфт ва бо камоли субот ва устуворӣ дар он мустақар мешуд. Паёмбари Худо(с) борҳо дар саҳнаҳои сахте ҳозир шуд, ки ҷанговарон ва қаҳрамононе аз он гурехта буданд, аммо Ӯ ҳамчунон собит ва устувор буд ва аз ҷои худ такон намехӯрд ба душман рӯй меовард ва ба онҳо пушт намекард ва ҳаргиз дучори тазалзул намегашт. Ин дар ҳоле аст, ки ҳеҷ диловармарде ҷуз Ӯ нест, ки фироре дар торихи зиндагии ӯ сабт нашуда бошад.(Қози Аёз, Ашшафо би таърифи ҳуқуқи Мустафо, ҷ1 саҳ 235)

Паёмбари Худо(с) бо инки дар замони ҷоҳилият саворкороне ба номи чун Омир ибни Тафил ва Утба ибин Ҳорис буданд, ки ҳар яке аз онҳо дар тохту тоз шуҳрате доштанд, вале Ӯ ҳеҷ вақт ба он диловарон пушт накард ва нагурехт, ҳато агар Ӯро иҳота карда буданд.

Расули Худо(с) дар авҷи салобат ва шуҷоат қарор дошт Ӯ дар ҳамалоти сахт мутаҳаввир ва далер ва дар набард аз ҳама шуҷоътар ва ҷасуртар буд.(Байҳақи, Далоилуннувват ҷ 1 саҳ 335)(Бухорӣ ҷ 7 саҳ 82) Багунае, ки парчами ҳидояти мусалмонон дар майдони набард ва шуҷоътарин ва пойдортарини муҷоҳидон ба шумор меомад, ҷанг дар канори Паёмбари Худо(с) меъёри шаҳомат ва ҷасорат дар миёни размандагони мусалмон ба ҳисоб меомад, чаро, ки он ҳазрат наздиктарин фард ба душман буд.(Уюнул асар ҷ 2 саҳ 399)

Умрон ибни Ҳусайн мегӯяд; Ҳеҷ вақт Расули Худо(с) гурӯҳе ва ё сарбозеро надид, магар инки нахустин кас буд, ки ба онҳо ҳамла мекард.(Ниҳоятул араб ҷ 18 саҳ 255)

Васфи шуҷоати Паёмбар(с)

Ҳазрати Али(рз) дар васфи шуҷоати Набии Акрам(с) мефармояд;

Дар ҳангоми ҷанг замоне, ки оташи ҷанг сахт мешуд ва ду лашкар ба ҳам мерасиданд, мо худро дар паноҳи Паёмбари Ислом(с) қарор медодем ва ҳеҷ яке аз мо ба душман наздиктар аз он ҳазрат(с) набудем.(Далоилунубувват ҷ1 саҳ 325)( Таърихи Табарӣ ҷ 2 саҳ 135) Дар ҷанги Бадр мо дар баробари шиддати ҳамалоти душман ба Паёмбари Худо(с) паноҳ мебурдем ва ҳеҷ кас аз он ҳазрат(с) ба душман наздиктар набуд Ӯ наздиктарин фард ба гурӯҳи душман буд ва дар он набард аз ҳама ҷангҷӯён диловартар ва сахтар  ва устувортар меҷангид ва аз ҳамаи мо шуҷоати бештаре нишон дод.(Ниҳоятул араб ҷ 18 саҳ 255)(Далоилун нубувват ҷ 1 саҳ 237)

Аз Бароъ ибни Озим(рз) низ ривоят шудааст, ки мегуфт; Ҳаргоҳ ҷанг боло мегирифт мо худро дар паноҳи Паёмбари Худо(с) қарор медодем ва шуҷоъ  касе буд, ки ҷуръат мекард ва бо Ӯ ҳамрадиф мешуд(Шарафул Мустафо ҷ 3 саҳ 83)

Абдуллоҳ ибни Умар(рз) ки худ шоҳиди ҷангҳое будааст мегӯяд; ҳаргиз аз расули Худо(с) шуҷоътар, коротар, бахшандатар ва хушнудтар надидаам.   Ӯ шуҷои хушнуд ба тақдири илоҳӣ, бузургвор ва бахшанда ва сабур ва пойдор буд, ки дар гармогарми набард дар майдон меистод ва шамшер бар мекашид, то ҳар идао кунандаро посух диҳад.(Ниҳоятул араб ҷ 18 саҳ 255)

Ончи дар боло баён шуд намунаҳое аз набарди Паёмбари Акрам(с) буд, ки ҳамеша дар хати аввал худи Паёмбари Ислом(с) ҳузур доштанд ва ба инхотир буд, ки саҳобаҳои он ҳазрат(с) то охирин нафасашон дар канори Паёмбари Худо(с) меистоданд ва мубориза мекарданд, чун медиданд, ки он шахсе, ки ба набард ва ҷанг бо душман даъват мекунад, худ дар сафи аввал қарор дорад, ба ин хотир қудрат мегирифтанд ва истиқомат мекарданд. Ва имрӯз ҳам бояд роҳбарон ва масъулон дар тамоми корҳо ҷулутар аз дигарон бошанд, то мардум дунболи онҳо биёянд, ки имрӯзҳо кам раҳбар ва мусъуле ба ин вежаги пайдо мешавад. Агар интавр набошад, мардум ҳам барои онҳо ва барои гуфтаҳои онҳо эҳтироме қоил намешаванд, Паёмбари Худо(с) як улгӯе аст барои раҳбарон ва масъулон, ҳар ки ин равишро дунбол кунад Паёмбари Худо(с) нишон дод, ки мувафақ мешавад.

Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед