Шароит ва вежагиҳои анбиё

0
498

 

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Нубувват омма
Бахши севвум

Шароит ва вежагиҳои анбиё
Ҳар раҳбари ҷомеъа бояд дорои шароите бошад, ки дар миёни мардум аз имтиёзоте бархӯрдор бошад, то мардум аз ӯ пайравӣ кунанд, мотуридиён низ барои анбиё шароит ва вижагиҳое баён кардаанд, ки мо ба ихтисор бар онҳо  мепардозем.
1-исмат
Исмат дар луғат ба маънои манъ кардан  ва дар истилоҳ ба маънои боздоштан ва нигоҳ доштан аз гуноҳ аст, яъне ин лафз бар покӣ ва покдомании шахс далолат мекунад.
Исмат аз вежагиҳое аст, ки то ҳадде мусалмонон бар он иҷмоъ доранд, аммо дар боби ҳудуди он ихтилофҳое ба чашм мехӯрад.
Аз манзари мотурудиён исмат аз ширк ва куфр, пеш аз беъсат ва пас аз он, ба таври мутлақ, аз шароити нубувват аст, онҳо ин ҳад аз исматро  мавриди иҷмоъи мусалмонон медонанд. (Собунӣ, ал Бидоя минал Кифоя, саҳ 95-96)
Ҳамчунин исмат аз гуноҳони кабираи амдиро пас аз беъсат амри зарурӣ ва аз шароити асосии нубувват медонанд. Аммо дар бораи гуноҳони кабира, пас аз беъсат аз рӯи саҳву хато ва усён, ки мотуридиён онро (зиллат) медонанд, ихтилоф доранд. Аксарият бар ин боваранд, ки сар задани чунин гуноҳе аз анбиё ишкол надорад ва аз ин руй, ин ҳад аз исматро  шарти нубувват намедонанд. (Мулло Алии Қорӣ, дар шарҳи Фиқҳи Акбар, саҳ 126,  Баздавӣ, Усулиддин, саҳ 167-170)
Баздавӣ дар радди ин ҳад аз исмат  ва низ барои шарт будани исмат аз гуноҳони кабира ба сурати амдӣ ва ихтиёрӣ чунин истидлол мекунад, ки дар Қурони Карим гуноҳоне ба бархе паёмбарон нисбат дода шудааст, аммо наметавон пазируфт ин гуноҳон аз сари қасд ва ихтиёр аз онҳо сар зада бошад, зеро дар ин сурат аз кизби онон эмин нахоҳем буд ва ғарази рисолат, ки ҳамон итминон ба сидқи анбиё аст, аз даст хоҳад рафт. Ҳамчунин агар анбиё аз рӯи ихтиёр муртакиби гуноҳ шаванд, мардум аз онҳо нафрат пайдо мекунанд ва аз гирди онҳо пароканда хоҳанд шуд. Ба ин хотир Баздавӣ ин гуноҳро ба хато ва нисён маҳдуд месозад ва муътақид аст гуноҳ аз руй нисён ва хато ишколе надорад. (Баздавӣ, Усулиддин, саҳ167,170)
Ҳарчанд бинобар зоҳири каломи бархе мотуридиён  ин ҳад аз исмат низ шарти нубувват аст. (Баёзӣ, Ишорот-ул-Маром, саҳ 322, Собунӣ, Ал Бидоя минал Кифоя, саҳ 95-96)
Аммо дар боби гуноҳони кабираи ихтиёрӣ пеш аз беъсат, мотуридиён ихтилофи назар доранд, бархе аз онҳо ин навъ гуноҳро низ ҷоиз надонистаанд. (Мулло Алии Қорӣ, дар шарҳи Фиқҳи Акбар, саҳ 126)
Аммо бархе дигар ба шарти хеле кам гуноҳони кабираи ихтиёриро ҷоиз шумурдаанд. (Собунӣ, ал Бидоя минал Кифоя, саҳ 96)
Бештари мотуридиён исмат аз гуноҳони сағираи амдӣ пас аз беъсатро низ шарти нубувват донистаанд. (Баздавӣ, Усулидин.саҳ 167)

Аммо зоҳиран бархе дигар анҷоми гуноҳи сағираи амдӣ пас аз беъсатро ба шарти исрор наварзидан ҷоиз шуморидаанд.(Ибни Ҳаммом, ал Масоир, саҳ 128)
Мотуридиён дар хусуси Паёмбари Ислом(с) эътиқод доранд, ки ҳазрат аз гуноҳони кабира ва сағира муназзаҳ мебошад ва барои иддиои худ оятҳое аз Қурони Карим истидлол кардаанд, ки мефармоянд:

عَفَا الله عَنْکَ لِمَ أَذِنْتَ
Худо аз ту бигузарад; чаро то вақте ки касоне, ки рост мегӯянд барои ту маълум шаванд ва дурӯғгӯёнро бишносӣ, ба онон иҷозат[-и тарки ҷиҳод] додӣ? (сураи Тавба, ояти 43)

مَا كَانَ لِنَبِيٍّ أَنْ يَكُونَ لَهُ أَسْرَىٰ
Сазовори ҳеҷ паёмбаре нест, ки барои ӯ асироне бошад, то ин ки дар замин комилан мусаллат шавад. [Шумо] Моли нопойдори дунёро мехоҳед ва Худо охиратро мехоҳад ва Худо пирӯзманди Ҳаким аст. (сураи Анфол, ояти 67)

Ҳамчунин дар судури гуноҳони сағираи амдӣ пеш аз  беъсат  миёни онҳо ихтилофи назар вуҷуд дорад. Мотуридиён муътақиданд иртикоби гуноҳони кабира ва сағираи ғайри амдӣ барои анбиё пеш аз  беъсат ҷоиз аст, машрут бар ин ки нодир(кам) бошад. (Мулло Алии Қорӣ, дар шарҳи Фиқҳи Акбар, саҳ 135)
онҳо ҳарчанд хато ва нисёнро барои паёмбарон ҷоиз мешуморанд, муътақиданд паёмбарон дар омухтан ва иблоғи ваҳй аз хато ва нисён масун ва маҳфуз ҳастанд.
Ғарониқ дар адабиёти исломӣ ба моҷарои мегуянд, ки бар асоси бархе манобеъ монанди таърихи Табарӣ, Паёмбари Ислом дар даврони зиндагӣ дар Макка дар ҳоли хондани сураи Наҷм буд, ки шайтон ду ояте кӯтоҳ  дар даҳони вай қарор дод ва сипас тавасути Ҷабраил (а) аз ваҳй набудани ин оёт ва шайтонӣ будани он хабардор шуд . Тақрибан ҳамаи мусалмонон ин достонро сохтагӣ медонанд ва инро қабул надоранд.
Абумансури Мотуридӣ дар чанд ҷои китоби тафсири худ достони “ғарониқ”ро ба шиддат рад карда таъкид меварзад, ки маҳол аст шайтон битавонад дар талақӣ ва иблоғи ваҳй мудохила кунад.
(Абумансури Мотуридӣ, Таъвилоти аҳли суннат, ҷ 3, саҳ 379 ва ҷ 4, саҳ 608)
Вай дар тафсири ояти Қурони Карим, ки мефармояд:

وَ مَا أَرْسَلْنَا مِنْ قَبْلِکَ مِنْ رَسُولٍ وَ لاَ نَبِيٍّ إِلاَّ إِذَا تَمَنَّى أَلْقَى الشَّيْطَانُ فِي أُمْنِيَّتِهِ فَيَنْسَخُ اللَّهُ مَا يُلْقِي
الشَّيْطَانُ ثُمَّ يُحْکِمُ اللَّهُ آيَاتِهِ وَ اللَّهُ عَلِيمٌ حَکِيمٌ‌
Ва пеш аз ту ҳеҷ расул ва ҳеҷ паёмбареро нафиристодем, магар ин ки ҳар гоҳ орзуе мекард, шайтон дар орзуи ӯ [шубҳа] меафканд ва Худо он чиро, ки шайтон меафканад, аз байн мебарад сипас, Худо оятҳояшро устувор месохт, ва Худованд донои ҳаким аст! (сураи Ҳаҷ, ояти 52)

Бо ради назари касоне, ки муътақиданд шайтон дар қироати анбиё мудохила ва ба ин тартиб ваҳйро таҳриф мекунанд , менависанд:
Манзур аз  (أَلْقَى الشَّيْطَانُ فِي أُمْنِيَّتِه) ин аст, ки ҳаргоҳ паёмбар Қуронро тиловат мекунад шайтон дар қалбҳои кофирон матолиберо илқо мекунад, ки битавонанд бо он матолиб бо паёмбар муҳориба ва душманӣ кунанд ва ба ин тартиб шайтон мардумро дар шубҳа меандозад, то баҷои пайравӣ аз Паёмбар аз ӯ пайравӣ кунанд.
Бояд таваҷҷуҳ дошт, ки мотуридиён исматро аз боби лутф ва тафазули илоҳӣ бар анбиё медонанд, на ин ки онҳо мустаҳаққи исмат бошанд, ё ин ки маъсият бар анбиё зотан маҳол бошад. (Баздавӣ, Усулиддин, саҳ 172)
Ҳамчунин онҳо бар ин боваранд, ки исмат меҳнатро (дури кардан аз гуноҳ ро) аз миён намебарад; яъне исмат ба мафҳуми иҷбор бар тоат ва аҷз аз маъсият нест, балки лутфи илоҳӣ аст, ки Худованд ба воситаи он анбиёро бо ҳифзи ихтиёри онҳо ба корҳои хайр ҳидоят ва аз умури шар ва зишт боз  медорад. (Собунӣ, ал Бидоя минал Кифоя, саҳ 95, Мулло Алии Қорӣ, дар шарҳи Фиқҳи Акбар, саҳ 501)
2- мард будан
Яке дигар аз шароите, ки бархи мотуридиён барои анбиё бар шуморидаанд, мард будан набӣ аст. (Баёзӣ, Ишорот-ул-Маром, саҳ 329)
Мотуридиён барои ин вежагӣ ба ояти (وَ مَا أَرْسَلْنَا مِنْ‌ قَبْلِکَ‌ إِلاَّ رِجَالاً نُوحِي‌ إِلَيْهِمْ‌)  “ва пеш аз ту нафиристодем ҷуз мардоне аз аҳли ободиҳоро, ки ба онон ваҳй мекардем.” (сураи Юсуф, ояти 109)  истидлол кардаанд, ки тибқи ин оят, рисолат аз они мардон мебошад. Афзун бар ин, онҳо чунин истидлол меоваранд, ки аввалан рисолат иқтизо дорад, ки паёмбар ба майдон биёяд ва даъвати худро ошкор созад, аммо зан будан лозимааш парда нишинӣ аст ва миёни ин ду зиддият вуҷуд дорад.
Дуввуман ҳукумат ва қазоват аз шууни нубувват ва рисолат аст, дар ҳоле, ки занон наметавонанд уҳдадори ин ду мақом бошанд. (Шайхзода, Назм- ул- Фароид ва Ҷам -ул- фароид, саҳ 247)
3- Комилтарин фарди замон будан
Бархе мотуридиён мегӯянд яке аз вежагиҳо ва шароити набӣ ин аст, ки аз лиҳози ақл, ахлоқ, фаҳм, дироят, тақво ва…. комилтарин фарди замони худ бошад. (Собунӣ, ал Бидоя минал Кифоя, саҳ 95)
Аммо бархе дигар танҳо камол дар ақл ва ахлоқ ва қуввати раъйро матраҳ карда ва зоҳиран комилтарин буданро шарт надонистаанд. (Баёзӣ, Ишорот- ул-Маром , саҳ 329)
4- Надоштани сифоти разила (ғайри ахлоқӣ)
Бархе мотуридиён бар ин боваранд, ки анбиё набояд сифоти ғайри ахлоқӣ ва айбҳое, ки сабаби инзиҷор ва нафрат, назири қасовати қалб, бераҳму бе инсоф, бе ғайрат, доштани падарон ва модарон бадном, бемориҳои чун песи ва пусте ё шуғулҳои пастӣ ҳамчун ҳиҷомат дошта бошанд. (Ибни Ҳаммом, ал Масоир, саҳ 124-125)
Ҳамчунин  надоштани сифоти ҳамчун гунгӣ ё лакнати забонро, ки халалдори  рисолатанд, шарти нубувват медонанд.
Аммо муътақиданд агар пеш аз рисолат чунин оризаҳое дошта бошанд, вале ҳангоми ирсол беҳбуд ёбанд ишколе надорад. Чунон ки кундии забони Мусо(а) ба ҳангоми рисолат кушуда шуд. (Собунӣ, ал Бидоя минал Кифоя, саҳ 296).
Тибқи ончи дар боло зикр шуд паёмбарон, ворисони онҳо ва касоне ки роҳбар ва раиси  ҷомеаи исломӣ ҳастанд бояд дорои шароите бошанд, то битавонанд он ҳадафе, ки доранд дар ҷомеа иблоғ кунанд (бирасонанд ),ки мо чандтояшро баён кардем;
1- исмат, яне касеки басуи гуноҳ намеравад ва фикри гуноҳро намекунад.
2- Комилтарин марди замон бошад, касе башад, ки дар  дини аз дигарон беҳтар бошад чи дар донистан ва чи дар амал кардан, то бақияи мардум ҳама ба гуфтаҳояш амал кунанд. 3- набояд сифоти разила дошта бошад, яъне кару гунг, мушкили гуфторӣ, маризиҳои хос надошта бошад, ки мардум аз он дурӣ кунанд.
Оё ҷомеаҳои исломии имрӯза дар ҷаҳон, ки роҳбарон ва раиси ҷумҳурҳое, ки ҳастанд ин вежагиҳоро доранд? Агар доранд алҳамдулилоҳ агар надоранд ҷаро?
Вазифаи мо чи аст дар баробри ин масъала? Вазифаи мо ин аст, ки талош ва кушиш кунем касеро раҳбар, раиси ҷумҳур, қарор бидиҳем ва дунболи касе биравем ва аз он пайрави кунем, ки ин вежагиҳоро доро бошад ва ҳарчи, ки ӯ бигӯяд итоат кунем.  Агар ҷомеъае битавонад ҳамчун раҳбаре дошта бошад ва мардум ҳам аз ӯ итоат кунанд. ҷомеъаи исломиро наметавонад ҳеҷ душмане гирифтор кунад, аммо мисли аксари ҷомеаҳое исломӣ, чун раҳбаре, ки ин вежагиҳоро доро башад надоран. Аз ин ру мусалмонон ҳамеша бо фитнаҳои душманон дар ҳоли ҷанг ва гирифторӣ ҳастанд. Пас бояд аз касе ва раҳбари ҷомеаӣ пайравӣ кунем, ки ин вежагиҳоро дошта бошад.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед