Салмони форсӣ 03

0
378

 

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Мардони атрофи Паёмбар (с)

Нависанда: Холиди Муҳаммадхолид
Мутарҷим: Каюмарси Юсуфӣ

Салмони Форсӣ (рз) ҷӯяндаи ҳақиқат
Қисмати севвум

Салмон (рз) (рз) бо Паёмбар(с) зиндагӣ кард ва аз лаҳзае, ки ба  Ӯ имон овард, мусалмони озода ва муҷоҳиди обид ва ориф шуд.
Баъд аз риҳлати Паёмбар (с) умрашро бо се халифа сипари кард. Ва дар замони хилофати халифаи севвум Усмон(рз) дар чашм аз ҷаҳон фурӯ баст.
Дар аксари он салҳо парчами Ислом дар офоқи ҷаҳон дар эҳтизоз буд ва ганҷҳо ва сарватҳои саршоре ба унвони ғанимат ва файъ ва ҷизя ба Мадина сарозер мегашт ва ба сурати маош мураттаб ва собит миёни мусалмонон тақсим мешуд.
Кам-кам доираи масъулиятҳои ҳукумат тавсеъа ёфта ва ба дунболи он, мансабҳо ва мақомҳои давлатии бисёре эҷод шуд.
Салмон (рз) дар даврони рифоҳ ва фаровонӣ неъмати мусалмонҳо куҷо буд? Дар ин замони хӯшиву сарват ва неъмати мусалмонҳо ӯро бояд дар куҷо ҷустуҷӯ кард?
Чашмҳое худро ба хубӣ боз кунед.
Оё ин пирамарди бовиқорро мебинед, ки онҷо зери соя нишаста ва аз барги дарахти хурмо, занбил ва сабад мебофт?
Ӯ Салмон (рз) аст!
Бо либоси кӯтоҳе, ки аз фарти кӯтоҳи то рӯи зонуҳояш боло кашида шудааст. Хуб нигоҳ кунед ин мард бо он шукӯҳи пирӣ ва андаке ҳайбат, ҳамон Салмон (рз) аст.
Саҳм ва насиби ӯ аз байтулмол зиёд буд, солиёна 4 то 6 ҳазор динор саҳми ӯ буд. Аммо ӯ ҳамаи ин маблағро мебахшид ва дирҳаме аз онро барнамедошт. Худаш мегӯяд: Миқдоре аз барги дарахти хурморо ба як дирҳам мехарам ва бо он  сабад дуруст мекунам ва онро ба се дирҳам мефурӯшам. Як дирҳами онро нигоҳ медорам ва дирҳамеро харҷи ҳамсар ва хонаводаам мекунам ва дирҳами севвумро инфоқ мекунам. Агар Умар ибни Хаттоб (рз) ҳам маро аз ин кор боз дорад, нахоҳам пазируфт!
Оё покӣ ва сафо болотар аз ин ёфт мешавад?
Баъзе аз мо вақте, ки сахтӣ ва марорати зиндагӣ ва парҳезкории баъзе аз ёрони Паёмбар(с) мешунавем, гумон мекунем, ки табиати зиндагӣ дар Ҷазиратуалараб чунин будааст, зеро онҳо лаззати худро ҳамеша дар содагӣ меҷӯянд.
Вале инак мо дар баробари шахсе аз сарзамини Эрон яъне сарзамини хӯшию неъмат ва тамаддун қарор гирифтаем. Ӯ аз мардуми фақир набуд, балки аз миёни табақоти мумтоз бархоста буд, ҳол чи шудааст, ки пас аз муСалмон (рз) шудан молу сарват ва нозу неъматро раҳо карда пофишорӣ мекард, рӯзона танҳо ба як дирҳам, ки аз дастранҷи худ насибаш мешуд, қаноат кунад?
Ӯро чи шудааст, ки аз иморат ва фармонравоӣ мегурезад ва мегӯяд: Агар тавонисти хок бихӯрӣ ва бар ду нафар амир набошӣ, чунон кун.
Ӯро чи шудааст, ки ӯ аз иморат ва фармондеҳӣ ва мансаб мегурезад, магар дар сурате, ки мансаб, мансаби фармондеҳи сипоҳе бошад, ки ба ҷиҳод меравад? Ва ё  дар шароит ва мавқеияте ҳам ба иҷбор онро мепазируфт ва бо чашмони гирён ва дили тарсон ба он гардан мениҳод.
Чӣ чизе сабаб шудааст, ки баъд аз қабули масъулият ҳам аз гирифтани музди ҳалол имтиноъ меварзид.
Ҳишом ибни Ҳасон нақл мекунад, ки саҳми Салмон (рз) аз байтулмол панҷ ҳазор динор буд ва ӯ бар си ҳазор нафар ҳоким ва амир буд ва барои онҳо хутба мехонд, вале абоеро мепӯшид, ки мавқеи хоб нисфи онро бистар қарор медод ва нисфи дигарро бар рӯи худ мекашид ва вақте ки муқарариаш мерасид ҳамаи он панҷ ҳазор динорро миёни фақирон тақсим мекард ва фақат аз дастранҷи худ имрори маош мекард.
Чӣ чизе сабаб шуда буд, ки ӯ ин корҳоро мекард ва ин ҳама зиндагии содда дошт ва ҳол он, ки ӯ як нафари зодаи нозу  неъмат ва парваришёфтаи тамаддун буд?
Баяд посухи ин пурсишро аз худи ӯ бишнавем, замоне ки дар бистари марг афтода ва рӯҳи бузургашро барои мулоқоти Парвардигор омода мекард.
Саъд ибни Абиваққос (рз) барои мулоқот ва аёдаташ назди ӯ рафт, Салмон (рз) шурӯъ ба гиря кард. Саъд гуфт: Эй Абоабдуллоҳ чӣ чизе туро ба гиря водошт? Дар ҳоле ки Расули Худо(с) дар ҳоли даргузашт, ки аз ту розӣ ва хушнуд буд.
Салмон (рз) дар ҷавоб гуфт: Савганд ба Худо, ки гиряам аз тарси марг ва дар асари ҳирсу тамаъ ба дунё нест. Балки ба хотири паймоне аст, ки Расули Худо(с) бо мо бастааст ва он инки баҳра ва насиби ҳар яки мо аз дунё ба андозаи тӯшаи мусофире бошад, инак ман аз дунё меравам ва ин ҳама асбоб ва васоил дар атрофам аст.
Саъд мегӯяд ба атрофаш нигоҳ кардам ҷуз офтоба ва косаи бузург чизе надидам, гуфтам: Эй Абоабдуллоҳ моро васияте кун, то онро аз шумо дошта бошем, гуфт:
Эй Саъд! Ба ҳангоме, ки ғамгинӣ ва ғаме дорӣ ва ба ҳангоми судури ҳукм агар, ки қазоват кардӣ ва он ҳангом, ки бо дастҳоят чизеро тақсим мекунӣ, дар ҳама ҳол Худоро ёд кун!
Гӯяндаи ин сухан ҳамон касе аст, ки ба ҳамон нисбате, ки аз дунё ва он ҳама молу амвол ва мансабу мақом, рӯйгардон буд, дили худро лабрез аз бениёзӣ сохта буд, зеро Паёмбар(с) ба ӯ ва дигар ёрони худ васият карда буд, ки нагузоред, дунё молики шумо гардад ва ҳар яке аз шумо ҷуз ба миқдори тушаи мусофире барнагиред.
Ба рости, ки Салмон (рз) супориши Паёмбар(с)-ро риоят карда буд, бо вуҷуди он вақте ки дид рӯҳаш омодаи реҳлат аз ин дунё аст, аз тарси ин ки аз ҳудуди худ таҷовуз карда бошад, ашк аз чашмонаш ҷорӣ гашт.
Дар атрофи ӯ ҷуз косае, ки бо он ғизо мехӯрд ва кӯзае, ки бо он об менӯшид ва вузу мегирифт, чизи дигаре набуд. Бо ин ҳол худро хӯшгузарон ба ҳисоб меовард.
Дар айёоме, ки ҳокими Мадоин ҳам буд, ҳол ва рӯзаш камтарин тағйир накарда буд ва ҳамон гуна, ки дидем аз дарёфти ҳатто як динор аз муқаррарии ҳукмаш ҳам худдори мекард. Ҳамеша аз дастранҷи худ мехӯрд ва аз тариқи сабадбофи имрори маош  мекард ва либосаш низ дар камоли тавозӯъ ва фурӯтани абое шабеҳи абои кӯҳна ва қадимиаш буд.
Рӯзе аз роҳе мегузашт ва мардеро дид, ки аз Шом меомад ва боре аз анҷир ва хурмо бар дӯш дошт, бор бар дӯши марди шомӣ сангинӣ мекард ва ӯро ба заҳмат андохта буд. Марди шомӣ ба маҳзи ин ки шахсеро дид, ки вазъи зоҳирияш нишон медод аз мардумони фақир ва бе чиз аст, ба фикраш расид, ки борро бар дӯши ӯ гузошта ва ҳангоми расидан ба мақсад дастмузде барои заҳматаш ба ӯ бидиҳад, барои ҳамин ба он шахс ишора кард, ӯ ҳам омад марди шомӣ гуфт ин борро аз дӯши ман бгир ва ба хонаам бирасон, ӯ борро гирифт ва ҳарду ба роҳ афтоданд.
Дар роҳ ба ҷамоъате расиданд, марди борбар ба онҳо салом кард, мардум аз ҷо бархоста ба ӯ ҷавоб доданд: Салом бар  амир! Салом бар амир!
Марди шомӣ бо худ гуфт: Мақсудашон кадом амир аст?
Вақте, ки тааҷҷубаш зиёд шуд, дид гурӯҳе аз онҳо бо суръат ба тарафи шахси борбар рафтанд, то борро аз ӯ бигиранд ва ҳамагӣ гуфтанд:
Эй амир борро марҳамат кун!
Инҷо буд, ки марди шомӣ фаҳмид, ки ӯ амири Мадоин Салмони Форсӣ аст, аммо дигар дер шуда буд, дар ҳоле, ки ҷумлаҳои узрхоҳӣ ва дареғу афсус бурида-бурида аз миёни лабҳояш берун меомад, наздик шуд, то борро аз ӯ бигирад, аммо Салмон (рз) дархости ӯро рад кард ва гуфт: Не, бояд борро ба манзил бирасонам.
Рӯзе аз ӯ пурсиданд, ки иллати нафрати шумо аз раёсат ва амирӣ чист?
Ӯ дар посух гуфт: Ширинии даврони ширхорагӣ ва талхии буридан ва ҷудоӣ аз пистонаш.
Рӯзе яке аз дӯстонаш ба хонаи ӯ рафт дид, ки Салмон (рз) машғули хамиргирӣ кардан барои нон аст, аз ӯ пурсид: Пас ходиматон куҷост?
Салмон (рз) гуфт: Ӯро дунболи коре фиристодам ва дӯст надоштам, ки ду корро ба ӯ бисупорам.
Инки мегӯем “хонаи ӯ “ бояд тавзеҳ диҳем, ки он хона чӣ гӯна хонае будааст.
Ҳангоме, ки Салмон (рз) тасмим гирифт хонае бисозад, аз бинокор пурсид, онро чӣ гӯна хоҳӣ сохт?
Бинокор, ки одами фаҳмида ва боҳуше буд ва бо мақоми зӯҳду парҳезкории Салмон (рз) ошноӣ дошт, гуфт: Нигарон набошед, хонае хоҳад буд, ки ҳангоми гармо дар сояаш меоромӣ ва ҳангоми сармо дар он сукунат хоҳӣ кард. Ҳар гоҳ дар он сари по биистӣ, сарат ба сақф хоҳад хӯрд ва ҳар гоҳ, ки бихобӣ, поят ба девори он бархурд кунад.
Салмон (рз) гуфт: Бале онро ҳамин гуна бисоз!
Аз асбоб ва лавозими зиндагии дунё чизе набуд, ки Салмон (рз) лаҳзае бар  он дил бандад ва ё дар асари алоқаи рӯҳӣ онро азиз бидорад, ҷӯз як чиз, ки Салмон (рз) дилбастагӣ ва алоқаи шадиде ба он дошт ва онро ба амонат ба ҳамсараш супорида буд, то дар ҷои амн ва дур аз дастрасӣ қарор диҳад.
Дар бистарӣ беморӣ ва марг ва дар бомдоди рӯзе, ки вафот ёфт, ҳамсарашро садо зад ва гуфт: Амонатеро, ки гуфта будам пинҳон куни бароям, биёр.
Ҳамсараш рафт ва онро овард ва ба Салмон (рз) дод. Он амонат сандуқе буд, ки дар он кисаи мушке буд, ки рӯзи фатҳи (Ҷалавлоъ) ба ӯ расида буд ва онро нигоҳ дошта буд, то дар рӯзи маргаш худро бо он хушбӯ кунад.
Косаи об хост ва мушкро дар он пошид ва бо дасташ махлут кард ва ба ҳамсараш гуфт: Онро атрофам бипош, зеро махлуқоте наздам меоянд, ки ғизо намехӯранд, аммо бӯи хӯшро дӯст доранд.
Вақте, ки ҳамсараш дархости ӯро анҷом дод, Салмон (рз) ба ӯ гуфт:  Дарро бибанд ва дар канорам бинишин.
Ҳамсараш баъд аз муддате бархост ва дид, ки рӯҳи покаш аз ин ҷаҳон ва аз пайкари ин ҷаҳонӣ ҷудо гаштааст.
Оре рӯҳи ӯ бо пару бол ва бо шуру шавқ парвоз кард ва дар малакути аъло ба рӯҳҳои пок пайваст. Онҷо ваъдагоҳи ӯ бо Паёмбар(с), дӯстонаш ва гурӯҳе аз шаҳидон ва некон буд.
Рӯзгори тӯлонӣ, Салмон (рз) аз шавқи сӯзони дидори ёрон дар табу тоб буд.
Акнун вақти он расидааст, ки аз сарчашмаи висол сероб гардад ва сӯзи ташнагиро фурӯ нишонад.

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед