Саид ибни Омир-2

0
91

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Саид ибни Омир(рз)
Қисмати дуввум

Идомаи қиссаи тиҷорати Саид ибни Омир(рз)…
Дар қисмати аввал, бо ному насаби Саид ибни Омир(рз), таърихи имон овардани ӯ ва дар кадом ҷангҳо ширкат кард  ва чи гуна волии Ҳамас шуд, иллати волӣ интихоб шуданаш аз тарафи халифа барои чи буд   ва бархе аз вижагиҳояш ошно шудем.

Дар ин қисмат бо ёрии Худо бо равиши зиндагӣ, равиши ҳукуматдорӣ ва дигар вижагиҳои Саид ибни Омир(рз) ошно хоҳем шуд.

Саид(рз) метарсид, ки ҳамсараш бо зебоии худ ба ӯ нозу карашма бифурӯшад ва аз ин роҳ  ӯро таҳти таъсир қарор диҳад, бо сухане, ки гӯё худи ӯро мавриди хитоб қарор медиҳад, гуфт:

Ҳеч медони, ки дар биҳишт, ҳуриён ва занони зеборӯе ҳастанд, ки агар яке аз онҳо рӯх бар ҷаҳониён нишон диҳад, ҳамаи ҳастиро равшан хоҳад сохт ва нури ӯ бар нури моҳу офтоб чира хоҳад шуд?

Пас агар ба хотири онҳо даст аз ту бардорам беҳтар ва шоистатар аст ё ин ки ба хотири ту онҳоро аз даст бидиҳам?

Саид(рз) гуфтори худро бо оромиш шурӯъ карда ва бо оромиш ва лабхандзанон ба поён расонд.

Ҳамсараш дар баробари ин суханони ӯ ором гирифт, зеро мутаваҷҷеҳ шуд, ки ҳеҷ чиз барои ӯ беҳтар аз роҳу равиши Саид(рз) ва водоштани нафси хеш ба пайрави аз тақво ва зӯҳд  нест.

Равиши ҳукуматдорӣ:
Он рӯз «Ҳамас» -ро «Куфаи» дуввум меномиданд ва иллати ин номгузорӣ сарпечии мардуми Ҳамас ва шӯриши онҳо бар зидди устондорон ва фармонравоён буд ва чун Куфа дар Ироқ, дар ин гуна сарпечиҳо собиқа дошт, ба ин муносибат Ҳамас номи Куфаро бар худ гирифта буд, аммо алорағми ҳарҷу марҷталабии мардуми Ҳамас, Худо дилҳои онҳоро барои бандаи поки худ Саид(рз) мутеъ сохт, ба тавре ки ӯро дӯст медоштанд ва фармони ӯро аз самими қалб мепазируфтанд.

Рӯзе Умар(рз) аз Саид(рз) пурсид:

“Далели инки аҳли Шом туро ин қадар дӯст доранд, чист?“

Саид(рз) дар посух гуфт:

“Барои инки ман расми адолат ва баробариро бо онҳо ба ҷо меоварам ва онҳоро дилдорӣ медиҳам.”

Аммо алорағми алоқаи мардуми Ҳамас ба Саид(рз), боз хоҳ нохоҳ гоҳе интиқод ва шикоят падид меояд, ҳатто агар барои ин бошад, ки Ҳамас собит кунад ҳанӯз ҳам дар тамарруд ва сарпечӣ рақиби нирӯманди «Куфа» мебошад.

Рӯзе Умар(рз) аз Ҳамас дидан кард, дар миёни ҷамъияти бузурге аз мардум пурсид: “Дар бораи раёсати Саид(рз) чӣ мегӯед?”

Бархе нисбат ба Саид(рз) эътироз ва шикоят доштанд, аммо эътироз ва шикояти фархунда буд, зеро ба сабаби ин шикоят ва эътироз парда аз рӯи гӯшае аз азамати аҷиби ин мард бардошта шуд, ки бисёр ҷой тааҷҷуб буд.

Умар(рз) аз дастаи шокиён хост мавориди шикояти худро яке- яке бар шуморанд шахсе ба намояндагӣ аз тарафи шокиён бархост ва гуфт: чаҳор шикоят аз ӯ дорем:

  • Ӯ одат дорад рӯзҳо то мавқеи боло омадани хуршед аз хона берун наояд.

2 – Шаб касеро намепазирад.

3- Ҳар моҳ ду рӯз аз хона берун намеояд ва аслан мо ӯро дар ин ду рӯз намебинем.

4- Аммо мавриди чаҳорум, агарчи ба майл ва ихтиёр худи ӯ нест, вале моро ба сутӯҳ овардааст! ва он ин, ки гоҳ-гоҳе ҳолати беҳушӣ бар ӯ ориз мешавад.

Гӯянда ин чаҳор мавридро баён кард ва дар ҷояш нишаст. Умар ибни Хаттоб(рз) муддате хомӯш монд ва оҳиста бо Худо розу ниёз оғоз кард ва гуфт:

Худоё ман ӯро яке аз беҳтарини бандагони ту медонам, Худоё гумони маро дар бораи ӯ ҳамчунон дуруст бидор.

Он гоҳ аз Саид(рз) хост, то аз худ дифоъ кунад.

Саид(рз) бархост ва чунин гуфт:

Аммо инки мегӯянд: Ман, то мавқеъи боло омадани офтоб аз хона берун намеоям, савганд ба Худо дӯст надоштам далели ин корро бигӯям, дар ҳақиқат ҳамсарам хидматкор надорад, барои ҳамин ҳар рӯз худам хамир мекунам, баъд сабр мекунам, то хамир омодаи пухтан шавад, баъд нон мепазам, сипас барои намози субҳ вузу мегирам, пас аз он аз манзил берун меоям ва ин корҳо, то замони боло омадани хуршед тӯл мекашад.
Бо шунидани ин посух чеҳраи Халифа равшан гашт ва гуфт:
Худоро шукр.
Саид(рз) ба суханонаш идома дод ва гуфт:

Ва аммо инки мегӯянд: Шаб касеро намепазирам, савганд ба Худо, дӯст надоштам далели ин корамро низ баён кунам, ман рӯзро барои мардум ва шабро барои ибодати парвардигорам ихтисос додаам.

Ва аммо инки мегӯянд: Ман дар ҳар моҳ ду рӯз аз манзил берун намеоям, иллати ин корам он аст, ки ман ходим надорам, то либосҳоямро бишуяд, либоси изофае ҳам надорам, ки онро иваз кунам, худ либосҳоямро мешуям, сабр мекунам, то онҳо хушк шаванд, наздики ғуруб, ки либосҳоям хушк шуданд, онро пӯшида ва аз манзил берун меоям ва ин кор дар ҳар моҳ ду рӯз такрор мешавад.

Ва аммо инки мегӯянд: Гоҳ гоҳе бе ҳуш мешавам, иллати он ин аст, ки ман саҳнаи куштани Хубайби Ансориро дар Макка бо чашмони худ дидам, ки Қурайш гӯшти тани ӯро қитъа- қитъа намуда бар шохаҳои хурмо овехтанд ва ба ӯ мегуфтанд:

Оё дӯст дори Муҳаммад(с) ба ҷой ту бошад ва ту солим ва офият боши?

Ӯ ҷавоб медод:

Савганд ба Худо дӯст надорам ман ва хонаводаам ва фарзандонам дар миёни неъматҳои дунё бошем ва хоре ба пои Муҳаммад(с) бихалад.

Саид(рз) он гоҳ афзуд: Ҳар вақт он манзара ва ин, ки он рӯз ман яке аз мушрикон будам, дар хотирам зинда мешавад ва ба ёд меоварм, ки он рӯз ба Хубайб(рз) кӯмак накардам, аз тарси азоби Худо чунон ларзае бар андомам меафтад, ки беҳуш мешавам.

Суханони Саид(рз), ки ҳамроҳ бо ашки парҳезкорӣ аз миёни лабҳояш берун меомад, ба поён расид.

Умар ибн Хаттоб(рз) аз хушҳолӣ ва шодии зиёд натавонист худдорӣ кунад ва аз худ бехуд шуд ва аз шиддати шодмони фарёд баровард: «Сипос Худоеро, ки гумони неки маро ботил нагардонд.»

Онгоҳ Саид(рз)-ро сахт дар оғӯш кашид ва пешонии нуронии ӯро бусид.

Рости ин гуна мардон чӣ баҳраи бузурге аз ҳидоят бурдаанд. Паёмбар(с) чӣ раҳбари бузург ва боазамате буд, Китоби Худо (Қуръони Карим) аҷаб нури нофизе буд ва Ислом аҷаб мактаби илҳомбахш ва омӯзндае буд.

Аммо оё замин метавонад теъдоди зиёде аз ин гуна афродро дар худ бипарваронад?

Агар чунин мешуд, дигар замин намебуд, балки табдил ба биҳишт мешуд.

Оре агар намунаи ин гуна афрод дар рӯи замин фузуни меёфт, замин табдил ба биҳишти мавъуд мешуд. Ва чун ҳанӯз замони биҳишт фаро нарсидааст, ин гуна мардони бузург, ки дар рӯи замин зиндагӣ мекунанд, ҳамеша камёб ҳастанд.

Саид ибни Омир(рз) низ яке аз ин афроди камёб ва бузург буд.

Равиши зиндагӣ:
Муқаррарӣ ва саҳми Саид(рз) аз байтулмол  ба хотири вазифаи фармонравоӣ ва мақоме, ки дошт зиёд буд, вале ӯ фақат миқдоре аз онро, ки кифояти  ҳазинаи худ ва ҳамсарашро мекард, бардошта ва бақияи онро миёни хонаводаҳои фақир тақсим мекард.

Рӯзе ба ӯ гуфтанд:
Аз ин моли фаровон тавсеае ба зиндагии хонавода ва бастагонат бидеҳ ва миқдореро ба онҳо бибахш.
Дар ҷавоб гуфт:
Хуб чаро хонавода ва бастагонам?
Ба Худо қасам ман ҳаргиз хушнудии Худоро ба хешӣ ва қаробат намефурӯшам.

Борҳо ба ӯ мегуфтанд: Ҳазинаи зиндагии худ ва хонаводаатро афзоиш бидиҳ ва аз мазоҳири ҳалол ва поки зиндагӣ бархурдор бош. Вале ӯ ҳамеша ин калимаҳои бузурги худро такрор мекард:

Ман ҳаргиз аз роҳу расми нахустин гурӯҳи пештоз дар Ислом, сарпечӣ намекунам. Чун аз Паёмбар(с) шунидам, ки мефармуд:

«Худо дар рӯзи Қиёмат ҳамаи мардумро барои муҳосибаи аъмолашон гирд меоварад: мӯъминони фақир ҳамчун дастаи кабутарон сабукбол бо суръат ва хушҳолӣ ва шод ба сӯи маҳшар меоянд, маъмурони Худо ба онҳо мегӯянд:

Барои муҳосиба ва ҳисобрасии аъмолатон таваққуф кунед, онҳо ҷавоб медиҳанд:

Мо дар дунё чизе надоштем, ки ҳоло ҳисоби онро пас диҳем, он гоҳ Худованд мефармояд:

Бандгонам рост мегӯянд, дар ин ҳангом онҳо, пеш аз дигарон вориди биҳишт мешаванд.»

Замони вафот:
Саид(рз) дар соли бистуми ҳиҷрӣ бо поктарин корномаи зиндагӣ ва парҳезгортарин қалб ва дилангезтарин зиндагинома ба сӯи Парвардигораш шитофт.

Шавқи ӯ барои пайвастан ба гурӯҳи нахустин, ки зиндагяшро вақфи вафои ба аҳд дар пайравӣ аз равиши онҳо карда буд, ба тӯл анҷомид.

Оре иштиёқи пайвастан ба Паёмбар (с) ва муаллимаш, тамоми ёрони покаш ба дарозо анҷомид. Вале ононро бо чашмони равшан, нафси мутмаин ва сабукбор мулоқот хоҳад кард.

Аз дунё ва хушиҳои он на чизе ба ҳамроҳ дорад ва на чизеро гузоштааст, то имрӯз бар пушташ сангинӣ кунад. Ҷуз парҳезгорӣ, тақво ва азамати нафс ва кирдораш чизе ба ҳамроҳ надорад.

Фазоиле, ки мизони аъмолашро сангин мекунанад, аммо бар пушташ сангинӣ надоранд; аъмоле, ки соҳибаш дунёро бо онҳо ба ларза даровард, аммо ғурур ӯро такон надод.

Дуруди Худо ба Саид ибни Омир(рз)

(Мардони гирдогирди Паёмбар(с) с145)

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед