Саид ибни Омир-1

0
170

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон
Саид ибни Омир(рз)
Қисмати аввал

Муқаддима
Асҳоби Расули Акрам(с) нахустин тарбият ёфтагони мактаби Қуъони Карим ва суннати Расули Акрам (с) буданд ва аз онҷое, ки бузургтарин муаллими инсоният ва башарият мураббии онҳо буд, ба беҳтарин сурати мумкин дар мактаби набавӣ тарбият ёфтанд ва барои зинда нигоҳ доштани дини мубини Ислом аз падару модар, ҷону мол, зану фарзандони худ гузаштанд ва барои таблиғ ва тарвиҷи ин дини муборак, дар ҷангҳои фаровон ва тоқатфарсо, дар замони Паёмбари Акрам(с) ва баъд аз замони эшон ширкат карданд, то ин дини муборак ба мо мусалмонон расидааст.

Барои ҳамин лозим аст, то ҳар мусулмон онҳоро бишиносад ва қадрдони онҳо бошад ва  онҳоро барои худ улгӯ қарор бидиҳад ва аз таҷрибаҳои эшон барои тарвиҷ ва таблиғи ин дини муборак истифода барад.

Ному насаб:
Саид ибни Омир-ал-Ҷумаҳи ибни Ҷазим ибни Саломон ибни Рабиа ибни Саъд ибни Ҷамҳ ибни Умар ибни Ҳасис(рз)

Таърихи Ислом овардани Саид(рз).
Саид ибни Омир(рз) яке аз бузургони саҳобаи Паёмбар(с) аст, ҳарчанд монанди дигар саҳобаҳо маъруф набошад.

Ӯ каме пештар аз фатҳи Хайбар мусулмон шуд ва аз он рӯзе, ки ба Ислом пайваст ва бо Паёмбар(с) байъат намуд тамоми зиндагӣ ва сарнавишти худро дар роҳи Ислом ва Паёмбар(с) қарор дод.

Cаид(рз) озими Мадина шуд ва дар хидмати Расули Худо(с) даромад ва ҳамроҳ бо он ҳазрат дар ҷанги Хайбар ва ҷангҳои дигар ҳузур пайдо кард, то инки Расули Худо(с) вафот кард ва дар ҳоле, ки аз Саид ибни Омир(рз) розӣ буд.

Баъд аз Паёмбар(с)
Пас аз вафоти Паёмбар(с) Саид(рз) зери фармони ду халифа Абубакр ва Умар(рз) қарор гирифт ва дар зиндагиаш намунаи беназир аз як фарди мӯъмин буд.

Фарде, ки зиндагии охиратро дар муқобили зиндагии дунё харид ва ризоят ва подоши Худоро бар ҳавоҳои нафсонӣ тарҷеҳ дод. Ду халифа, тақво ва садоқати Саид(рз)-ро мешинохтанд, насиҳатҳои ӯро мешуниданд ва ба гуфтаҳои ӯ гӯш фаро медоданд.

Тамоми фазоили бузурги инсонӣ дар ин инсони пок ва мусулмони покдоман ва дӯстдори бузурги Ислом ҷамъ шуда буд.

Вақте, ки Саид(рз)-ро дар миёни ҷамъият бубинем, чизи ҷолибе, ки моро ба тааммул водор кунад, дар чеҳрааш дида намешавад, чашми мо, яке аз аъзои фуқароро мебинад, ки рангу рухсораш тира ва чеҳрааш пажмурда ва ғуборолуд аст…

Ва аз лиҳози чеҳраи зоҳирӣ ва пӯшиш чизе, ки ӯро аз мусулмонони фақир ҷудо кунад, ба чашм намехӯрад. Бинобар ин агар бихоҳем аз чеҳраи зоҳирӣ ва либосҳояш пай ба ҳақиқати ӯ бибарем, чизе нахоҳем ёфт, чун азамати ӯ асилтар аз он аст, ки дар зоҳир худнмои кунад ва дар ороиши зоҳирӣ ҷилвагар шавад, азамати ӯ дар содагии ӯ наҳуфтааст.

Оё Марворидро, ки дар дили садаф нуҳуфтааст, дидаед? Ӯ чизе монанди он аст.

Ҳангоме, ки Умар ибни Хатоб(рз), Муовияро аз устондории Шом барканор кард, ба атрофиёнаш назаре андохт ва дар ҷустуҷӯи шахсе баромад, то ӯро ба устондории Шом мансуб намояд.

Умар(рз) дар интихоби ҳукком ва муовинони онҳо эҳтиёти зиёд мекард, зеро ӯ мӯътақид буд ҳар хатое, ки намояндагони ӯ муртакиб шаванд, Худо ду нафарро муохиза хоҳад кард, нахуст Умарро ва дар мартабаи дувум соҳиби хаторо.

Он рӯз, Шом минтақаи бузурге буд, ки тарзи зиндагӣ дар он, қарнҳо пеш аз Ислом таҳти таъсири тамаддунҳо воқеъ шуда буд, дар он рӯзгор Шом маркази бузурги тиҷорат ва конуни васеъи неъмат ва сарват буд, ба ҳамин далел маҳалли фиреб хӯрдан ва гумроҳ шудан буд, барои ҳамин дар назари Умар(рз) ҷуз марди поке, ки шаётин аз гумроҳ кардани ӯ оҷиз бошанд ва аз ӯ фирор кунанд ва ҷуз шахсе вораста ва обид ва мутеъ ва дурусткор, ҳеҷ касе салоҳият ҳукумати Шомро надошт.

Ногаҳон садои Умар(рз) баланд шуд ва гуфт:

Пайдо кардам. Саид ибни Омир(рз)-ро ҳозир кунед.

Саид(рз) назди халифа омад ва халифа аз ӯ хост, ки устондори Ҳамас шавад, вале Саид(рз) узрхоҳи кард ва гуфт: «Эй халифа хоҳиш мекунам маро гирифтори фитна насозед.»

Умар ибни хаттоб(рз) бо садои баланд гуфт: «Ба Худо қасам даст аз сарат бар намедорам, шумо бори амонат ва хилофатро бар гардани ман мегузоред ва онгоҳ бо ман ҳамкорӣ намекунед ва маро танҳо мегузоред?»

Саид(рз) қонеъ шуд, чун далелҳои Умар(рз) қонеъкунанда буданд.

Саид(рз) ҳамроҳ бо ҳамсараш, ки тоза бо ӯ издивоҷ карда буд, ба сӯи шаҳр «Ҳамас» ҳаракат кард. Умар(рз) ба андозаи кофӣ мол ва сарват дар ихтиёри ӯ қарор дод.

Вақте, ки дар Ҳамас сокин шуданд, ҳамсараш  мисли ҳар зани дигар дар наҳваи масрафи пуле, ки халифа барои харҷи сафар дода буд, ширкат кард ва ба шавҳараш  машварат дод, ки лавозими муносиби манзилро харидорӣ кунад ва бақияи онро захира намояд

Саид(рз) ба ҳамсараш гуфт: Мехоҳи туро ба кори беҳтар аз ин роҳнимои кунам?
Ҳамсараш гуфт: Бале
Саид(рз) гуфт: Мо акнун дар сарзамине қарор гирифтаем, ки тиҷораташ пурманфиат ва бозораш роиҷ аст, хуб аст ин пулро ба касе бидиҳем, то барои мо тиҷорат кунад ва бар миқдори он бифзояд.
Ҳамсараш гуфт: Агар дар тиҷораташ дучори зарар шуд чикор кунем?
Саид(рз) гуфт: Шарт мекунем зарар ва зиёнаш бар ӯҳдаи ӯ бошад.
Ҳамсараш гуфт: Дар ин сурат хеле хуб аст.

Саид(рз) ба бозор рафт ва бархе аз зарурёти зиндагии соддаи худро харидорӣ кард ва бақияи пулро то динори охир миёни фуқаро ва мустамандони шаҳр тақсим кард.

Рӯзҳо мегузашат ва гоҳу бегоҳ ҳамсараш аз мавзӯъи тиҷораташон ва инки суди он ба куҷо расидааст, саволҳое аз Саид(рз) мекард ва ӯ дар ҷавоб мегуфт:  Шукри Худо тиҷорати мо бо муваффақият рӯ ба рӯ шудааст ва суди он рӯз ба рӯз бештар мешавад.

Рӯзе ҳамсари Саид(рз) айни ин саволро назди яке аз дӯстони наздики Саид(рз), ки аз ҳақиқати моҷаро иттилои комил дошт, пурсид.

Он шахс чунон хандае кард, ки ҳамсари Саид(рз)-ро ба шубҳа андохт. Ҳамсари Саид(рз) исрор кард ҷараёнро ба ӯ бигӯяд, он шахс гуфт: Саид(рз) ҳамон рӯз пулҳоро ба фуқаро садақа дод.

Ҳамсари Саид(рз) шурӯъ ба гиря кард…

Таассуфи ӯ бештар аз ин бобат буд, ки аз он ҳама пул ҳеҷ фоидае набурдааст, на ончи дилаш мехост барои худ харад ва на пуле боқӣ монда буд!

Саид(рз) нигоҳе ба сурати зебои ҳамсараш, ки ашкҳои ором ва андӯҳгинаш бар зебоии ӯ афзуда буд андохт ва пеш аз онки ин манзараи фитнаангез ӯро дучори заъф созад нигоҳи худро ба биҳишт дӯхт ва бо дидаи басират дӯстони собиқи худро, ки фавт карда буданд, дар биҳишт дид ва гуфт:

Дӯстоне доштам, ки пеш аз ман ба пешгоҳи Худо шитофтанд, ҳозир нестам аз равиш ва масири онҳо мунҳариф шавам, ҳатто агар дунё бо ончи дар он ҳаст моли ман бошад.

(Мардони гирдогирди Паёмбар(с) с145)

Идома дорад…

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед