Садақа ва фоидаҳои он(қисми севвум)

0
124

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Аз ҷумла корҳои Худописанд садақа додан  аст. Садақа дар дини Ислом ҷойгоҳи воло дорад ва дар робита бо он дар Қуръон ва аҳодиси набавӣ супоришоти бисёр шудааст. Садақа низ монанди тамоми ибодатҳои дигар дар назар гирифтани ният ва ҳадафи  он муҳим аст.  Пас инсони муъмин дар ҳангоми садақа додан бояд нияти худро барои ризои Худо холис гардонад.

Дар ин навиштор  талош мекунем, то таваҷҷӯҳ ба ин нукта, яъне  ният дар анҷоми садақаро баён  кунем.

Аҳаммияти ният дар садақа

Худованди  Мутаол  дар Қуръони Карим мефармояд:

ٱلَّذِينَ يُنفِقُونَ أَمۡوَٰلَهُمۡ فِي سَبِيلِ ٱللَّهِ ثُمَّ لَا يُتۡبِعُونَ مَآ أَنفَقُواْ مَنّٗا وَلَآ أَذٗى لَّهُمۡ أَجۡرُهُمۡ عِندَ رَبِّهِمۡ وَلَا خَوۡفٌ عَلَيۡهِمۡ وَلَا هُمۡ يَحۡزَنُونَ

Касоне ки амволи худро дар роҳи Худо инфоқ мекунанд ва сипас ба дунболи ончи инфоқ кардаанд миннат намегузоранд ва озоре намерасонанд, подоши онҳо барояшон назди парвардигорашон маҳфуз аст ва на тарсе доранд ва на андуҳгин мешаванд(Сураи Бақара ояти 262)

Ҳамчунин дар ояти баъдӣ мефармояд:

قَوۡلٞ مَّعۡرُوفٞ وَمَغۡفِرَةٌ خَيۡرٞ مِّن صَدَقَةٖ يَتۡبَعُهَآ أَذٗىۗ وَٱللَّهُ غَنِيٌّ حَلِيمٞ

[Фақирро] ба забони хуш ва талаби омурзиш [ҷавоб додан] беҳтараст аз садақае, ки дар паи он озор диҳанд ва Худованд бе ниёзу бурдбор аст(Сураи Бақара, ояти  263)

Дар ояти шарифа Худованд подоши инфоқкунандагонро бар ду чиз шарт донистааст. Аввал ин ки инсони инфоқкунанда миннат нагузорад ва  дуввум ин ки озор нарасонад. Обурӯ ва мақоми инсони фақир  аз шиками ӯ муҳимтар аст ва набояд инфоқи шахси доранда ӯро озурда  кунад.

Дар ояти баъдии ҳамин сура ҳатто Худованд мефармояд, агар фақире назди шумо  омад  бо забони хуш талаби ӯро рад кунед, беҳтар аст аз ин ки ба ӯ кумак кунед, вале бо забону рафтори худ боиси озори ӯ нашавед. Садақадиҳанда бояд ҳамеша ба ин мавзӯъ таваҷҷӯҳ кунад.

Ҳамчунин дар ҳадисе омадааст, ки Расули Худо(с) мефармояд:

إنك لن تنفق نفقة تبتغي بها وجه الله إلا أجرت عليها)، الحديث؛ لأن من ابتغى وجه الله سلم من الرياء، وابتغاء غير وجه الله هو عين الرياء

Ҳамоно шумо ҷуз барои ба дастовардани ризояти Худо нафақа намедиҳед, магар ин ки ба хотири он подош гиред, зеро ҳар кас ризои Худоро бихоҳад аз риё дур аст ва талаби   аз ғайри Худо ҳамон риё мебошад. (Саҳеҳи Бухорӣ, боби закот, риё дар садақа)

Ҷойгоҳи миннатгузорони садақа аз назари Қуръони Карим

يَٰٓأَيُّهَا ٱلَّذِينَ ءَامَنُواْ لَا تُبۡطِلُواْ صَدَقَٰتِكُم بِٱلۡمَنِّ وَٱلۡأَذَىٰ كَٱلَّذِي يُنفِقُ مَالَهُۥ رِئَآءَ ٱلنَّاسِ وَلَا يُؤۡمِنُ بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِۖ فَمَثَلُهُۥ كَمَثَلِ صَفۡوَانٍ عَلَيۡهِ تُرَابٞ فَأَصَابَهُۥ وَابِلٞ فَتَرَكَهُۥ صَلۡدٗاۖ لَّا يَقۡدِرُونَ عَلَىٰ شَيۡءٖ مِّمَّا كَسَبُواْۗ وَٱللَّهُ لَا يَهۡدِي ٱلۡقَوۡمَ ٱلۡكَٰفِرِينَ

 Эй аҳли имон, садақоти худро ба сабаби миннат ва озор табоҳ насозед, монанди он ки моли худро аз рӯи риё инфоқ кунанд ва имон ба Худо ва рӯзи қиёмат надоранд. Масали ин риёкорон ба он монанд, ки донаеро бар рӯи санги соф ва ғуборгирифта резанд ва тундбод ғубори он бишӯяд ва он сангро ҳамонтавр соф ва бе гиёҳ бар ҷой гузорад, ки натавонанд ҳеч ҳосиле аз он ба даст оваранд. Ва Худованд гурӯҳи кофиронро ҳидоят намекунад(Сураи Бақара, ояти 264)

Худованд дар қиболи миннат гузоштан танҳо аз байн рафтани асари савоби садақаро нагуфтааст, балки бо таваҷҷӯҳ ба оят ашхоси риёкорро ҳамрадифи  кофирони ба Худо ва рӯзи қиёмат донистааст.

Яъне миннат ва риё дар садақа натанҳо инсонро аз осор ва баракоти садақа маҳрум намекунад, балки онро ҳамнишини кофирон дар оташи дузах мегардонад.

Барои таваҷҷӯҳ ба ҳамин масъала аст, ки дини Ислом мефармояд агар тарси миннат кардан ё озор расондан доред, танҳо бо хушрафторӣ  фақирро ҷавоб диҳед.

Натиҷа

Ҳадафи Ислом аз инфоқ  танҳо сер кардани шиками фуқаро нест, балки ин амали зебо бояд ба дасти афроди хуб ва бо шеваи дуруст анҷом шавад ва онҳо ҳангоми садақа кардан нияти  хуб дошта бошад.

Гоҳе инсон қадаме барои Худо бармедорад ва кореро ба некӣ оғоз мекунад, вале ба хотири иттифоқоти монанди ғурур ё миннат ва ё пайдо кардани таваққуъ, арзиши он амал аз байн меравад  ва инсонро ба табоҳию нобудӣ мекашад. Ҳамеша бояд бубинем, ки чигуна Худованд бе миннат тамоми неъматҳояшро дар ихтиёри мо гузоштааст, пас сазовор нест мо барои бахшиш ва садақаи чизе  бар халқи Худо миннат гузорем.

Садақа барои пок шудани рӯҳи инсон аз  олудагиҳост ва риё боиси олудагӣ ва табоҳии рӯҳ мешавад. Иншоаллоҳ тамоми аъмоли худро танҳо барои ризои Худо анҷом диҳем ва дар ҳар қадам Ӯро биҷӯем.

Садақа ва фоидаҳои он -1

Садақа ва фоидаҳои он -2

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед