Саъд ибни Абиваққос(рз) (бахши аввал)

0
47

Ба номи Худованди бахшандаи меҳрубон

Муқаддима

Асҳоби Расули Акрам(с) нахустин тарбият ёфтагони мактаби Қуъони Карим ва суннати Расули Акрам (с) буданд ва аз онҷое, ки бузургтарин муаллими инсоният ва башарият мураббии онҳо буд, ба беҳтарин сурати мумкин дар мактаби набавӣ тарбият ёфтанд ва барои зинда нигоҳ доштани дини мубини Ислом аз падару модар, ҷону мол, зану фарзандони худ гузаштанд ва барои таблиғ ва тарвиҷи ин дини муборак, дар ҷангҳои фаровон ва тоқатфарсо, дар замони Паёмбари Акрам(с) ва баъд аз замони эшон ширкат карданд, то ин дини муборак ба мо мусалмонон расидааст.

Барои ҳамин лозим аст, то ҳар як  мусулмон онҳоро бишиносад ва қадрдони онҳо бошад ва  онҳоро барои худ улгӯ қарор бидиҳад ва аз таҷрибаҳои эшон барои тарвиҷ ва таблиғи ин дини муборак истифода барад.

Саъд ибни Абиваққос(рз)

Таваллуд:

Саъд ибни Абиваққос(рз) ҳудуди 23 сол қабл аз ҳиҷрати Паёмбар(с) дар Мадина ба дунё омад.

 Ном ва номи падар:

Саъд ибни Абиваққос, ки номи аслии ӯ Молик ибни Вуҳайб(Уҳайб) ибни Абдуманоф ибни Зуҳра ибни Килоб ибни Мурра аст. Машҳур ба Саъд ибни Абиваққос(рз) аст.

 Модари Саъд(рз):

Ҳамна духтари Суфён ибни Умая ибни Абдушамс ибни Абдуманоф ибни Қусай аст.(Муҳаммад ибни Саъди Бағдодӣ,тарҷумаи Ал-Табақотул Кубро, ҷ 6 с 92)

Куния: Абу Исҳоқ.

Маҳали зиндагӣ: Макка ва Мадина.

Муҳоҷир ё ансор: Муҳоҷир.

Қабила: Бани Зуҳра, Қурайшӣ.

Саъд(рз) дар даврони Паёмбар(с)

Дар рӯзҳое оғозини даъват, ки Паёмбар(с) дар бораи Худованди ягона суҳбат мекард ва дини ҷадидро башорат медод, қабл аз инки Паёмбар(с) хонаи Арқамро ба унвони паноҳгоҳи худ ва ёронаш интихоб кунад, Саъд ибни Абиваққос(рз) мусулмон шуд ва бо Паёмабар (с) байъат кард.

Саъд(рз) вижагиҳои зиёде дорад, ки метавонад ба онҳо ифтихор кунад. Аммо дар ин миён ӯ танҳо ба хотири ду чиз бар худ ифтихор мекард.

Аввал:

Ӯ нахустин касе буд, ки ба сӯи душман тир андохт ва найза партоб кард.

Дуввум:

Ӯ танҳо касе аст, ки  Паёмбар(с) падару  модаршро фидояш карда бошад, зеро дар рӯзи ҷанги Уҳуд Паёмбар(с) фармуд:

“Тир биандоз эй Саъд падару модарам фидоят бод!.”

Али ибни Абитолиб(рз) мефармояд:

Ҳаргиз нашунидаам Расули Худо(с) падару модарашро фидои касе ҷуз Саъд(рз) карда бошад. Дар рӯзи ҷанги Уҳуд шунидам, ки Паёмбар (с) фармуд:

Эй Саъд(рз) тир биандоз… падару модарам фадои ту бод

Ӯ ҳамеша ба хотири ин ду неъмат Худовандро шукр мекард ва мегуфт:

“Ба Худо қасам ман дар миёни араб нахустин марде ҳастам, ки дар роҳи Худо тир андохтааст.” (Мардони гирдогирди Паёмбар(с) Холид Муҳаммадхолид, тарҷумаи Каюмарси Юсуфӣ, с 112)

 Ба рости, ки Саъд(рз) яке аз шуҷоътарин ҷангҷӯёни араб ва мусулмонон буд ва ду силоҳ дошт; яке найза ва дигаре дуъо.

Ҳаргоҳ дар ҷанг ба сӯи касе найза партоб мекард ба ӯ исобат мекард ва ҳаргоҳ дуое мекард Худованд он дуоро иҷобат мекард.

Саъд(рз) ва ёронаш далели иҷобатшавии дуоҳояшро он дуое медонистанд, ки Паёмбар(с) дар ҳаққи ӯ карда буд.

Рӯзе Паёмбар(с) коре аз Саъдро(рз) дид, ки  хушҳол шуд.

Барои ҳамин ин дуоро дар ҳаққи ӯ кард:

اللهم استجب لسعد اذا دعاک

Парвардигоро замоне, ки Саъд Туро мехонад, қабулаш кун.

(Нувайрӣ, Ниҳоятул-Араб, ҷ.20 саҳ. 233  Ибни Абдулбир, Алистйиоб, ҷ. 2 саҳ. 171)

Дар миёни ёрон ва дустонаш чунин шинохта шуда буд, ки дуои ӯ монанди шамшераш бурранда аст.

Ӯ худ низ дар корҳояш онро эҳсос карда буд. Барои ҳамин ӯ касеро дуо намекард ва ӯро ба Худованд вогузор менамуд.

Омир ибни Саъд(рз) дар ин бора нақл мекунад:

Саъд(рз) мардеро дид, ки Алӣ(рз), Талҳа ва Зубайр(рз)-ро лаън ва нафрин мекард, ӯро аз ин кор барҳазар дошт, аммо он мард қабул накард ва ба кораш идома дод.

Саъд ба ӯ гуфт ҳоло, ки чунин аст, туро дуо мекунам. Он мард гуфт:

“Тавре манро метарсонӣ, ки гӯё Паёмбар(с) ҳастӣ.”

Саъд(рз) рафта вузу гирифт ва ду ракъат намоз хонд ва сипас дастҳояшро ба сӯи осмон боло гирифта  гуфт:

“Худовандо агар медони ин мард гурӯҳеро дашном додааст, ки ту онҳоро ба некӣ ёд кардаӣ ва дашном ба онҳо Туро ба хашм оварадааст, ӯро нишона ва ибрате барои дигарон қарор деҳ.”

Ҳануз муддати зиёде нагузашта буд, ки рӯзе шутуре аз хона берун омад, ки ҳеҷкас натавонист пеши роҳи  онро бигирад ва рост вориди ҷамъият шуд, гӯё дунболи чизе мегашт. Шутур марди нафринкунандаро пайдо кард ва ӯро зери поҳои худ лагадмол кард, то инки он мард ҷон дод.

Саъд(рз) ҳамеша бо луқмаи ҳалол тақвояшро тақвият мекард ва ҳар пуле, ки камтарин шубҳае дар он мебуд, канор мегузошт ва истифода намекард.

Саъд(рз) он қадар зист, то сарватмандтарин фарди мусалмон шуд. Рӯзе аз дунё рафт сарвати неке аз худ ба ҷо гузошт.

Худованд сарвати фаровон ва ҳалолу пок ба ӯ бахшида буд.

Ба рости, ки Саъд(рз) дар ҳунари эҳсону бахшиши сарват ҳам устод буд ҳамчунон, ки дар ҳунари касби сарват низ устоди тавоно буд. Тавоноии ӯ дар касб ва ҷамъоварии сарвати пок ва ҳалол бо тавонаш дар инфоқи он дар роҳи Худо яксон ва ҳатто бештарҳам буд.

Дар ҳаҷҷату-ал-видоъ ҳамроҳи Паёмбар(с) буд ва дар онҷо бемор шуд. Паёмбар(с) ба аёдати ӯ рафт. Саъд(рз) аз Паёмбар(с) пурсид:

Эй Расули Худо(с) ман сарвати зиёде дорам ва танҳо як духтар дорам, ки ворисам мебошад. Оё метавонам як севвуми онро барои духтарам бидиҳам ва ду севвуми онро садақа бидиҳам?

Паёмбар(с) фармуданд:

Наметавони чунин коре анҷом диҳӣ.

Саъд(рз) пурсид:

Ними онро чи наметавонам садақа диҳам?

Паёмбар(с) боз дар ҷавоб фармуданд:

Инро низ наметавонӣ.

Саъд(рз) гуфт:

Як севвуми онро метавонам садақа диҳам?

Паёмбар(с) фармуданд:

Бале як севвуми онро метавони садақа диҳӣ. Ту агар ворисонатро сарватманд ва бениёз созӣ беҳтар аст аз онки онҳоро ниёзманд ва ба кӯмаки мардуми муҳтоҷ бигузорӣ. Ту ҳар чизе, ки дар роҳи Худо инфоқ куни Худованд аҷру подоши онро ба ту медаҳад, ҳатто луқамае, ки дар даҳони ҳамсарат қарор медиҳӣ. (Мардони гирдогирди Паёмбар(с) Холид Муҳаммадхолид тарҷумаи Каюмарси Юсуфӣ с 114)

Идома дорад….

НАЗАР ДИҲЕД

Лутфан шарҳи худро ворид кунед!
Лутфан номи худро дар ин ҷо ворид кунед